Навъҳои адолат дувоздаҳто мебошанд

Навъҳои адолат дувоздаҳто мебошанд

Садоқат(дустӣ ва ростӣ); 2.Улфат(унс пайдо кардан, ошноӣ); 3.Вафо;Шафқат; 5.Подоши меҳрубонӣ; 6.Мукофот;7.Ҳусни ширкат; 8.Дурустии қазоват; 9.Таваддуд— изҳори муҳаббат ва дўстии зиёд; 10.Мусолеҳа; 11.Таваккул– эътимод баХудо;12. Ибодат.

Садоқатмуҳаббати содиқест ва тавассути он ба ҷамеи воситаҳои дўстӣ ва аъмоли хайре, ки анҷоми он мумкин аст, афзалият дода мешавад.Улфат— мувофиқ омадани орою эътиқот аст. Он аз алоқаҳои тарафайн ҳадис мешавад. Тавассути улфат оиди ёрии тарафайн дар тадбирҳои айси эътиқот пайдо мешавад.Вафо— он аст, ки аз ўҳдадории созиш ва мувофиқат ба ҳамдигар ва дар дастгириву мададгорӣ аз ҳадди муайян гузаштанро ҷоиз нашуморад.Шафқат– аз ҳоли ғайримуносиб, ки ба касе расад огоҳ бошад ва ба он эҳсону саховат намояд.Подоши меҳрубонӣ– он аст, ки хешу табори худро дар хайроти дунёӣ шарик намояд.Мукофот– ба шахсе агар эҳсоне кунанд бояд ў дар муқобилаш эҳсони дучанд намояд, дар бадӣ бошад камтар аз он.Ҳусни ширкат– ин доду гирифт дар муомилот барои ҳама аз рўи эътидоли мувофиқ мебошад.Дурустии қазоват– ҳуқуқи дигарон дар муайян кардани ҳақиқат аз миннату пушаймонӣ ва надомат холӣ бошад.Таваддуд– талаби хайрхоҳии қодирону аҳли фазл буда, натиҷаи вохўрии нек ва аъмолест, ки аз онҳо ин муҳаббатро тақозо мекунанд.Мусолеҳа– гузашт кардан ба феълу рафторе, ки ба Худо ва шахсоне, ки эътироз ба онҳо ҷоиз равон набошад гузашт кунад ва бо хушӣ ва тозарўӣ онро қабул намояд, гарчанде, ки мувофиқи таъбаш ҳол набошад.Таваккул– дар корҳо ва ҳолатҳое, ки ҳаволаи он ба қудрату кифояти башарият вобаста нест ба ҳолатҳое, ки халқ дар он маҷоли тасарруф надоранд, нуқсон саросемагӣ ва ба таъхир мондан намебошад ва ба хилофи он майл накунад.Ибодат– таъзиму тамҷиди Худои аза ва ҷавл, матҳу санои Ў, итоат ба ў, икром кардани авлиёи ў аз қабили малойка пайёмбарон шайхҳо, имомҳо ва амал намудан бе он чӣ, ки шариат онро воҷиб гардонидааст.

Ба ҳамин минвол адолат дорои ҷиҳатҳои зайл мебошад: дар иҷрои ҷамеи корҳо содиқ будан; мувофиқ омадани орою эътиқод; дар кори хайр якҷоя амал кардан; дар бобби доду гирифт эътидолро риоя кардан ва омилҳои онҳоро қайд мекунад.

Маҷмўи фазилатҳои баёнкарда эътидолоте мебошад, ки тамоми онҳо ба адолат шомил мебошад. Худи адолат бошад, як ҳайати нафсонист. Ин ҳайати нафсонӣ на феълӣ аст ва на маърифату на қувват. Чунки феъл берун аз ҳайати нафсонӣ воқеъ мешавад. Масалан шахсеро дидан мумкин аст, ки амали одилона мекунад, вале худ одил нест.

Фазилатҳои чоргонаи ахлоқӣ инчунин барои ба ҷо овардани муомилотест, ки ҳастии инсон ба онҳо комил намешавад. Барои ҳамин ҳам адолат барои дуруст кардани ин муомилот зарур аст, зеро ба воситаи адолат ҷабру ситам зоир мегардад.Иффат– фазилатест, ки нафсу баданро аз лаззатҳои бад эмин нигоҳ медорад. Шуҷоат – барои рафъи корҳои хатарнокест, ки инсон ба онҳо дучор мешавад ва аз онҳо ҷои гурез нест. Муҳимтарин омилҳои хориҷие, ки ба воситаи онҳо ин фазилатҳо аз худ карда мешавад – омўхтан ва бо мардум омезиш будан аст. Омўхтан нафси моро тарбия намуда, роҳу усули аз васвасаи шаҳват ва қувваи ҳосилшудаи он худро нигоҳ доштану аз разолатҳо дур буданро мефаҳмонад. Омезиш бо мардум дар ниҳоди мо рўҳи иҷтимоиро парварида, ба майли танҳоию худпарастӣ муқовимат мегирад.

