Одоби сўҳбатҳои телефонӣ. Калима , ибора ва услуби сўҳбати телефонӣ.

Истифодаи таҷҳизоти гуногуни техникӣ дар ҷаҳони муосир яке аз воситаҳои асосӣ дар муоширати ҳаррўзаи одамон гаштааст. Бешубҳа, техника ва технология имрўз дар тамоми соҳаҳои зиндагӣ ёвари беназири инсонанд ва истифода аз онҳо омили асосии рушди ҷомеа ва тамаддуни башарӣ аст. Аммо таҷҳизоти техникӣ дар баробари манфиат баъзе ҷиҳатҳои манфӣ низ доранд, ки дар ҷараёни истифода ва муошират тавассути онҳо ҳатман бояд ба назар гирифта шаванд.

Ба таҷҳизоти техникии муошират пеш аз ҳама телефон, оинаи нилгун (телевизор), таҷҳизоти гўшкунӣ ё тамошои маводи аудио ва видео (радио, магнитофон, видеомагнитофон, плеери аудио, видео, ДВД, айфон, айпод, айпед ва амсоли он), компютер ва ғайра дохил мешаванд. Инсони муосир тавассути таҷҳизоти мазкур бо дигарон дар робитаю муошират мешавад ё бо худи ин таҷҳизот як навъе муошират менамояд. Бо ҳамин сабаб риояи одоб дар истифодаи техника ҳам имрўз яке аз рукнҳои асосии ахлоқи ҳамидаи инсон ҳисоб мешавад.

Телефони мобилӣаз ҷумлаи таҷҳизоти техникии муосир дар раванди муошират серистифодатарин мебошад. Ҳар як шахс бо истифода аз телефони хонагӣ (собит) ё ҳамроҳ (сайёр ё мобилӣ, ҳамчунин айфон — телефон бо плеер, камераи суратгирӣ, интернет, ки ба он барномаҳои мухталифро насб кардан имкон дорад) бо падару модар, хешу табор, дўстону наздикон, одамони шиносу ношинос ва ғайра дар робита мешавад ва ё тавассути шабакаи интернетӣ ба манбаъҳои мухталифи иттилоот дастрасӣ пайдо мекунад. Ба ҳамин сабаб муҳим аст, ки дар қатори донистани қоидаҳои бехатарии истифодаи телефон, ҳар як шахс бо одоби муошират тавассути ин таҷҳизот низ шиносоӣ дошта бошад.

Қабл аз ҳама донистан зарур аст, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хонандагон бо худ доштани телефони мобилӣ манъ карда шудааст ва ин талабот бояд аз ҷониби онҳо ҳатман риоя карда шавад. Падару модар низ ўҳдадоранд, ки ба фарзанди то синни мактабӣ ва фарзанде, ки дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ, новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқин онҳо, таҳсил мекунанд, бо худ овардан ва истифодаи телефонҳои мобилиро манъ намоянд. Аз ин рў ҳар як хонанда бояд бикўшад, ки бо худ телефони мобилӣ надошта бошад ва истифода аз телефони дигаронро ҳадалимкон маҳдуд намояд. Аз телефони хонагӣ низ бояд хонанда танҳо дар зарурат истифода барад. Ҳамчунин дар хотир бояд дошт, ки аз ҷониби хонандагон ҷойгир ва паҳн намудани ахбори ғайриахлоқӣ тавассути телефонҳои мобилӣ ва воситаҳои электронӣ сабаби ба ҷавобгарии ҳуқуқӣ кашидани падару модар ва худи онҳо мешавад.

Ҳамзамон донистан зарур аст, ки истифодаи телефони мобилӣ аз сабаби кор кардан бо мавҷҳои электромагнитӣ барои саломатии инсон хеле зараровар аст ва қоидаҳои санитарии истифодаи он бояд ҳатман риоя карда шаванд. Аз тарафи дигар, ҳам телефони хонагӣ ва ҳам мобилӣ хароҷоти пулии зиёде доранд, ки дар навбати худ зарурати сарфакориро дар истифодаи онҳо аз ҳар як шахс тақозо доранд.

Муошират бо телефон имрўз яке аз шаклҳои хеле интишорёфтаи робитаи инсонҳост. Вале боодобона, пурсамар ва оқилона сўҳбат карданро тавассути телефон на ҳама медонанд. Ба ҳамин сабаб бояд ҳангоми гуфтугў бо телефон қоидаҳои ахлоқӣ ва одоби муошират қатъиян риоя карда шаванд.

