УЗВҲОИ ҲОЗИМА
УЗВҲОИ ҲОЗИМА, аъзои гувориш, маҷмӯи узвҳое, ки ҳазми хӯрок, аз таркиби он ҷудо кардани моддаҳои ғизоӣ ва ба хун ҷаббида шудани онҳоро таъмин менамоянд. Бофтаҳо ва ҳуҷайраҳои организм моддаҳои тавассути хӯрок ба организм дохилшуда (сафедаҳо, чарбҳо, карбогидратҳо, витаминҳо ва моддаҳои минералӣ)-ро дар шакли том аз худ намекунанд. Ҳангоми ҳазм гаштан сафедаҳо то ба дараҷаи аминокислотаҳо, карбогидратҳо то моносахаридҳо, чарбҳо то глитсерину кислотаи чарб таҷзия мешаванд. Ҳамаи ин моддаҳо дар меъдаву рӯдаҳо ҷаббиш ёфта, ба хуну лимфа мегузаранд ва аз тарафи бофтаҳою ҳуҷайраҳои организм истифода мегарданд. У. ҳ. ва ғадудҳои онҳо барои ҳазми хӯрок шира ихроҷ мекунанд. Роҳи маҷрои ҳозима шакли найчаи қатшудаеро дорад, ки дарозиаш 8 – 12 м аст. Як қисми он ба қисми дигар тадриҷан пайваст мебошад – ковокии даҳон, ҳалқ, сурхрӯда, меъда, рӯдаҳо. Сатҳи дохилии У. ҳ. бо пардаи луобӣ пӯшида шудааст, ки вазифаи ҳазм, ҷаббиш ва ихроҷро иҷро мекунад. Баъд аз луобпарда мушакпарда ҷойгир шудааст; ин қабати У. ҳ. вазифаи хоидан, омехтан ва ба ҳаракат овардану тела додани хӯрокро адо мекунад. Дар аксар ҷойҳо узвҳои ҳозимаро шикампарда (сифоқ) пӯшидааст. Ин парда дар баъзе ҷойҳои шикам чини дарунии батн ё пайҳоро ҳосил менамояд, ки онҳо барои нигоҳ доштани узвҳо лозиманд. Варақаҳои сифоқ девораи ҷавфи шикамро фаро гирифтаанд.
У. ҳ. рагҳои хунгарду лимфагарди бисёр доранд, ки бо торҳои асаб таъмин мебошанд. Торҳои асаб фаъолияти ин узвҳоро идора мекунанд.
Дар ковокии даҳон луқмаи хӯрок аз таъсири дандонҳо, забон, оби даҳон реза мешавад. Саросема нашуда истеъмол кардани хӯрок ва нағз хоидани он шарти асосии пешгирии иллати У. ҳ. мебошад. Луобпардаи ковокии даҳон вазифаи ҷаббишро низ ба ҷо меорад (ҳамин хосияти луобпардаи даҳон ҳангоми истеъмоли баъзе доруҳо низ истифода мешаванд). Ковокии даҳон дар аснои ба он роҳ ёфтани бактерияҳои иллатовар вазифаи муҳофизиро низ иҷро мекунад. Самараи зиддимикробии луобпардаи ковокии даҳон ба таъсири оби даҳон вобастагӣ дорад. Дар мубориза ба муқобили микробҳо ғадудҳои бодомшакл хеле муҳимманд. Дар пардаи луобии даҳон даҳанаи ғадудҳои лаб, рухсора, ком, забон, се ҷуфт ғадудҳои калони оби даҳон, яъне ғадудҳои назди гӯш, зери ҷоғ, зери забон ҷойгиранд.
Оби даҳон шираи махсуси ғадудҳои калону майда мебошад. Вай хӯроки сахтро тар ва мулоим карда, барои ҳосил шудани луқма ёрӣ мерасонад, аз маҷрои ҳозима гузаштани онро осон мекунад. Оби даҳон хосияти муҳофизӣ дошта, дандон ва пардаи луобии даҳонро аз таъсири бактерияҳои зараровар эмин медорад, аз боқимондаҳои хӯрок тоза менамояд. Шахси солим дар як шаборӯз аз 1,5 то 2 л оби даҳон ҷудо мекунад. Хӯрокҳои ҳархела ба ҷудошавии оби даҳон таъсири гуногун мерасонанд. Хӯроки сахту болаззат боиси ҷудошавии миқдори зиёди оби даҳон мегардад; хӯроки мулоим ва сифатан паст бошад, ба ҷудо гаштани он камтар таъсир мерасонад.
Ҳалқ (балъум) қисме аз маҷрои ҳозима буда, шакли найчаеро дорад, ки аз боло ба поён танг гардида, аз пеш ба қафо каме паҳн мешавад. Дарозии он 12 – 14 см буда, ковокии даҳонро бо сурхрӯда мепайвандад.
Сурхрӯда найчаи мушакиест, ки сатҳи даруниашро луобпарда пӯшондааст. Ин узв дар байни ҳалқу меъда ҷойгир аст. Ин қисми маҷрои ҳозима аз назди мӯҳраи VI – VII –уми гардан сар шуда, ба қафои миёнадевори қафаси сина мегузарад. Аз он ҷо ба воситаи сӯрохии сурхрӯдагии диафрагма ба ковокии шикам баромада, дар рӯ ба рӯи мӯҳраҳои IX – X-уми қафаси сина бо меъда пайваст мешавад. Дарозии сурхрӯда 25 см буда, се ҷои танг дорад. Тангии якум дар қисми аввали найча ҷойгир шудааст. Тангии дуюм дар рӯ ба рӯи мӯҳраи IV-уми синагӣ ва тангии сеюм каме поёнтар дар шафати сӯрохии сурхрӯдагии диафрагма ҷойгир аст. Қутри (диаметри) сурхрӯда дар вақти васеъ гаштан ба 16 – 22 мм, ҳангоми танг шудан ба 13 – 19 мм баробар аст; ғафсии девораи он бошад 3,5 – 5,6 мм-ро ташкил медиҳад. Ҷисмҳои ногаҳон фурӯбурда дар тангиҳои сурхрӯда дармемонанд. Пардаи луобии ин қисмҳои сурхрӯда ба таъсири туршию ишқор низ хеле ҳассосанд. Донистани ин хусусиятҳо ҳангоми табобати иллатҳои сурхрӯда ба назар гирифта мешаванд.
Дар ҳолати оромӣ (яъне бидуни фурӯбарӣ) гузаргоҳ аз ҳалқ ба сурхрӯда баста аст. Кашиши мушакҳои ҳалқ луқмаро ба сурхрӯда тела медиҳад, пас аз он луқма бо вазни худ ва таъсири кашиши мушакҳои девораи сурхрӯда ба поён ҳаракат мекунад. Мушакҳои девораи сурхрӯда аз пурқувваттарин мушакҳои роҳи ҳозима мебошанд.
