Илми ахлоқ ва масъалаҳои асосии он
Шояд дар таърихи фарҳанг ва адабиёти ягон кишвар ин қадар ба масъалаи ахлоқи инсон даст назада бошанд, чуноне ки дар таърихи фарҳангу фалсафаи пешгузаштагони халқамон. Ин пирони хирад аз бар кардани илми ахлоқро, ки аз пояҳои асосии саодати иҷтимоӣ аст нисбат бар дигар илмҳо муқаддам доштанд. у қисми асосӣ – назарӣ ва амалӣ xудо гардида, илмҳои назарӣ бар асоси Чи тавре ки аз табақабандии илмҳо бар меояд илми ахлоқ дар васати илмҳо дорои мартабаи хос мебошад. Умуман тақсимбандии илмҳо ба мақсади баррасии моҳияти онҳо ҳанўз аз қарнҳои пеш аз мелод таваҷҷўҳи олимонро ҷалб намуда буд. Табақабандии маъруфе мебошад, ки ба мактаби фалсафии Арасту ва ҷонибдорони юнони вай тааллуқ дорад. Мутобиқи он илмҳо ба дтааллуқияти худ ба се қисми аслӣ, яъне табииёт, риёзиёт ва илоҳиёт тақсим шудаанд. Илмҳои амалӣ низ ба се қисм xудо гардидаанд: ахлоқ, тадбири манзил ва сиёсати мудун.Илми назариявӣ ашёҳоеро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд, ки ҳастии онҳо новобаста аз фаъолияти инсонӣ мебошанд. Илмҳои амалӣ, ба хусус илми ахлоқ бошад, худи фаъолияти инсонро меомўзад. Ҳадафи аввалӣ – идроки маърифати воқеият бошад, ҳадафи дуввумӣ – ба даст овардани саодат аст.Одоби сиёсӣ –дипломатӣ низ табиатан риояти пурраи тамоми меъёрҳо, талабот, шароит ва қоидаҳои расман сабтшуда ва қонунишуда ва гоҳе нонавиштаро тақозо дорад. Риоят нанамудани онҳо ба эътибор, мақам ва симои давлату кишвар дар сатҳи байналмиллалӣ зарари ҷиддӣ ворид хоҳад кард. Бинобар, зарур аст, то одоби сиёсӣ ва расмиро ҳама кормандони масъул риоят ва дар фаъолияти худ татбиқ намоянд.Қобили тазаккур аст, ки табақабандии илмҳои назарӣ аз ҷониби худи Арасту, вале тақсимбандии илмҳои амалӣ пас аз гузашти вай, тавассути пайравонаш анҷом пазируфтааст. Дар шарқи мусулмонон низ аз асри аввали ҳиҷрӣ ба табақабандии илмҳо таваҷҷўҳи хоса зоҳир менамуданд ва қабл аз ҳама яъқуб ибни Исҳоқи Киндӣ ба ин масъала рўй овард.Дар асрҳои баъдӣ бошад ҷонибдорони мактаби Арасту – Форобӣ дар асари хеш «Эҳсо ул-улум» ва Ибни Сино дар «Ақсом ул-улум ал—ақлияти» онро баён кардаанд, ки боиси пешрафт ва рушду такомули фалсафаи машшоия гардидаанд.Аз рўи табақабандии мазкур илми ҳикмат (яъне фалсафа) ба ду қисмат ҷудо мешавад, яке ҳикмати назариявӣ ва дигаре ҳикмати амалӣ. Илми ҳикмат, чуноне ки зикр намудем, яке аз илмҳои назариявӣ буда, xинсу ашёҳоеро мавриди баррасӣ қарор медиҳад, ки барои идрок ва маърифати инсон қуллай ва муносиб бошанд. Ба тариқи дигар гўем ин илм нахустасоси ашё ва падидаҳо, инчунин сабабиятҳоро меомўзад. Зеро танҳо таввасути онҳо ва аз тариқи онҳо метавон моҳияти соир ашёҳоро дарк намуд.
