Меъёрҳои асосии ахлоқи инсон

Ҳар як илм дорои меъёрҳои хосу муайяни худ мебошад. Фалсафаи ахлоқи низ дар худ меъёрҳои хосаи санҷиши рафтору кирдори одамонро, ки ба воситаи онҳо ҳукм ба хуби ва бади мешавад, ғунxонида аст. Агар тифле ва ё шахсе кори хуб ва ё бадеро анҷом диҳад, мо дар сатҳи худ ва ҷомеъа дар сатҳи худ ҳамчун довар баҳо медиҳад. Фазилатҳои неки инсониро таблиғу тарвиҷ намуда, одамиро барои ба онҳо тан дар додан раҳнамои менамоянд, вале разилатҳову ахлоқи қабеҳро ҳукми бади дода, одамиро аз онҳо дур месозанд. Саволе ба вуҷуд меояд, ки мардум ва ҷомеъа бар асоси кадом меъёрҳо довари мекунад ва ҳукми худро мебарорад?

Дар ин бора низ дар илми ахлоқ назариёту ақидаҳои гуногуне вуҷуд доранд. Гурӯҳе бар ин ақидаанд, ки ахлоқ дорои усули собит набуда, қонунҳои вай ба тариқи зарури устувор намебошанд, вале гурӯҳи дигаре лаззатпарастиро дар ахлоқ волотар медонанд. Онҳо чунин мешуморанд, ки он чи барои инсон лаззатбахш ва шодиофарин аст хуб ва зарури қабул аст ва ҳар он чизе ки садди роҳ ва монеъи расидани инсон ба шоди ва сурур мегардад бад мебошад.

Ин нуқтаи назар аз решааш ғалат буда, ҷанбаи ҳаёти ва илми надорад. Худи лаззат чист? Лаззат ин… Лаззатҳо умуман гуногун мешаванд. Чи гуна лаззат? Фарди ва умуми, зудгузар ва давомдор, модди ва маънави, фоникунанда ва ҳаётбахш. Ё ин ки шоди ва масти лаҳзае барои мо падид меоваранд, вале сабаби гирифтори ва парешони мешаванд.

Як гурӯҳи муҳаққиқон ба он ақидаанд, ки тамоюли табиии инсон метавонад васила ва раҳнамои шинохти баду нек гардад. Мақсад аз ин тамоюл ҷанбаҳое мебошад, ки манфиатҳои моддии инсон аз он сарчашма гирифта ҳадафи аслиашон танҳо хоҳиши моддиёт мебошад.

Илми ахлоқ ва таҷрибаи инсоният нишон медиҳад, ки пайрави намудан ва қонеъ кунонидани куллия майли табии инсон ӯро ба забуни ва хори оварда, пойбанди сиришти паст месозад. Ин амал ҳаёти иҷтимои, оила, амнияти иқтисоди ва сиёсиро хароб сохта, дучори хатар менамояд. Нидои сиришти ва табиии хешро инсон наметавонад пурра қонеъ намояд, чунки онҳо беинтиҳо буда, ҳисоби онро дарёфт намудан хеле мушкил аст. Дар сурате, ки инсон тамоми талаботи сириштии худро қонеъ намуд, ҳаёти ӯ сурати ҳайвони пайдо мекунад. Дар таърихи башарият бисёр воқеаҳое ба сабаби ғуломи сиришти хеш гаштани сиёсатмадорон ба вуҷуд омадаанд, ки ҷомеъаҳоро ба хоку хун кашида хатиҳоро барбод додаанд.

Ҳастанд боз муҳаққиқоне, ки ба андешаи онҳо, ки хуб он чизе мебошад, ки ба фоида ва манфиат бино ёфта бошад. Ин ақида ба он мебарад, ки ҳар он чизе, ки ба молу пул ва сарватҳои модди мерасонад хубу нек буда, ҳар он чизе, ки моро аз онҳо дур месозад бад мебошад.

Ин ақида низ мисли ақидаи волои қобили қабул набуда, ба маҳдудиятҳо такя менамояд. Бисёр дастёбиҳо ба фоида ва ба даст овардани молу пули зиёд ба қимати хори ва забунии дигарон ба даст меояд. Дар асоси ин ақида андешаҳои зикршуда тамоми воситаҳоро xуброн месозад, ки ин худ зидди ҳасти ва ҳамоҳангии ашёҳо мебошад. Яъне барои молу пул ба даст овардан танфурӯши, фиреб, дурӯғ, ҳилла, такаллуб, дузди, одамкуши ва ғайра мумкин аст. Хуб қазоват кунед ва хулоса бароред, ки ин аъмол ҷомеъаро ба чи меорад? Чио қадар ин қабил ақидаҳо башариятро аз тараққи боз медоранд ва сари мардум яъсу ноумеди оварда, сиришти ҷомеъа ва мардумро хароб месозанд.