Меъда қисми халтамонанд васеъгаштаи роҳи ҳозима буда, дар боло бо сурхрӯда ва дар поён бо рӯдаи дувоздаҳангушта пайваст мешавад. Шакл, ҳаҷм ва андозаи меъда тағйирпазир буда, аз тонуси девораҳо, ҳолат ва таъсири узвҳои ҳамшафат (ҷигар, ғадуди зери меъда, испурч, рӯда), инчунин омилҳои дигар вобастагӣ дорад. Вай дар қисмати болоии шикам, бештар дар зери қабурғаи чап ҷойгир аст. Сохти он шохи гов ё чангакро мемонад. Ҳаҷман меъдаи ҳар шахс гуногун ва гунҷоишаш қариб 2 л мебошад. Меъда аз ду сатҳ – пешу қафо иборат аст. Қисми болои хамиди меъда хамии хурд, қисми поёнии барҷаста – хамии калони меъда номида мешавад. Қисми болоии пайваст ба сурхрӯда қисми кардиалӣ, қисми поёнии пайваст ба рӯдаи дувоздаҳангушта, қисми пилорӣ ном дорад. Аз тарафи чапи даромадгоҳ меъда шакли гумбазмонанд дошта, онро қаъри меъда меноманд. Он қисми калоне, ки байни қаъри он ва пайвастгоҳи меъдаю рӯда воқеъ аст, ҷисми меъдаро ташкил медиҳад. Меъда узви серҳаракат мебошад. Девораҳои онро аз берун қабати серозӣ (зардобӣ), баъд аз вай қабати мушакӣ ва аз дарун бошад, пардаи луобӣ ташкил медиҳанд. Байни ин қабатҳо бофтаҳои пайвасткунанда ҷойгиранд. Пардаи берунии серозии меъда пайҳоеро ба вуҷуд меорад, ки онҳо барои устувор нигоҳ доштани узвҳо хизмат мерасонанд. Қабати мушакӣ то андозае пурқувват буда, аз мушакҳои рост, каҷ ва ҳалқашакл иборат аст. Қисми ғафси ҳалқамонанде, ки дар гузаргоҳи меъда ба рӯдаи дувоздаҳангушта ҷойгир аст, ҳалқамушакро ҳосил мекунад. Қабати луобӣ аз 0,5 то 2,5 мм ғафсӣ дошта, дар сатҳи дохилии меъда чинҳоро ба вуҷуд овардааст. Чинҳо аксаран дарозрӯя ва баъзан арзӣ мешаванд. Пардаи луобӣ ғадудҳои бисёре дорад, ки шираи меъдаро ҳосил мекунанд. Дар дарунтари пардаи луобӣ ғадудҳое ҳастанд, ки аз ҳуҷайраҳои асосӣ ва рӯйкашӣ иборат буда, шираи таркибаш мураккабро ҷудо мекунанд. Таркиби шираи меъда вобаста ба марҳалаҳои гувориш тағйир меёбад.
Вазифаи асосии меъда аз таҷзияи химиявии хӯрок ва қисм-қисм тела додани он ба рӯдаи дувоздаҳангушта иборат аст. Дар меъдаи одами калонсол хӯроки омехта то 6 соат меистад (дар ин вақт хӯрок бо шираи меъда пурра омехта мешавад). Дар адои вазифаи таҳрикии меъда саҳми пайвастгоҳи меъдаю рӯда хеле калон аст. Дар натиҷаи ба тариқи рефлексӣ кашиш хӯрдани ҳалқамушаки гузаргоҳи меъдаю рӯда ғизо кам-кам аз меъда ба рӯдаи дувоздаҳангушта дохил мешавад.
Рӯда аз пайвастгоҳ бо меъда сар шуда, бо мақъад ба итмом мерасад. Рӯдаҳо борику ғафс мешаванд. Рӯдаи борик аз қисматҳои дувоздаҳангушта, холӣ (наҳиф) ва тиҳигоҳӣ (дароз) иборат аст. Рӯдаи ғафс бошад, қисмҳои зеринро дар бар мегирад: кӯррӯда, рӯдаи ҳалқашакл ва рӯдаи рост. Рӯдаи дувоздаҳангушта аз пайвастгоҳи меъдаю рӯда сар шуда, то рӯдаи холӣ давом мекунад.Он ба ғадуди зери меъда ҳамшафат аст; дарозии умумиаш 27 – 30 см, қутраш 3 – 5 см мебошад.
Пардаи луобии рӯдаи борик қисми асосӣ буда, бо мӯякчаҳо пӯшида шудааст (онҳо моддаҳои ғизоии хӯрокро меҷаббанд). Дар қисми болоии рӯдаи дувоздаҳангушта мӯякчаҳо хеле бисёр буда, чинҳои ҳалқашаклро ташкил медиҳанд. Дар қисми поёнии рӯда, ғайр аз чинҳои ҳалқашакл, чинҳои тӯлӣ низ вуҷуд доранд, ки дар интиҳо пистонакеро ҳосил мекунанд. Дар пистонаки рӯдаи дувоздаҳангушта талхароҳаи умумӣ ва найчаи ғадуди зери меъда кушода мешаванд. Дар девораи рӯдаи борик ғадудҳои сершуморе ҳастанд, ки шираи рӯда ҷудо менамоянд. Мӯякчаҳои девораи рӯда барои ҷаббиши хӯрок мусоидат мекунанд. Дарозии умумии рӯдаи борик ба 4,5 м баробар буда, аз боло ба поён қутраш аз 4,5 – 5 то 2,7 – 3 см танг мешавад.
Рӯдаи ғафс ба ҳисоби миёна 150 см дарозӣ дошта, қутри он дар ибтидо 7 – 14 см, дар интиҳо 4 – 6 см мебошад. Девораи рӯда аз се қабат иборат аст: пардаи луобӣ, мушакӣ ва серозӣ. Дар қабати мушакӣ бофтаҳои дарозрӯя пурра набуда, шакли се тасмаро доранд, ки байни онҳо часпидагиҳо пайдо шудаанд. Пардаи луобии рӯдаи ғафс якҷоя бо дигар қабатҳо чинҳои ҳилолшаклро ҳосил менамоянд, вале мӯяк надоранд.
Рӯдаи рост қисми охирини У. ҳ. буда, аз қаъри кос мегузарад ва дар сӯрохи мақъад ба охир мерасад. Қисмати болоии рӯдаи рост васеъ мешавад (онро ампула меноманд). Дар қисми поёни танг гаштаи он бофтаи бавосирию варидие ҷойгир аст, ки баъзан варам карда, боиси бавосир мешавад.