Илм ҳамон вақт қимату арзиши аслии хешро ба даст хоҳад овард, ки тибқи фармудаи Арасту, муроқибаткунанда буда, аз манфиатпарастӣ фоидаҷўиҳо ва омўзиши технологии олам дур бошад. Аз ҳамин сабаб буд, ки дар асрҳои миёна ҳаёти муроқибаткунандаро шакли олии ҳаёт шумурда, тамаъкориву фоидаҷўиҳои шахсӣ дар вай ҷой дошта наметавонист. Ин шакли ҳаёт шакли хосаи ҳаёт шуморида шуда, барои ҷустуҷўи ҳақиқат равона гашта буд ва шакли олӣ ва ниҳоии фаъолияти маънавӣ ва эҷодии инсон маҳсуб мегашт.
Барои ҳокимони гузаштаамон муносибати инсон ба олам, робитаи байни олами сағиру кабир, барқарор намудани ҳамоҳангӣ ва муносибати ашёҳои ягона бо нахустасоси куллашон моҳияти аслии маърифатро ташкил медод. Ба ибораи дигар, дарки кулл, қабл аз ҳама маънои аз ашёҳо ва падидаҳо дарёфт намудани усули умумии нахустасос ва мабдаи онҳо, фаҳмишу дарки низоми ягонаи олам, куллия ашёҳо ва муносибати зарурию ҳамоҳангии онҳо мебошад. Инсон дар ин занҷири низом ҳалқаи зарурие мебошад, ки моҳияти ҷавҳари воқеотро аз тариқи дониш ва аҳлу заковати хеш дарк менамояд. Камолоту рушди инсон низ, билхоса бар асоси дониш ва биниши вай устувор хоҳад гашт. Аз ин ҷост, ки илм ва хирадро сабаби умумӣ ва асосии падидаҳои ҳастии олам мешиносанд.
Ҳатто ҳангоме, ки худо инсонро офарид ба нахустин неъмати хеш, яъне илм ва биниш баxадди одамон-бобо Одам ниҳод ва инсонҳоро аз бутаи тираи адам раҳоӣ бахшид.Дар аввалин сурае, ки ба пайғамбари ислом дуруд фиристод, арзиши неъмати илм ва донишро бозгў намуд ва ба тамоми аҳли башар чунин изҳор кард, ки дар тамоми ҳамаи падидаҳои ҳастӣ, вуҷуди онҳоро бо илм вижагӣ бахшида аст ва мушаххасу мумтоз сохтааст. Аз ин сабаб метавон гуфт, ки агар пас аз неъмати эҷод неъмати волотаре вуҷуд медошт худо одамонро ба илм мумтоз намекард.
Ақл, хирад ва дониш ҷавҳари басити инсонро ташкил дода, аломати фарқкунандаву мушаххаси e мебошанд.Дар робита ба ин Арасту дар китоби «Метафизика» овардааст,ки агар чи одамони дар соҳаҳои мухталифи истеҳсоли таҷриба дошта дорои зинадагии бою ғанӣ бошанд ҳам, лекин одамони донишмандро нисбат ба онҳо ҳурмату эҳтиром менамоянд. Зеро онҳо медонанд, ки одамони донишманд иллат ва сабабияти сохтани ашёҳоро хубтар дарк мекунанд ва донишашон онҳоро як сару гардан аз дигарон боло медорад. Арасту чунин хулоса мекунад, ки донишмандон бохирадтаранд на ба он сабаб, ки таҷрибаи хуби зиндагӣ доранд, балки онҳо дониши хуби назариявӣ дошта, сабабиятро дуруст дарк менамоянд.
Ба ҳамин тариқ ҳикмати назарӣ аз илмҳои офаранда боло мебошанд. Фаъолияти назарӣ бошад аз фаъолияти амалӣ волотар аст. Гарчанде ки аз ҳикмат фоидаи мустақим ҳам нагирем, лекин дар байни соир илмҳо илми пурқимат мебошад. Ин илм худ барои худ вуҷуд дошта дар роҳи маърифати ҳақиқат равона шудааст. Ҳикмат ин устуворандешӣ ва санҷидагии гуфтору рафтор буда, саршор аз шукўҳу аъзамат ва хайру баракат аст.
