Ақидаҳои ахлоқии Кант
Кант (1724-1804) ақидаҳои ахлоқии Кант дар «асосҳои метафизики ахлоқ» (1788) « Танқиди хиради инсон амали» (1788) « Азомоти шарр дар табиати инсон « (1792) «Дин фақат дар ҳудуди хирад» (1792) ва « м етафизикаи ахлоқ» (1797) барин асарҳояш баён шудаанд. Вақте, ки суханони Кантро дар бораи антиномиро, бахусу антиномиаш озодӣ, мавриди баҳс қарор бидиҳем, паё хоҳем бурд, ки Кант дар маркази фалсаи инсон ва қадру қимати ўро қарор додааст. Ба ақидаи Кант, рафтори инсон, аз як сў, зарур, аз сўи дигар, озод аст. Инсон чун падида бо тамоми фикру эҳсон ва дархостҳояш дар байни падидаҳои дигар қарор дорад. Дар айни замон, вуҷуди ахлоқи ва субъекти шуури ахлоқи ҳам маҳсуб мешавад. Вай чун вўҷуди ахлоқи ва олами чизҳои дар худ тааллуд дорад ва дар ҳамин сифат озод ҳам мебошад. Ба акидаи Кант, муҳимтарин вазифаи фалсафа аз маърифати пояю моҳияти меъёрҳои ахлоқ, ки муносибати инсонро танзим мекунанд, иборат мебошад. Ду чиз, навиштааст ў. Нафси мор обо аҷоиботу ваҷҳи навину қави пур медорад. Аз онҳо яке осмони болои сари манн ва дигаре қонуни ахлоқии берун аз манн.
Кант, аз як сў, ақидаи динию теологии пайдоиши меъёрҳои ахлоқ, аз суӣ дигар. Зимни таҷрибаи ҳаётии одамон мино-ноти ташаккли иҷтимоӣю таърихи онҳоро низ рад кардааст. Ба ақидаи ў, қонуни аҳлоқ дар шакли нақшу тағиёрнопазире дар шуури одамон вуҷуд дорад, ки онҳоро мутафаккир бо номи шаклҳои априори шуур муарифи мекунад. Аз ин регўяд, ки пояҳои ахлоқро дар табиалти инсону шароити зиндагии ў не, балки дар мафҳумҳои хиради соф ҷўё бояд шуд. Кант қонуни мазкурро талаб ё императиви қатъӣ номида, тақозояшро ба таври зайл баён кардааст: ҳар фард мувафақ аст, то тавре рафтор бикунад, ки қидаҳои рафтораш бояд қоидаҳои рафтори дигарон низ бошад.
Агар инсон ба рафтораш аз нигоҳи ҳис муносибат бикунад, чунин рафторро наметавон ахлоқи номид. Кант рафтореро ахлоқи меҳисобид, ки агар инсон нисбати қонуни ахлоқ дорои ҳурмату эҳтиром бошад. Кант императивиҳоро ба тахминию қатъӣ тақсим карда, аввалро вобаста ба шароитҳои муайян вале охириро дар ҳар шароит татбиқшаванда мекошад. Пас, нисбат ба шароит мустақилияти императиви қатъиро қобил мебошад. Кант таҳти императиви мазкур қонуни олии ахлоқро дар назар дорад. Дар таълимоти ахлоқии Кант иродаи неку вазифа ва ҳам дорои мазург мебошанд. Ба ақидаи Кант, қонуни ахлоқ моҳияти иродаро тахис медиҳад ва он бо ин қонун айни як чиз ҳам мебошад. Кант дар паҳлуи иродарю қонуни ахлоқ мафҳуми вазифаро низ ҷойгир сохтааст. Чун Кант дар бораи ирода, қонуни ахлоқ ва вазифа сухан меронад, суханонаш обурўи нав низ касб мекунанд. Зеро ў дар онҳо чизеро мавриди баррасӣ қарор доданист, ки обрўи инсонро боло бурда, бузургиашро нишон медиҳад. Ба ақидаи Кант, чун инсон ба ситораҳои осмон менигарад. Ё ҳоро мушоҳида мекунад аз ҳайвоният хеш маҳрум мешавад. Вале чун ба қонунҳои ахлоқ менигарад, арзишаш боло рафта барояш ҳаётеро боз мекунад, ки нафақат ба табиат, балки ба тамоми олами махсус низ вобаста намебоад. Дар ин суханони Кант сарвати гаронбаҳои инсон будани ахлоқ ифода ёфтааст ва ў ҳам кўшидааст, то тавассути фалсафааш онро қавитар бикунад.
Дар ақидаҳои ахлоқии Кант иродаю хирад ба ҳам муқобил набуда, балки алоқамнданд. Кант кўшидааст, то ба равандҳои иродавӣ ақл бидиҳад ва иродаро бо хиради айни як чиз бишуморад. Ба ақидаи Кант. Ирода кадом як чизи дигаре набуда, балки хирад амалӣ мебошад. Хирад ба қонун барои он зарур аст, ки рафтораш оқилона бошад.
Кант дар метафизикҳои рафтоҳо дар бораи вахифаҳои ахлоқии инсон изҳори ақида кардааст. Ба ақидаи ў, аввалин вазифаи инсон ғамхорӣ дар
Боаи ҳифзи сиҳати мебошад. Кант худкўшӣ, пурхўрӣ, мастӣ ва дигар падидаҳоро, ки болои харобии сиҳатии инсон мешаванд, нуқс меномад.
Ў эҳсон, шараф, ор, ҳилм ва ғайраро ба дурўғ, чоплусӣ, қаззобӣ бирин хислатҳои бади инсон муқобил мегузорад. Кант вазифаи дигари инсонро дар рушду тақвисти неруҳои табии (руҳонӣ, нафсонӣ ва ҷисмонӣ ) ў дидааст. Ба акидаи ў ишқу эҳтиром аз муҳимтарин муносибатҳои аёни одамон ба ҳисоб мераванд. Ишқ хайрхоҳи буда, бо ин ё мафоди шахсӣ сару кор надорад. Кант хайрро лаззат бурдан аз саодату бузургиҳои дигарон ва вазифаи ҳар фардро аз эҳсонкори иборат медонад. Инсон муваззаф аст, то ба қадри инсону тавонаш ба дигарон кўмак бирасонад ва дар саодаташон мусоидат бикунад. Кўмаку мусоидат суратбигирад. Мукофоти олӣ изҳори шодӣ ва шикасту пирўзиҳои дигарон буданро вазифаи ахлоқии ҳар фард медонад.Ў аҳамиятро пояю бунёди накукори, вале инсон бадбиниро нуқс номида, назарияи ахлоқиашро бо фикри башардўсти и сохтааст. Баандешаи кант, дустӣ иштифоқи ду танести, ки зимни муҳаббату эҳтироми тарафайн арзи вуҷуд мекунад. Дустӣ нисбати якдигар итминони комил доштан ва ба якдигар ба таври ошкор изҳои фикру изтироб кардани одамон мебошад.