Муносибати сиёсат ва ахлоқ
Яке аз масъалаҳои муҳими илмӣ сиёсӣро масъалаи муносибати байниҳамдигариисиёсат ва ахлоқ, баҳамтаъсиррасонии сиёсат ва соҳаҳои дигари ҳаёт, доираи таъсиррасонӣ ва нуфузи сиёсат ташкил медиҳад.
Дар сиёсатарзишҳои ахлоқиюмаънавӣ нақши муҳим доранд. Таърихи тамаддун нишон медиҳад, ки мутафаккирон дар сиёсат ва давлатдорӣ бамасъалаҳои аҳлоқӣдиққати хоса медоданд. Плутарх, Арасту дар сиёсат иштироки шахсони болаёқат ва арзандаро таманно доштанд. Арасту сиёсатро ҳамчунэтикаи иҷтимоӣ,фалсафаи ахлоқӣмедонист, ки бо уҳдадориҳои ҳокимият дар назди шаҳрвандон пайваста аст. Баҳаммувофиқони мақсад ва вазифаҳо дар сиёсатро аз маҳорати ҳоким вобаста медонист. Афлотун низ дар ҳамин маъно ибораи андеша намудааст.Г. Мабли бошад,сиёсатро ба сифати аҳлоқи ҷамъиятӣ медонист. Ахлоқро то сатҳи сиёсати хусусӣ маънидод менамуд. Назари Ж. Ж. Руссо низ дар муносибати тарафайни сиёсат ва ахлок қобили таваҷуҳ мебошад. Ба фикри ў сиёсат ва ахлоқ ягонаанд ва ҳарчи ки дар ахлоқ бад ва нолозим аст дар сиёсат низ ба ҳамин тавр қарор дорад. Муаллифи Эъломияи истиқлолияти давлатӣ ва президенти сеюми ИМА Т. Ҷефферсон (1743—1826) санъати идораро башарафнокӣмепайваст.
Равияи дигар дар муносибати байниҳамдигарии сиёсат ва ахлоқ бо номи Н. Макиавелли пайвастааст. Асоси ғояиeро ҷудоии сиёсат аз ахлоқ ташкил медиҳад. Гуё ҳар яки он қонунҳои махсуси инкишофи худро дорад. Ба андешаиН. Макиавелли ахлок абадӣ буда,муносибатҳои инфиродии одамонро танзим менамояд. Одамон ихтиёран қоидаҳои ахлоқиро риоя менамоянд ва дар муносибатҳои байниҳамдигарӣ ба тасаввуроти худ дар бораи некию бадӣ, идеалҳо, қоидаҳои ахлоқӣ такя менамоянд.
Дар сиёсат мақсаднокиро дарҳои аввал мегузорад. Манфиатҳои умумиятҳои иҷтимоӣ дар он таҷассум меёбанд. Манфиатҳои одамон хосияти мушаххас доранд ва дар зери таъсири онҳо субъектҳои сиёсат метавонанд мақсадҳои худро дигар намоянд. Ба фикриН. Макиавеллиистифодаи зўрӣ, золимӣ ва фиреб агар баҳримуваффақ шудани мақсадҳои сиёсӣ бошанд равост.Ибораи «мақсад воситаро ҳақ мебарорад» қоидаи асосии сиёсати бадахлоқона аст.
Мутафаккирон борҳо кушиданд, ки хосиятҳои канораи сиёсату ахлоқро суфта намоянд. Гурўҳе аз онҳо ғояи «бадии кам»-ро пеш мегузоштанд. Ҳатто, низоми арзишҳо ва муносибатҳоро муайян карданӣ мешуданд. Масалан,Афлотун агар ба манфиати кор бошад андешаи ба дуруғу фиреб оварданро ҷонибдорӣ мекард. Вале, чунин муносибат низ хатост. Зеро он дарҳол ба одат табдил меёбад.
М. Вебрниз таносуби сиёсат ва ахлоқро мавриди омeзиш қарор дода буд. низ нақши асосии зeриро дар сиёсат эътироф мекард. Вале, ў сиёсат ва ахлоқро тавассути тақсими соҳаҳои фаъолияти онҳо ба ҳам мепайваст. Ба назари ў то қабули қарор сиёсатмадор метавонад ба эътиқоди ғоявӣ ва принсипҳои ахлоқӣ такя намояд. Баъди қабули қарор бошад ғами оқибатҳо ва натиҷаҳои онро дорад.
М. Веберкодекси ягонаи ахлоқии рафторро намеписандид. Дар ҳолати мушаххас сиёсатмадор худ қарор қабул менамояд.