Гурӯҳи аз таҳқиқгарони илми ахлоқ чунин иброз медоранд, ки меъёри аслии баду некро аксарият муайян месозанд. Яъне, он чи, ки аксарият тарафдори он мебошад неку буда, он чизеро ки бад мешуморад, қабеҳ мебошад. Аз ин сабаб аз дунболи аксарият рафта, ақоиди ақалиятро ба назар нагирифтаанд. Дар ин ҳолат оммаи торик пирӯз гашта, назариёти илми ва саҳеҳву дуруст пушти по зада, ақида ҳукмфармо ва довар аст адолат ба неки нахоҳад буд. Чуноне ки гуфтем аксарияти дар xомеъаро табақаи омма ташкил медиҳанд, ки ҳамагон аз тамоми проблемаҳо ва роҳои дурусти таҳзиби ахлоқ ва сиҳати ҷомеъа огоҳ набуда, танҳо доир ба проблемаҳои мавҷудаи худ дарак доранд. Илова бар ин дар мавқеи роҳбарии ақидаҳои аксарият ҳолати гумноми вуҷуд дорад, ки ҳеx кас маъулият эҳсос намекунад. Агар роҳбар ҳар чизе гуфт дигарон низ бидуни фикру андеша аз дунболи он мераванд, чунки фарқият нобуд шудааст, ки ин худ зидди офариниш буда, инсонҳоро ба робут табдил медиҳад.

Гурӯҳи дигаре бошанд бар он андеша такя мекунанд, ки мувофиқи он ҳар он чизе, ки олимон ва равшанфикрон мегӯянд ақидаҳои онҳоро дуруст шуморида, аз онҳо бояд ҳамаҷониба истифода намуд. Ҳар он чизеро ки онҳо хубу нек мешуморанд неку пазируфта, бадшинохтаи онҳоро бояд бад шумурд.

Ин ақидаҳоро низ наметавон ба ҳайси назария саҳеҳ пазируфт. Ҳар як шахс, аз он ҷумла файласуф ва олим низ, аз хатогиҳо ори намебошанд. Бо гузашти вақт ақидаҳои олимон ва файласуфон тағйир ёфта, ҳатто қисмати зиёди онҳо аз ақидаҳои аввалини худ дар охири умр даст мекашанд. Ин далолат аз он медиҳад, ки як шахс наметавонад аз тамоми ҷиҳатҳои ҳаёти инсон ва ҷомеъа дарки кофи дошта бошад. Илова бар ин ояндагирии онҳо маҳдуд буда, наметавонанд дар бораи фаъолиятҳо он чуноне ки воқеъ хоҳад шуд, тасмим бигиранд. Ҳатто қисмати аъзами олимон ба хотири ҷою мансаб аз роҳи ҳақ дур рафта, ҷонибдори маҳдудиятҳои нисби мегарданд.

Баъзе аз файласуфон ба он амр қоиланд, ки қудрати давлат ва истибдоди ӯ хубу бадро тафкик менамояд. Масалан Гобс, Микиавели ва ғайраҳо тарафдори истибдоди давлати буда, ба тақвияти давлат пардохтаанд.

Ин ақида низ нодуруст буда ҷавобгӯй ва салоҳдиди асли хубу бад шуда наметавонад. Сабабаш дар он аст, ки дар асоси моҳияти вуxуди ба мустаҳкам намудани сохтори худ пардохта, он чизеро хуб xилва медиҳанд, ки аз манфиатҳои онҳо тарафдори намуда, он чизе ки бо фаъолият ва сохторашон дар ҳолати тазод аст, бад нишон диҳанд. Ин ақида низ фарқиятро дар инсонҳо нест намуда, онҳоро аз асли мабдаъи ахлоқ дур месозад ва ба бозичаи ҳукуматдорон ва сохтори давлати табдил медиҳад.

Қобил ба тазаккур аст, ки аз сабаби маҳдудиятҳое, ки дар дарку фаҳми одамон ва оянданигириву ояндабинии башар вуҷуд дорад ахлоқи одамон дар кадом дараҷаву рутбае набошанд ҷонибдорони андешаҳои зикршуда салоҳияти чунин довариро надоранд. Онҳо низ махлуқе ҳастанд, ки дорои маҳдудияти ахлоқи ва илми мебошанд. Ахлоқ ва илм дар ҳеҷ ҳолат пурра дар маҳдудиятҳои нисби такя карда наметавонанд ва ҳамеша руҷӯъ ба мутлақияти хеш ва асилияти худ, ки мабдаи онҳост, доранд.