Қоидаҳои муошират бо телефон хеле зиёданд, вале танҳо донистани муҳимтарини онҳо низ метавонад сатҳи маданият ва одобу ахлоқи ҳамидаи ҳар як шахсро боз ҳам баландтар созад. Дар поён чанд намунае аз одоби муошират, ки аз таҷрибаи истифодаи телефон дар байни табақаҳои мухталифи аҳолӣ гирифта шудааст, оварда мешавад:

  • Риоя кардани одоби сўҳбати муқаррарӣ ҳангоми истифодаи телефон (риояи лаҳни эхтиром, боодобӣ, бо оҳанги ором ва мувофиқ ва ғ.);
  • Худдорӣ аз истифодаи телефон дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, бо овози баланд сўҳбат кардан, гўш кардани мусиқӣ ё садоҳои нофорам;
  • Роҳ надодан ба сухандарозӣ ҳангоми муколама ва ҳатман ба назар гирифтани сарфаи вақти ҳамсўҳбат;
  • Истифода накардан аз телефон дар ҳузури калонсолон ё дар зарурат иҷозат хостан аз онҳо барои занг задан ва ё ҷавоб додан бо телефон;
  • Ҳарчӣ зудтар бардоштани гўшак баъди садо додани занги телефон;
  • Занг назадан ба дигарон рўзона — то оғози рўзи корӣ ва шабона — баъди соати 21.00;
  • Дағалона ҷавоб надодан ба шахсе, ки иштибоҳан занг зада аст ё узр хостан ҳангоми иштибоҳан занг задани худ;
  • Салом додан ва мухтасаран муаррифӣ кардани худ пеш аз оғози муколамаи телефонӣ;
  • Сухан нагуфтан бо даҳони пур, бо даст пўшидани гўшаки телефон ҳангоми сўҳбат бо дигарон, сулфа ё атсаи ногаҳонӣ ва узр хостан дар ин ҳолатҳо;
  • Истифодаи телефони дигарон танҳо баъд аз иҷозат хостан, ба дигарон беиҷозат надодани рақами телефони ҳамсоя ё ошноҳо;
  • Ҳатман хайрбодӣ кардан дар анҷоми сўҳбати телефонӣ ва ғ.

Ба ҳамин тариқ, метавон қайд кард, ки истифодаи таҷҳизоти техникии муосир ба инсон сабукиҳои зиёде меорад. Аммо дар баробари ин техника ва технология аз чиҳатҳои манфӣ ҳам холӣ набуда, донистани онҳо ба шахс имконият медиҳад, ки зарарҳои онро ба саломатии худ пешгирӣ намояд. Истифодаи босамар ва оқилонаи таҷҳизоти техникӣ, риояи одоби муошират тавассути он бошад, боиси рушди беҳтарин хислатҳои ахлоқии инсони муосир гашта, бо чунин ахлоқи ҳамида дар назди мардум соҳибэҳтиром гаштани ҳар як шахсро таъмин месозад.

Маводи иловагӣ дар мавзўъ

Намунаи гуфтугў бо телефон

— Алло?

— Лаббай?

— Ассалому алайкум!

— Ва алайкум ассалом!

— Бубахшед, ман Фаррух ҳастам – ҳамсинфи Мақсуд. Мехостам бо Мақсуд дар бораи фардо пас аз дарс ба маҳфили варзишӣ рафтан сўҳбат кунам. Агар иҷозат бошад, ўро ба телефон даъват мекардед.

— Бале, Фаррухҷон, ман шуморо шинохтам. Ман падари Мақсудам. Шумо хуб ҳастед, саломатиатон чӣ тавр?

— Ташаккур, ҳама хуб ҳаст. Шумо чӣ тавр?

— Ташаккур! Аҳли хонадонатон хубанд? Таҳсилатон чӣ тавр?

— Худоро шукр, ҳама хубанд. Дар мактаб ҳам кўшиш дорем.

— Фаррухҷон, Мақсуд ҳоло дар хона нест, ба бозор рафтааст. Агар биёяд, ҳатман ба ў мерасонам.

— Ташаккур, ман баъдтар занг мезанам. Ё худ, агар Мақсуд биёянд, имконият дошта бошанд, ба ман занг зананд.

— Ман инро ҳатман ба Мақсуд мерасонам.

— Ташаккур, ба ҳама дар хона салом расонед.

— Ҳатман мерасонам, шумо ҳам ба аҳли хонадонатон аз мо салом гўед.

— Албатта! Хайр, то боздид!

— Саломат бошед, то боздид!

581
Нет комментариев. Ваш будет первым!