Ҳусни рафтори расмӣ ва сиёсӣ

Симои зоҳирии инсон маъмулан таасуроти нахустин ва муҳимро боқӣ мегузорад. Бо он ки шинохти беҳтар ва амиқтари сират ва ҷаҳони мураккаби ботинии инсон, дарки мазмуни арзишҳои маънавӣ ва идеалҳои зиндагӣ ва бахусус, кўшиши табии шинохти ҷавҳари инсон сабабгори нисбатан ва тадриҷан хира гардидани таассуроти симои зоҳирӣ, либос, манераҳо ва хусусиятҳои дигари амали зоҳирӣ ва ва рафтор мегарданд, вале хилофи ин ҳама ва ҳатто талошҳои огоҳона, таъсири симои ҳоҳирӣ муассир ва дарозмуддат аст. Агар инсони нек ва дорои хислатҳои бузурги маънавӣ, ахлоқӣ ва иҷтимоӣ дар бобби симои зоҳирӣ ( либос, манераҳо, ҳаракат, тарзи муносибат ва ғайра) таассуроти манфӣ гузорад, асари он муддати тўлонӣ эҳсос хоҳад шуд.

Шарти муҳимтарин ва асоситарини симои зоҳирӣ аз диди одоби сиёсӣ ва расмӣ покии тамоми аъзои бадани инсон аст. Чун шахси расмӣ ва сиёсӣ баёнгари симо ва фарҳанги низоми сиёсӣ ва давлатӣ мебошад ва ҳамзамон бо афроди зиёд (чӣ роҳбарону ҳамкорон, чӣ шаҳрвандон ва ҳатто меҳмонони хориҷӣ) сарукор дорад, бояд доимо поку ботароват ва дилкашу ҷаззоб бошад. Бахусус тарошидани риш, гирифтани нохунҳо, сару рўи доиман пока мри ҳатмӣ мебошад. Истифодаи атриёт ва василаҳои дигари хушбуй амали писан даст, вале ҳадди мақул ва эътидолро бояд шинохт, то бўи онҳо боиси нороҳатии дигарон ва таассуроти манфӣ (дар мавриди завқи паст, худнамоӣ ва ғайра) нагардад.

Ниҳоят зарур аст, ки шахси сиёсӣ ва расмӣ чеҳраи боз ва кушода дошта бошад. Чини абрў ва виқори сохта дар дигарон, маъмулан, таассуроти манфӣ боқӣ мегузорад, ҳамкорон ва афроди муроҷеъро нороҳат ва ҳатто дурр месозад. Ҳамзамон дар ҳар маврид ҷиддият, диққат ва суботи хотиру зеҳнро бояд ҳифз кард.

ЛИБОС

Либосрукни муҳими симои инсон ва баёнгари завқи ўст. Он низ таасуроти муҳим боқӣ мегузорад. Дар фаъолияти сиёсӣ ва расмӣ талабот нисбати либос ҷиддитар аст.

Шарти муҳимтарин покӣ ва таровати либос аст: либос бояд доиман пок ва дарзмолшуда бошад.

Шарти муҳими дигар созгории либос аст либоси расмӣ маъмулан тираранг ва сиёҳтоб мебошад: пўшидани костюму пироҳанги серанг ва ҷилодор салоҳ ва раво нест.

Пироҳан маъмулан cафед ва ё камранг (масалан, кабуди сафедранг, забзи сафедранг, зарди сафедранг, обӣ) қабул шудааст ва пироҳанҳои серранг (бахусус, сурх, зард, сиёҳ) мақбул нест.

Галстук рукни муҳим ва ҳатто ҳатмии либоси расмист ва бояд ба ранги либос бахусус кастюм ва тамоюлоти мўд созгор бошад (ҷуз ранги сиёҳ). Галстуки якранги сиёҳ фақат ҳангоми мотам истифода мешавад.

Шим маъмулан ҳамранги костюм бошад ва ё ба ранги он наздик бошад. Дарозии он бояд дар ҳадде бошад, ки болои туфлӣ хам гарда два дар пас то пошнаи он расад. Шимҳои серранг, ҷилодор ва духти ғайримаъмулӣ (бо хатҳои ранга, кисаҳои зиёд, андозаҳои гуногун) салоҳ нест.