Рӯдаҳо ду вазифа – ҳазму таҳрикаро иҷро мекунанд. Дар баробари ин рӯдаи дувоздаҳангушта тавассути гормонҳое, ки пардаи луобӣ ихроҷ мекунад, кори узвҳои ҳозимаро танзим менамояд. Аз ин рӯ, рӯдаи дувоздаҳангуштаро маркази гормонии ҳозима номидан мумкин аст. Бинобар тахмини олимон таъсири талха, кислотаи хлорид ва як қатор моддаҳои ғизоӣ ба ҳосил гардидани гормонҳо мусоидат мекунанд. Агар гувориш асосан ба кори рӯдаи борик хос бошад, таҳрика вазифаи рӯдаи ғафс аст. Ҳаракатҳои лаппишмонанди рӯдаи борик ғизо ва шираи гормонҳоро бо ҳам омехта, ба раванди гувориш мусоидат мекунанд; аз ҳаракати мавҷмонанд бошад, ғизо ба рӯдаи ғафс мегузарад. Агар ғизо аз рӯдаи борик зуд гузарад (дар натиҷаи баъзе иллатҳо ва таъсири кӯтоҳмуддати ферментҳо ба хӯрок) ин боиси ихтилоли ҳозима мегардад. Дар рӯдаи борик марҳилаи асосии таҷзияю ҷаббиши сафедаҳо, чарбҳо, карбогидратҳо ҷараён мегирад. Дар ҷараёни муштараки ҳозима шираи меъда, талха, усораи ғадуди зери меъда иштирок мекунанд. Дар як шаборӯз қариб 2 л шираи рӯда ихроҷ мешавад, ки дар таркиби худ ферментҳои гуногун дорад. Ба ҳосил шудани шираи рӯдаи дувоздаҳангушта ферменти энтерокиназа ва таассури турши хӯроке, ки аз меъда вуруд омадааст, таъсир мерасонад. Таҷзияи моддаҳои ғизоӣ аз таъсири ферментҳо ҳам дар ҷавфи рӯдаи борик ва ҳам дар сатҳи луобпардаи он (ба ном гувориши наздидевораӣ) ба амал меояд. Аз таъсири ферментҳо ғизо то дараҷае таҷзия мешавад, ки мӯякчаҳои луобпардаи рӯдаи борик онро ҷаббида тавонанд. Об, намакҳои ҳалшаванда ва қандҳо дар рӯдаҳои дувоздаҳангушта ва тиҳӣ зуд (дар давоми чанд дақиқа), маҳсули таҷзияи сафедаҳо (то дараҷаи аминокислотаҳо) ва чарбҳо (глитсерин ва кислотаҳои чарбу) дертар ҷаббида мешаванд. Ҷаббиш бо гувориши наздидеворавӣ сахт вобаста дорад. Ҳар ду навъи ҳозима бо сохт ва фаъолияти ҳуҷайраҳои луобпардаи рӯдаи борик марбут аст. Молекулаҳои махсуси «интиқолӣ» барои гузаштани моддаҳои ғизоӣ ба даруни ҳуҷайра (аз ҷавфи рӯдаи борик тавассути пардаи ҳуҷайра) ва аз он ба девораи ҳуҷайраи дигар, ки бо рагҳои хунгард ҳамшафатанд, мусоидат мекунанд.
Рӯдаи ғафс дар натиҷаи ҳаракатҳои гуногун ғизоро омехта карда, барои ҳаракати он ба тарафи рӯдаи рост кӯмак мерасонад. Дар рӯдаи ғафс ҷаббиши хӯроки ҳазмгашта, асосан об хотима ёфта, аз таъсири ферментҳое, ки аз рӯдаи борик дохил шудаанд ва бактерияҳои рӯдаи ғафс таҷзияи боқимондаи ғизо давом мекунад. Таркиби микробҳои рӯдаи ғафс тағйирпазир буда, истеъмоли баъзе доруҳо (антибиотикҳо) ба онҳо таъсири ногувор мерасонад, боиси маҳви микробҳои муфид – дисбактериоз мегардад. Дар рӯдаи ғафс наҷосат ҳосил мешавад, ки аз боқимондаи ҳазмношудаи хӯрок, луоб, ҳуҷайраҳои фавтидаи луобпардаи рӯдаҳо ва микробҳо таркиб ёфтааст. Дар таассури иммунологии организм рӯда мақоми махсус дорад.
Ҷигар ғадуди калонтарини ҳозима (вазнаш қариб 1,5 кг) буда, дар қисми болоии ковокии шикам воқеъ аст. Қисми болоии ҷигар дамида ва ба диафрагма ҳамшафат аст. Қисми поёниаш бо узвҳои ковокии шикам рӯбарӯст. Дар ин қисм «дарвоза»-и ҷигар воқест, ки аз он рагҳои хунгузар ва торҳои асаб дохил мешаванду рагҳои лимфавӣ ва найчаҳои талха мебароянд. Дар наздикии «дарвоза»-и ҷигар дар нишемани махсус талхадон ҷойгир аст. Ҷигар аз ду қисм иборат мебошад: қисми рости калон ва қисми чапи хурдтар. Қисми асосии ҷигар бо парда печонда шуда, аз таг онро пардаи тунук – ғилоф (капсула)-и фиброзӣ мепӯшонад. Капсулаи фиброзӣ ҷигарро аз ҳар тараф печонда, ба мағзи ҷигар ба «дарвоза»-и он дохил мешавад ва ҷигарро ба ҳиссаҳо тақсим мекунад. Унсури асосии ҳуҷайрагии ҷигарро гепатотситҳо ташкил медиҳанд, ки ба таври радиалӣ (шуоъмонанд) аз марказ то канори ҷигар ҷойгир мешаванд. Гепатотситҳо вазифаҳои гуногун (фурӯбарӣ ва ихроҷ, иштирок дар мубодилаи моддаҳо, захира намудани моддаҳои махсус ва ғ.)-ро иҷро мекунанд. Онҳо ду қутб доранд, ки аз якаш ҷаббидани моддаҳои гуногун, аз дигараш ихроҷи талха ва моддаҳои дигар ба вуҷуд меояд. Ба дохили ҳиссачаҳо рагҳои хунгузар (аз артерия ва венаҳо ибтидо мегиранд) низ дохил мешаванд. Гардиши хун дар ҷигар чунин аст: бо артерия хуни артериявӣ, бо венаи бобӣ хуни венавӣ ба ҷигар ҷорӣ мешаванд; аз ҷигар бошад, хуни венавӣ ба венаи тиҳии поён равона мегардад.
