Тараққиёти иқтисодии давлати сомониён

Кишоварзй. Дар асрҳои 1Х-Х дар Мовароуннаҳру Хуросон муносибатҳои ташаккулёфтаи феодалй пурра чорй шуданд. Худи давлати Сомониён давлати феодалй ҳисоб меёфт ва аслан манфиати ашроф, феодалон, точирон ва руҳониёни калонро муҳофизат мекард. Замин, ки бойгарии асосй буд, дар дасти намояндагони сулолаи Сомониён, заминдорони калон, амалдорони давлатй, саркардаҳои ҳарбй ва руҳониён буд.

Феодалони калон ба ивази меҳнаташон ба деҳа, ноҳия ва вилоят соҳиб мешуданд. Онҳо аз мардуми сокини ин заминҳо бочу ҳироч мегирифтанд. Феодалони калон мекушиданд, ки чунин заминҳоро меросй карда, аз авлод ба авлод диҳанд. Баъзан ҳукумати марказй ба онҳо гузашт мекард. Дар натича сулолаҳои меросй ба вучуд меомаданд ва онҳо мекушиданд, ки аз итоати ҳукумати марказй бароянд. Тадричан на танҳо замин, балки об ҳам, ки дар шароити Мовароуннаҳру Хуросон аҳамияти калон дошт, ба дасти давлат ва феодалони калон гузашт.

Дар замони салтанати Сомониён табақаи нави заминдорони қалон, яъне сипохиён ба вучуд омаданд, қи онхо асосан чанговарони назди дарбор ва аксарияташон аз ғуломони турқ буданд. Онҳо ба туфайли корнамоиҳо дар майдонхои чанг аз гуломй озод гашта, зина ба зина сохиби мансаб мешуданд ва замину об, деҳаю музофот ва шаҳрҳои бутунро бо сокинонашон туҳфа мегирифтанд. Гуруҳи дигари дар замони Сомониён ба майдон омада, ин руҳониёни феодал буданд, қи қувваи зиёд ва нуфузи калон доштанд. Дар натича шумораи муассисаҳои дини ислом — масчид, мадраса ва гайра ҳеле афзуд. Руҳониёни қалон ба чуз замину об, боз ба осиёб ва обчувоз соҳиб мешуданд.

Точирони давлатманд, қи табақаи синфи ҳуқмронро ташқил менамуданд, на танҳо дар шаҳрҳо қорвонсаройҳо, дуқонҳо, биноҳои боҳашамат доштанд, балқи дар деҳаҳо қитъаҳои заминро ба даст дароварда, боготу осиёбҳо ва гайра месоҳтанд. Мовароуннаҳру Хуросон асосан қишварҳои қишоварзй буданд ва мардумашон ба парвариши зироату чорво машгулият доштанд. Барои тараққй додани қишоварзй обёрии сунъй аҳамияти бузург дошт. Каналҳою чуйҳои пеш асосан дар замони ҳуқмронии Абдуллоҳ ибни Тоҳир (828-844) соҳта шуда, дорои аҳамият буданд.

Дарёҳои қалонтарини Осиёи Марқазй — Аму ва Сир барои обёрии сунъй чандон истифода бурда намешуданд. Асосан шоҳобҳои онҳо — Сурҳоб, Кофарниҳон, Ваҳш ва гайра заминҳоро шодоб мегардонданд. Ин дарёҳо аҳамияти бузург доштанд ва ақсари солҳо оби онҳо то дарёҳои Аму ва Сир рафта намерасид, чунқи обашон пурра барои обёрй истифода мешуд. Шаҳрҳои Самарқанд, Буҳоро, Панчақент ва гайра аз оби дарёи Зарафшон пурра баҳра мебурданд.

Дар асри X мисли пештара дарготи Варагсари дарёи Зарафшон шабақаи асосй ҳисоб меёфт. Се қанал ибтидои ҳудро аз ҳамин даргот мегирифтанд ва ҳамаи заминҳои Ҷднуби Самарқандро обшор менамуданд. Каналҳое, қи аз Дарёи Зарафшон об мегирифтанд, бисёр буданд ва онҳо асосан шаҳру деҳаҳоро бо об таъмин менамуданд. Мардуми Варагсар сарбанд ва иншоотҳои обёриро нигоҳубин меқарданд ва барои ин аз додани ҳироч озод буданд.