Равобити сиёсат ва ахлоқ аҳамияти махсус доранд. Онҳо ба сифати шакли шуур ва фаъолият дар баҳамалоқамандӣ қарор доранд. Зуҳуроти оддӣ ва ҳамешагии ин пайвастагӣ чунин аст: ҳар гуна воситаи зeрӣ ва истифодаи онҳо баҳри муваффақ шудан ба мақсадҳо ва ҳатто, ба мақсадҳое, ки орзую омоли инсониятро дар ҳусуси адолати иxтимоӣ инъикос намоянд низ камоли беодобӣ ва ахлоқан нодурeст шумурда мешаванд. Ба муносибати байниҳамдигарии ондо хосиятҳои xомеа, муҳити иxтимоию маданӣ таъсири худро мерасонанд. Дар навбати худ онҳо хусусиятҳои анъанаҳо ва мероси маданиро инъикос менамоянд. Қисман баҳампайвастагии сиёсат ва ахлоқ, хосиятҳои биоганетикии миллат ва нажодро низ таxассум менамояд. Дар ибтидо сиёсат ва ахлоқ аз ҳам ҷудо набуданд. Ин бештар дар Шарқи Бостон зуҳур меёфт.
Тадриҷан сиёсат ва ахлоқ аз ҳам xудо мегаштанд. Ин бештар дар ҳаёти кишварҳои авропоӣ рух медод. Ҳар чи қадаре, ки иқтидори индивидуализм ва динамизм афзуи гашт, ҳамон қадар сиёсат ва аҳлок аз ҳам ҷудо мегарданд.Дар назария Н. Макиавелли ба ҷудоии сиёсат ва аҳлок ҳиссагузорӣ намудааст. Анъанае, киeоғоз намуд ба он аст, ки мақсадҳои сиёсӣ тавассути воситаҳои сиёсӣ ба даст оварда мешаванд.
Дар Замони нав яке аз тамоюлҳои муносибатҳои байниҳамдигарии сиёсат ва ахлоқро сиёсигардонии алоқ, тобеи сиёсат гардондани он ташкил медод, ки то ба замони мо мушоҳида мегардад. Ин ҷиҳат дар замони шуравӣ низ зуҳур мегашт. Гузориши масъала дар бораи ахлоқи коммунистӣ ҳамин тавр буд. Ахлоқ ба манфиатҳои муборизаи синфӣ тобеъ карда мешуд. Сиёсигардонии канории ахлоқ хосияти ниҳоят манфӣ дорад. Он роҳро сўи «каҳрамони» мекушояд, қисми ҷомеаро муттаҳид менамояд (махсусан ҷавононро) ва онҳо аз номи мардум ба муқобили мардум фаъолият мегузаронанд.
Ҳоло нақшаи умумии алоқамандӣ, аз ҳам ҷудонамоӣ ва мухолифати сиёсат ва ахлоқ вуҷуд надорад. Дар ҳар макону замон муносибатҳои байниҳамдигарии сиёсат ва алоқ, хосияти мушаххасро ба худ мегиранд. Таълимоти гуногун ба муносибатҳои онҳо таъсир мерасонанд. Вале роҳу воситаҳои беҳтари танзими муносибатҳои байниҳамдигарии сиёсат ва ахлоқро пайдо менамояид. Ҳоло ду самти асосии чунин муносибат мавxуд аст: 1. Дарёфти меъёрҳои умумии гуманистии сиёсат ва он бояд дар конститутсия дарҷ гардад. Ҳуқуқ ва озодии инсон чунин меъёри умумӣ шуда метавонад, ки маънии фаъолияти сиёсатмадор ва масъулияти eро ташкил медиҳад. 2. Баланд бардоштани муносибати аҳлоқӣ ба сиёсат, ки тавассути назорати ҷомеа аз рўи фаъолияти институтҳои сиёсӣ амалӣ мегардад.
Ба ҳаёти сиёсии ҷомеа таъсири бештарро инчуннн маданият мерасонад.Мафҳуми «маданият» дар маънои васеаш ҳамаи он чиро, ки маҳсули фаъолияти инсон аст дарбар мегирад.Аммо ҳоло сухан аз боби фаҳми маҳдудтари маданият, маданият ба сифати омили таъсирбахши ҳаёти сиёсӣ меравад. Маданияти маънавии ҷомеа ба интихоби шаклҳои институтҳои сиёсӣ, методҳо ва воситаҳои амал намудани онҳо таъсир мерасонад. Масалан, ба вуҷуд омадани шаклҳои муайяни давлат, хоҳ шаклҳои идорӣ бошад, хоҳ сохтори давлатӣ ва ё хоҳ режимы сиёсӣ на танҳо аз шароитҳои иқтисодӣ вобастаанд. Ба ташаккул ва инкишофи онҳо омилҳои маданӣ низ, аз қабили ҷараёнҳои фалсафӣ, иxтимоию сиёсӣ, динӣ, ҳаракатҳои миллӣ ва Ғайраҳо таъсир мерасонанд.
Нақши усулҳои ахлоқию маънавӣ нисбати сиёсат фақат асоси бунёдии маънавӣ дошта, ҳеҷ гоҳ асосҳои моддии онро иваз карда наметавонад. Ҳар як сиёсатмадор бояд ахлоқи ҳамида дошта бошад ва дар фаъолияти худ дар баробари омилҳои дигар омилҳои ахлоқию маънавиро низ ба роҳбарӣ гирад. ҳангоми ба амал баровардани мақсади асосӣ, тарзи иҷро ва воситаҳои он ҳосиятҳои аҳлокию маънавӣ бояд нақши муҳим бозанд.