Ҳикмати амалӣ ва барои навбати худ илми ахлоқ барои дарки муносибатҳои иҷтимоӣ ва вазифаҳои ҷамъиятии ҳар шахс, барои фаҳмиш ва дарки қоидаҳои ахлоқиву ҳуқуқие, ки ҳаёти ҷамъиятӣ ба онҳо такя менамояд, инчунин танзими кирдору рафтору гуфтори одамон ба мақсади расидан ба ҳадафи волои олии ахлоқӣ хидмат менамояд. Ин илм ба ҳайси илми раҳбарикунанда буда, ҷой ва тамоюли фаъолияти инсонро дар ҷамъият ва олам муайян месозад. Тавассути ин илм инсон ҳадафи аслии офариниши худро дарк намуда, ҷавҳари басити хешро дармеёбад.
Аз ин рў илми ахлоқ – илмест, ки шахсро ба ҳаракатдиҳанда ва созандаи таърих табдил медиҳад ва ба фармудаиИ. Кант – илмест «доир ба қоидаҳое, ки инсон чи гуна амал бояд намояд. Ин илм дар ҷараёни амалӣ иҷтимоии мардум ба вуҷуд омада, ба ҳар як фард қоидаҳои амалии одобро омўзонда, лекин махсуси як одам шуда наметавонад.Илми ахлоқ шакли иҷтимоӣ дошта кирдори касоне мебошад, ки бо якдигар муносибати фикрӣ, эътиқодӣ ва ихтисоси муайяне доранд. Аслан илми ахлоқ зодаи ҷамъияти инсонӣ буда, маънои хиради зиндагиро дар худ меғунҷонад. Яъне таълимотест дар бораи касб намудани сифатҳои иродиву рўҳонии инсон, ки сараввал дар ҳаёти иҷтимоӣ ва баъдан дар ҳаёти шахсии ҳар фард зарур ва ногузир мебошад. Ба ҳамин тариқ ахлоқ офаридаи мардум буда, василае барои таҳкими манфиатҳо ва амалкарди инсонҳо мебошад. Вай ба нерўе табдил мешавад, ки гўё бидуни дахолати одамон ба даст омада, шакли ахлоқи тамоми ҷомеаро, ки пуштибон ва муҳофизи он аст, ба худ мегирад.
Чуноне ки гуфтем ахлоқ бо воситаи ақли шахс ба вуҷуд меояд ва ба андешаву ҷаҳони ботинии фитрат вай робитаи мутақобила дорад. Ҳар як андешаи инсон ё барои фаъолияти амалии ў, ё барои эҷоди чизе ва ё барои фаъолияти назариявӣ равона гаштааст. Яъне инсон таваcсути мафкураи хеш дар фаъолияти худ роҳи дурустро интихоб менамояд, ки дар асоси дониш ва таҷриба сурат мегирад. Дар фарқият аз ҳикмати назарӣ, ки маърифати ҳақиқат ҳадафи ниҳоии вай мебошад, илми ахлоқ донишу таҷрибаро барои ба даст овардани мақсади ахлоқии инсонӣ ҳамаҷониба истифода менамояд, яъне ҳадафи ниҳоии тафаккури инсон маърифати холӣ набудан, балки устуворандешӣ ва санҷидагии гуфтору рафтор дар шароити хосу муайян мебошад. Инсон на танҳо бояд дар бораи фазилат донад, балки худ дорои фазилатҳои хуби инсонӣ бошад ва тавассути онҳо бо разилатҳои нафсӣ мубориза намояд.
Ба ҳамин тариқ ахлоқ дониши амалӣ буда, дар он назарияҳо ва ақидаҳои амалӣ гашта барои идораи кирдор, рафтор ва гуфтори инсон матраҳ мегардад. Умуман фард аз ахлоқ ва ахлоқ аз фард xудо вуҷуд дошта наметавонад.