Аз ин сабаб асоси ахлоқ, яъне хубу бад арзишҳои аслии умумибашари ва мабдаъи аслии онҳо буда, танҳо довари асли шуда метавонанд. Гузашта, оянда ва имрӯза танҳо дар асоси онҳо муайян мегардад. Он офаридгоре, ки инсонро офарид ба зеру буми вуҷудаш огоҳ буда аз ҳама асрори саодат ва бадбахтии ӯ сар дар меоварад. Бинобар ин зарур аст, баъзе андешаҳоро дар атрофи меъёрҳои ахлоқи баён сохт

Умуман ахлоқ аз даврони Юнони қадим шурӯъ карда ҳамчун ченак-меъёри фармонравоии инсон бар худ, нишондиҳандаи он ки инсон то чи андоза дорои масъулиятҳои хос аст, фаҳмида мешуд.

Дар «Зиндагинома»-и Плутарх чунин далеле оварда мешавад, ки мутобиқ бар он дар замони мусобиқа яке аз панҷҳарбагон тасодуфан ба воситаи найзаи худ шахсеро ба қатл мерасонад. Перикл ва Протогор-ду тан аз файласуфони шинохта-тамоми рӯзро дар баҳсу мунозираи он ки дар ин ҳодиса ки гунаҳгор аст гузаронидаанд.- найза, оне ки ӯро андохт, ва ё оне ки мусобиқаро ташкил кардааст? Ин мисол аз он шаҳодат медиҳад, ки мулоҳизоти ахлоқи сабаби пайдо кардани гуноҳҳо ва масъулият гардида, масъалаи фармонравоии инсонро қабл аз ҳама ба худ нишон медиҳад. Ахлоқ чуноне ки аз моҳияти калима бармеояд, бо хислат ва шавқу рағбат пайванд ва робитаи бевосита дорад. Агар аз инсон ҷисму ҷон ва ақлу рӯҳ ҷудо карда шаванд, дар он сурат ахлоқ хусусияти сифатии рӯҳи ӯ мегардад. Ҳангоме ки дар бораи инсон зикр месозанд, ки вай самими аст дар ин ҳолат одатан онҳо меҳрубони ва ҳассоси ӯро дар назар доранд. Вале дар сурате ки ӯро бераҳм меноманд, ин маънои онро дорад, ки e бадқаҳр ва золим мебошад. Нуқтаи назарро ба ахлоқ ҳамчун муайянкунандаи сифати рӯҳи инсон Арасту дохил намуда буд. Дар айни замон зери мафҳуми рӯҳ ва ё «ҷон» e чунин як оғози фаъолона, фаъолияти-рӯҳиро дар инсон мефаҳмид, ки он қисматҳои ақлони ва ғайриақлониро дарбар гирифта буд. Ин худ ҳамкори, ба ҳам воридшави ва синтезро муайян месохт.

Оғози ғайриоқилона табиияти фардро, нерӯи виталии ӯ, қобилияти собиткунии вай ҳамчун умумия ва ягонаги, махлуқи эмпирики-воқеъи ташкил медиҳад, ки он ҳамеша субъективи, боғаразона ва интихоби мебошад. Ақл қобилияти инсонро дар бораи олам барои муҳокимаи дурусту саҳеҳ ва объективи санҷидашуда муҷассам месозанд. Сарфи назар аз он ки дар равандҳое новобаста аз ақл сурат мегиранд, лекин онҳо низ қисман вобаста ба ақл мебошанд. Онҳо новобаста дар сатҳи вегетативи ба вуқӯ мепайванданд ва дар тамоми он чизҳое, ки бо лаззат ва шиканҷа кашидан ҳамбастаги дорад вобаста ба зуҳуроти эҳсосоти инсон мебошанд. Рағбат ва хоҳиши инсон дар ҳамкори бо ақл ва ё муқобили ӯ амали гарданд. Дар ҳолате, ки лаззат бо ақл мувофиқ бошанд ва инсон дониста амал намояд, мо назми накӯкори ва комили қалби инсонро мебинем, вале дар ҳолате, ки лаззатҳо кӯр-кӯрона амал мекунанд ва онҳо бар фард фармонравои менамоянд, мо низоми рӯҳи иллатнок ва нокомилро мебинем. Ахлоқ дар ин маврид ҳамеша ва дар ҳолати эътидол ва ҳадди авсат амал мекунад, он ба ҳолати зоҳидон ва ё орифон наздик буда, дар он қобилияти инсон дар ҳолати маҳдуд ва манъ кардани хоҳишоти табии вай беқайду басти эҳсосот муқобил меистад. Дар тамоми давру замонҳо ва дар байни ҳамаи халқҳо ахлоқ ба сабру таҳаммулот ва тамкин монанди ва умумият дошт. Албатта ҳангоме, ки мо дар бораи тахаммул сухан мегӯем ҳадаф аз худдории инсон нисбат ба худписандию худхоҳии он меравад.

