Оғози муборизаи халқи тоҷик барои халоси аз истилои араб
Авҷи ҳаракатҳои зидди хилофат. Ҳануз аз аввали ҳокимияти сулолаи Умавиён (661) гуруҳҳои алоҳида зидди сиёсати давлатдории онхо баромаданд. Ахволи мардуми заҳматкаш, ҳусусан кишоварзону пешаварон, сол аз сол бад мешуд. Ҳамаи ин боиси шуришҳои пай дар пай мегардид. Ошуби калонтарин, ки яке аз сабабҳои асосии барҳам ҳурдани сулолаи Умавиён гардид, шуриши Абумуслим буд. Дар натиҷа сулолаи Аббосиён ҳокимиятро соли 750 ба даст даровард, вале аз ин аҳволи мардуми заҳматкаш беҳтар не, балки бадтар гардид. Сулолаи нав ваъдаҳои ҳудро фаромуш кард.
Аббосиён андозро зиёд карда, ҳатто баъзе солҳо аз кишоварзон ду маротиба андоз меситониданд. Аз заминҳои лалмй ними ҳосил ва аз заминҳои обй аз ҷоряк то сеяки ҳосил ба ҳазинаи Аббосиён медаромад. Ин буд, ки шуришҳои мардуми камбагал дар замони салтанати Аббосиён афзуданд ва онҳо пояи давлатро заиф гардонданд. Калонтарини онҳо шуриши Синдбоди Муг (соли 755) дар Хуросон ва исёни Муқаннаъ (соли 776) дар Мовароуннаҳр буданд.
Аз оҳири асри VIII заифии ҳилофати араб аён шудан гирифт. Бисёр ашрофони маҳаллй аз ин истифода бурда, ҳудро мустакил мешумурданд ва ҳатто лашкари алоҳида нигоҳ медоштанд. Хамаи ин шаҳодат медод, ки арабҳо ба воситаи кувваи лашкар дигар мамлакатро идора карда наметавонанд. Роҳи дигар ёфтан даркор буд. Чунин роҳро арабҳо ба воситаи ҷалб намудани ашрофи маҳаллй ба идораи давлат ёфтанй шуданд. Онҳо бо ин рафторашон меҳостанд дар мавридҳои зарурй барои паҳш намудани шуришҳои ҳалкй ашрофи соҳибмартабаи маҳаллиро истифода баранд.
Хукмронии ҳонадони Аббосиён дар замони ҳалифаҳо Мансур (754-775), Маҳдй (775-785), Хорунаррашид (78(0- 809) ва Маъмун (813-833) ба авҷи тараққиёти худ расид. Аммо хокимияти Аббосиён дар охири асри VIII тадричан ру ба инкироз ниход ва музофотхои алохида аз тобеъияти он баромаданд. Бо вучуди ин хокимони махаллй хануз барои пур кардани хазинаи хилофат андоз чамъ мекарданд ва таъмини лашкар ба зиммаи мардуми камбагали махаллй буд. Тамоми замин мулки хусусии халифа хисоб мешуд. Онхо заминро ба хешовандон ва одамони содиқи худ таксим карда медоданд. Дар ахди Аббосиён замин бойгарии асосй буда, онро акнун ба одамони харбй ва ашроф медоданд. Чунин замин ба забони арабй «иқтаъ» (қитъа, пора) ном дошт ва сохиби онро иқтаъдор меномиданд. Ду шақли иқтаъ вуҷуд дошт: иқтаи тамлиқ (заминро ба ихтиёри қасе додан) ва иқтаи иҷора. Иқтаи тамлиқ аз хисоби заминхои беқорхобида ба муддати се сол иҷора дода мешуд ва соҳиби замин ба давлат андоз медод. Иқтаи иҷора хамҷун тухфа ба одамони харбй ва гайрихарбй (ашроф) ба нои маош дода мешуд. Баробари тараққиёти ҷамъият мохияти иқтаъ хам тагйир меёфт.
Дар натиҷа синфи феодалон ба вуҷуд омад ва онхо қишоварзонро дар итоати худ нигох медоштанд.
Дар Осиёи Марқазй қишоварзй бо обёрй сахт вобаста буд. Бо амри халифа мехнати хазорон дехқонони қамбагал дар сохтмони қаналхои обёрй истифода бурда мешуд. Дам қаналхо ва хам сарбандхои об аз они халифа ва феодалони қалон буданд. Кишоварз барои заминашро обшор намудан андоз медод.
Шумораи гуломон дар хилофат нихоят бисёр буд ва онхоро дар қорхои вазнин истифода мебурданд. Масалан, гуломон дар қонхо қор меқарданд, ботлоқзорхоро мехушқонданд, бинохою кушкҳо месохтанд ва дар ҷангхои шадид дар сафи пеш меҷангиданд.
Аз аввали асри IX раванди инқироз ва пароқанда- шавии давлати Аббосиён пурзӯр гардид.
Бисёр мамлақатхо ва сарзаминхои алохидаи тобеъи хилофати араб, аз ҷумла Миср, Мовароуннахру Хуросон аз хайати хилофати араб баромада, истиқлолият ба даст дароварданд. Нихоят, дар Мовароуннахру Хуросон дав- латхои нави махаллии феодалй, аз ҷумла давлатхои Тохириён, Саффориён ва Сомониён таъсис ёфтанд.
Дар натиҷаи шуришҳои пайвастаи мардуми заҳматкаш ва пурзур шудани мустакилияти ҳокимони маҳаллй ҳилофати араб инкироз ёфт.
Шуриши соли 806 ва аҳамияти он. Баъд аз Осиёи Марказиро забт намудани арабҳо шуришҳои ҳалкй пай дар пай сар мезаданд. Соли 806 бо сардории Рофеъ ибни Лайс дар Самарканд шуриши нав ба амал омад. Худи Рофеъ лашкаркаши араб буд. Рофеъ ибни Лайс нагз медонист, ки аҳолии маҳаллй аз зулму бедодгариҳои арабҳо ба дод омадааст ва аз ин ҳеле моҳирона истифода бурд. У ба кушишу ҳаракати мардуми маҳаллй, ҳусусан ҷавонон такя намуда, ба кушки ҳокими Самарканд ҳуҷум кард ва ҳокимро ба катл расонда, шаҳрро ба даст даровард. Шуриш ба зудй Самарканд, Буҳоро, Хуҷанд, Истаравшан, Хатлон, Хоразм, Фаргона, Балҳ, Таҳористон, Насаф ва дигар шаҳру ноҳияҳоро фаро гирифт. Рофеъ бародарашро ҳокими Буҳоро таъйин кард.
Дар байни шуришчиён тарафдорони Муқаннаъ- сафедчомагон бисёр буданд. Муборизаи диловаронаи шуришчиёни Чоч (Тошканд) намунаи ибрат буд. Аксарияти шуришчиёни ин шаҳр иштирокчиёни исёни Муканнаъ буданд. Хокими Чоч муборизи фаъоли зидди арабҳо ҳисоб меёфт ва яке аз аввалинҳо шуда бо дастаи ҷанговарони ҳуд ба ёрии Рофеъ ибни Лайс ба Самарканд омад. Дар ин вакт шуришчиёни Насаф аз Рофеъ кумак талабиданд ва дастаи ҷанговарони аз Чоч омада ба ёрии насафиён равон шуд. Ба шуришчиён туркони бодиянишин мадад мерасонданд.
Халифаи араб Х°рунаррашид барои фуру нишондани шуриш бо лашкари зиёд ба Тус (Машҳад) омад, вале соли 809 дар он ҷо вафот кард ва ба таҳт писараш Маъмун нишаст. Маъмун назар ба ҳалифаҳои пешина нисбатан адолатпарвар буд. У дар идоракунии давлат бештар ба ашрофи маҳаллй такя мекард. Баъд аз байни ашрофи маҳаллй бисёр ҳодимони намоёни давлатй ва лашкаркашон баромаданд. Хусусан ҳонадонҳои Бармакиён ва Сомониён ҳеле нуфуз пайдо карданд ва намояндагони онҳо то ба вазифаҳои вазирй расиданд.
Дар ҳайати лашкаре, ки халифа Маъмун барои фуру нишондани шуриши Рофеъ ибни Лайс ба Самарканд фиристода буд, Асад ибни Сомон (писари Сомонхудот — асосгузори хонадони Сомониён) бо чор писараш меҷангиданд. Дар ин асно рохбари шуриш Рофеъ ибни Лайс ба шуришчиён хиёнат карда, ба тарафи душман гузашт ва соли 810 шуриш фуру нишонда шуд. Баъд аз ин хам хар сари чанд вакт дар Сугд, Истаравшан ва Фаргона шуришхо сар мезаданд. Ин шуришхо гувохи он буданд, ки арабхо дар Осиёи Марказй факат бо кувваи силох хукм меронанд.
Қувват гирифтапи ашрофи махаллй. Бармакиён. Аз давраи гасби Осиёи Марказй аз тарафи арабхо шуришхои халкй муттасил ба вукуъ меомаданд. Халифахои араб, чунон ки дар боло ёдовар шудем, барои пахш кардани ин шуришхо аз нимаи дуюми асри VIII сар карда ашрофи махаллиро бо хар рох истифода мебурданд.
Дар байни хонадонхои бонуфузи хамон давра хонадони Бармакиён аз хар чихат фарк мекард. Бармакихо аз точикони Балх буда, барои аз зулми арабхо озод шудан хизмати босазое кардаанд. Ин сулола фаъолияти сиёсии худро аввал хамчун саркохини дайр (монастири буддой) сар кардаанд ва минбаъд, чунон ки сарчашмахо гувохй медиханд, хануз дар давраи салтанати Сосониён (224 651) вазифахои баланди давлатиро сохиб шуданд. Онхо дар замони истилои арабхо низ мансабдорони давлат хисоб меёфтанд. Яке аз Бармакиёни машхур писари Бармак- Холид (705-781) сардори девони лашкару хироч, вазир ва хокими Табаристон (яке аз музофотхои таърихии Эрон) буд. Вай дар сохтмони шахри Багдод ширкат варзидааст. Писари Холид — Яхё мураббии шохзода Дорунаррашид буд ва бисёр вазифахои баланди замонашро ба ухда дошт. Аз байни хонадони Бармакиён шахсони маъруфу донишманд ва сиёсатмадорони машхур ба камол расида, дар ободонии Хуросону Мовароуннахр хиссаи арзанда гузоштаанд.
Бармакихо 50 сол дар идорахои гуногуни хилофати араб хизмат карда, хукм рондаанд. Нихоят, халифа Дорунаррашид аз нуфузу эътибори афзудаистодаи ин хонадон ба вохима афтода, барои ба қатл расондани ин хонадон амр кард. Дар натиҷа бисёр одамони машҳури ин сулола кушта шуданд. Сарнавишти хонадони Бармакиён ба таври фочиавй анчом ёфт. Соли 803 намоядаи Бармакиён Ҷдъфар кушта шуд. Яхё ва се писари у — Фазл, Мухаммад ва Мусо дар зиндон ба катл расонида шуданд. Ин фоҷиа дар таърих бо номи «Накбати Бармакихо», яъне бадбахтии Бармакихо машхур аст. Бо вуҷуди кушта шудани бисёр намояндагони ин хонадон чанде аз онхо минбаъд дар замони хукмронии сулолахои Сомониён ба мартабахои баланд сохиб шуданд. Масалан, дар ахди Сомониён Мухаммади Бармакй вазир буд ва Дасани Бармакй дар замони Газнавиён мартабаи баландро сохибй мекард.
Савол ва супориш
1.Сабабхои инқирози давлати Аббосиён кадомхоянд?
2.Ахволи мардуми захматкаш дар давраи хукмронии Аббосиён чй хел буд?
3.Кадом шаклхои иктаъ амал мекарданд?
4.Мехнати гуломонро дар кадом корхо истифода мебурданд?
5.Кадом давлату сарзаминхо аз тобеияти хилофати араб баромаданд?
6.Дар Мовароуннахру Хуросон кадом давлатхо таъсис ёфтанд?
7.Дар бораи шуриши соли 806 накл кунед.
8.Бармакихо кихо буданд? Ҷаро халифа аз нуфузи ин хонадон ба тахлука афтод?
9.Сарнавишти хонадони Бармакиён чй тавр анҷом ёфт?