Мафҳуми этика ва ахлоқ

Этика аз забони (юн. Ethika, аз etos-расм, хулқ, хислат), гирифта шуда маънои хулқшиносӣ-ро дорад, ки масъалаҳои ахлоқиро меомўзад. Он яке аз фанҳои таълимии фалсафӣ ва ҷомеашиносӣ ба ҳисоб меравад. Мафҳуми этикаро бори аввал мутафаккири юнонӣ арасту дар асарашҳояш «этикаи никомах» ва «этикаи бузург» истифода намуда тобиши илмӣ додааст. Арасту ҳангоми таҳлил ва тадқиқи масъалаи мазкур ба хулоса меояд ва этикаро ҳамчун илм оид ба табиати инсон медонад. Ў этикаро ба антрапалогия баробар меҳисобад. Дар таълимоти мутафаккирони давраи антиқа этика бо фалсафа ва ҳуқуқ омехта буд. Дар ақидаҳои фалсафии мутафаккирони асрҳои миёнаи шарқ этика ҷузъи таркибии фалсафаи амалӣ баромад мекард. Аз тарафи дигар этика аз илми муошират иборат буда, бо номи таҳзиби ахлоқ маълум аст. «Этика»-и б. Спиноза таълимот дар бораи ҷавҳар ва модусҳои он мебошад. Этика дар системаи и.кант илм дар бораи боистан аст, ки ғояи этикаи мухтор (бо принсипҳои ахлоқии ботинӣ асосёфтар)-ро ба этикаи гетерномӣ (шарт, манфиату мақсадҳои ба принсипҳои ахлоқ бегона) муқобил мегузорад.
Этикаи марксистӣ муқобилгузории этикаи «сирф назариявӣ» ва «амалӣ»-ро рад мекунад. Он мустақилиятӣ нисбии ахлоқро ҳамчун як шакли шуури ҷамъиятӣ асоснок карда, ба шароити таърихӣ ва ҳаёти иҷтимоӣ вобаста будани талаботу нормаҳои ахлоқӣ, пайдоишу инкишоф ва амали онҳоро ба қайд мегирад.
Ахлоқ.- Аз калимаи арабӣ «ахлоқ»- ҷамъи «халқ»- гирифта шуда маънои -хў, рафтору кирдор ва сиратро дорад. Ахлоқ яке аз шаклҳои шуури ҷамъиятӣ мебошад, ки маҷмуъи норма ва қоидаҳои асосии муносибати байниҳамдигарӣ, оилавӣ ва ҷамъиятии одамонро дар бар мегирад. Ахлоқ ва қонунҳои инкишофи онро этика меомўзад.
Мафҳуми ахлоқ дар аҳди қадим (ҷамъияти ибтидоӣ) дар муборизаи зидди офатҳои табиат ба вуҷуд омадааст. Бе ҳамкорӣ ва ёрии ҳамдигар одамони ҷамъияти ибтидоӣ зиндагӣ карда наметавонистанд. Бинобар ин ахлоқ барои ба тартиб андохтани муносибатҳои байни одамон омили муҳим буд. Мазмун ва моҳияти ахлоқро муносибатҳои сиёсӣ иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва маданию фарҳангӣ муайян мекунад. Ахлоқ хусусиятҳои хоси худро дорад ва дар баробари тағйир ёфтани маҷмўи муносибатҳои истеҳсолии ҷамъиятӣ тасаввуроти одамон дар бораи адолат, неқӣ, ва бадӣ ҳам тағйир меёбад. То пайдоиши моликияти хусусӣ ба гуфтаи ф. Энгелс, насиҳати «дуздӣ макун» (дар ҷомеаи кишоварзӣ-пайдоиши сиёсат) вуҷуд надошт.
Аслан мафҳуми ахлоқ мустақилияти нисбӣ дорад:
1). Ахлоқ ба ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоӣю иқтисодӣ фаъолона таъсир расонида, тарақиёти онро метавонад тезонад ё худ рушди ишкишофи онро суст ва заиф мегардонад.
