Ақидаҳои ахлоқии давраи Эҳё ва нав

Давраи Эҳё дар таърихи инкишофи зеҳнӣ ва илм марҳилаи басо муҳимро ишғол мекунад. Одамони он давраи таърихӣ Эҳёро, пеш аз ҳама, чун эҳёи махсуси хеш, тавлиди шахсияти нав мефаҳмонданд.

Яке аз омилҳои муҳиме, ки дар инкишофи илму фарҳанги даврони Эҳё дорои нақши бағоят бузург аст, ихтирои литерҳои мутаҳаррики китобчопкунӣ мебошад. Ин ихтироъ агарчи техникӣ буд, боз ҳам мазмуну вазифаи донишҳои дастҷамъиро ҷиддан тағйир дод ва оинҳои зиёди ҷамъиятро ба ҳаёти зеҳнӣ ҷалб намуд ва тамоюли донишҳои илмиро ба сўи ваҳдат равон сохт. Ихтирои олоти табъи китоб барои таври васеъ паҳншавии донишҳои илмӣ шароити мусоид фароҳам овард. Китоб силоҳи бузургест, ки илму маърифатро муҳофизат намуда, онро аз насл ба насл медиҳад. Марҳаллаи таърихие, ки даврони Эҳё меноманд аз дигаргуниҳои соҳаи наққошӣ, ҳайкалтарошӣ ва ғайра ибтидо мегирад. Истилоҳи «Эҳё»-ро бори аввал дар илм наққоши маъруф ва муаррихи ҳунар Ҷордҷо Вазарӣ (1511- 1574) ворид кардааст.

Даврони Эҳё дар тамоми риштаҳои фарҳанг дафъатан ва фавран ҳозир нашудааст. Ибтидо тағйироти куллӣ дар адабиёту ҳунар рух дода, сипас риштаҳои мухталифи дониши илмиро фаро мегирад.

Заминаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсии даврони Эҳёро буҳрони муносибатҳои иқтисодию сиёсии феодализм ва пайдоиши муносибатҳои сармоядорӣ ташкил медиҳанд.

Итолиё яке аз он кишварҳоест, ки аз ҳама пеш муносибатҳои сармоядорӣ ба вуҷуд омадааст. Дар ин ҷо аз асри ХV сар карда косибӣ, меъморӣ, наққошӣ ва ҳайкалтарошӣ бо суръати тез инкишоф меёбанд. Ҳамаи ин боиси тағйири тарзи маърифати амол ва ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ шудаанд. Инкишофи фалсафаи даврони Эҳё зимни ғояҳои гуманистӣ зоҳир гаштааст, ки чун узви таркибии фалсафа бо мақсаду талабботи нави шахсияти инсонӣ марбут аст. Дар ташаккули фалсафаи Эҳё, ба ғайр аз омилҳои иҷтимоию иқтисодӣ, кашфиёти бузурги гелиосентрии Коперник, таълимоти Галилей дар бораи беинтиҳоии коинот, ихтирои олати табъи китоб, инкишофи риштаҳои нави саноат (мисли бофандагӣ, чуб ва ғ) низ саҳми бағоят бузург гузоштаанд. Ҳамаи ин боиси инкишофи риштаҳои асосии табиатшиносӣ: нуҷум, риёзиёт, ҷуғрофия ва ғайра гардидаанд. Буржуазияи навбаромад зарурати инкишофи илмҳои табиӣ ва нуфузи онҳоро дар инкишофи ҷамъият ба хубӣ мефаҳмид. Маҳз ҳамин гуна зарурат боиси рушди бемисл монанди илмҳои табиӣ, пеш аз ҳама, нўҷум, механика ва риёзиёт мегардад. Ба ақидаи олими бузург Пьер Лаплас нуҷум аз он илмҳоест, ки намунаи хуби усули воқеии таҳқиқи қонунҳои табиатро ба вуҷуд оварда аст.