Дар асрхои 1Х-Х дар дарахои Пасттоги қаторкухи Нурато сарбанд ва обанбори азиме сохта шуда буд, ки оби онро дар чиллаи тобистон истифода мебурданд. Дар Мовароуннахру Хуросон боз заминхоро ба воситаи корезхо (чоххои зери замин) об медоданд. Заминхои дар баландй бударо ба воситаи чигир (дули обкашй) обшор менамуданд ва чархи чигирро уштур мегардонд. Дар баъзе чойҳо оби чоҳҳоро истифода мебурданд.

Заминҳои лалмй низ бисёр буданд, ки хосили онхо дар таьмини галла накши бузург мебозид. Кишоварзон дар заминхои обй гандум, шолй, чав, лубиё, нахуд ва дигар зироатхо мепарвариданд. Пахтакорй дар водии Сугд, Фаргона, Марв хеле тараккй карда буд.

Богу токпарварй, ки касби бобоии мардуми точик буд, дар давраи Сомониён хеле пеш рафт. Шахрхои Самарканд, Бухоро, Хучанд, Панчакент, музофотхои Фаргона, Иста- равшан ва дигархо бо ангур, себ, зардолу, шафтолу, бихй, гелос, олуболу, анор, анчир, чормагз, бодом ва даххо намудхои дигари мевачоти лазизи худ шухрат пайдо карда буданд.

Дар музофотхои кухй ва чулхои Осиёи Марказй рамахои сершумори бузу гусфанд, галлахои аспу шутур ва дигар зотхои чорвою хайвонот парвариш меёфтанд. Музофоти Хатлон бо аспхои худ машхур гашта буд ва онхоро берун аз мамлакат ба савдо мебурданд.

Дар баъзе вилоятхои Хуросону Мовароуннахр, маса- лан, дар Марв кирмакпарварй, дар Дирот занбури- асалпарварй, дар водии Вахш парвариши зотхои махсуси асп ва дар Чагониён гусфандпарварй хеле тараккй карда буд.

Сарватҳои зеризаминй. Дар асрхои 1Х-Х ин соха низ равнак ёфта буд. Дар нохияхою музофотхои Осиёи Марказй сарватхои зиёди зеризаминй истихроч ва гудохта мешуданд. Дар наздикии Хучанд нукра ба даст оварда мешуд. Куххои Горон аз сангхои киматбахо, нукра, бечода (санги сурхранг ё зардранг), тилло, лочувард, булури кухй ва сангпахта бой буданд. Аз куххои Вахон акик, хелхои гуногуни лаъл, нукра, тилло истихроч карда мешуд.

Аз нохияхои болооби Зарафшон охан, тилло, нукра, зок мегирифтанд. Дарвозу Рушону Шугнону Горон маркази истехсоли тилло, нукра, лаъл ва лочувард буданд. Дар ҳамон асрҳо мардуми Чоч, Хуҷанд ва дигар шаҳрҳо бо намаки кони нохияи Ашти имруза таъмин мегардиданд. Дар Истаравшан маъдани зиёд истихроч ва дар худи хамон чо гудохта мешуд.

Ачибаш он аст, ки дар хамон давра кариб тамоми худуди Осиёи Марказй тадкик шуда будааст. Дар Қаромазор (наздикии Хучанд) ба микдори зиёд нукра истихроч мешуд. Сарчашмахои таърихй аз ҳусуси кони ангишти Исфара маълумоти муфассал медиҳанд. Дар Осиёи Марказй конҳои зиёде, ба монанди Қони Мансур, Қуҳи Сим, Қонсой ва гайра истифода мешуданд. Дар Зарафшон конҳои Амондара, Қиштутдара ва гайра дар истифода буданд. Дар Истаравшан дар наздикии шаҳри Марсманда кони калони маъдани оҳан кор мекард, ки як қисмаш дар ҳуди ҳамон чо гудоҳта мешуд. Маҳсулоти ин конро на танҳо дар шаҳру музофотҳои гирду атроф, балки дар Хуросону Ирок дидан мумкин буд. Дар асрҳои 1Х-Х ҳангоми чанг, инчунин муҳосира намудани шаҳру калъаҳо нафт ба кор бурда мешуд.

Қонҳои калонтарини асрҳои 1Х-Х конҳои нукраю сурби Қони Мансур буданд, ки дар наздикии деҳаи Қарамазори Точикистон вокеъ гаштаанд. Қони Мансур чандин конҳо, аз чумла Чдркамар ва дигар конҳоро дар бар мегирифт.