Миёнбанд (тасма) бояд ҳамранги шим ва ё ақалан наздик ба ранги он боша два ороишоти ғайримаъмулӣ (ситорачаҳо, металҳои зиёд, қулфҳои калон) надошта бошад.

Туфлӣ сиёҳ ва ё тираранг буда, бо либос (бахусус, костюм ва шим) созгор бршад: пўшидани туфлиҳои ранги баланд (бахусус, сафед) ҷоиз нест.

Ҷуроб бояд нисбати ранги костюм ваш им ранги тиратар дошта ба ранги туфлӣ наздиктар бошад. Он бояд ба андозае дароз бошад, ки ҳангоми нишаст бараҳнагии пойро пўшонад ва маълум насозад. Бо костюми тираранг пўшидани ҷўроби сафед ҷоиз нест ва ҷўробҳои серранг низ салоҳ нестанд. Ва албатта, ҷўроб бояд пок ва бидуни нуқс бошад.

Дар фаъолияти расмӣ ва корӣ пўшидани пироҳани остинкўтоҳ ва ё беостин бо костюм раво нест: пироҳан ҳатман остини дароз дошта, тугмаҳо ва ё остинбарчин (запонкиҳо)-ро доро бошад. Пироҳанҳои нелонӣ ва бофтӣ ҷоиз намебошанд. Ҳамчунин пироҳанҳои дўхти хос (бидуни гиребон, бо тугмаҳои зиёди болои ҳам, бо кисаҳои зиёд ва ғайра) ҷоиз нестанд. Гиребони пироҳан бояд ҳудуди 1 см аз гиребони костюм баланд бошад. Жилет бояд на кутоҳ ва на дароз бошад: он бояд имкони онро муяссар созад, ки на пироҳан ва на камарбанд намоён нашавад ва зери он доиман ноаён бошад.

Дар сурати истифодаи бандҳои шалвор (подтяжка) аз камарбанд бояд сарфи назар кард ва баръакс. Ҳангоми маросимҳои ғайрирасмӣ дар ҳавои ниҳоят гарм пушидани пироҳанҳои остинкутоҳ (бо галстук ва шимми созгор ба он) ба тариқи истисно ҷоиз ва равост.

ОДОБИ СЎҲБАТ

Гўш фаро додан ба ҳамсўҳбат, сари вақт ва вокуниши дуруст ба суолҳои ў ва боназокат (мулоим, боадабона) посух гуфтан ба онҳо-муҳинтарин унсури фарҳанг аст. Ҳангоми сўҳбати дўстона одатан яке сўхан мегўяд ва дигарон оромона ба он гўш фаро медиҳанд. Зиёда аз ин танҳо ҳамон вақт пурсишро матраҳ месозанд, ки сухани шахс ба поён расидааст. Буридани сухани шахсе, ки сҳҳбат дорад ва бар иловаи он суол пеш гузоштан ба вай муносибати ҳолу замон нест ва кори нохуб аст.

Бояд ёд дошт, ки ҳангоми суханронӣ хоҳ ин раванди дарсгўӣ аст ва ё сўҳбати дўстона шахси сухангў аз имову ишора ва такон додани даст худдорӣ варзад. Агар шахси сухангў нишастааст, дастҳо бояд сари зонуҳо бихобанд, вале агар сухангў рост истодааст, дастҳо ҷойи хеш-сари кифт овезон бошад. Зиёда аз ин ҷунбонидан, болову пойин алвоҷ додан ва таҳдид кардан бо дастҳо ва ангуштон-кори бисёр ношоиста ба шумор меравад ва зишт аст. Шахси сухангў ҳангоми суҳбат бе сабаб набояд бихандад, зеро ин амал тааҷҷуби ширкаткунандагони давраро бармеангезонад. Сухан карда истода, барои ҷалби таваҷҷўҳ ба даст ва ё китфи ҳамсўҳбат даст назанед. Аз суҳбат кардан болои сари ҷанобон, ба вижа хонумҳо, дурӣ гузинед.

Бо оне, ки пушти сари шумо нишастааст, суҳбат наоред, сухани шахсеро, ки ҳарф мезанад, мабуред. Ҳангоми сўҳбат ба соати деворӣ ва ё мучӣ нигоҳ накунед, ба вижа ба таври намойишӣ ва мукарар, ки таваҷчўҳи шахси сўханварро ҷалб мекунад.

330
Нет комментариев. Ваш будет первым!