Категорияҳои этика. Идеализми ахлоқӣ

Дар ҷамъият муттаҳид гардидани одамон пайдо шудани робитаҳои сотсиалии байни онҳо ногузир боиси зуҳури ахлоқ ва ситам муҳими танзимдиҳанда мегардад. Танзими ахлоқӣ унсури узвии худидоракунии ҷамъият буда, бо мавҷуд будани муносибати байни одамон ва шахсияти ҷамъят боқӣ мемонад. Аҳамияти танзими ахлоқӣ барҳам намехўрад, зеро таърих дар ҳолати мукаммал ва идеалии инсоният ҳам тамоман хотима намеёбад.

Масъалаи танзимии ахлоқии муносибатҳои ҷамъиятӣ барои инсоният ҳамеша масъалаи муҳим буд. Мутафаккирони давраҳои гуногун типи беадолатӣ муносибатҳои инсониро, ки инкишофи прогрессивии ҷамъияту шахсро таъмин менамоянд бо ҷидду ҷаҳд ҷустуҷў намуданд. Зеро ҷамъият аз шахс, гуруҳи сотсиалӣ ва синфҳои ҷудогонае иборат аст ва манфиатҳои онҳо аксаран ба ҳам мувофиқ намеоянд ва дар шароити муайян ин манфиатҳо ба ҳам хилофу зид мешаванд. Аз ин рў, зарурияти ба тартиб даровардани ин зиддиятҳо ба амал меояд. Маҳз ахлоқ роли танзимдиҳандаро иҷро мекунад. Ахлоқ мақсади ахлоқии инкишофи ҷамъиятро муайян намуда, рол ва аҳамияти худи инсонро дар тадбиқи он ошкор месозад ва ба ин минвол маҷмўи усулҳои асосиро пешниҳод менамоянд, ки онҳо программаи рафтори ахлоқии одам гурўҳи сотсиалӣ, синф ва дигар субъектҳои ахлоқиро ташкил медиҳанд. Дар ҷамъияти ба синфҳо тақсимшуда бошад, ба сабаби мухталиф будани манофеъ, ки асосаш моликияти хусусӣ мебошад, ахлоқ, ногузир, хислати синфӣ пайдо мекунад, ба ахлоқи синфӣ истисморкунандаю истисморшаванда ҷудо мешавад. Дар ин маврид ахлоқи синфе бартарият пайдо мекунад, ки ҳокимияти сиёсию воситаҳои истеҳсолот дар ихтиёраш бошанд. Аз ин нуқтаи назар дар ҳар ҷамъияти синфӣ мафҳумҳои ахлоқиро ба таври мухталиф шарҳ доданӣ мешаванд.

Тарзи шарҳи ин мафҳумро (некӣ, бадӣ, виҷдон ва бевиҷдонӣ) на манфиатҳои умумиинсонӣ, балки ба ҳимояи манофеи синфӣ муайян нигаронида мешаванд. Ахлоқи синфи пешқадам мавқеи ба ҳимояи манофеи синфӣ муайян нигаронида мешавад. Ахлоқи синфи пешқадам мавқеи қувваҳои прогрессивиро, ки ифодакунандаи идеяҳои гуманистӣ ва прогрессиви сотсиалӣ мебошад, мустаҳкам менамояд.

Дар маънои махсуси ахлоқии худ идеал қолабест, ки ба шароит, шахсиятҳо, завқи инфиродии одамон вобаста намебошад. Идеал, аввал як чизи умумии фарогирандаест, ки чун қоида тавассуроти маънавии мутлақ дар бораи неъматҳо мебошад, сипас, образи олиҳа дар муносибатҳои одамон ё дар шакли идеали ҷамъиятӣ чунин созмонёбии ҷомеа мебошад, ки ҳамин олиҳаро таъмин мегардонад, сеюм, намуди олии бечунучарои шахсияти маънавӣ маҳсуб мегардад.