Дар миёни хислатҳои ахлоқи яке аз ҷойҳои аввалинро ҳамеша хислатҳое аз қабили тамкину мардонаги ишғол менамоянд, ки он шоҳид аз нерӯи бузурги ботинии инсон дар муқобили лаззатпарасти, танпарасти ва тарсу ваҳм ва дар муқобили ғаризаи нерӯманди табиати ҳайвонии инсон истодагари кардан ва бар он ҳукмфармои намуданро нишон медиҳад.

Аз ин гуфтаҳо метавон хулоса намуд, ки зуҳду тақво худ ба худ накӯкории ахлоқи нест ва сарватҳои зиндаги барои қонеъ кардани талаботҳои ҳиссии инсон сабабҳои бадахлоқии инсон бошанд. Ҳукмфармои бар иллатҳо ва идоракунии хоҳишҳои ботинии инсон маънои фурe нишондан ва ё аз байн бурдани онҳоро надорад. Худи хоҳишоти ҳиссии инсон метавонанд возеҳу равшан ва бо ақл ва талаботи он созгор бошанд, инчунин бо тақозои дурусти ақл пайрави намоянд. Онҳо, чи тавре ки Арасту баён кардааст, метавонанд бар ақл ба мисли он ки аспҳои саркаш ба фойтунчи муқобилият менамоянд, пофишори намоянд, вале ҳамзамон метавонанд бар ақл гeш диҳанд ва дар чаҳорчӯбаи талаботи он амал намоянд, масалан ба монанди он, ки писар ба сухани падар гӯш медиҳад ва гуфтаҳои онро мекунад. Хулласи калом ду масъаларо бояд аз ҳам фарқ кард: таносуби ҳадди аксари ақлу эҳсосот (хоҳишоту тамоюлоти ҳиссҳо) чи гуна аст ва чунин таносуб чи гуна ба даст меояд?

Умуман ҳаракати эҳсосоти панҷгонаи инсон дуруст аст ва на бар он сабабе ки ақл ба сифати оғози накӯкори хидмат менамояд. Дар ин бора Арасту ва xонибдорони шарқии e аз он xумла Фороби, Мискавайҳ, Ибни Сино, Насриддини Тeси ва дигарон зикр намудаанд. Агар воқеан эҳсосот дуруст равона шуда бошанд, он гоҳ ақл низ қоидатан, аз паси онҳо меравад. Вале агар сарчашмаи накӯкории инсон ақл бошад, он гоҳ эҳсосот бошад аксаран ба он муқобилият нишон медиҳанд. Аз ҳама ҳолати муносиб он аст, ки талаботи бо ҳаракати эҳсосот мувофиқ бошад ва дар байни онҳо ҳамоҳанги ҳукмфармо бошад.

Камолоти ахлоқии шахс, оғози муносибатҳои боақлона ва беақлонаи вай нишондиҳандаи он аст, ки ахлоқ сифати хоси инсони мебошад. Вай ба ҳайвонот тааллуқ надорад, зеро онҳо аз ақл маҳруманд. Он танҳо ба инсон хос аст, чунки инсон ҳам ақл ва ҳам ҳис мавҷуданд. Бад-ин маъни, ки агар ахлоқ ченаки боақлии инсон бошад, инчунин ӯ ченаки инсонии инсонро ташкил медиҳад.

Ақл эҳсосот ва хоҳишотро ба кадом сe равона месозад, ё ба таври дигар гӯем, маънии пайрави намудани ҳисҳо бар ақл чи маъни дорад? Магар зишткори ботаҳаммулу хунсард, ки ҷинояти хуб андешидашуда ва зеҳнан комилро амали намудааст, оё аз ақл истифода накардааст?