Аз мӯйрагҳои талхагузар, ки байни ҳуҷайраҳои ҷигар ҷой гирифтаанд, силсилаи найчаҳои талхарон ба вуҷуд меоянд. Талха аз ҷӯякчаҳои хурд ҷамъ ва ба найчаҳои даруни ҷигар дохил мешавад; аз онҳо талхароҳаи чапу рост ташаккул меёбад, дар навбати худ ҳардуи онҳо берун аз ҷигар ба талхароҳаи умумии ҷигар мубаддал мешаванд. Аз талхадон найчаи талхарон ибтидо гирифта, якҷоя бо талхароҳаи умумии ҷигар шохоби умумии талхаро ҳосил мекунад. Ин шохоб ба қисми поёни рӯдаи дувоздаҳангушта кушода мешавад. Шохоби умумии талха ҳангоми гузаштан аз девораи рӯда каме васеъ гашта, бо дӯнгичае ба ном пистонаки Фатер ба охир мерасад. Ин пистонак ҳалқамушаке дорад, ки омадани талхаро ба рӯдаи дувоздаҳангушта танзим мекунад. Ҷигар дар ҷараёни мубодилаи моддаҳо, синтези сафедаҳо ва лахтабандии хун иштирок дорад, моддаҳои барои организми одам зарарнокро безарар мегардонад. Ҷигар моддаҳои ғизоӣ ва витаминҳоро захира намуда, талха ҳосил мекунад. Талха бошад, барои таҷзия ва ҳазми чарбу кӯмак мерасонад.
Талхадон дар қисми поёнии ҷигар, дар чуқурчаи махсус ҷойгир буда, фақат аз поён ба сифоқ (шикампарда) пӯшонда шудааст. Талхадон зоҳиран сохти нокро дорад, ки аз таг, тана ва гардана иборат аст. Таги талхадон аз зери ҷигар андаке намоён буда, ба девораи пеши ҷавфи шикам мерасад. Гунҷоиши талхадон 30 – 70 мл мебошад. Ҳаракати талхаро дар талхароҳа фишори худи талха ва кашишхӯрии талхадон ба амал меоранд. Ихроҷи онро силсилаи асабияю хилтӣ танзим менамояд ва он ба кори узвҳои ҳамшафат, мас., рӯдаи дувоздаҳангушта вобастагӣ дорад.
Ғадуди зери меъда узви тарашшӯҳи дохилӣ ва берунӣ мебошад. Сохти он ба призмаи сетарафаю хамида монанд аст (вазнаш 60 – 115 г); хокистаррангу гулобӣ буда, дар қафои меъда ҷой дорад. Ғадуди зери меъда аз сарак, тана ва думбола иборат аст. Ғадуд дар батн тавре ҷойгир аст, ки сараки он ба рӯдаи дувоздаҳангушта, тана ва думи он бошад, бо сипурз ва гурдаи чап ҳамшафат аст. Найчаи ғадуди зери меъда якҷоя бо шохоби умумии талха ба воситаи пистонаки Фатер ба рӯдаи дувоздаҳангушта кушода мешавад. Ин ғадуд асосан аз бофтаи ғадудӣ иборат буда, онро пардаҳои бофтаи пайвасткунанда ба ҳиссачаҳои шаклашон махсус (андозаашон 2 – 5 мм) ҷудо мекунанд. Шираи ғадуд қувваи пурзӯри ферментӣ дошта, дар ҳазми таркиботи асосии ғизо (тарашшӯҳи берунӣ) иштирок мекунад. Шираи ғадуди зери меъда ба рӯда дохил шуда, якҷоя бо талха ва шираи рӯда ҷараёни ҳозимаро давом медиҳад, ки аз таъсири оби даҳон ва усораи меъда оғоз ёфтааст. Шираи ғадуд аз ферментҳои липаза, амилаза ва протеаза иборат мебошад. Амилаза оҳар, крахмал ва гликогенро то дараҷаи дисахаридҳо, липаза якҷоя бо кислотаҳои талха чарбуҳои нейтралиро то кислотаҳои чарбу ва глитсерин, протеазаҳо (трипсин, химиотрипсин, карбоксипептидаза) бошанд, сафедаҳоро то аминокислотаҳо таҷзия мекунанд. Фаъолияти тарашшӯҳии ғадуди зери меъдаро асабия ва муҳити моеъи организм (гормонҳо, хун, лимфа) танзим мекунанд. Тарашшӯҳи берунии ғадуди зери меъда барои ҳазм бағоят муҳим буда, нокифоя ё берабт будани он боиси ихтилоли ҳазми сафеда, чарбу ва карбогидратҳо (нисбатан камтар) мегардад. Дар натиҷаи тарашшӯҳи дохилии ғадуд инсулин ва глюкоген ҳосил мешаванд. Камтар ҳосил гаштани инсулин дар организм ба касалии вазнини диабети қандӣ оварда мерасонад.
Амрози узвҳои ҳозима дар байни мардум хеле васеъ паҳн шудааст. Хусусият ва доираи густариши ин иллатҳо аз иқлим, муҳити зиндагӣ, шароити иҷтимоӣ, хусусияти тағзия, маданияти санитарии аҳолӣ, дараҷаи инкишофи ҳифзи дурустӣ вобаста аст. Сабабҳои пайдоиш ва тарзи инкишофи касалиҳо хеле гуногун ва мураккабанд.
Бемориҳои сироятӣ ва ангалӣ бештар маъмуланд. Барои ноҳияҳои алоҳида, махсусан дар шароити фавқулода (мас., офати табиӣ, ҳолати зиддисанитарӣ) ин касалиҳо аз ҷумлаи масъалаҳои ҳалнашуда ба шумор мераванд. Касалиҳои шадиду сироятии рӯда мумкин аст боиси илтиҳобу табоҳ гардидани сохти У. ҳ. шаванд (имкон дорад, ки ҷараёни амрози рӯда ба шакли музмин гузашта, зуд – зуд авҷ гирад).
Баъди аз сар гузарондани бемориҳои шадиду сироятии рӯда узвҳои ҳозима ба муддати дароз ихтилол меёбанд. Дар чунин маврид беморон бояд парҳези махсусро риоя кунанд ё худро ба ҳар гуна доруҳо муолиҷа намоянд. Илтиҳоби У. ҳ. (мас., аппендитсит, перитонит, парапроктит), ки дар натиҷаи тавассути садди бофтаҳо гузаштани микрофлораи муқаррарии рӯда ё сирояти тасодуфӣ ба вуҷуд омадаанд, гурӯҳи алоҳидаро ташкил мекунанд. Бемориҳои илтиҳобӣ ҳангоми иллати узвҳои ҳамшафат ё дар натиҷаи ба воситаи хун дохил шудани ангезандаи касалиҳо низ ба вуҷуд меоянд. Мас., илтиҳоби талхадон боиси пайдоиши манбаи фасод дар ҷигар, ё ки аппендитсити шадид ба инкишофи думбали зердиафрагмавӣ сабаб мешавад. Баъзе касалиҳои сироятӣ (мас., сил) У. ҳ.-ро низ фаро мегиранд.
Заҳролудӣ аз моддаҳои химиявӣ (хусусан химикатҳои рӯзгор), хӯроквории вайрон, нӯшокиҳои спиртдор, худмуолиҷа низ боиси бемориҳои У. ҳ. мегардад.