Маданияти истифодаи конҳо барои ҳамон давра ҳеле баланд буд. Барои устувор шудани чоҳҳо ва накбҳо (тунел) тиргакҳои чубин, танбаю болор ва сутунҳоро ба кор мебурданд. Чарогҳои сиёҳ, гарчанде ҳира бошанд ҳам, даруни конҳоро равшан менамуданд. Барои аз даруни конҳои чукур баромадан нардбонҳои калони чубинро ба кор мебурданд. Қуҳканон дар ҳонаҳои тангу торикй аксар вакт аз санг соҳташуда ҳаёт мегузарониданд. Қони Чдркамари куҳҳои Қарамазор кариб 150 кулба дошт. Дар онҳо 500 600 куҳканон мезистанд. Истиҳрочи маъдан дар ҳаёти иктисодии Мовароуннаҳру Хуросон назаррас буд.

Сатҳи илму ҳунари маъданканй ва маъданшиносй дар аҳди Сомониён ҳеле баланд буд. Сарчашмаҳои ҳаттии ҳамон давра, осорҳои арҳеологй, кураҳои маъдангудозй, таҳдили фулузоти тайёркардаи устоҳо ин фикрро пурра тасдик менамоянд. Мувофики маълумотҳои бостон- шиносон куҳкорони точик дар ҳамон асрҳо конҳоеро кашф намудаанд, ки ҳатто геологҳои имруза қоил мешаванд. Асбобҳои куҳкании онҳо хеле оддй, аз фонаҳои чубину оханин, зогнули дастадору бедаста, каланду бел, тешаву табар, путку болга иборат буданд, вале барои ҳамон давра олотҳои мукаммалтарин ҳисоб меёфтанд. Куҳканон аз чукуриҳои калон маъданро ба воситаи сабаду ҳалтаҳо берун мебароварданд. Баъзе конҳо то 250 метр чукурй доштанд.

Арҳеологҳо бисёр шишаҳои «томугулй» ёфтанд, ки онҳо дар асрҳои 1Х-Х11 истеҳсол шудаанд. Шишаҳои маҳз ба асрҳои 1Х-Х — давраи Сомониён даҳлдошта асосан дар наздикии Самарканд, Вараҳша ва Нисо (наздикии Ашкободи имруза) ба даст оварда шуданд. Зарфҳои аз шаҳрҳо пайдошуда зарфҳои рузгор ва атриётанд. Онҳо аз чому кадаҳҳо, кузаҳои гуногуни дастадору бедаста, косаву пиёла, дулчаҳои дастадор ва гайра иборатанд.

Дар замони Сомониён шишагарони Осиёи Марказй тарзи бо усули дамидан тайёр намудани зарфҳои нозуку нафисро пурра омуҳта буданд. Дар ин давра зарфҳои шишагй на танҳо барои ашроф, балки барои мардуми заҳматкаш низ тайёр карда мешуданд. Дар ин асрҳо шишагарон боз тарзи барои тирезаҳо тайёр кардани шишаро аз ҳуд карда буданд. Намунаҳои шишаҳои тирезаҳоро арҳеологҳои мо аз Нисо, Афросиёб (ҳаробаҳои Самарканди кадима) ва дигар шаҳрҳо ба даст даровардаанд. Шишаҳои тирезаҳо на танҳо аз ҳонаҳои ашроф, балки аз ҳонаҳои шаҳриёни оддй низ ёфт шудаанд. Истифодаи шишаи тиреза кадаме ба пеш буд.

Пешаварй. Афзоиши кишоварзй ва аз ҳуд намудани сарватҳои зеризаминй боиси ривочу равнаки пешаварй гардид. Дар Мовароуннаҳру Хуросон одамони зиёде машгули касбу ҳунар буданд. Дар замони Сомониён маҳсулоти ҳунармандони Осиёи Марказй берун аз он шуҳрат доштанд. Маъҳазҳои зиёде гувоҳи онанд, ки мардуми ин кишвар молҳои гуногун истеҳсол менамуданд ва ҳатто кариб ҳочати аз дигар кишварҳо овардани ин молҳоро надоштанд. Дар байни ҳунарҳои гуногун касби бофандагй ҳеле тараккй карда буд. Пешаварон матоъҳои гуногунро аз абрешим, паҳта, катон (матои аз загир тайёршуда) мебофтанд. Дар ин сарзамин ҳатто истеҳсоли баъзе матоъҳои ҳоричй низ ба роҳ монда шуда буд.