Идеал ҳамчун ҷузъи шуури ахлоқии дар айни замон метавонад тасаввуроти арзишнок низ бошад. Ҳар қадаре, ки идеалро мазмуни мазмуни мушаххас, бебаҳс ва мусбати рафтору кирдори амалӣ тасдиқ намояд, ин мазмун нисбат ба иродаи одам муайян мегардад ва ба сари ў барои иҷрои ҳатмӣ бор карда мешавад. Тавре мебинем дар сохтори шуури ахлоқӣ идеал мавқеи муҳим дорад: маҳз идеал мазмуни некӣ ва бадӣ, ҳақиқатхоҳӣ дурустӣ ва нодурустиро муайян мекунад.

Идеали ваҳдат аз мазмуни ҳатмӣ будани ахлоқ бар меояд, ки вай чуни аст: наздиконатонро дўст доред, тавре ки худро дўст медоред. Ҳамин идеали ваҳдат (дар ифодаи гуногунаш) ба сифати идеали олии ахлоқӣ амалан дар тамоми динҳои солиб гаштааст: зеро аз фарқияти байни даосизм, буддизм, иудаизм, яҳудия, насрония ва ислом тамоми онҳо мақсади ягона доранд, ки вай ба одам ҳисси ваҳдат додан, на бар ивази баргаштан ба мавҷудияти ҳайвонӣ, балки бо роҳи худифодакунии одамизодӣ – дар ваҳдат бо табиат, бо ҳамқабилагони худ бо худ зоҳир мегардад.

Ҳангоми дарк ва тафсирии идеали ваҳдат ду қутби ба ҳам мухталиф зуҳур хоҳад намуд, ки яке аз он иҷтимоият мебошад ва он идеали ваҳдатро ҳамчун талабботи пурзўр ва барпо кардани ҷамъияти инсонӣ медонад. Дуюмӣ бошад ин тахаюлӣ аст. Мутобиқи ин равия идеали ваҳдат танҳо дар ҳадди ақлшинос ва дар табиат аз нав созмонёбии ҳаёти ҷамъиятӣ имконпазир аст. Дар тафаккури иҷтимоӣ ин ду равия ба ҳар роҳ инкишоф ёфтааст. Дар таърихи афгори фалсафӣ асоси идеали ваҳдат ҳамчун ҳамрайъӣ бо созмони иҷтимоӣ бо рушди ҳамкории саноатӣ, бо ҷорӣ гаштани шаклҳои идолатнокӣ моликият ё тақсимоти меҳнат алоқаманд шуморида шудаанд. Чунин тафсирҳои идеали ваҳдат ҳамеша мавҷуд буданд. Зидди онҳо таълимоти диннӣ дар бораи он ки идеали олӣ, маҳз Худованд аст ва он на дар замин, балки дар олами улвӣ буда, бо рўҳи инсонсару кор дорад, аз ин рў ваҳдати рўҳӣ пеш аз ҳар чизи дигар зуҳур менамояд.

Таҳти мафҳуми «Идеализми ахлоқӣ» ин эътиқоти одам ба мавҷудияти як чизи муқаддас бе баҳс ва барои тамоми одамон аҳамиятнок дар назар гирифта шудааст. Идеализми ахлоқи ҷаҳонбиние мебошад, ки мутобиқи он тамоми чизҳои ҳаёти мо мансуби манфиатҳои моддӣ буда, одамон танҳо барои манфиати шахсӣ ҳаракат мекунанд. Саволе ба вуҷуд меояд, ки худи идеализми ахлоқӣ дар ин ифода меёбад, он чӣ тавр дар ҳаёти одам ва рафтори шахсияш инъикос меёбад? Идеализм метавонад ё дар эътироф кардани чизе, ки гўё барои ҳама ҳатмист, барои ҳама талабот, усул ва меъёри ҳадди ақали одам имконият медиҳад, шаъну эътиборашро нигоҳ дорад, дар тамоми ҳолатҳо ҳамчун инсон боқӣ монад ё ин ки эътиқод пайдо намояд, ки одам бояд ба кадом як ҳадафи олӣ – масалан «Ҷомеа, «Фарҳанг», «миллат», «ватан» хизмат намояд ва ҳаёти худро ба он бахшад.

1.29K
Нет комментариев. Ваш будет первым!