Ташкили дастгоҳи идора ва лашкари давлати Сомониён

Дар давраи хукмронии Сомониён дар идораи давлатй дигаргунии куллй ба амал омад. Амир сардори давлат ҳисоб меёфт ва вилоятҳоро ҳокимони аз тарафи амир таъйиншуда идора мекарданд. Исмоили Сомонй барои идораи тамоми корхои давлати бузурги марказиятнок зарурияти дастгохи давлатиро нагз мефахмид.

Дар ташкили чунин сохти давлатдорй ба гайр аз Исмоили Сомонй боз наберааш Насри II Сомонй (914 943) низ накши бузург бозидааст. Дар замони салтанати Насри II дар атрофи регистони Буҳоро даҳ бинои азим сохта шуд, ки дар ҳар кадоми он девонҳои (идораҳои давлатй) алоҳида чой гирифтанд.

Девонҳо бори наҳуст дар давраи ҳукмронии сулолаи Сосониёни Эрон (224 651) пайдо шуда буданд. Минбаъд онро ҳалифаҳои Аббосиёни араб қабул карданд. Дар замони Сомониён девонҳо аз нав дар шакли ҳеле такмил- ёфта ба вучуд омаданд. Системаи девонҳо дар давраи Ғазнавиён ва Мангитҳои Буҳоро низ амал мекард.

Девонҳои аҳди Сомониён чунин буданд:

Девони вазир ё ҳоҷиби бузург асоситарин идораи марказй ҳисоб мешуд ва ба корҳои тамоми муассисаҳои маъмурй, сиёсй ва иктисодии давлат назорат мебурд. Ба вай сардорони ҳамаи девонҳои дигар итоат мекарданд. Ба мансаби сардори ин девон, яъне ба вазифаи вазирй ё ҳочиби бузург, одатан яке аз намояндагони се ҳонаводаи машҳур: Ҷдйҳонй, Балъамй ва Утбй таъйин мешуданд. Тамоми кувваҳои ҳарбии Сомониён дар иҳтиёри ҳочиби бузург буд.

Девони соҳиб-ул-барид (идораи алока — почта) танҳо ҳизмати ҳукуматро ба чо меовард.

Девони муставфй ба корҳои молия, ҳарчу даҳли ҳазинаи давлатй назорат мекард.

Девони амидулмулк сардори корҳои дипломатй ва ҳуччатҳои муҳим буд. Онро девони иншо ҳам меномиданд.

Девони соҳибушрот ба лашкари Сомониён назорат бурда, онро бо силоҳ, озука, либос ва моҳона таъмин мекард.

Девони муҳтасиб аз болои хариду фуруши бозор, тарозу, молхои ба савдо мерафтагии бозаргонон, хунармандон, инчунин баъдтар ба ахлоқи мардум, масчидравй ва истеъмол накардани машрубот назорат мебурд.

Девони мушриф (назоратқунанда) ба корхои давлатй, ба харочоту даромади хазинахо сарварй мекард.

Ба чуз инхо боз девони қозӣ, девони мулкҳои давлатй ва девони вақф амал мекарданд.

Ҳамаи ин девонхо, ба чуз девони сохиб-ул-барид (сардори алоқа, почта) ба хокимони махаллй ва девонхои марказй итоат менамуданд.

Ҳокимони музофотхо бо тавсияи сарвазир ва ашрофи бонуфуз аз тарафи амирони Сомонй тасдиқ мешуданд. Аксар вақт ашрофони обруманд, қи солхои зиёд нохияву музофотхоро идора қарда меомаданд, вазифахои худро ба меросхурон во мегузоштанд.

Дар пойдор гардондани давлати Сомониён сарвази- рони донишманди он, ба монанди Абдуллох Ҷдйхонй ва Абулфазли Балъамй хизмати босазое қардаанд. Амирони Сомонй хангоми таъйин намудани хоқимони вилояту шахрхо дар навбати аввал баромади ичтимоии онхоро ба назар мегирифтанд. Шахси ба мансаб пешбаришуда мебоист аз ашроф ва феодалон бошад. Ба замми ин шахси ба мансаб пешбаришуда мебоист забони точиқй ва арабиро хуб донад. Қоидахои шариатро сармашқи амал қарор дихад ва аз фархангу адабиёт бохабар бошад. Ҷунин одамони бомаърифат дар он замон бисёр буданд. Онхо ақсар вақт дабирй (мирзо, қотиб) меқарданд ва амалдорон аз хамин гурух таъйин мешуданд. Баъзан аз байни дабирон бисёр шахсон ба мансабхои олй сохиб мегардиданд.