Ихтилоли ҷиддии кори як қатор У. ҳ. (панкреатит, гастрит, сиррози ҷигар), аз ҷумла фаъолияти ғадудҳои луобпарда ва тағйирёбии туршии шираи меъда, заъфи тарашшӯҳи ферментҳо, берабтии кори ҳуҷайраҳои ҷигар, ноҷурии мубодилаи моддаҳо, витаминкоҳӣ ва ғ. оқибати ногувори таъсири машрубот ва майзадагии музмин мебошад. Ба пайдоиши решмарази меъда ва диг. иллатҳои меъдаю рӯда тамокукашӣ низ мусоидат мекунад. Аз таъсири тамоку рагҳои хунгард танг шуда, ҷудошавии шира авҷ мегирад, таъсири асабия ба У. ҳ. суст мегардад. Истеъмоли баъзе доруҳо барои луобпардаи меъда ва дигар узвҳои ҳозима зарарнок буда, боиси дилбеҳузурӣ, зардаҷӯшӣ, қабзият мегардад.
Хусусияти ғизогирӣ низ аҳамияти калон дорад. Барои кори мӯътадили У. ҳ. усули мураттаби хӯрокхӯрӣ, сифати хуби таом, ба назар гирифтани синну сол, касбу кор ва саломатии инсон лозим аст. Пурхӯрӣ ё баръакс гурусна гаштан, сифати пасти таом, ғизои бадҳазм, вайрон кардани реҷаи истеъмоли ғизо истифодаи аз ҳад зиёди адвиёт (забуда, мурч ва ғ.) боиси инкишофи иллати У. ҳ. (гастрит, колит, энтерит, холетсистит, панкреатит ва ғ.) мегардад. Парҳези худсарона бидуни маслиҳати духтур низ ба хуруҷи касалиҳои У. ҳ. мусоидат мекунад.
Аз ҳад зиёд монда шудани асабия ва ҳолатҳои стресс (ташаннуҷи рӯҳӣ) низ сабаби пайдоиш ва хуруҷи иллати У. ҳ. мешаванд. Зиндагӣ дар шароити шаҳр ва прогресси илмию техникӣ аз одами замони ҳозира ба тараддудҳои зиёди ҷисмонию рӯҳӣ доимо мутобиқ шуданро тақозо менамоянд. Дар акси ҳол системаҳои танзимкунандаи организм осеб ёфта, боиси ихтилоли кори У. ҳ. мегардад. Пайдоиши як қатор бемориҳо, мас., решмарази меъда ва рӯдаи дувоздаҳангушта, ихтилоли таҳрикавии У.ҳ. ва ихроҷи шираи онҳо ба вазъи рӯҳӣ вобаста аст. Чунончи, дар натиҷаи ҷанҷолҳои оилавӣ, зуд-зуд асабонӣ шудан, муҳити номусоиди психологӣ дар ҷои кор низ сабаби авҷгирии амрози У. ҳ. мешаванд.
Дар баъзе мавридҳо дар натиҷаи омилҳои оилавию ирсӣ гирифтори касалии У. ҳ. шудан ба назар мерасад (мас., нуқси инкишофи У. ҳ.). Азбаски У. ҳ. бештар шакли найчаро доранд, ба онҳо роҳ ёфтани ҷисмҳои бегона (мас., устухони моҳӣ ва ғ.) боиси ҳодисаҳои хавфнок (хусусан дар кӯдакон) шуда метавонанд. Зимни бисёр бемориҳои вазнин, мас., ҳангоми заъфи кори дил ва гурда, фаъолияти У. ҳ. низ халал меёбад. Иллати яке аз У. ҳ. ба кори узви дигар таъсири ногувор мерасонад, мас., холетсистит якҷоя бо панкреатит ё гастрит ҷараён мегирад, дар аснои дарди захми меъда қабзият, ҳангоми гастрит исҳол ба мушоҳида мерасад.
Ба бисёр касалиҳои сурхрӯда дисфагия (ихтилоли фурӯ додани хӯрок), ҳиссиёти нохуш дар сурхрӯда (мас., ҳисси сӯзиш), харошхӯрӣ, дармондани ҷисми бегона, дард, бо мушкилӣ гузаштани хӯроки ғализ, сахт ва ҳатто ниммоеъ хос аст. Сӯхтани химиявӣ ё ҳароратӣ, илтиҳоб, тадохули ҷисмҳои бегона ва билохир ихтилоли функсионалие, ки дар аснои заҳролудӣ, невроз ба вуҷуд меоянд, сабаби дисфагия шуда метавонанд. Ҳисси дард гуногун буда, он аз паси чаноғ (сари сина) дарк мешавад. Ҳисси дард ҳангоми фурӯ додани луқма ба газак, захм ё омос (саратони сурхрӯда) хос аст; агар диафрагма чурра дошта бошад, дар мавриди дароз кашидан ҳисси дард зӯртар ва дар вақти истодан нест мешавад. Ихроҷи барзиёди оби даҳон аз таъсири рефлектсии луобпардаи сурхрӯдае, ки газак гирифтааст (эзофагит), метавонад ба амал ояд. Агар дар қисми поёнии сурхрӯда монеа (ахалазия) бошад, хӯроки фурӯдода дере нагузашта ба даҳон бозгашта меояд. Дар аснои чурраи диафрагма, ихтилоли кори меъда, гастрит ё невроз дар ҳалқ дар паси чаноғ эҳсоси сӯзиш ва ҳамзамон таъми талху турш пайдо мешавад, ки он ба бозгашти хӯрок аз меъда ба сурхрӯда вобаста аст. Қайи хунолуд ниҳоят хавфнок буда, ҳангоми кафидани хунрагҳои сурхрӯда ё меъда (қарҳа, сиррози ҷигар, омосҳо) мушоҳида мешавад.
Ба касалиҳои функсионалии сурхрӯда бенизомии ҳаракат хос мебошад; он бештар ба иллати асабия марбут аст. Эзофагоспазм, яъне муваққатан танг шудани қисмҳои гуногуни сурхрӯда, аз қабили ҳамин гуна бемориҳост. Ба ҳамин гурӯҳи амрози сурхрӯда ахалазия, яъне бемории музмине, ки ҳар сари чанд вақт гузаргоҳи сурхрӯда иллат меёбад (қисми болоияш васеъу поёниаш танг мешавад), мансуб аст. Дар марҳалаи аввали ахалазия парҳез каме сабукӣ меорад, бо доруҳо табобат кардан мумкин аст, аммо агар иллат кӯҳна шуда бошад, ҷарроҳӣ мекунанд.
Дивертикули сурхрӯда аз қабили нуқсҳои модарзод мебошад. Пайдоиши ҷавфи халтачамонанди девораи сурхрӯда нишонаи ин беморист. Ҳангоми ба чунин беморӣ гирифтор шудан, риояи парҳез, инчунин хӯрокро кам-кам фурӯ додан лозим аст. Таом бояд мулоим бошад. Пеш аз хӯрок 1 – 2 қошуқча равғани растанӣ фурӯ бурда, баъди он 1 истакон оби минералӣ нӯшидан фоидабахш аст. Доруҳо дар ибтидои беморӣ нафъоваранд, сонитар ҷарроҳӣ кардан лозим меояд.