Рафтори оқилона ҳамон вақт аз нигоҳи ахлоқ комил дониста мешавад, ки ба ҳадафи комил равона шудааст, бошад, яъне ба ҳадафе, ки бешарту қайд мутлақ ҳисобида мешавад ва ба сифати манфиати воло эътироф гардидааст.

Ба ибораи дигар қаблан ниҳоии рафтори оқилона бо ҳадафмандии он мувофиқат менамояд ва ба таври идеали ва дар шакли ҳадафманд он натиxаеро, ки натиxаи ҳадафманди ҳаводис буда, бо он иртиботи сабаби ва ниҳои дорад дар худ меғунҷонад. Дар ин ҳолат натиҷаи ниҳои, шакли идеалии ҳадафро аз худ намуда, сабабе мегардад, ки дастгоҳи фаъолиятро ба кор медарорад.

Бо иллати ин фаъолияти инсон гуногуншакл буда, мувофиқан ҳадафҳое, ки дар он низ амали мешаванд гуногуншакл мебошанд. Дар айни замон ҳадафҳои гуногун байни якдигар зина ба зина бо ҳам иртибот доранд ва агар онҳо дар як ҷое ҳадаф бошанд, дар ҷои дигар восита мегарданд.

Барои мисол, донишҷӯ дарс мехонад, то ин ки имтиҳон супорад, имтиҳон барои ӯ — ин ҳадаф аст. E имтиҳон месупорад, то ки маълумоти оли гирад, акнун ҳадафи ӯ ба даст овардани маълумоти оли гардид, имтиҳонҳо бошанд — танҳо восита барои ин аст. E маълумоти оли мегирад, то ин ки мақоми бонуфузеро дар ҷомеа соҳиб шавад. Акнун ҳадаф нуфузи иҷтимои аст, аммо дарёфти маълумоти оли восита гардидааст. Нуфузи иҷтимои низ дар навбати худ барои инсон барои кадом як амре зарур аст. Чунин ҳолати гузариши ҳадафҳо ба восита дар ҷараёни мубодилаи уфуқии фаъолиятҳо ҷой пайдо менамояд. Масалан, қаламеро, ки шахсе барои суханрони истифода мебарад, ҳадафи фаъолияти кормандони корхонаи қаламсози махсуб мегардад. Барои шахси суханрон бошад, он восита аст, зеро ҳадафи вай суханрони кардан аст. Суханрони дар навбати худ, барои донишҷӯёне, ки онро мешунаванд аллакай восита барои ҳадафи дигар — яъне омӯзиши фанни муносиб мебошад. Аммо омӯзиши фанни муносиб бояд барои кадом як кори дигар зарур аст.

Силсилаи иртиботҳои ҳадафу воситаҳое, ки фаъолияти инсонро идора мекунанд, тамоюл бо беҳудудиро дорад, ки он фаъолияти бе дорои мазмун ва ғайримумкинро чун матлуб мегардонад. Барои он, ки тавр нашавад, лозим аст эҳтимоли мавҷудияти кадом-як ҳадафи ниҳоиро ба гунаи ҳадафи ҳадафҳо пешбини кард. Чунин эҳтимолиятро бар асоси он тарҳрези кардан лозим аст, ки мавҷудияти ҳадаф ва фаъолияти ба он расидан охирин ҳадафи ниҳоиро ақлии мулоҳизашударо дар бар гирад ва олоти онро ба кор дарорад. Ҳадафҳои мухталиф ҳар кадоме нисбат ба дигаре восита шуда, низоми воҳид ва ягона ташкил медиҳанд ва фаъолияти ягонаро дар худ меғунxонад.

Ҳадафи ниҳои ва охирин нуқтаи мутлақои ҳисоби фаъолияти инсон мегардад. Бад-ин мазмун он қоидаеро ба вуҷуд меорад, ки бар асоси он метавон фаъолияти инсониро ҳамчун фаъолияти ҳадаф монд ва матлуб андешид. Дар хусуси ҳадафи охирин чизе гуфтан ғайри имкон аст ба ҷуз он ки e охирин аст. E худ ба худ дилхоҳ, дорои ҳадаф ва мақсади ягона аст. Тамоми ашёҳои дигар барои ақлона худи e ҳаргиз наметавонад нисбат ба ашёи дигар восита бошад. Он наметавонад дорои ашёи таҳсин бошад, зеро таҳсин кардан мавҷудияти ҷанбаи нисбатан волоро эҳтимол дорад, он эҳтироми бе шарту қайдро ба вуҷуд меоварад. Ҳадафи охирин дар айни замон ҳадафи оли аст ва танҳо дар дурнамо мазмун мегирад ва барои баҳодиҳии тамоми ҳадафҳои дигар даст медиҳад ва шароит ба вуҷуд меорад. Илова бар он ҳадаф барои инсон ҳамчун нафъ мебошад, зеро он ҳамон чизест, ки ӯ камбуд дорад ва бо он мекӯшад. Азбаски ҳама гуна ҳадаф нафъ, яъне хуб аст ва ҳеҷ ҳам набошад нисбатан, барои кадом касе ва барои чизе, дар ин ҳол ҳадафи охиринро метавон нафъи оли номид. Нафъи оли мутлақо аст, он ба фаъолияти инсон дар шакли умуми хос мебахшад, хусусияти умумии мусбати он изҳор медорад.