Яке аз бузургтарин музаффариятҳои зеҳни замони Эҳё зинда намудан ва дар заминаи тафаккури илми инкишоф додани гуманизм мебошад. Гуманизӣ моҳияти ду давраи таърихӣ – асримиёна ва замони нави инкишофи фарҳангии Аврупоро дар бар мегирад. Гуманизм ба ҳайси ғояҳои нави инкишофи афкори фалсафӣ ташаккул ёфта, мақсаду моҳияташ иборат аз барқарор намудани ҳуқуқи инсон ва нишон додани мавқеи шахсияти нави ҷамъиятӣ мебошад. Андешаи озод, маърифати қонуниятҳои воқеъият, такмили қобилияту истеъдод, тибқи мантиқи ашёъ фаъолият кардан, ба иродаи бегонае побанд намуда, бо хоҳиши худ рафтор намудан, дорои нормаю фазилатҳои неки инсонӣ будан, дарёфти саодат, танқиди сохти мавҷуда ва ансоли ин пояу таҳдоби таълимоти ҳамаи ҷараёнҳои гуманистии даврони мазкурро ташкил медиҳанд. Мутафаккирони Эҳё тимсоли инсони озодро эҷод намудаанд, ки кулли ормонҳои некро дар худ таҷассум кардааст. Раҳоии инсон аз тамоми ноадолатӣ ва бунёди ҳукмронии одамияту адолат орзуи гуманистии даврони Эҳё ба шумор меравад. Ба ақидаи гуманистони даврони мазкур инсон восита не, балки шахсияти дорои ҳуқуқу имтиёз ва ору номус низ мебошад. Аз ин ҷост, ки гуманистони Эҳё бори аввал дар илм мафҳуми «Ҳуқуқи инсон»-ро дохил кардаанд.

Андешаҳои мутафаккирони даврони Эҳё дар мавриди фардияти инсон хеле ҷолиби таваҷҷўҳанд. Бино бар таълимоти онҳо, фардият ҳамеша мустақил буда, дорои хислатҳои нави иҷтимоӣ – сарбаландӣ, худшиносӣ, шараф ва ғайра мебошад.

Фардияти комил на фақат муқаллиди анъанаҳои фарҳангӣ, балки ҷўянда ҳам мебошад. Инкишофи иқтисодию зеҳнии даврони мазкур боиси ба арсаи таърих омадани як зумра фардиятҳои бузург шуд, ки дорои иродаю истеъдоди нотакрор буданд.

Леон Батисти Алберти (солҳои 1404-1472) аз ҷумлаи онҳост. Ў шахсияте буд, ки дар паҳлўи тамоми илмҳои замонаш ҳунарҳои ҳарбӣ, асптозӣ ва мусиқиро низ ба таври мукаммал аз бар кардааст. Вай дар боби назарияи санъати наққошӣ, меъморӣ ва кандакорӣ рисолаҳои зиёди илмӣ низ нигошта аст. Эҳё дар таърихи инкишофи зеҳнии башарият як марҳилаи томро ташкил дода, аз лиҳози услубу тарзи нави тафаккури илмӣ – табиатшиносӣ, иҷтимоӣ – сиёсӣ, одабӣ эстетикӣ, ахлоқӣ-гуманистӣ ва техникӣ аз дигар давраҳои таърихӣ комилан тафовут дорад.

Марҳаллаҳои нави инкишоф аз асри ХVII сар мешавад. Дар ин давраи ҷадид бўҳрони ҷомеаи феодалӣ амиқтар мегардад. Асри ХVII-ро асри инқилоби илмӣ низ меноманд.

Ақидаҳои ахлоқии Кант дар «Асосҳои метафизикии ахлоқ» (1785), «Танқиди хиради амалӣ» (1788), «Азалияти шарр дар табиати инсон» (1787), «Дин фақат дар ҳудуди хирад» (1799) ва «Метофизикаи ахлоқ» (1797) барин асарҳояш баён шудаанд. Ба ақидаи Кант, рафтори инсон, аз як сў, зарур, аз сўи дигар, озод аст. Инсон чун падида бо тамоми фикру эҳсос ва дархотҳояш ба баёни падидаҳои дигар қарор дорад. Дар айни замон вуҷуди ахлоқӣ ва субъекти шуури ахлоқӣ ҳам маҳсуб мешавад. Вай чунин вуҷуди ахлоқӣ ба олами чизҳои худ тааллуқ дорад ва ҳамин сифат озод ҳам мебошад. Ба ақидаи Кант, муҳимтарин вазифаи фалсафа аз маърифати пояю моҳияти меъёрҳои ахлоқ, ки муносибати инсонро танзим мекунанд, иборат мебошад. Ду чиз навиштааст ў, нафси моро ба аҷоиботу ваҷҳи наввину қавӣ пур медорад. Аз онҳо яке осмони болои сари ман ва дигаре қонуни ахлоқии берун аз ман.