Қобил ба тазаккур аст, ки мавзўи матлаб дар илми ахлоқ муқаддимаи оддие нест, ки танҳо дар чаҳорчўбаи табақабандии умумии маълумоти илмӣ асос ёфта бошад. Табақабандии илмҳои ҷамъиятие, ки дар адабиёт вуҷуд доранд фақат ҳамон далели муайянро тасдиқ менамоянд, ки вай илми ҷамъиятӣ, иҷтимоӣ мебошад. Аз ин баъд мушкиле пайдо мешавад. Агар мо аз доираи xудошавии илмҳо ба соҳаҳо бароем, дар ин ҳолат илми ахлоқ бояд ба гурўҳҳои илмҳое, ки марбут ба маҷмўи муносибатҳои идеологӣ мебошанд дохил гардад ва дорои мавзўи хоси худ, яъне ахлоқ ҳамчун шакли шуури ҷамъиятӣ бошад. Илова бар ин хусусияти ахлоқ, ки мо баъдтар хоҳем дид, аз он иборат аст, ки вай дар фазою фосила маҳдуд намебошад. Агар мо дар асоси табақабандии Арасту гирем ва онро ба илмҳои фалсафӣ дохил намоем, дар ин ҳолат мо ба мушкилоте дучор хоҳем шуд, ки дар асоси он илми ахлоқ комилан ба ягон аз онҳо пурра дахл дошта наметавонад. Аз як тараф, вай илми ҷузъӣ мебошад, барои он, ки на ҳамаи ҷамъият, балки яке аз соҳаҳои ҷузъи онро меомўзад. Лекин, аз дигар тараф, вобаста ба пайдоиши таърихӣ ва моҳияти истифода усулҳо дар он, вай ба гурўҳи илми фалсафӣ тааллуқ дорад.
Мавзўъи илми ахлоқ бевосита ба худи ахлоқ дохил мешавад ва аз умқи пурмазмуни вай вобаста аст. Ҳол он, ки дар вақти шарҳдиҳии силсилавӣ ва бахусус дар рафти таълими илми ахлоқ вай ҳамчун ибтидоӣ маҳсуб мегардад. Вале сарфи назар аз ин натиҷаи охирин, ҷамъбасти натиҷаҳои назариявии асосии онро дар бар мегирад. Он чизе ки Гегель дар замони худ доир ба фалсафа навишта буд, таид менамояд, ки барқарор кардани мафҳумҳои он ба дида баромадани тамоми мазмуни он баробар аст, мумкин аст ба илми ахлоқ ҳам тааллуқ дошта бошад. Аз ин лиҳоз мавзўи илми ахлоқ на он қадар муқаддимавӣ, ба возеҳ будан ё ба тасаввуроти умумӣ оид ба сохти донишии илмии ифодаи соҳаи омўзиши вай мебошад, балки мушоҳидакунии пешакии хусусият ва мазмуни асосии вай мебошад. Аз ҳамин сабаб вай, ба назари мо, на бо роҳи тақозо бо дигар илмҳои махсус (ахлоқ ва педагогика, этика ва психология ва ғайра), балки мукаммалкунии бевосита дар худи мазмуни он мумкин аст ҳалли худро ёбад. Аз худи таърихи мафҳуми «ахлоқ» ва «этика» оғоз менамоем.
Аслан ахлоқ аз калимаи хулқ гирифта шуда, шакли ҷамъи арабии он мебошад. Халқ ва хулқ аз нуқтаи назари реша як мебошанд. Халқ – яъне шакли зоҳирии инсон буда, хулқ бошад шакл ё ҳолати нафсонӣ ва сифоти маънавӣ ва ботинии ў мебошад.