Шаҳрҳою деҳаҳои алоҳида бо матоъҳои худ берун аз мамлакат машҳур буданд, масалан, матои ведарй (деҳаи назди Самарканд) ва матои дехаи Зандана (назди Бухоро) бо махиниву харирй, суфтагиву назаррабоии худ фарк мекарданд. Ин матоъҳо дар Эрону Ҳиндустон ва дигар мамлакатхои Шарки Наздик ва маркази хилофат — Багдод харидорони зиёде доштанд. Дар Хуросон либоси аз матои ведарй духтаро асосан амирон, ҳокимон, вазирон, козиҳо, давлатмандон мепушиданд, ки он нишонаи назокат ва зинат дониста мешуд. Гайр аз Самарканду Бухоро матоъхои рангоранги махинро боз дар Насаф, Кеш, Дабусия (шахри миёни Самарканду Бухоро) ва дигар шахрхо истехсол менамуданд.

Маҳсулоти оҳанй ҳам ҳеле зиёд истеҳсол мешуд, ки на танхо талаботи бозори дохилиро конеъ мегардонд, балки барои фуруш ба дигар мамлакатҳо кашонда мешуд. Фулузоте, ки ба савдои мамлакатхои берунй мерафтанд, инҳо буданд: фонусҳои мисини буҳорой, зарфҳои калъагии Рабинҷон, дегҳои мисин ва рикобҳои Самарканд, яроку аслиҳаи Фаргонаю Исфиҷоб (шаҳр ва музофоти кадимаи Мовароуннаҳр). Доло он ҷо шаҳри Сайрами Казокистон ҷой гирифтааст.

Дар Буҳоро ва дигар шаҳрҳо аз пунба ва кунҷит равган мегирифтанд. Дунари ордкашй ба рох монда шуда буд. Шумораи осиёбхои сангашон ҳоро меафзуд.

Ихтирои когаз саҳифаи дурахшони таъриҳи ҳалкҳои Осиёи Марказй мебошад, ки маркази асосии истехсоли он шаҳри Самарканд аст. То истилои арабҳо ба ҷуз Самарканд, боз дар шаҳрҳои Буҳоро, Чорҷу, Балҳ, Хева ва сонитар Хуканду Тошканд когаз истехсол мекарданд. Баъди забти Осиёи Марказй аз тарафи арабхо ҳалифа Дорунаррашид (786-809) фармони танҳо дар когаз навиштанро мебарорад. Баъди ин папирус (растание, ки аз он мисриёни кадим ва дигар халкҳо масолеҳи ҳатнависй тайёр мекарданд), ки дар он ҳат менавиштанд, аз байн меравад.

Дар ин миён шахри Самарканд ягона шахре буд, ки тамоми давлатхои ҳилофати арабро бо когаз таъмин менамуд. Чунин вазифаи бузургро шаҳри Самарканд аз нимаи дуюми асри VIII то аввали асри IX иҷро кардааст.

Шухрати когази Самарқанд на танхо дар мамлакатхои хилофати араб, балки дар Гарб хам пахн гардида буд. Дар хамон давра шаш намуди когаз истифода бурда мешуд.

Дунари кулолй на танхо дар шахрхои калонтарин, ба монанди Бухоро, Самарканд, Марв, Тирмиз, Хуҷанд, Дулбук, Пайканд (шахри кадимаи назди Бухоро), балки дар нохияхо низ ривоҷ ёфта буд. Дар асрхои 1Х-Х усули сирдавонии зарфхо кашф гардид, ки барои зебу зинат ва ороиши зарфхо ахамияти калон дошт.

Дар хамин асрхо истехсоли шиша ва маснуоти шишагй хеле пеш меравад. Аз шиша ҷому кадаххо, сурохй, обдон, кузахои хархела, шишачахои базеби атр ва гайра тайёр карда мешуд.

Хулоса, дар замони хукмронии Сомониён тамоми сохахои хунармандии хамон давра хеле тараккй ёфта буд.

Савол ва супориш

1.Оид ба сохти феодалй дар давраи Сомониён накл кунед.

2.Дар ахди Сомониён кадом табакаи нави заминдорон ба вуҷуд омад?

3.Кадом дарёхо барои обёрй бештар истифода мешуданд?

4.Кадом сарватхои зеризаминй истихроҷ мешуданд? Дар бораи конхои кадима ва ахволи кухкорон накл кунед.

5.Кадом олатхои мехнатро медонед? Оид ба шишагарй ҷй медонед?

6.Кадом намудхои хунармандй бештар тараккй карда буданд?

7.Кадом матоъ ва маснуоти Осиёи Марказй дар хориҷа пахн гашта буданд?

8.Дар бораи кашфи когаз хикоя кунед. Халифа Дорунаррашид оид ба когаз ҷй гуна фармон бароварда буд?

743
Нет комментариев. Ваш будет первым!