Агар инсон ба рафтораш аз нигоҳи ҳис муносибат бикунад, чунин рафторро наметавон ахлоқӣ намуд. Кант рафтореро ахлоқӣ меҳисобад, ки агар инсон нисбати қонуни ахлоқ дорои ҳурмату эҳтиром бошад. Дар таълимоти аълоқии Кант иродаи неку вазифаҳои дорои мақоми бузург мебошанд. Ба ақидаи Кант, қонуни ахлоқ моҳияти иродаро ташхис медиҳад ва он ба ин қонун айни як чиз ҳои мебошад. Кант дар паҳлўи иродаю қонуни ахлоқ мафҳуми воридаро низ ҷойгузин сохтааст. Чун Кант дар бораи ирода, қонуни ахлоқ ва вазифа сухан меронад, суханонаш обуранги нав низ касб мекунанд. Зеро ў дар онҳо чизеро мавриди баррасӣ қарор доданист, ки обрўи инсонро боло бурда, бузургиашро нишон медиҳанд. Ба ақидаи Канд, чун инсон ба ситораҳои осмон менигарад ё онҳоро мушоҳида мекунад, аз ҳайвонияти хеш маҳрум мешавад. Вале чун ба қонунҳои ахлоқ менигарад, арзишаш боло рафта, барояш ҳаётеро боз мекунад, ки на фақат ба табиат, балки ба тамоми олами махсус низ вобаста намебошад. Дар ин суханони Кант сарвати гаронбаҳои инсон будани ахлоқ ифода ёфтааст ва ў ҳам кўшидааст, то тавассути фалсафааш онро қавитар бикунад.

Дар ақидаҳои ахлоқӣ Кант Хирад ба ҳам муқобил набуда, балки алоқаманданд. Кант кўшидааст то ба равандҳои иродавӣ ақл бидиҳад ва иродаро бо хиради Айнӣ як чиз бишуморад. Ба ақидаи Кант, ирода кадом як чизи дигаре набуда, балки хирад амалӣ мебошад. Хирод бо қонун барои он зарур аст, ки рафтораш оқилона бошад.

Кант дар «Метафизикаи рафторҳо» дар бораи вазифаҳои ахлоқии инсон изҳори ақида кардааст. Ба ақидаи ў, аввалин вазифаи инсон ғамхорӣ дар бораи ҳифзи сиҳатиаш мебошад. Кант худкушӣ, пурхурӣ, мастӣ ва дигар падидаҳоро, ки боиси харобии сиҳатии инсон мешаванд, нуқс меноманд. Ў эҳсон, шараф, ор ҳилм ва ғайраро ба дурўғ, чоплусӣ, қаззобӣ барин хислатҳои бади инсон муқобил мегузорад. Канд вазифаи дигари инсонро дар рушду тақвияти нерўҳҳои табиии ў дидааст. Ба ақидаи ў, ишқу эҳтиром аз муҳимтарин муносибатҳои байни одамон ба ҳисоб мераванд. Ишқ хайрхоҳӣ буда, бо ин ё мадади шахсӣ сару коре надорад. Кант хайрро лаззат бурдан аз саодату бурдбориҳои дигарон ва вазифаи ҳар фардро аз эҳсонкорӣ иборат медонад. Инсон муваззаф аст, то ба қадри имкону тавонаш ба дигарон кўмак бирасонад ва дар саодаташон мусоидат бикунад. Кўмаку мусоидат бояд бидуни тамаъву талаби мукофот сурат бигирад. Мукофоти олӣ изҳори сипос ва шукр аст. Кант шарти ғаму шодӣ ва шикасту пирўзии дигарон буданро вазифаи ахлоқии ҳар фард медонад. Ў одамиятро пояю бунёди накўкорӣ, вале инсонбадбиниро нуқс номида, назарияи ахлоқиашро бо фикри башардўстиаш ғанӣ сохтааст. Ба андешаи Кант, дустӣ иттифоқи ду танест, ки зимни муҳаббату эҳтироми тарафайн арзи вуҷуд мекунад. Дўстӣ нисбати якдигар итминони комил доштан ва ба якдигар ба тавре ошкор изҳори фикру изтироб кардани одамон мебошад.

1.6K
Нет комментариев. Ваш будет первым!