. Фазилатҳои инсонӣ

Мақому манзалаи илми ахлоқ барои инсон мавқеи муайян дорад. Инсонҳо дар ҳаёт бо ризолатҳои гуногун дучор мешаванд. Муаллим ё мураббӣ аз ин амроз воқиф будан метавонад хулосаи дақиқ барорад. Амрози нафс аз рўи разолати худ ба сифатҳои зерин ҷудо мешаванд: бўздилӣ, ҳарҷоӣ, ҷоҳилӣ, ҳилагарӣ, бераҳмӣ, ҳақирӣ ва амсолӣ онҳо.

Разолатҳои нафсонӣ аз эҳсосҳои мухталифи нафс ба вуҷуд омада, муҳимтарини онҳо ғозаб, хавф ва ҳузн мебошад, агар инсон хоҳад, ки нафси худро сиҳат нигоҳ дорад, бояд ҳамчун роҳбари хирадманд рафтор намояд. Барои инсон лозим аст, ки афъоли худро бар зидди душманони худ аз қабили ҳарисӣ, баднафсӣ, ғозаб, ҳузн, ҳасад, кибру ғурур, дунҳимматӣ, зиндагӣ ва соири амрозе, ки инсонро аз ноил шудан ба фазилат боз медорад, омода созем. Яъне ба қадри дарпорӣ сабр кунаду фурўтанӣ нишон диҳад ва нафсонро аз майли шаҳватҳои бад нигоҳ дорад. Аз ҷумла ғозоб, пайдоиш ва ниҳояти он шабеҳи соиш хурдан аст. Шахс ба ғаззаб омада ба ғоре монанд аст, ки дар он оташ сўхта истодаасту дуду алангааш банд шуда, ҷои баромад надорад. Ҳар ки бо мақсади хамўшкунӣ ба он наздик шавад, сабаби боз ҳам шиддат ёфтани аланга мегардад. Дар чунин вазъиятшахси ғозит ба куру кар монанд буда, ҳар гуна маслиҳату насиҳат баръоне мояи ғозоби ўро зиёд мекунад. Барои паст кардани ғозаб дар ин ҳолат роҳ ёфтан ғайриимкон аст. Uозаб дар тамоми мардум як хел намешавад, балки вобаста ба мизоҷи хоси ҳар як фард дигаргуншуданаш мумкин аст. Масалан, шахси беҳад гармиҷоз зуд ғозабнок мешавад. Нафс якбора аланга гирад, онро хомўш кунонидан маънӣ надорад, зеро ҳар як кўшише хамўшкунӣ ба осонӣ ҳезум партофтану оташи онро дучан кардан аст. Натиҷаи ғозаб бадкорӣ ва ояндааш надомату ҷазоро дер ё зуд ба вуҷуд мерад. Ба омилҳои ғозабовар худписандӣ, ифтихор, шокку шубҳа, устуворӣ, шухӣ, иззати нафс, (ҳавобаландӣ), тамасхун, аҳдшиканӣ, зулм ва ғайраҳо дохил мешаванд. Ифтихор- худситоӣ ба ашёи беруна мебошад, касе, ки бо чизҳои берун аз худ худситоӣ мекунад, вай ба чизе ифтихор дорад, ки онро молик нест. Ифтихор чизи ориз буда ҳар ки хоҳад ифтихор кунад, ҳақ дорад, вале шахс бояд ба фазилатҳое, ки ба аслу насаби кас алоқа надошта ба қувваи нафсу қудрати худ вобаста ифтихор кунад.

Хавф– марази дигари нафсонӣ буда, аз бадбахтиеро нигарон буданд фалокатеро интизор шудан ориз мешавад. Нигаронӣ ва интизорӣ ба ҳаводиси замони оянда тааллуқ дорад. Он ҳаводис мумкин азим, хурд, воқеӣ ё ин ки эътимолӣ бошанд. Сабаби ҳадис шудани умуми эътимолӣ шояд мо бошем, ё каси дигар. Шахси оқил набояд аз ҷамеи он ҳаводис тарсад. Умумури эътимолӣ, низ чизи мобайнӣ буда, ба воқеъ шудан ё нашудани амре ишора мекунанд. Яъне ҳаводис, ки воқеъ шудан ё нашуданаш маълум нест, хавфи беҳуда набояд бурд. Инсон бояд пеш аз ҳама барои худаш, ки барои дигарон масъулият ҳис кунад. Ў бояд барои худаш нақша кашаду ба хубию бадии он нақша масъул бошад.

Аввалин чизе, ки инсон ба он моилу рағбат пайдо мекунад, илму маърифатомўзӣ мебошад. Ин шавқи илмомўзӣ инсонро бо роҳи мустақиму мақсадҳои тоза мебарад, то ки ғояҳои худро иҷро кунад, зеро он саодати томи вай аст. Инсон дар дараҷаи аввал фазиллатҳои наздиктару ба худ мувофиқро қабул мекунад. Аз ин рў, ба тарбиядиҳандагон зарур аст, ки ҳар як тарбиягирандаи худро ба сўи саодати хоси вай ташвиқ намуда, вобаста ба мартаба ва мавқеи онҳо якеро барои аз худ кардани усули ақлӣ ва дигареро ба сўи санъату аъмоли ҳиссӣ тарғиб намояд.

Адабиёт.

1.Гусейнов А. А. Золотое правило. Нравственности —

М., 1980.

2.Гусейнов А. Краткая история этики. М., 1989.

3.Бердяев Н.А. О назначение человека. М., 1993.

424
Нет комментариев. Ваш будет первым!