Таъсиси давлати Сомониён

Баъди он ки арабхо мардуми Мовароуннахр ва Хуросонро ба итоати худ дароварданд, шуришҳои халкй низ паси хам ба вукуъ меомаданд, ки калонтарини онхо шуришҳои Абумуслим, Муканнаъ ва Рофеъ ибни Лайс буданд.

Барои фуру нишондани ин шуришхо халифахои араб ашрофу феодалони маҳаллиро истифода мебурданд. Чунон ки дар боби якум сухан рафт, соли 806 дар Самарканд ва дар Сиистону Истаравшан шуришҳои пурзур ба вукуъ пайвастанд. Аз ин ру халифа маҷбур буд, ки вазифаҳои давлатиро ба намояндагони мардуми маҳаллй супорад. Аз соли 821, вакте ки сулолаи маҳаллии Тоҳириён ва баъдтар сулолаҳои Саффориёну Сомониён ба сари ҳокимият омаданду Хуросону Мовароуннаҳрро мустакилона идора менамуданд, мавкеи ашрофи маҳаллй боз ҳам пойдортар гардид. Баъди сулолаҳои Тоҳириёну Саффориён обруи ҳонадони дигари тоҷикон — Сомониён дуҷанд мешавад. Ин ҳонадон дар фуру нишондани шуриши Рофеъ ибни Лайс, ки ба мукобили ҳилофат равона карда шуда буд, фаъолона иштирок намуд ва бисёр намояндагони ин ҳонадон соҳиби мартабаҳои баланд гардиданд.

Ниҳоят, умеди ҳалифаҳои араб, ки меҳостанд бо роҳи ҷалб намудани феодалони маҳаллй мавкеи ҳудро пурзур намоянд, барор нагирифт. Баръакс сулолаҳои маҳаллй бо тамоми чиддият мекушиданд, ки аз итоати ҳилофати араб пурра озод шаванд. Албатта, ин ба осонй ба даст наомад. Бисёр муборизон дар ин роҳ чон нисор карданд (фочиаи ҳонадони Бармакиҳоро ба ҳотир биёред). Сулолаи Тоҳириён ва Саффориён тавонистанд озодй ба даст дароранд, вале ҳонадони Сомониён бо ҳираду заковат ва маҳорати кордонй тавонистанд комилан озод шаванд.

Ба сари ҳокимият омадани сулолаи Сомониён. Бунёдгузори сулолаи Сомониён Сомонҳудот (ҳокими Сомон) мебошад. Мувофики сарчашмаҳо ҷои баромади оли Сомон музофоти Балҳ, ё наздикии Самарканд ё Тирмиз аст. Ҳар сеи ин нохияву шахрхо музофоти Сомонро ташкил медоданд.

Сомонхудот барои хизматхои босазояш аз тарафи Асад ибни Абдуллох, ки волии халифаи араб дар Хуросон буд, сохиби мартабаи баланд мешавад. Сомон барои хурмату эхтироми худ нисбат ба Асад ибни Абдуллох ба писараш Асад ном мегузорад. Асад чор писар дошт: Нух, Ахмад, Яхё, Илёс. Онхо дар замони салтанати халифа Маъмун вазифахои баланди давлатй, аз чумла хокимии шахру музофотхои алохидаро ба зимма доштанд. Нух дар Самарканд, Ахмад дар Фаргона, Яхё дар Чоч ва Истаравшан, Илёс дар Ҳирот хоким буданд.

Набераи аз хама калони Нух сохиби шухрати зиёд мегардад. Вай дар хоричи мамлакат мисли сардори сулола баромад мекард ва бародарони дигар аз хар чихат хурмату эхтиромашро ба чо меоварданд. Ин бародарон бо номи худ танга сикка мезаданд, чанговаронро чамъ намуда, ба мулкхои хамсоя лашкар мекашиданд. Гарчанде дар итоати сулолаи Тохириён буданд, руз аз руз бойтару тавонотар мегардиданд.

Баъди вафоти бародари калон Нух додари у Ахмад хокими Самарқанд ва сарвари хонадони Сомониён мешавад. Вай шахси окилу доно буд ва дар пойдории сулолаи Сомониён хизмати бузург дорад. Ҳангоми зинда буданаш хокимии Самаркандро ба писари калониаш Наср дода буд. Соли 875 халифаи араб Муътамид ба дасти Наср хуччате дод, ки мувофики он тамоми Мовароуннахр ба итоати Наср даромад ва уро хамчун сардори хонадони Сомониён эътироф намуд.