Ин ақидаро метавон бо ибораи дигар изҳор намуд. Инсон ҳамеша барои неки кӯшиш менамояд, вале ин ҳам маълум аст, ки кори нек низ акси худро дорад ва аксаран дар шакли бади зоҳир мегарданд. Масалан, инсон дар талоши он аст, ки сарватманд шавад, лекин дар ҳолате, ки сарватманд шуд, барои худ ошкор месозад, ки вай дучори ҳасудон гардидааст ва дар вуҷуди ӯ асосу бунёди як навъ тарс хона кардааст, яъне тарси аз даст додани сарвату ғановат. Инсон ҳамеша барои дарёфти дониш рағбат дорад, аммо ҳарчанд e дар ин роҳ бештар ҳаракат кунад, ҳамон қадар парешонхотири, шубҳаҳои зиёде дар вуҷуди ӯ зоҳир мешаванд, зеро дар хиради бисёр андeҳи зиёд нуҳуфтааст. Саволе ба миён меояд, ки оё чизе ҳаст, ки худ ба худ ҳамеша нек бошад ва он ҳаргиз бад нагардад? Агар ҳамин гуна як чизе мавҷуд бошад, онро фоида ва ё нафъи оли меноманд. Азбаски инсон ҳаёти бошуурона ба сар мебарад, ин ҳаёти вай аз эҳтимолияти мавҷуд будани фоидаи оли сар мезанад.

Инсонҳо дар шаклҳои гуногун барои худ манфиати олиро тасаввур ва тафсир мекунанд. Ва чуноне ки қаблан зикр намудем манфиати олиро яке дар айшу лаззат, дуввуми дар фоида, сеюми дар ишқи илоҳи, чаҳоруми дар хушу хурсанди ва ғ. мебинанд. Вале тамоми онҳо ба шакли возеҳ ё ғайривозеҳ ба натиҷае мерасанд, ки барои инсон кӯшиш ба сӯи манфиати оли ва воло хос аст. Зеро инсон дар ҳаёти бошууронаи хеш бояд ягон нуқтаи такягоҳии мутлақ дошта бошад, бояд ба номаҳдуде рӯй овард, ба ҳар номе, ки ӯро мешиносад ҳамчун ҳақ бар он саxда намояд ва имон оварад.