2). Нормаҳои алоҳидаи ахлоқии як формасияи яъне низоми сиёсӣ мумкин аст дар формасия яъне низоми дигари сиёсӣ ҳам то муддати муайян нигоҳ дошта шавад.
3). Ахлоқи муайяни як формасия аз заминаи иҷтимоиаш ҷудо шуда, пеш рафта, нормаҳои ахлоқии формасияи ояндаро ифода карда метавонад.
Ахлоқ дар раванди инкишофи ҷомеа тағйир меёбад.

Мафҳуми одоб (этикет).
Усул, меъёр ва арзишҳои иҷтимоӣ, маънавӣ ва ахлоқӣ натиҷаи ташаккули тулонии табиӣ ва қонунии инсон ва ҷомеаи инсонӣ мебошанд. Бидуни онҳо шарти муҳимтарини ҳастии иҷтимоии инсон-муошират ва равобити гуногуни башарӣ имконпазир нест. Маҳз онҳо муҳимтарин василаи таъмини равобити байни халқҳо, кишварҳо ва ҷомеаҳо гардидаанд. Возеҳ аст, ки равобити васеъ ва ҳамаҷонибаи сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва маънави фақат замоне имконпазир аст, ки агар ҷонибҳо усул ва меъёрҳои арзишҳои хосро эътироф кунанд ва муҳим шуморанд уҳдадорӣ масъулият ва маҳдуддиятҳои муайянро пазиранд ва ҳамдигарро эҳтиром намоянд.
Бар асари ин зарурати таърихи ниҳод (механизм)-и хоси пешбурд ва танзими равобит ва муносибот ташаккул меёбанд, ки он тадриҷан дар сатҳи ҷаҳонӣ бо номи этикет маъруф гардид. Этикет истилоҳи фаронсавӣ аз (асли юнонӣ ва лотинишуда) буда маънои ахлоқро дорад. Дар фаҳмиши том этикет-ин тарзи қобили қабул эътирофи умум ва ҳатто меъёри маънавии рафтори инсон мебошад.
Этикети муосир, омезиши табиӣ вале мураккаби меъёру арзишҳои этикети халқҳои гуногун ва даврони мухталиф аст. Дар он усул ва арзишҳои этикетӣ ниёкони мо низ шомил мебошад. Этикети аҷдодонамон бо истилоҳи фарҳанг ифода гардида дар осори зиёди таърихи фарҳанги (қабл аз ҳама андарзномаҳо) инъикоси том ва возеҳ дорад. Баъди зуҳур ва интишори ислом усул ва арзишҳои этикети ниёкон (чун усулу арзишҳои ичтимоӣ дар маҷмуъ) бо нормаҳо ва арзишҳои исломӣ омезиши табии ва органикӣ ёфта ва аз он этикети тоҷикӣ шакл гирифт, ки он бо истилоҳи умумӣ «адаб» (ва бештар дар шакли ҷамъ ва умумии он – «одоб») маъруф ва маъмул шуд. Он дар силсилаи осори хос («адабномаҳо», «насиҳатномаҳо», «ахлоқҳо» қисман «сиёсатномаҳо», «дастур- ул- мулуқҳо», «дастур- ул-вузароҳо») инъикоси рангин ва муфассал доранд, ки маъруфтарини онҳо: «насиҳатнома» (ё «қобуснома»)-и унсур-ул-маолии кайковус, «гулистон»-и шайх саъдии шерозӣ, «баҳористон»-и мавлоно абдураҳмони ҷомӣ, «ахлоқи муҳсинӣ»-и ҳусайн воизи кошифӣ, «сиёсатнома»-и хоҷа қавомуддини абуали ҳасан бини али бини исҳоқ (маъруф ба низоммулмулк) ва силсилаи осори фалсафи-сиёсӣ ва иҷтимоии форобӣ, ибни сино, берунӣ, сайид алии ҳамадонӣ ва дигарон мебошанд. Бояд таъкид кард, ки «одоб» нисбати истилоҳи «этикет» ҷамеътар, амиқтар ва ғаномандтар аст.