Ҳар ин вакт дар байни хонадони Сомониён ночурй ба миён омад. Баъзе аз бародарон ва хешу табор Насрро хамчун сарвари сулолаи Сомониён эътироф накарданд ва бо номи худ танга сикка мезаданд. Ин нохушй окибат ба чанги бародарон оварда расонд. Хусусан муносибати Наср бо Исмоил нихоят тезутунд гашт.

Бухоро то соли 874 дар итоати Сомониён набуд ва Исмоил тавонист мулки Бухороро бо окиливу доной, хираду заковати худ сохиб шавад. Мулки Бухоро бой буд. Баъди он ки Исмоил худро тавоно ва мустахкам хис намуд, аз додани бочу хироч ба бародараш даст кашид ва ин рафтор боиси ҷанги бародарон гардид. Соли 888 ин амалиёт руй дод ва дар он Исмоил галабаи комил ба даст даровард. Наср асир афтод. Аммо Исмоили окилу доно бародари калониашро на танҳо озод кард, балки уро дар вазифааш, яъне сарвари сулолаи Сомониён монд. Исмоил мехост Бухороро мустакилона идора кунад ва ба ин максадаш расид.

Наср соли 892 вафот кард ва Исмоили Сомонй то соли 907 амири давлати Сомониён шуда, Буҳороро пойтахт карор дод. Бо ҳамин ба сулолаи навбатии тоҷикон муяссар гашт, ки давлати ҳудро дар сарзамини Мовароуннахру Хуросон таъсис дихад. Ин давлат аз соли 875 то соли 999 арзи вуҷуд дошт. Ин солхо дар таърихи ҳалқи точик солхои пешравии кишоварзй, пешаварй, тиҷорат, адабиёт, фарҳанг, санъат, бинокорй ва дигар чабҳаҳо ҳисоб меёбанд. Давраи ташаккули ҳалки точик ба оҳир мерасад. Асосгузори давлати тоҷикон Исмоили Сомонй буд. Ин давлат ҳангоми салтанати Исмоил ба авчи тарккиёти ҳуд расид ва ҳамҷун давлати мустакили мутамарказ шуҳратманд гардид. Баъди поён ёфтани ҷангҳои байниҳудй ва нисбатан баркарор гардидани оромй, масъалаи беҳатарии давлат ба миён омад.

Васеъ шудани ҳудуди давлати Сомониён. Исмоили Сомонй дар байни авлоди ҳуд аз ҳамаи ёру бародарон, ҳешу таборон марди гаюртару ботадбиртар буд. Вай дар ҳунарҳои давлатдориву лашкаркашй ва дипломатй ҳамто надошт.

Исмоил баъди дар доҳили давлати ҳуд нисбатан баркарор намудани тинҷиву оромй, мебоист онро аз ҳуҷумҳои _аҷнабиён, кабилаҳои бодиянишин муҳофизат намояд. У соли 893 ба мукобили бодиянишинон ки мардуми Буҳоро аз дасти онҳо ба дод омада буданд, лашкар кашида, галабаи комил ба даст даровард ва ҳони бодиянишинонро бо даҳ ҳазор аскар асир гирифт. Баъди ин галаба бодиянишинон ба Мовароуннаҳр солҳои дароз дигар тоҳту тоз накарданд.

Баъд аз ин Исмоили Сомонй ба водии Талас лашкар кашида, онро бо конҳои бойи Шелҷй ба даст даровард. Ин конҳо барои пешравии иктисодиёти мамлакат аҳамияти бузург доштанд.


Изображение

Ҳамон соли 893 Исмоил ба музофоти Истаравшан, ки мустақил буд ва яке аз музофотҳои пуркувват ҳисоб меёфт, ҳуҷум карда, онро ба тасарруфи ҳуд даровард. Овозаи Исмоил ва давлати пуркуввати у берун аз Мовароуннахр паҳн гашт ва ин боиси изтироби ҳилофати араб шуд. Халифаи араб бо ҳар роҳ, мекушид, ки давлати Сомониёнро заиф гардонад ва барои ба ин нияташ расидан тадбирҳои гуногунро ба кор мебурд. Халифа ба ҳокими Хуросон Амр ибни Лайси Саффорй мактуб навишта, дар он ҳокими Мовароуннаҳр шудани уро ёд карда буд. У бо ин меҳост ҳокими Хуросонро бар зидди ҳокими Мовароуннаҳр Исмоили Сомонй барҳезонад ва таъсири ҳилофати арабро дар Хуросону Мовароуннаҳр пойдор гардонад.