Вазифаи асосии хоқимони шахрхо, музофотхо, нохияхо дар махалхо аз чамъ қардани андозхо ва сари вақт ба хазинаи давлат расондани онхо иборат буд. Гарчанде давлати Сомониён нисбатан осудагиву оромиро ба вучуд овард, вале хоқимони баъзе вилоятхо хануз хам худро мустақил медонистанд. Вилоятхои Хоразм, Ҷагониён, Хатлон, Газна, Сиистон ва дигархо ниммустақил буданд ва ба хазинаи Сомониён мунтазам хироч намедоданд.

Исмоили Сомонй лашкарро пушту панохи давлат медонист. Бинобар ин кувваҳои ҳарбй бевосита дар ихтиёри сарвазир буданд. То давраи Сомониён кариб хар як феодал ва ҳоким дастаҳои ҷангии худро дошт ва хангоми ба сари давлат омадани хавфу хатар онхо бо дастаҳои ҷангии худ ба марказ, ба назди амир ё ҳоким ҳозир мешуданд. Масалан, ҳокими Чагониён ба Сомониён пурра тобеъ набуд, вале дар мавридҳои зарурй то 10 ҳазор аскарро бо тамоми лавозимоти ҷангиаш ба дарбори Сомониён ҳозир мекард. Баробари тараккиёти феодализм, ривоҷу равнақи шаҳрҳо, ҳунармандй, кишоварзй, пайдо шудани давлати пурзури марказиятноки феодалй барои таъсиси лашкари низомии кироя шароит муҳайё гардид.

Исмоили Сомонй ва дигар ворисони у, ҳусусан наберааш Насри II (914 943). барои таъсиси лашкари доимии пурзур ҳизмати зиёде кардаанд. Лашкари Сомониён асосан аз гуломони турки музофотҳои гирду атрофи Мовароуннаҳр иборат буд ва онҳо дар таъриҳи давлати Сомониён накши багоят бузург бозидаанд. Бо кушишу гайрати лашкари доимй Сомониён тавонистанд бисёр шуришу ошубҳоро паҳш намоянд. Сомониён ду ҳел лашкар доштанд: якум лашкари низомии кироя, ки пурра дар таъминоти давлат буд ва барои ҳизматашон маош мегирифтанд; дуюм ҷанговароне, ки ҳангоми руй додани нокомй ва ба мамлакат ҳуҷум кардани аҷнабиён ҳокимону феодалони калон барои ҷангидан омода мекарданд.

Аз байни нанговарони кироя бисёр лашкаркашони машҳур баромада, соҳиби бойгариву мулкҳои калон шуданд. Сарлашкар ҳоҷиби бузург ном дошт ва гайр аз ҷангидан бар зидди аҷнабиён боз тамоми касру девонҳо ва идораҳои давлатиро муҳофизат менамуд. Ҳоҷиби бузург яке аз унвонҳои баландтарини давлати Сомониён буд. Ҳониби бузург кариб ба тамоми корҳои давлатй даҳолат менамуд ва нуфузаш руз аз руз меафзуд. Минбаъд ҷандин гуломони пешинаи турк ба ин унвон соҳиб шуданд. Яке аз онҳо Алптегин буд, ки дар синни 35-солагиаш ҷун лашкаркаши ҷасур ва сиёсатмадори машҳур ном бароварда, ба мартабаи сипаҳсолории (сарфармондеҳи лашкар) Хуросон расид. Вай дар иҳтиёри ҳуд 2700 гулом дошт, инҷунин дар Мовароуннаҳру Хуросон сарвати зиёд ҷамъ карда буд. Дар замони Алптегин боз гуломи дигар Сабуктегин ба майдон баромад. У ҳам лашкаркаши бузург ҳисоб меёфт ва дар чандин муҳорибаҳо галаба ба даст оварда буд. Вай бо Алптегин риштаи ҳеширо пайваста, ҳокими Газна шуд ва баъд ба сулолаи Газнавиён асос гузошт. Умуман, Сомониён ба сипоҳиёни турк такя менамуданд.

Савол ва супориш

1.Дастгоҳи идораи давлати Сомониён чй гуна буд?

2.Дар давраи Сомониён кадом девонҳо амал мекар- данд?

3.Дочиби бузург аз намояндагони кадом ҳонаводаҳо таъйин мешуд?

4.Вазирони машҳури Сомониён киҳо буданд?

5.Докимони вилояту шаҳрҳо аз кадом табакаи аҳолй таъйин карда мешуданд ва нисбати онҳо кадом талаботҳо чорй буд?

6.Лашкари Сомониён асосан аз киҳо иборат буд?

7.Сомониён чанд ҳел лашкар доштанд?

1.63K
Нет комментариев. Ваш будет первым!