Этика бошад, аз нуқтаи назари этимологӣ аз решаи калимаи юнонии қадим «этос”-еthоsгирифта шуда, маънои аслию сарчашмаи он, масалан дар “Илиада”-и Гомер, ҷои истиқомати якҷояро дорад. Баъдан мафҳуми этика маъниҳои дигар гирифт: расму русум, мизоx, хулқ ва ё хислат. Аз ин рў таърихи калимаи “этос” муайян месозад, ки расму одат вахулқи одамон дар ҳаёти мутаҳидона ва иҷтимолӣ, зиндагии якҷоя ба вуҷуд меояд. Дар яке аз порчаҳои асари Героклит гуфта мешавад, ки «этоси инсон ин илоҳиёти ўст». Чунин тағйири мазмун хеле ибратбахш мебошад, зеро он иртиботи байни доираи муносибатҳои инсонро бо хислати ў ифода менамояд.Аз калимаи «этос» ба маънии хислат дурӣxeста, Арасту шакли сифати «этика»-ро ба вуҷуд овард ва барои муайян кардани соҳаи махсуси сифатҳои инсонӣ онро фазилатҳои инсонӣ номид.Фазилатҳои инсонӣ хусусиёти хислат, ғайрат ва инчунин сифатҳои қалбии инсонро дар бар мегиранд. Онҳо аз фазилатҳои ақлӣ ва ё ба шакли дигар аз фазилатҳо дианоэтникӣ тафовут доранд. Барои муайян кардани маҷмўи некўкории ахлоқӣ ҳамчун соҳаи махсуси дониш ва барои xудо кардани худи ҳамин дониш ҳамчун илми махсус Арасту истилоҳи «этика»-ро ворид намуд.
Барои тарҷумаи дақиқи мафҳуми Арастуии этикӣ аз забони юнонӣ ба забони лотинӣСитсерон истилоҳи «моралист» (ахлоқӣ) – ро тартиб дод.Eонро аз калимаи «мос» (морес – ҷамъи он) – ҳамчунин ҳамчун лотинишудаи калимаи «этос»-и юнонӣ, ки маънии хислат, ғайрат, мeд, сару либос, расму русумро дорад, ба вуҷуд оварад.
Ситсерон минҷумла дар бораи фалсафаи ахлоқӣ сухан гуфта, зери ин мафҳум тамоми соҳаҳои дониш, ки онро Арасту этика меномид, мефаҳмид. Дар асри IV-мелодӣ дар забони лотинӣ истилоҳи «моралитас» пайдо мешавад, ки он ҳамчунин бевоситаи истилоҳи юнонии «этика» буд.
Ҳар дуи ин калимаҳо, яке юнонӣ ва дигаре лотинӣ ба забонҳои аврупоӣ дохил мешаванд. Дар баробари онҳо дар як қатор забонҳо мафҳумҳои хоси забони худ ба вуҷуд меоянд, ки онҳоро ҳамон воқеиятеро мефаҳмонад, ки дар истилоҳҳои «этика» ва «мораль» умумият ёфтаанд. Масалан дар забони русӣ «нравственность» ва дар забони олмонӣ «ситтлихкейт». Ба қадре, ки ҳукм кардан мумкин аст, онҳо таърихи пайдоиши истилоҳҳои «этика» ва «морал» — ро такрор мекунанд: аз калимаи «нрав» (хулқ) – (Ситте) сифати «ахлоқӣ» Ситлих ва аз он акнун сифати исми нави ахлоқ ба вуҷуд меоянд. (Sifflichkeit).
Мазмуни ибтидоии «этика» ва «морал» калимаҳои мухталифанд, вале онхо моҳиятан як истилоҳ. Дар ҷараёни рушду такомули фарҳанг гуногуншаклии этикӣ ҳамчун соҳаи дониш бо калимаҳои мухталиф маъниҳои гуногун оғоз мегардад: зери мафҳуми «этика» ба таври аслӣ шохаи мувофиқи дониш ва илм, зери мафҳуми «морал» бошад фанни омўхташаванда дар назар дошта мешуд. Тибқи баъзе аз онҳо, ки аз осори Гегел оғоз мегирад, зери мафҳуми «морал» ҷанбаи субъективии рафторҳои мувофиқ мадди назар гирифта мешуд. Зеро мафҳуми «морал» бошад меъёрҳои ахлоқии тағйирёбандаи заминӣ ва таърихиро дар назар дошта мешуд. Аз он ҷумла аҳкоми илоҳӣ ва ахлоқӣ.
