Давлати Тоҳириён (2-юм)
Давлати Тохириён дар асри IX дар Хуросон таъсис ёфтааст. Асосгузори ин сулола Тохир ибни Дусайн аз ашрофзодагони точики шахри кадими Пушанги Дирот мебошад. Ин давлат бо вуҷуди муддати кутохи таърихй (821 873) вуҷуд доштан, дар сарнавишти таърихии мардуми Хуросону Мовароуннахр барои аз зулму бедодгарихои ачнабиён озод шудани он ва таъсис намудани давлати мустакили махаллй хизмати бузург
Абдуллох ба худсариву бедодгарихои ашрофи махаллй зарбаи сахт зад. Дар корхои давлатдорй ба рухониёни ислом такя менамуд. Худаш мисли падараш шоир буд. Вай бо хар восита мекушид, ки зулму фишори заминдорон нисбат ба барзгарон кам шавад. У фармони махсус бароварда, ахволи барзгаронро кадре ба сомон овард. Баъди Абдуллох писараш Тохири II _(844-862) ба сари кудрат омад. Вай соли 862 вафот кард. У аз падараш бисёр корхои давлатдориро омухта буд. Давраи салтанати падару писар давраи нашъунамои фарханги мардуми эронинажод махсуб мешавад. Дар мамлакат нисбатан тартибу интизом ҷорй гардида, кишоварзй ва хунармандй ривоҷ меёбанд, зулму худсарихои ашрофу феодалон қадре суст мешавад ва илму маданият пеш меравад.кардааст. Бераҳмиҳои дар ҳаққи хонадони Бармакиҳо кардаи Аббосиён ҳам пеши роҳи мардуми маҳаллиро гирифта натавонист. Намояндаи Тохириён Тохир ибни Ҳусайн яке аз музофотхои Ҳиротро идора мекард. Вай ҳамчун лашкаркаши боистеъдод ва сиёсатмадори моҳир дар дарбори ҳалифаи араб — Маъмун соҳиби обруву шуҳрат мешавад. Вакте ки соли 811 дар байни ду бародар — писарони Ҳорунаррашид — Амин ва Маъмун барои таҳт чанг мешавад, Тоҳир ибни Ҳусайн лашкари Маъмунро сарварй намуда, галабаи комил ба даст медарорад. У соли 818 шаҳри Багдодро гасб намуда, барои ба сари таҳт омадани Маъмун ҳизмати бузург мекунад. Маъмун ҳам некиҳои Тоҳир ибни Ҳусайнро кадрдонй карда, уро аввал ҳокими Алчазира (шимоли Байнаннаҳрайн) ва баъд фармондеҳи кувваҳои ҳарбии пойтаҳти ҳилофат — шаҳри Багдод, сардори девони андоз дар Ирок таъйин менамояд.
Соли 821 Тоҳир ибни Ҳусайн волии Хуросону Мовароуннаҳр таъйин мешавад ва дигар ба ҳилофати араб итоат намекунад. Мувофики фармони Тоҳир ҳангоми ҳутбаи намози чумъа дигар номи ҳалифаро ба забон намегирифтанд. Ин маънои канда шудани робита бо Багдодро дошт. Тоҳир ибни Ҳусайн соли 822 вафот кард. Акидае вучуд дорад, ки уро заҳр дода куштаанд. Бо вучуди он ки баъди вафоти Тоҳир ибни Ҳусайн дар байни Тоҳириён ва ҳалифа ноҳушие ба миён омад, ҳалифа мачбуран писари Тоҳир — Талҳаро ба таҳт (822) шинонд. Акнун давлат на аз Багдод, чунон ки дар замони Тоҳир буд, балки аз Нишопур идора карда мешуд. Қариб тамоми корҳои давлатй дар дасти Тоҳириён буданд, аммо андозу ҳирочи солона ба ҳазинаи ҳалифа — ба Багдод фиристода мешуд ва баъзан сипоҳиёни Тоҳириён дар лашкаркашиҳои ҳалифа мечангиданд.
Талҳа шуриши дар Сиистон ба амал омадаро саркуб намуд. Баъд аз вафоти Талҳа Абдуллоҳ ибни Тоҳир (828- 844) бо амри ҳалифа Маъмун соҳиби таҳт шуд. Абдуллоҳ яке аз лашкаркашони машҳур буд. У дар гасб намудани Мисру Искандария корнамоиҳо нишон дод, онҳоро ба каламрави ҳилофат ҳамроҳ кард. Абдуллоҳ ибни Тоҳир бо диловариву накукорй соҳиби шуҳрат гардид. Соли_834-835 музофоти Сиистонро ҳушксолй фаро гирифт. У барои начот додани мардум аз хазинаи давлат сесад хазор дирам чудо кард.
Аз ҷихати сиёсат душмани асосии Тохириён хилофати Аббосй буд ва худи онхо ба хамон вилоятхое такя мекарданд, ки аксари ахолиашон форсизабон буданд. Махз аз хамин сабаб Тохириён ба адибон, шоирон, хусусан ба пайравони ҷараёни мухолиф (оппозитсия) — шуубихо рухсат доданд, ки оид ба таърихи пеш аз дини ислом, мардуми эронинажод асархо офаранд, кахрамонону подшохони пешинаро васфу ситоиш кунанд ва онхоро бо арбобони замони Тохириён киёс намоянд.
Қатъи назар аз ин, ахволи мардуми захматкаш, хусусан кишоварзону хунармандон, токатфарсо буд. Андозхои сершумор бори гароне буданд бар души ахолй. Дамаи ин боиси норозигии мардуми захматкаш мегардид. Дар натиҷа ошубу шуришхо паси хам сар мезаданд, ки калонтарини онхо шуриши кишоварзони Сиистон (музофот дар Афгонистон) буд.
Минбаъд дар заминаи давлатдории сулолаи Тохириён давлатхои бузург, ба монанди давлатхои Сомониёну Газнавиён, Қарахониёну Салҷукиён ва Гуриён ба вуҷуд омаданд.
Бо хамин хукмронии Тохириён дар Хуросону Мовароуннахр ва музофотхои шаркии Эрон ба охир расид ва ба ҷои он соли 873 Саффорихо ба сари кудрат омаданд, ки то соли 903 салтанат ронданд.
Савол ва супориш
1.Дар асрҳои 1Х-Х кадом хонаводаҳои заминдорони маҳаллй намоён шуданд?
2.Аз хусуси хонадони Бармакихо накл кунед.
3.Сулолаи Тохириён кай ба сари хокимият омад ва нисбат ба халифахои араб чй гуна сиёсат пеш гирифта буд?
4.Дар бораи фаъолияти Абдуллох хикоя кунед.