Одоб бо суннат (анъана), ахлоқ ва фарҳанги пайванди наздик дорад. Бахусус пайванди он бо ахлоқ табиӣ ва ҳатто ногусаста аст. Ахлоқ меъёри возеҳ ва мусаллами сирати инсон аст, ки хислати тақрибан мутлақ дорад. Одоб –инъикоси амалии ин меъёр ва татбиқи он дар рафтор аст. Бинобар мазмун ва хусусиятҳои хоси арсаҳо ва соҳаҳо, навъҳо (ё типҳо)-и хоси одоб таърихан ташаккул ёфтаанд, ки асоситаринашон инҳоянд:
одоби маъмулӣ (ё ҳаррўзӣ) – ин шакли умумитарин, роиҷ такроршавандатарини одоб аст, ки маҷмўи нисбатан васеи меъёрҳо, қоидаҳо, шароит ва символҳоро дарбар гирифта, муоширати инсониро танзим менамояд.
Одоби хидматӣ ё одоби корӣ (давлатӣ, касбӣ, иҷтимоӣ)- маҷмўи меъёрҳо, қоидаҳо ва талаботест, ки ҳадафи он танзими фаъолияти серсоҳаи инсон аст; он маъмулан шакли формалӣ (санадӣ, ҳуҷҷатӣ) дорад ва татбиқи том ва ҳатто ҳатмиро тақозо менамояд.
Одоби ихтисосӣ (ё хос)- низомӣ, айниятӣ, кашофӣ-разведкавӣ, интизомӣ- маҷмўи нормаҳо, қоидаҳо, талабот ва шароитест, ки иҷрои том ва комили онҳо амри ҳатмӣ ва ҳатто мутлақ аст.
Одоби дипломатӣ (сиёсӣ-дипломатӣ) ва расмӣ- маҷмўи нормаҳо. Қоидаҳо, талабот ва шароитест, ки дар амалия ва фаъолияти расмӣ ва дипломатӣ (равобит, муошират, русум, ташрифот, мулоқот, музокирот, зиёфат, сафарҳои давлатӣ, расмӣ ва корӣ ва ғайра) риоят ва иҷрои онҳо зарурӣ ва ҳатто ҳатмӣ мебошад.
Навъҳо ва шаклҳои гуногуни одоб (этикет) ҷиҳатҳои зиёди умумӣ доранд, вале сатҳ ва ҳадди иҷрои онҳо аз ҳамдигар тафовут мекунанд. Масалан, дар одоби маъмулӣ (ҳаррўзӣ) иҷро нанамудани талаботи алоҳида (қисман, муҳим ва зарурӣ) амали нописанд ва номатлуб аст ва боиси нороҳатӣ ва озурдахотирии афроди боодоб ва бофарҳанг мегардад, вале таъсир ва натиҷаи амалии он нисбатан маҳдуд аст ва афкори омма низ нисбат ба он нармишпазир мебошад.
Дар одоби хидматӣ (корӣ) натиҷаи манфии риоят накардани нормаҳо ва талаботи он возеҳтар аст ва он дар маҷмўъ коҳиш ёфтани самара ва поин омадани эътибори фаъолият мебошад.
Дар одоби ихтисосӣ ё хос (бахусус, низомӣ ва амниятӣ) иҷрои нормаҳо ва талаботи он на фақат амри зарурӣ, балки ҳатмӣ ва ҳатто мутлақ аст: масалан артиш бидуни чунин одоб артиш буда наметавонад.
Одоби сиёсӣ –дипломатӣ низ табиатан риояти пурраи тамоми меъёрҳо, талабот, шароит ва қоидаҳои расман сабтшуда ва қонунишуда ва гоҳе нонавиштаро тақозо дорад. Риоят нанамудани онҳо ба эътибор, мақам ва симои давлату кишвар дар сатҳи байналмиллалӣ зарари ҷиддӣ ворид хоҳад кард. Бинобар, зарур аст, то одоби сиёсӣ ва расмиро ҳама кормандони масъул риоят ва дар фаъолияти худ татбиқ намоянд.

6.1K
Нет комментариев. Ваш будет первым!