Моҳияти арзиш

Олами одам – олами арзишҳо мебошад.

Арзишҳо на танҳо чизҳои пурқиммат яъне ашёи арзиши баландошта ҳастанд, балки чизе мебошанд, ки барои одам азизу қимматанд. Чизе мебошанд, ки пураҳамият буда, барои одамон объектҳои муҳим мебошанд. (объектҳои моддӣ ё идеалӣ). Яъне мазмуни васеи калимаи арзишҳо мафҳумҳои ҷамъбандишудаи устувор дар бораи он ки ба талабот манфиатҳо, хоҳишҳо, ҳадафҳо, нақшаҳои одам (ё гурўҳи одамон, ҷомеа) ҷавобгу бошад.

Дар арзишҳо чизе ё касе барои одам муносибати ў ба чизе ё касе инъикос меёбад. Барои нафаре романҳои детективӣ писанд аст, махсусан детективе, ки бо ҳунарона эҷод шуда бошад; нафари дигар ба детектив кор надорад, вале ў китоби нави ҳангомаангезро гирифта мутолиа мекунад, зеро донистани он, ки ҷомеа мисол ба чӣ таваҷҷўҳ дорад, ҷолиб ё ў аз муд қафо мондан намехоҳад ё худро чунин вонамуд кардан мехоҳад, ки аз навигариҳои адабиёт огоҳ аст. Ҳамаи ин мавқеъҳо дар алоқамандӣ ба як ашё — детектив зоҳир гаштаанд. Арзиш – моҳияти табиӣ зоҳири ашё воқеа ё ҳодиса нест; дар арзиш муносибати фард ба ашё воқеа ё ҳодиса ифода шудааст; дар ҳамин ягон чизи барои одам бисёр муҳим муносибати ў ифода мегардад.

Арзиши чизе барои одам аз рўи он муайян карда мешавад, ки он (Аше, воқеа, ҳодиса) ба ниёзҳо, манфиатҳо ва ғайраҳо ҷавобгў аст ё не. Чӣ тавре, ки аҳамияти онҳо дар ҳаёти одам гуногун мешаванд.

Арзишҳо аз рўи мазмунашон фарқ мекунанд: манфиат, тобеият, ҳокимият, шўҳрат, амният, зебогӣ, ҳақиқат, некӣ, хушбахтӣ ва ғайра. Арзишҳо аз рўи нишонаашон низ фарқ мекунанд: мусбат ва манфӣ: кайфият- азобу уқубат, манфиат – зиён, шўҳрат – шармандагӣ, ҳокимият – тобеият, амният –хатар, зебо –баднамо, ҳақиқат – дурўғ, некӣ – бадӣ, хушбахтӣ- бадбахтӣ ва ғайра. Баъзе арзишҳоро ба арзишҳои амалӣ, баъзеяшонро ба маънавӣ дохил мекунанд.

Арзишҳоро инчунин ба олӣ ва муқаррарӣ ҷудо месозанд. Ин ҷо сухан дар бораи он намеравад, ки арзишҳои мусбат олӣ буда, арзишҳои манфӣ шакли муқаррарӣ доранд. Мусбият ва манфиат аз рўи он муайян карда мешавад, ки об оё арзишҳо дар шакли олӣ ва муқаррарӣ меъёрҳои дигар зарур аст. Фарқияти арзишҳои олӣ ва муқаррарӣ маънавӣ ва табиӣ бо вуҷуди муқаррарӣ ба назар расидани ин калимаҳо дар нутқ ҳаргиз як маъно надоранд.

Назарияи Арасту дар бораи боигариҳо чизе мебошанд, тамоми ишонро ба сўи онҳо майл доранд. Аммо одамон ба баъзе ашёҳо бештар барои худи онро таваҷҷўҳ доранд ва ба баъзеи дигар ба онҳо ҳамчун восита барои расидан ба ашёҳои аввалӣ менигаранд. Муҳокимаҳои Арастуро идома дода, метавон зикр намуд, ки одамонро ҳамчун намояндагони ягон касб ё ягон ҷамъият, ё мутобиқи маҳалашон ё аз рўи машщғулияташон ва ғайра чизе ҷалб мекунад. Чизе барои кўдакон ва чизи дигаре ба калонсолон ҷолиб аст чизе ба мардҳо ва чизе ҳам ба занҳо диқкатҷалбкунанда мебошад.

Аммо бояд чизе мавҷуд бошад, ки барои инсон новобаста дигаре ба зит, сину сол, касб, фарқияти иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва дигарро бояд арзишнок бошад. Ин чиз на барои он ки эҳтимолан ба аксарияти одамон писанд аст, балки барои он, ки ин чиз ба вазъиятҳои мушаххас ба амал омадани ҳодисаҳои инфиродӣ вобаста нест. Чизе ки барои одам ҳамчун як чизи умумии арзишнок аст ва ба ҳадафҳои ў ҷавобгў мебошад онро Арасту боигарии олӣ менамид.

Ақл, ки хусусияти табии инсон аст, ўро аз наботот ва ҳайвонот фарқ мекунад, Арасту фаъолияти бохирадонаи одамро боигарии олии рўҳияи вай медонад. Арзишҳои боқимонда вобаста ба ин арзиши олӣ мазмун ва арзиши хоси худро доранд. Боигарии олӣ ҳамаро фарогиранда мебошад. Дар чаҳорчубаи низоми муайяни арзишҳо арзиши олӣ ҳамчун фарогиранда ба назар мерасад.

Дигар бунёди табақабандии арзишҳои инсониро дар шакли олӣ ва муқаррарӣ метавон дар чаҳорчўбаи ҷаҳонбинии динӣ мушоҳида намуд. Дар тамоми динҳо инсон танҳо ба воситаи камолот ба Худо наздик мешавад. Дар ҷаҳонбинии динӣ Худо ҳамчун қувваи мутлақ ифода ёфта, ахлоқ ҳамчун воситаи расидани инсон ба он мутлақият дониста мешавад. Офаридгор арзишро ва талаботи асосии ахлоқиро муқаррар кардааст, аз ин рў ҳар чизе ки инсонро бо Худо наздик месозад, одамро ба зиннаҳои баланд мебарорад. Арзишҳои олӣ арзишҳое мебошанд, ки ба воситаи онҳо одам бо Парвардигор муколама мекунад, вале арзишҳои муқаррарӣ бошанд чунин арзишҳоеанд, ки инсонро аз Худо ҷудо мекунанд.

Масалаи фарқияти арзишҳои олӣ аз муқаррарӣ ин масъалаи мазмуни маънавии ҳаёти одам мебошад. Меъёрҳои иҷтимоӣ дар ин ҷо моҳияти худро аз даст медиҳанд. Муносибати иҷтимоӣ ба силсилаи арзишҳо дар он ифода меёбад, ки арзишҳои олӣ онҳое мебошанд, ки одамро ба боигариҳои умумии иҷтимоӣ, яъне гурўҳҳо ва ҷомеа равона месозад.

467
Нет комментариев. Ваш будет первым!