Баъди гирифтани мактуб ҳокими Хуросон Амр ба мукобили Исмоили Сомонй барҳост. Исмоил, ҷунон ки муарриҳ Табарй менависад, «авом ва пешаваронро» мусаллаҳ гардонда, ба пешвози Амр баромад ва роҳи Балҳро пеш гирифт. Задуҳурди аввалини онҳо тирамоҳи соли 899 дар ҷанубтари дарёи Аму ба вукуъ пайваст. Дар ин муҳориба Исмоили Сомонй санъати баланди ҷангй нишон дода, бар лашкари Амр галаба кард ва соҳиби асирони зиёде шуд. У ҳамаи асиронро озод кард. Ин рафтори олиҳимматонааш дустони уро дар байни лашкари Амр ҳеле зиёд намуд ва обруяш дуҷанд шуд.

Дар бораи мардуми авом ва ҳунармандонро мусаллаҳ, намудани Исмоили Сомонй муарриҳ ҷунин менависад: «Исмоил Аҳмад дар Мовароуннаҳр ба ҷорҷиҳо фармуд эълон кунанд, ки «Амр омадааст, ки Мовароуннаҳрро забт кунад, одамонро ба катл расонад, молу мулкро ба горат барад ва занону кудаконро гулом гардонад».

Задуҳурди дуюм баҳори соли 900 дар наздикии Балҳ ба амал омад. Дар ин муҳориба ҳам Исмоили Сомонй маҳорати баланди лашкаркашй ва диловарй нишон дода, галабаро ба нафъи ҳуд ҳал намуд. Дар натиҷа тамоми замини давлати Саффориён ба итоати Исмоили Сомонй гузашт. Дар ин муҳориба ҳам мардуми авом ва ҳунармандон ёрии калон расонданд. Муарриҳ Наршаҳй ҳабар медиҳад, ки сабаби галабаи Исмоил он буд, ки вай тавонист хам ашроф, хам авом ва хам пешаваронро бо аслиҳаи ҷангӣ мусаллах гардонад ва галабаро бар нафъи худ таъмин кунад. Сабаби шикаст хурдани Амр он буд, ки — суханашро давом дода мегуяд Наршахй — ин кувваи бузургро ба эътибор нагирифт. Дар галабаи Исмоил накши асосиро оммаи мехнаткаши камбагал бозид.

Дамин тарик, баъди истилои арабхо Исмоили Сомонй нахустин симои барчастаест, ки ба туфайли галабахо бар бодиянишинон ва хокими Хуросон Амри Саффорй давлати пуркуввати мутамарказ ва аз хилофати араб мустакилро ташкил карда тавонист.

Давлати Сомониён пуркувваттарин давлати точикон буд ва Мовароуннахру Хуросон, Хоразм, Сиистон, Газна, Помири Гарбй, Қумис ва Райро дар бар мегирифт.

Баъд аз ин Исмоили Сомонӣ ба корхои дохили мамлакат, таъсиси идораҳои давлатӣ, ташкили лашкари пурзур ва ҳарҷониба мусаллаҳ, инкишофи иқтисодиёт, илму фарҳанг ва дигар корҳои давлатӣ машгул шуд.

Савол ва супориш

1.Чаро ҳилофати араб феодалони маҳаллиро ба корҳои идораи давлатӣ ҷалб мекард?

2.Сулолаи Сомониён бо кадом роҳ ба сари ҳокимият омад ва дар баӣни бародарони ин ҳонадон ҷӣ гуна мубориза мерафт?

3.Оид ба шаҳсияти Исмоили Сомонӣ ҳикоя кунед.

4.Исмоили Сомонӣ кадом шаҳрҳову музофотҳоро аз дасти бодиянишинон озод кард?

5.Барои ҷӣ ҳалифаи араб ҳокими Хуросон Амр ибни Лаӣсро ба ҷанги зидди Исмоили Сомонӣ барҳезонд?

6.Дар бораи ҷангҳо ва галабаи Исмоили Сомонӣ ҳикоя кунед.

7.Дар ин ҷангҳо накши асосиро кадом табакаҳои аҳолӣ бозиданд?

1.73K
Нет комментариев. Ваш будет первым!