Дар натиҷаи ба девораи сурхрӯда таъсир кардани маҳлули кислотаву ишқорҳо сӯхтагии химиявӣ ба амал меояд. Дар чунин ҳолатҳо бетаъхир ёрии таъҷилии тиббиро даъват намудан лозим аст. То омадани он меъдаро чанд маротиба мешӯянд. Зуд ба бемористон бурда ҷойгир намудани шахсони осебдида шарти асосии табобат буда, аз хадша танг шудани сурхрӯдаро пешгирӣ мекунад.
Ҷисмҳои бегонаи сурхрӯдаро агар ба зудӣ дур накунанд, боиси оқибатҳои ниҳоят нохушу хатарнок мегарданд.
Газаки сурхрӯда (эзофагит) аксар вақт ҳамроҳи дигар бемориҳо ҷараён мегирад. Газаки шадиди сурхрӯда аз таъсири моддаҳои химиявӣ, ҳарорати баланд, омилҳои механикӣ, инчунин дар заминаи касалиҳои сироятӣ (хуноқ, махмалак, сурхча, грипп) ва аллергия пайдо мешавад. Илтиҳоби музмини сурхрӯда бошад, дар натиҷаи таъсири тӯлонии омилҳои ангезишовар (нӯшокиҳои спиртдор, моддаҳои химиявӣ, доруҳо) ба амал меояд. Ба сурхрӯда баргаштани ғизои турши меъда ва чурраи диафрагма низ боиси эзофагит шуда метавонад. Ба пайдоиши чурраи диафрагма фарбеҳӣ, пурхурӣ, баланд шудани фишори дохили шикам, кори вазнини ҷисмонӣ мусоидат мекунанд. Ҳисси дард дар паси чаноғ (устухони сари сина), ихтилоли фурӯ додани хӯрок, оруғ задан аломатҳои газаки сурхрӯда мебошанд. Ба маризон парҳез муфид аст, мас., истеъмоли таомҳои луобдор ва ғизоҳое, ки аз равғани растанӣ тайёр гардидаанд; ҳангоми чурраи сӯрохи сурхрӯдагии диафрагма тавсияҳои духтур (баъди тановули хӯрок 20 – 30 дақ. рост истодан, кам-кам ва ҳар замон хӯрдани ғизо, нафишурдани шикам) бояд қатъӣ риоя карда шаванд.
Омос, аз ҷумла омоси бадфарҷоми сурхрӯда, нисбатан кам дучор мешавад, зуҳуроти асосии он ихтилоли фурӯбарӣ ва дарди афзоянда мебошад. Онро тавассути тадқиқи рентгенологӣ ё бо ёрии эндоскопия муайян мекунанд.
Ҳангоми иллати меъда шикояти беморон асосан аз дарди болои шикам аст. Шиддати дард гуногун буда, одатан, ба истеъмоли хӯрок вобастагӣ дорад. Баъзан дарди гуруснагӣ, сӯзиш ва эҳсоси зуд сер гаштан мушоҳида мешавад. Ҳангоми иллатҳои гуногуни меъда беморон камиштиҳо, дилбеҳузур, зардаҷӯш мешаванд, оруғ мезананд, қай мекунанд. Аз ҷумлаи бемориҳои меъда гастрит ва решдард аз ҳама бештар дучор меоянд. Сабабҳои пайдоиши саратони меъда пурра омӯхта нашудааст. Барои ташхиси он сари вақт ба духтур муроҷиат кардан ва тадқиқоти рентгенологӣ, эндоскопӣ гузаронидан хеле муҳим аст. Агар дард кӯҳна нашуда бошад, муолиҷа тавассути ҷарроҳӣ натиҷаи матлуб медиҳад. Мӯҳлати ҷарроҳиро ба таъхир андохтани баъзе беморон ҳамеша оқибати нохуш дорад.
Сӯхтан ва дохил шудани ҷисмҳои бегона ба меъда назар ба иллати сурхрӯда сабуктар аст, аммо дар ин ҳолатҳо низ ба худмуолиҷа роҳ додан лозим нест. Хунравӣ аз меъда низ барои ҳаёти бемор хавфнок буда, ёрдами таъҷилии тиббиро талаб мекунад.
Ҳангоми ба иллати рӯда гирифтор шудан, ҳарорати баланд, лоғарӣ, дарди сар, заъфи якбора ва камхунӣ назар ба иллатҳои дигари узвҳои ҳозима бештар мушоҳида мешаванд. Дар ин ҳол ихтилоли гувориш боиси пайдоиши бод ва садо додани шикам, исҳол, қабзият ва халаи рӯда мегардад. Дард ҷои муайян надорад ва чанголӣ мебошад. Ҳангоми иллат ёфтани рӯдаи дувоздаҳангушта дард асосан дар вақти гуруснагӣ ва шабона пайдо мегардад (пас аз истеъмоли хӯрок, баъзан баъди қай нест мешавад). Бемориҳои рӯдаро аз рӯи санҷиши наҷосат, пайдо шудани луоб, хун, паразитҳо, инчунин аз рӯи дигар аломатҳо ташхис намудан мумкин аст.
Бемориҳои асосии рӯда инҳоянд: дуоденит, решдард, дуоденостаз – бемориҳои қисмати болоии рӯда; энтерит, норасоии дисахаридаза (нафоридани шир), дискинезия, диспепсияи тахмирӣ – амрози рӯдаи борик; хала, дискинезия – иллатҳои рӯдаи ғафс. Омоси саратонӣ ва ғайрисаратонӣ, нуқси инкишофи рӯда кам рӯй медиҳад. Амрози рӯда шадид ва музмин мешавад. Сабаби амрози шадид газак, аппендитсит, колит, инчунин осеб (даридан, шикоф шудан), хунравӣ, инсидоди рӯдаҳо мебошанд. Бинобар хавфнок будан, аксари бемориҳои рӯда амалиёти ҷарроҳиро талаб мекунанд. Дарди шикам яке аз аломатҳои муҳими беморӣ буда, муоинаи духтурро тақозо дорад. Аз ин лиҳоз, то омадани духтур, истифодаи воситаҳои рафъкунандаи дард ё тадбирҳои дигар (гармкунак, ҳуқна, доруи мусҳил) мумкин нест. Ба дарди номаълуми шикам беэътиноӣ кардан нашояд, зеро ин кор метавонад оқибатҳои вазнин ва ҳатто фоҷиавӣ дошта бошад. Мас., аппендитсит боиси дард мешавад, вале ҳангоми сари вақт ҷарроҳӣ накардан, перитонит барин оризаи мудҳиш ба бор меоварад. Ҳангоми дарди сахт худро тасаллӣ додан суде надорад. Қайи беист, хунравӣ ва дарди ногаҳонро аз қабили нишонаҳои пешхабар бояд донист. Дар ин мавридҳо ёрии таъҷилии тиббӣ зарур аст. Дуоденостаз, яъне ҳаракати сусти муҳтавии рӯдаи дувоздаҳангушта боиси решдард, холетсистити музмин, панкреатит ва амрози дигар мегардад. Дарди доимии зери қабурғаи рост, ки ба истеъмоли хӯрок вобаста нест, ҳисси вазнинӣ ва дамиш дар зери сари сина, бад шудани иштиҳо аломатҳои асосии дуоденостаз мебошанд.