Дар занҷири иртиботи ҳадаф-восита, талабот билохира дар як ҳадафи худкофиро хотима меёбад, вале майлон ба манфиати оли ба таври асоси бо хусусияти инсон, мақоми махсуси он дар оламу кайҳон иртибот дорад. Қобилияти зиндагии тамоми мавҷудоти зиндаи олам, аз ҷумла махлуқоти оли, ки бо инсон дар робита ва ҳампайванд, қаблан тарҳ ва барномарези шудаанд. Он меъёру андозаи худро дар хеш ғунҷонидааст, лекин инсон дар ин силсила истисно мебошад. Дар рафтори ғ муқаррарот ва барномаҳои қаблан тарҳрезишуда ва воридшуда мавҷуд нест. E худ дар асоси қавонини илоҳи ва ё меъёру қонунҳое, ки худ тартиб додааст аз рӯи он ҳаёт ба сар мебарад. Қобил ба тазаккур аст, ки тағиротҳои ҷузъии инфироди ва дар баъзе ҳолатҳо бузург дар ҳайвонот низ ба мушоҳида мерасанд. Вале ин тағиротҳо-танҳо тавлидкунанда дар атрофи чизи муайяне дар шакли ҳамешагии навъҳои рафтор мебошад. Инсон метавонад ва ҳатто маxбур аст навъи рафторро интихоб намояд. Одамони гуногун ва ҳатто ҳамон як одам дар ҳолатҳои гуногун метавонанд рафторҳои мухталифи инкоркунандаи амалро худро анҷом диҳанд. Дар ҳайвонот хусусияти табии манъи бародаркуши мавxуд мебошад, ки ҳолатҳои эҳсосотии зуҳури ҳаёт манбаи эҳсосоти фараҳбахш, вале дар ҳолатии марг (дидани хун, тарс ва ғ.) ҳисси нафратро ба вуҷуд меоварад. Аммо инсон чизи хосе буда, то андозае «озод» аст, ки ӯ бародаркуширо пешаи худ қарор дода аз ранҷу шиканҷа додани инсони дигар хурсанди намояд. (Масалан, зӯровари, таҷовуз ва ғайра). Инсон худ махлуқи нокомиле аст, ки дар нокомилии хеш ба худ вогузор шудааст. Ин хусусияти инсон дар он зоҳир мегардад, ки ӯ ҳеҷ гоҳ бояд худ бо худ баробар набошад ва дар раванди беохири ташаккул болотар аз хеш бошад. E қоидатан бо мавқеияти худ рози нест, ҳарчанд ки мавқеи вай баланд ва мусоид набошад, e ҳамеша чизи бисёртар мехоҳад, e дар талаби он аст, ки аз оне, ки ҳоло дорад, зиёдтар дошта бошад ва болотар бошад. Инсон ба худи худ то он дараҷае айният надоранд ва ҳамеша ҳамин айниятиро ҳамчун камбудию нуқсон қабул менамояд. E дар xаҳду талоши он аст, ки дигар гардад таҒир ёбад ва дар айни замон кeшиш бар он дорад, ки аз ин хоҳиши дигар шудан худро озод намояд. Дар фалсафа ва дигар шаклҳои фарҳанг дар марҳилаҳои ибтидои ташаккули ҷомеаи инсони тимсолҳои махсусе вуxуд доштанд, ки дар асоси онҳо олам дар шакли сохтмони ба итмом расидае аст, ки дар қисми поёнии он олами бебақо, дар қисмати боло олами ормони ва ҳолати абадии баробар бо худ, ки дар осмонҳо ҷойгир аст. Инсон бошад дар васати ин ду олам қарор дорад ва e на дар поин ва на боло аст. Вай дар рeи зинаест, ки аз поин ба боло мебарад. E дар роҳ аст. E пайвандгари замину осмон аст. Масалан, дар фалсафаи навафлотуния ҳангоми тафсири ҳастии инсони тимсолии инсоне истифода мегардид, ки он то миён дар об аст. Ин маънои онро дошт, ки инсон дар кайҳон мавқеъи миёнаро ишғол мекунад. Дар замони нав бошад нисбат ба инсон тимсолҳои муваққатии олам афзалият пайдо карданд ва зинаи охирини он дар масъалаи такомул барраси мешуд. Дар ин давра инсон ба сифати сарчашмаи асоси ва субъекти рушду такомул будани худро аз даст медиҳад. Дар ин ҳолат низ вай дар миёна мемонад, вале акнун дар миёни роҳи гузашта ва оянда. Рушду пешрави ва хоҳиши бо зeри ифшоҳ сохтани воқеъияти абаринсони оянда ормон ва шавқу рағбати асосии ӯ гардидаанд. Умуман кӯшиш барои такомул, ки худ он дар айни замон камолот аст, хусусияти фарқкунандаи инсонро ташкил медиҳад инсон на танҳо дар қобилияти дорои ақл будан матлуби ӯ, балки дар сафи дурнамоии ҳадафи охирин қарор гирифтани ин фаъолият низ зоҳир мегардад.

Рафтори оқилонаи инсон аз ибтидо ва ба таври табии ба манфиати волои инсони равона шудааст. Вай аз ихтироъкори бо он тавофут дорад, ки аз маҳорати соддаи пайдо намудани воситаҳо барои таъини ҳадаф иборат мебошад. Аз масъалаҳои корчаллони бошад бо он фарқ мекунад корчалонҳо ақлро дар хидмати ҳадафҳои дӯструктиви ва фосид қарор додаанд. Вале чи гуна метавон дарк намуд, ки дар воқеъ ақл ҳоким барои манфиати оли рӯҳбаланд шудааст?

