Системаи асаб

Аҳамияти системаи асаб. Системаи асаб дар танзими вазифаи организм роли муҳим мебозад. Вай кори доимии ҳуҷайраҳо, боф- таҳо, узвҳо ва системаи онҳоро таъмин мекунад. Бо мавҷудияти ин система организм бо муҳити беруна алоқаманд аст,

Фаъолияти системаи асаб ба ҳиссиёт, таълим, хотир, нутқ, тафаккур ва раванди рӯҳӣ асос ёфта, одам бо ёрии онҳо на танҳо муҳити атрофро дарк мекунад, бал- ки метавонад онро фаъо- лона дигаргун созад.

Бофтаи асаб. Системаи асабро ҳуҷайраҳое ташкил мекунанд, ки онҳо ней- рон ва ҳуҷайраҳои асосии бофтаи асаб буда, кори системаи асабро таъмин мекунанд. Ҳуҷайраҳои ҳамроҳ вазифаи гизодиҳӣ, такягоҳӣ ва муҳофизатиро иҷро менамоянд. Миқдори ҳуҷайраҳои ҳамроҳ назар ба нейронҳо қариб 10 маро- тиба зиёдтар мебошад. Ней- рон аз се қисм иборат аст:

  • Ҷасад (тана);
  • Изофаи кӯтоҳ (дендритҳо);
  • Изофаи дароз (аксон)

Дендритҳо аз калимаи

юнонии дендрон — дарахт гирифта шудаанд. Онҳо кӯтоҳ ва сершохаанд. Дар як нейрон метавонад якчанд дендрит мавҷуд бошад.

Дендритҳо бо ретсепторҳо пайваст буда, импулсҳои асабиро ба ҷасади нейрон мебаранд ва вазифаи ҳиссиётқабулкуниро иҷро мекунанд. Аксон (аз калимаи юнонӣ аксис гирифта шуда, маънояш шоха мебошад) бо мушакҳо пайваст шуда, вазифаи ҳаракатро иҷро мекунад. Ҳар як нейрон аз як аксон иборат аст. Аксон бо қабати махсуси табиати липидидошта пӯшонида шудааст, ки онро миелин (дила) меноманд. Аз ҷиҳати шохаронӣ нейронҳо се хел мешавад;

  • нейронҳои якшохадор (униполярӣ);
  • нейронҳои душохадор (биполярӣ);
  • нейронҳои бисёршохадор (мултиполярӣ) (расми 8).

Торҳои асаб ба тамоми организм паҳн шуда, импулсҳоро ба

ҳамаи узвҳои бадан мебаранд.

Қисмҳои системаи асаб. Системаи асаб аз қисмҳои марказӣ ва канорӣ иборат аст. Қисми марказӣ аз магзи сар ва ҳароммагз таркиб ёфта, бо лимфаи бофтаи васлкунанда пӯшонида шудааст. Ба қисми канорӣ гиреҳҳои асаб дохил мешаванд (расми 9). Як қисми системаи асаб, ки кори мушакҳои скелетро танзим мекунад, системаи соматикӣ ном дорад. Одам тавассути ин системаи асаб метавонад ҳаракатҳоро идора карда, онҳоро ихтиёран ба вуҷуд орад ё қатъ гардонад,

Фаъолияти рефлектории системаи асаб

Рефлекс. Камонаки рефлекторй. Реаксияи ҷавобии организмро ба ангезандаҳои берунӣ ва дохилӣ, ки бо иштироки ҳатмии системаи марказии асаб ба амал меояд, рефлекс меноманд. Роҳеро, ки ба воситаи он импулсҳои асабӣ гузашта, рефлексро ба амал меоранд, камонаки рефлекторӣ меноманд. Камонаки рефлекторӣ аз панҷ қисм: 1) ретсептор; 2) торҳои марказшитоб (афферентӣ); 3) системаи марказии асаб; 4) торҳои марказгурез (эфферентӣ); 5) узви ҳаракат (мушакҳо, эффектор) иборат аст. Камонаки рефлекторӣ аз ретсептор сар мешавад. Ҳар як ретсептор барангезандаҳои махсус: рӯшноӣ, садо, бӯй, ҳарорат ва ғайраро дорад. Ретсептор чунин барангезандаҳоро ба импулси асаб ва сигнали системаи асабӣ табдил медиҳад. Импулсҳои асаб табиати электрикӣ (барқӣ) дошта, бо пардаи шохаҳои дарози нейронҳо паҳн мешаванд. Ин импулсҳо дар инсон ва ҳайвонот якхелаанд.

Импулсҳои асаб аз ретсептор ба воситаи торҳои ҳискунанда хабарро ба системаи марказии асаб мерасонанд. Аз системаи марказӣ бошад, импулсҳо ба воситаи торҳои ҳаракаткунанда ба узвҳои корӣ мераванд. Ба таркиби аксари камонакҳои рефлек- торӣ инчунин нейронҳои мобайниро, ки дар ҳароммағз ва мағзи сар мавҷуданд, дидан мумкин аст,

Рефлексҳои одам гуногун мешаванд. Баъзеи онҳо хеле сод- даанд. Масалан, ҳангоми сӯзан халондан ё сӯхтани пӯст фақат кашидани даст ба амал меояд. Аз таъсири моддаҳои гуногуни кимиёвӣ рехтани ашк, ҳангоми ба ковокии бинӣ ва роҳҳои нафас дохилшавии гарду чанг ва заррачаҳои бегона сулфа ва атсазаниро мушоҳида намудан мумкин аст.

Аҳамияти баҳаяҷоноӣ ва боздорӣ дар ҳосилшавии рефлекс. Ҷавоб гардонидан ба ангезандаҳои гуногун фаъолияти кории системаи узвҳоро ба миён меорад. Масалан, даст кашидан аз ҷисми тафсон фақат дар вақти кашишхӯрии баъзе мушакҳо ва суст шудани мушакҳои дигар ба амал меояд. Дар ин вақт кори дил, нафаскашӣ ва ғайра ба таври рефлекторӣ тағйир меёбад.

Чунин фаъолияти ба ҳам мувофиқи рефлекторӣ дар системаи марказии асаб ба ду ҳолат: 1) ҳаяҷонпазирӣ, ки фаъолиятнокии нейронҳо ва пурзӯр гаштани реаксияҳои рефлекториро таъмин мекунад; 2) боздорӣ, ки кори нейронҳо суст ё пурра қатъ мегардад, таъсири манфӣ мерасонад.

Сустшавии боздорӣ боиси ҳаяҷонпазирии ниҳоят қавии системаи асаб шуда, онро заиф мегардонад. Ҳолати боздориро дар системаи марказии асаб олими рус И.М.Сеченов аввалин маротиба соли 1862 дар таҷрибаҳои худ кашф кардааст. Баъдтар олимони дигар ба монанди Голс, Ухтомский, Данини-Ашнер Шеррингтон боздориро дар қисмҳои канории организм ва узвҳои дарунӣ муайян кардаанд,

1.28K
Нет комментариев. Ваш будет первым!