Ҳангоми иллати рӯдаҳо ҷараёни ҳазм ва ҷаббиш халал меёбад. Ихтилоли ҳозима ё диспепсия ҳангоми бисёр бемориҳои У. ҳ. мушоҳида мешавад. Ихтилоли ҷаббиш дар рӯдаи борик (малабсорбсия) бо дигар иллатҳои рӯда ҷараён мегирад ва халал ёфтани мубодилаи моддаҳо – сафеда, чарб, карбогидратҳо, минерал, обу намак ва витаминҳо аз сифатҳои он аст. Ин боиси лоғарӣ, тағйироти устухонҳо ва пӯст, камхунӣ, ихтилоли рӯҳияи бемор мегардад.
Дар аснои норасоии дисахаридаза ҳосилшавии баъзе ферментҳо халал меёбад. Бемор баъди истеъмоли таоме, ки миқдори муайяни дисахарид (одатан шир) дошта бошад, дар шикам вазнинӣ ва бодро ҳис мекунад, оруғ медиҳад, гирифтори исҳоли серкафк мешавад.
Колит бемории маъмули рӯдаи ғафс аст; он ҷараёни музмин ва шадид дорад. Пешгирии беморӣ ба сабаби он, дараҷаи эътилоли рӯда, тамос бо дигар амроз, вазъи умумии организм вобаста аст. Колити захмии номахсус (ғайримикробӣ) боиси аворизи зиёди ҳам ҷузъӣ (хунравӣ, сӯрохшавии рӯда, перитонит, полипоз) ва ҳам умумӣ (камхунӣ, иллати пӯст, буғумҳо, сиёҳрагҳо ва ғ.) мегардад.
Ба дискинезияи рӯдаи ғафс ихтилоли функсияи таҳрикаи он сабаб мешавад ва аксар вақт ба ихтилоли асаб вобаста аст. Қабзият, исҳол, ҷамъшавии бод ва дарди халамонанди шикам зуҳуроти он мебошанд. Муолиҷаи он аз фароҳам овардани шароити мӯътадили кори асаб иборат аст. Дар ин ҳолат муолиҷаи физиотерапевтӣ (души ҳалқавӣ, ваннаҳо бо қиёми сӯзанбарг, парафин гузоштан) ҳам муфид аст. Хусусияти фардии ҳар организмро ба назар гирифта, парҳези махсус таъин мекунанд. Дивертикулёзи рӯдаи ғафс ҳодисаи нодир набуда, оқибатҳои нохуши он ёрии таъҷилии тиббиро талаб мекунад.
Гурӯҳи махсуси амрози рӯдаи рост ва сӯрохи мақъадро бавосир, проктит, парапроктит, кафидани мақъад ташкил мекунанд. Ин бемориҳо бештар дар натиҷаи камҳаракатӣ, бисёр нишастан, суистеъмоли таомҳои тунд ва шароб пайдо мешаванд. Дар сурати бартараф сохтани ин омилҳои хатарнок ва сари вақт ба духтур муроҷиат кардан, бемориро пешгирӣ ё дар оғоз тавассути дору муолиҷа намудан мумкин аст; дар ҳолатҳои вазнин амалиёти ҷарроҳӣ зарур мебошад.
Аз омосҳо омоси рӯдаи ғафс бештар рӯй медиҳад. Полипоз ва колити решии номахсус аксар вақт ба саратон табдил меёбанд, бинобар ин саривақт муолиҷа намудани онҳо ва риояи қатъии нишондоди духтур бисёр муҳим аст. Аломатҳои беморӣ ба мавқеъ ва хусусияти омос вобаста мебошанд. Дарди торафт авҷгиранда, ҳисси ногувор дар рӯдаҳо (вазнинӣ, бод, садо додани шикам, қабзият, гоҳо исҳол), хунравӣ аз рӯда, камхунӣ бояд беморро ба ташвиш оварад. Ташхиси рентгенологиву эндоскопии омоси рӯда хеле такмил ёфтааст, бинобар ин беэътиноии беморон метавонад оқибати нохуш дошта бошад. Бемориро дар ибтидо бо усули ҷарроҳӣ муолиҷа кардан мумкин аст.
Яке аз амрози хеле маъмули ҷигар гепатити вирусӣ мебошад. Гепатити музмин дар натиҷаи гепатити шадид ё ба ҷигар таъсир расондани унсурҳои дигари зараровар (сироят, заҳролудӣ) пайдо мешавад. Бо дарди зери қабурғаи рост, дилбеҳузурӣ, боди шикам, беиштиҳоӣ, нафоридани таомҳои равғандор, заъфи мушакҳо, зуд хаста шудан, асабоният, баъзан зардпарвин зоҳир мегардад. Ҷараёни беморӣ ва оризаҳои онро тавассути муоинаи лабораторӣ муайян мекунанд. Муваффақияти муолиҷа ба риояи қатъии тавсияҳои духтур, даст кашидан аз шароб ва намак, таомҳои серравған сахт вобаста аст. Худмуолиҷа мумкин нест. Ба дараҷаи кофӣ истеъмол намудани витаминҳо (хусусан витаминҳои гурӯҳи В) ва творог ба ҷигари мариз хеле судманданд. Гепатити музмин мумкин аст ба сиррози ҷигар сабаб гардад. Бемориҳои паразитии ҷигар (мас., эхинококкоз), газаки фасоддор, омос хеле кам дучор мешаванд. Усулҳои ташхиси ин амрози вазнин маълум буда, муолиҷа бо роҳи ҷарроҳӣ сурат мегирад. Гипертензияи бобӣ (даромадгоҳи ҷигар), энсефалопатия (иллати мағзи сар), заъфи ҷигар барин оризаҳо имконпазиранд. Ҳангоми гипертензияи бобӣ дар натиҷаи якбора фишурдани венаи бобӣ ва хеле баланд шудани фишори он истисқо авҷ мегирад. Моддаҳои нитрогендоре, ки ҳангоми бемориҳои ҷигар ҳосил мешаванд, боиси ихтилоли асаб мегарданд.