Ҳадафмандии ақл барои манфиати оли дар иродаи нек зоҳир мегардад. Мафҳуми «иродаи некро» ҳамчун аломати махсуси ахлоқ Кант бунёдгузори кардааст. E дар иродаи нек бидуни шакку тардид манфиати ягонаро медид. Ба андешаи вай танҳо иродаи нек моҳияти арзиши ягона дорад. Барои ҳамин иродаи ҳам нек номида мешавад, ки он ҳаргиз наметавонад бад бошад ва бар зидди худ рeй овард, дар муқобили худ қарор гирад. Тамоми манфиатҳои дигар, хоҳ ҷисмони бошанд (саломати, қувват) хоҳ зоҳири (боигари, обрӯ), хоҳ рӯҳи (худдори, ҷасури) ва хоҳ ақлони (хотира, ҳозирҷавоби) ва гарчанде, ки барои инсон зарур набошанд, лекин онхо худ бо худ бе иродаи нек наметавонанд барои ҳадафҳои бад истифода карда шаванд. Аз ин рӯ танҳо иродаи нек дорои арзиши мутлақ мебошад.

Зери мафҳуми «иродаи нек» Кант қабл аз ҳама иродаи покро мефаҳмид, яъне иродаи пок аз андешаи фоида, ҳузуру ҳаловат. Мавҷуд набудани асосҳои хуписандона дар ин иродаи нек асоси мустақилияти он мебошанд. Нишондиҳандаи асосии иродаи некро метавон қобилият ба амалҳорое, ки ба инсон танҳо кадом як манфиат меоварад шуморид. Ба таври мисол, аз ду навъи имконии рафтори амали, ки яке аз онҳо ба инсон миқдори 1 млн сомони ва дигар-даҳ баробар бештар манфиат меорад, метавон ёд кард. Дар ин ҳолат инсон ба таври табии ҳатман дуюмиро интихоб менамояд. Бо вуҷуди ин боз кирдорҳое низ ҳастанд (масалан хиёнати дӯст, хиёнат ба Ватан), ки инсоне ки худро бо хулқу одоб мешуморид ва мехоҳад ахлоқи пок дошта бошад ҳаргиз барои пул содир намекунад. Иродаи нек ин иродаи беғаразона аст. Онро наметавон ба ягон чизи дигар иваз кард. Он арзиш надорад ба маънии он, ки бебаҳо аст.

Тамоми рафтору кирдори инсони дақиқ ва мувофиқи вазъияти хос ва дар ҳолатҳои гуногун зуҳур мегарданд. Дар пушти онҳо майлонҳои муайян ва манфиатҳои гуногун ҷой доранд. Онҳо ба таври эмпирики асоснок шудаанд ва ба ҳамин маъни ғаразнок мебошанд. Агар кирдорҳои зиёдеро ки содир мешаванд канор гузорем ва танҳо кирдорҳои бешууронаро барраси қарор диҳем, дар он сурат хоҳем дид, ки онҳо барои он содир мешаванд, ки барои содиркунанда манфиатноканд. Сарфи назар ин ки манфиатҳо ба чи равона гардидаанд: барои рифоҳияти маънавию рӯҳи, хоҳиши худнамои ё шӯҳратпарасти ва дар байни дигарон хушнамуд нишон додан ва ғайра. Умуман дар олам ягон кирдореро пайдо кардан мумкин нест, ки он маҳз дар заминаи ахлоқи, танҳо аз рӯи иродаи нек содир нашуда бошад. Дар олами рафтору кирдорҳои воқеъи иродаи нек худ ба худ вуҷуд надорад, он ҳамеша бо дигарон пайванд, комилан дақиқ, аз нигоҳи эмпирики фаҳмидашаванда мебошанд. Онро метавон танҳо дар натиҷаи усулҳои махсус пайдо кард. Чунин усулу тартиб метавонад ҳамчун озмоиши зеҳни зуҳур намояд, ки дар ҷараёни он инсон кӯшиш ба харҷ медиҳад ба саволи худ ки оё e қобилияти содир кардани ин кирдорро дошт, ҷавоб гӯяд. Агар ӯро ба ин кирдор сабабҳои манфиатпарастона надиҳад, ё ин ки агар ин кирдор хилофи майлу манфиатҳои ӯ набошад. Моҳияти озмоиш ва имтиҳони ботини шахс аз он иборат аст, ки вай сабаби пайванд будани ин ё он рафтору кирдорро бо тамоми он чизҳое, ки бо эҳсосоту манфиат ва дигар тасаввуроти амали марбутанд бо шуурона xудо намуда бо ҳамин маълум созад, ки оё метавонад ин кирдорро худ ба худ, танҳо аз рӯи асоси ягонае, ки иродаи нек аст, содир намояд. Албатта, хоҳиши самимии инсон барои некӯахлоқи ва омодагии ӯ барои гирифтани маъсулият барои чунин як озмоиш мебошад.

Таҳти мафