Фазилатҳои чоргонаи ахлоқӣ

Фазилат мафҳуми шуури ахлоқӣ буда, шакли умумии хислатҳои неки инсонро баён месозад. Мафҳуми фазилат маънои «бартарӣ», «болотарӣ», «афзалият», «хубӣ» ва «некиро» дошта бартарии инсонро дар фазл, дониш маърифат ва камол нишон медиҳад.

Ҳикмат фазилати беҳтарини нафси нотиқа буда, ба ҷиҳатҳои ақлонии ахлоқи инсон алоқа дорад. Самараи ҳикмат аз он иборат аст, ки таъмин намояд, ки кадом кор бояд иҷро карда шавад ва аз кадом кор бояд даст кашид. Ин фазилат бо имтиёзи қувваи нотиқа ва хосияти беҳтарии худ аз дигар фазилатҳо фарқ дорад. Он риоя кардани қоидаҳои дурусти афъоли моро муайян мекунад.

Ҳикмат дорои ҳафт навъ аст: 1. Заковат, 2. Суръати фаҳм, 3. Покии зеҳн, 4. Илмомўзӣ, 5. Хушидрокӣ, 6. Ҳифз кардан, 7. Хотиррасонӣ. Заковат – аз зиёдии таҷриба ҳосил шуда, дар коре қаблан натиҷаи онро нишон медиҳад, аз натиҷаи он хулоса мебарорад. Сурати фаҳмиш- нафси иисонро ба ҳаракат дароварда аз чизҳои даркории малака ҳосил менамояд. Покии зеҳн – нафси инсон истеъдоди хуш, ҳаяҷон ва ташвише, ки бар вай рўй медиҳад, нигоҳ накарда, натиҷаи ниҳоии мақсади хешро муайян месозад. Нафсро барои берун сохтани чизи матлуб маҷбур месозад. Илмомўзӣ он аст, ки нафс равшанӣ дар назар ҳосил намуда, бидуни мамоният таваҷҷўҳи хотирии ва андешаи парешонро ба ҷониби мақсад равона намояд. Хушидрокӣ дар баҳсу таҳқиқот аз ҳар ҳақиқату ҳадду миқдори заруриро нигоҳ дошта, на ба бепарвоии зиёд роҳ медиҳад ва на боварии зиёд. Ҳивз кардан – аксу суратҳоеро, ки акл ва ё тасаввур ба тариқи бояду шояд дар ёд нақш мебандонад. Хотиррасонӣ – ба ҳар вақте, ки нафс фикру андешаи аксҳои нақшбастаро дар ёд хоҳад орад ба осонӣ чӣ хеле, ки касб намуда буд ҳамон хел ба ёд меорад.

Шуҷоат – фазилатеро меноманд, ки нафси ғазабии инсон нафси ноқиаи ўро таҳти итоати худ дароварад, то ин ки дар корҳои ваҳшатнок ошуфта ва бетоқат нашавад ва дар асоси тадбиру андешаи ў амал намояд. Феъле, ки ба даст меорад неку ва сабри ў писандида бошад. Ин фазилати нафси ғазабии инсон буда, вобаста ба тобеияти инсон ба навси нотиқа ва фарқкунандаи худи ў мебошад.

Фазилати «Шуҷоат» чизи мобайни байни тарсончакӣ ва беэҳтиётӣ меҳисобат, шуҷоат ба ёздаҳ қисм ва ё ҷинс тақсим шудааст: 1. Uурури нафс; 2. Ҷасорат; 3. Баландҳимматӣ; 4. Устуворӣ; 5. Нармдилӣ; 6. Оромӣ; 7. Шаҳомат; 8. Таҳаммул; 9. Хоксорӣ; 10; Номус; 11. Меҳрубонӣ.

Ғурури нафс – нафси инсон ба олиҳимматӣ ва ҷавонмардӣ, инчунин манфиати ваъдааш таваҷҷўҳ накарда, балки қодир ба сабру тоқат ба корҳои муносиб ва ғайра муносиб мебошад.

Ҷасорат – нафси инсон ба устувории хеш дилпур буда, дар ҳолатҳои хавфу хатар чиз ба ў таъсир ворид накарда ҳаракатҳои бетартибу беҷо аз вай содир нахоҳад гашт.

Баландҳимматӣ – он аст, ки нафси инсон дар талаби худ дар зикри хуби хушбахӣ ва бадбахтии ин дунё набуда, ба он шодмонӣ ва дилтангӣ намекунад, ҳатто аз тарси марг низ боке надорад.

Устуворӣ – нафси инсон дар муқовимати дарду озор ва сахтиву бадбахтӣ обутоб ёфта бошад то аз сурат гирифтани сахтиву бадбахтӣ шикаста нагардад.

Нармдилӣ – нафси инсон итминон пайдо мекунад, ки ғазаб ба осонӣ ўро ба ҷунбиш нахоҳад овард ва агар зиштӣ ба ў расад ба шўру ғавғо нахоҳад омад.

Оромӣ –нафси инсон дар душманогарӣ ва ҷангу набарде, ки ба хотири муҳофизати иззату номус зарур мегардад, сабукӣ ва ноустуворӣ нишон намедиҳад.

Шаҳомат — нафси инсон барои фароҳам овардани корҳои бузург ва аз ҷиҳати чашмдошт хуб ҳарис бошад.

Таҳаммул – нафси инсон барои ҳосил намудани корҳои писандида узвҳои баданро бисёр фарсуда хоҳад гардонд.

Хоксорӣ – худро нисбат ба онҳое, ки дар ҷову мақом поён бошад афзал нашуморад.

Номус — дар муҳофизати миллат ё ҳурмату эҳтиром нисбат ба чизҳое муҳофизати онҳо ногузир аст. Сустию саҳлангорӣ накунад.

Меҳрубонӣ – нафси инсон аз мушоҳидаи ғаму дарди ҳамҷинсону ҳамтабақони худ мутаассир мегардад ва ҳаяҷоне, ки дар кору амали вай ба вуҷуд меояд, зоҳир мегардад.

Иффат – фазилатест, ки инсон вобаста ба раъю тамизи саҳеҳ бар шаҳватҳояш тасарруф кунад, то ки ба онҳо мутеъ нашуда, озод бошад.

Дувоздаҳ қисмати иффат – 1. Ҳаё, 2. Мадоро, 3. Покӣ, 4. Мусалам, 5. Осудагӣ, 6. Сабр, 7. Қаноат, 8. Тамкин, 9. Порсоӣ, 10.Интизом, 11. Озодӣ, 12 Саховат.

Ҳаё — маҳдуд кардани нафс аст аз хавфе содир шудани рафтори қабеҳ ва ҳазар аз мазаммату таҳқири содиқона.

Мадоро – итоат кардани нафс ба корҳое, ки аз тариқи бахшидани чизе ва хасисона некўӣ кардан, сурат мегирад.

Покӣ – нафси инсонро барои мукаммал гардиданаш майлу рағбати самимӣ ба чораву тадбирҳои хушоянд ва писандида ба вуҷуд ояд.

Мусалами – муросо ва мадороест, ки дар нафс аз малакаи беистироб ҳосил мешавад.

Осудагӣ – он аст, ки нафси инсон ҳангоми ҳаракати шаҳват ором буда, ҳокими лаҷоми хеш бошад.

Сабр – муқовимати нафс аст, дар баробари ҳавову ҳавас то нафсро дучори лаззатҳои зишт насозад.

Қаноат — дар хўрдану пўшидан ва оростан саҳлгир будан аст. Тамкин – ҳолати нафс аст, ки умурро нек андоза намуда, онҳоро

бо тартиби шоиста раҳнамоӣ мекунад.

Порсоӣ – зарурати корҳои некўест, ки дар онҳо камоли нафс ниҳон аст.

Интизом – андоза ва низоми корҳо бар асоси ҳатмӣ ва зарурӣ будани онҳо малака ва одат шавад.

Озодӣ – фазилати нафс аст. Ба василаи ҳуррият аз як тараф мол ба даст меояд ва аз ҷиҳати дигар чизи ба дигар кас лозим буда дода мешавад.

Саховат – воситаи мобайни байни доду гирифт ба он маъно, ки молро ба кӣ, ба кадом миқдор ва барои чӣ бояд сарф кард. Зери саховат фазилатҳои дигаре низ ҷой дорад. Аз ҷумла: карам, ийсор, қубл, мувосот, самоҳат ва мусоҳамот. Карам – дар умури олиқадру сернафъ моли зиёдатиро ба осонӣ сарф кардан мебошад. Имтиёз –(имтиёз) – фазилоти нафс буда, инсон ба воситаи он аз баъзе аз ҳолатҳое, ки хош ўянд, даст мепошад, то андозае, ки онҳоро ба шахси ҳақдоштае бахшад.

Нубл – (асилӣ)- хурсандфии нафс аз иҷрои корҳои азим буда хурсандии он аз зарурати ин ин сират аст.

Мувасот (ёрӣ)- ин ҳамкории дўстону ҳақдорон ва иштироки онҳо дар амвол ва ақвот мебошад. Самоҳат (олиҳимматӣ) – бахшидани баъзе чизҳое, ки возиб намебошад. Мусомаҳот (нармдилӣ)- ин тарки баъзе чизҳое аст, ки воҷиб аст.

Ҳамаи ин амал аз рўи иродаю ихтиёр мебошад. Яъне иффат фазилатест, ки ба ҷавҳари ахлоқ алоқаманд аст.

Адолат – фазилати нафсест, ки аз якҷояшавии ҳикмат, иффат ва шуҷоат ҳадис мешавад. Ин ҳодисшавӣ фазилатҳои мазкурро ба якдигар созиш дода, бо қувваи ягона тобеъ будани онҳоро тақозо мекунад, то ки барои мақсадҳои худ ба зурӣ ё ба сустӣ роҳ надиҳанд. Ба воситаи адолат дар ниҳоди инсон ҳайате ҳадис мешавад, ки бо ёрии он аввалан кас инсофро аз нафсаш ба нафсаш, сипас адолату талаби одамонро ба дигарон ихтиёр мекунад.

504
Нет комментариев. Ваш будет первым!