Агар кори ҷигар ба дараҷаи вазнин ихтилол ёфта бошад, оқибат иғмо (кома) рӯй медиҳад. Беморро аз ин ҳолати мудҳиш танҳо дар беморхона наҷот додан мумкин аст. Ба тавсияҳои духтур қатъиян риоя кардани гирифторони бемории музмини ҷигар воситаи босамари пешгирии ин иллатҳост.
Аз бемориҳои талхадон ва талхароҳа холетсистит, дарди санги талха, дискенезия ва холангит (газаки маҷрои талха) бештар вомехӯранд.
Дискенезияи талхароҳа ихтилоли вазифавии таҳрикаи талхадон ва маҷроҳои талха мебошад. Вай чун бемории мустақил пайдо мешавад ё бо дигар иллатҳо пайваста ҷараён мегирад.
Беморон аз дарди сим — сими тӯлонӣ дар зери қабурғаи рост, ки бештар баъди асабӣ шудан ба вуҷуд меояд, шикоят мекунанд. Муолиҷаи ин иллат аз мӯътадил намудани кори асабия иборат буда, истифодаи обҳои минералӣ, физиотерапия муфид аст.
Холангит илтиҳоби назлавӣ ё фасодноки талхароҳаи дарунӣ ва берунии ҷигар аст, ки сабабаш сирояти бактериявӣ мебошад. Холангити шадид боиси табларза, арақи бисёр, ихтилоли ҳозима, дарди зери қабурғаи рост ва калон шудани ҷигар мегардад; дар натиҷа пайдоиши манбаи фасод ва заъфи ҷигар имкон дорад. Холангити музмин нисбатан сабуктар буда, гоҳ шиддат мегирад, гоҳ ором мешавад. Ҳангоми муолиҷаи холангит бояд ҳаракати талха аз талхадон барқарор ва бактерияҳои бемориовар маҳв карда шаванд.
Аз амрози ғадуди зери меъда панкреатит бештар вомехӯрад. Ба панкреатити шадид дарди сахти қисми болоии шикам, ки ба тахтапушт паҳн мешавад, ҳамчунин қай хос аст. Агар ин аломатҳо бағоят қавӣ бошанд, метавонад коллапс ё шок рӯй бидиҳад. Ҳангоми панкреатити музмин аломатҳои беморӣ чандон назаррас нестанд, дар ин маврид ҳам ихтилоли ҳозима, қай ва боди шикам мушоҳида мешавад.
Ташхиси омосҳои ғайрисаратонӣ ва саратонии ғадуди зери меъда усулҳои мураккаби тадқиқро талаб мекунад. Муолиҷаи омосҳо танҳо бо роҳи ҷарроҳӣ имконпазир аст.
Тибби имрӯза дар соҳаи муоинаю муолиҷаи амрози У. ҳ. ба комёбиҳои бузург ноил гаштааст. Гастроэнтерология ном як соҳаи илми тиб ба вуҷуд омадааст; барои муолиҷаи беморони гирифтори амрози У. ҳ. ва пешгирии онҳо кабинетҳо, шӯъбаҳои махсус таъсис ёфтаанд.
Ғайр аз усулҳои анъанавии таҳқиқ (муоина, палмосидан, ангуштзанӣ) ташхиси лабораторӣ тавассути асбобҳои махсус маъмул гардидааст. Тадқиқи рантгенологӣ мавқеи хоса дорад. Дар баробари омӯзиши тағйироти сохт ихтилоли вазифавии узвҳо низ ошкор карда мешаванд (бо ёрии усулҳои гуногуни озмоиш, фармакологӣ, ғизоӣ ва ғ.). Тавассути рентген андозаи узв, омосу реш, ҷисмҳои бегона ва дивертикулҳо, ҳаракати меъдаю рӯда ва ғ.-ро муайян кардан мумкин аст. Томографияи компютерӣ, ки ба муоинаи тамоми узвҳои бадан имкон медиҳад, ҳарчи бештар истифода мешавад. Сифати тасвири рентгенӣ ба он вобаста аст, ки беморон тавсияҳои духтурро пеш аз муоина чӣ гуна риоя мекунанд. Агар меъда ё рӯда ҳангоми муоина тоза набошад, на танҳо сифати тасвир паст, балки доир ба ҳолати узвҳо тасаввури ғалат пайдо мешавад. Миқдори моддаҳои контрастӣ вақти истеъмол ё ба бадан дохил кардани онҳо низ хеле муҳим аст. Баъзан беморон аз нури рентген тарсида ё барои тайёрӣ ба муоина худро нороҳат кардан нахоста, ба тадқиқи рентгенологӣ беэътиноӣ мекунанд. Бояд гуфт, ки миқдори нури рентген ҳангоми муоинаи У. ҳ. аз меъёр хеле кам буда, барои беморон бехатар аст.
Муоинаи радиоизотопӣ, ки барои омӯзиши тағйироти функсионалии У. ҳ. истифода мешавад, ҳамчунин такмил меёбад. Усули сканирони (акси сатҳи)-и ҷигар, ғадуди зери меъда ва меъда дар амалияи клиникӣ хеле маъмул гаштааст. Вақтҳои охир туфайли истифодаи васеи гамма-камераҳо муоинаи синтиграфӣ, ки дар бораи узв маълумоти муфассал медиҳад, ҷои намоёнро ишғол мекунад. Тадқиқоти гуногуни функсионалӣ ба омӯзиши суръати вуруд, ҷамъ ё тақсимшавӣ, инчунин аз организм ихроҷ гардидани моддаҳои изотопӣ ва пайвастҳои нишонадор асос ёфтааст. Солҳои охир муоинаи радиоиммунологӣ, ки ба муайян кардани миқдори гормону фермент ва диг. пайвастҳои химиявӣ дар зардоби хун имкон медиҳад, маъмул мегардад.
Усулҳои эндоскопии таҳқиқ (эзофагоскопия, гастроскопия, дуоденоскопия, колоноскопия, лапароскопия) туфайли оптикаи шишанах доираи тадқиқотро хеле васеъ намуданд. Бо ёрии онҳо луобпардаи сурхрӯда, меъда, рӯдаҳои борик ва ғафсро ҳамаҷониба муоина намуда, ҷои осебдидаи ин узвҳо, омос, реш ва ҷисмҳои бегонаро ошкор сохтан мумкин аст, ҳамчунин имкон дорад барои тадқиқоти минбаъдаи лабораторӣ маълумоти зарурӣ гирифта шавад. Лапароскопия имкон медиҳад, ки узвҳои батн бевосита муоина карда шаванд. Он ба узвҳои мавриди таҳқиқ ягон зарар намерасонад, оқибати номатлуб надорад. Танҳо ҳангоми баъзе бемориҳои вазнини дилу рагҳо ва мағзи сар ин намуди муоина манъ аст.
Такмили босуръати дастгоҳи ташхис бо ултрасадо ба муоинаи пурарзиш