Ба таври умумӣ кўшиши мустаҳкам намудани мазмунҳои мухталиф зери калимаҳои «этика» ва «морал» ва мувофиқан ба онҳо додани мақоми мафҳум – истилоҳи алоҳида аз чаҳорчўбаи таҷрибаҳои академикӣ берун набаромад. Дар луғати умумифарҳангӣ ин ду калима ҳамчун синоним ва ивазкунандаи якдигар истифода мешаванд. Масалан дар забони русии имрўза он қонунҳое, ки аз онҳо ҳамчун меъёрҳои ҳикмати амалӣ ном мебаранд, ҳамзамон ҳамчун меъёрҳои ахлоқӣ ва ё меъёрҳои одобӣ номида мешаванд. Мафҳумҳое, ки даъвои ҷиддияти илмӣ доранд, асосан ба фарқгузории мафҳумҳои одоб ва ахлоқ маҳдуд шаванд, то охир нигоҳ дошта намешавад. Ҳамин тариқ, баъзан этикаро ҳамчун соҳаи дониши фалсафаи ахлоқӣ ба қалам дода, барои муайян кардани фазилатҳои ахлоқӣ истилоҳи ҳикмати амалиро низ истифода мебаранд.
Дар чаҳорчўбаи фанни таълимӣ этикаро мо ҳамчун илм, соҳаи дониш ва анъанаҳои зеҳнӣ меномем вале «ахлоқ» ё «одоб» ва аз қабили ин калимаҳоро, ки ҳаммаъно истифода мешаванд, фанни он меномем.
Мафҳуми «ахлоқ» ва «этика»- Маънии ахлоқ ва одоб чист?Ин масъала на танҳо масъалаи аввалияи ҳикмати амалӣ маҳсуб мегардад, балки дар дарозои тамоми таърихи ин илм, ки тақрибан дуюним ҳазор солро дарбар мегирад, ҳамчун манбаи асосии манфиатҳои таҳқиқотӣ қарор гирифта буд.
Макотиби мухталиф ва мутафаккирон асрҳои гуногун ба ин савол ҷавобҳои мухталиф доданд. Таърифи ягона ва бебаҳси ахлоқ то имрўз вуҷуд надорад, ки ин худ аз муносибати бевосита бар гуногуншаклии ин дарак медиҳад. Ахлоқ ин худ беш аз далоиле ҳаст, ки он боиси умумият додан бошад. Вай ҳамзамон ба сифати вазифае пеш меояд, ки ҳалли худро талаб дорад. Илова бар он ахлоқ мулоҳизаи назариявиро низ тақозо менамояд. Ахлоқ чизе нест, ки ба таври содда мавҷуд бошад. E бештар онест, ки бояд бошад. Аз ин рў муносибати баробари илми ахлоқ бо худи ахлоқ ба инъикос ва тазеҳот маҳдуд намегардад. Илми ахлоқ инчунин вазифадор аст, намунаи хоси одоби худро пешниҳод намояд: файласуфони илми ахлоқро дар ин муносибат метавон ба меъмороне ташбеҳ дод, ки эътирофи касбии онҳо аз тарҳрезии биноҳои нав иборат мебошад. Мо баъзе аз таъиноти ба нисбат умумии илми ахлоқро баррасӣ намоем, ки онҳо ба таври васеъ дар илм пешниҳод шуда бошанд ҳам, лекин ба таври қатъӣ дар фарҳанг устувор нагардидаанд. Ин таърифҳо дар сатҳи хеле баланд ба ақидаи паҳншудаи ахлоқ мувофиқат доранд. Ахлоқ ду чизи бо ҳам муносиб ва дар айни замон чеҳраҳои мухталифро пеши рў меорад.
а) тавсифи шахсият ҳамчун маҷмўи сифатҳои ахлоқӣ ва накўкорӣ. Масалан, ростқавлӣ, бовиҷдонӣ, меҳрубонӣ ва ғайра.
б) тавсифи муносибатҳои байни одамон инчунин мавҷудияти меъёрҳо ва ахкоми ахлоқӣ. Масалан «дурўғ нагў», «надузд», «накуш».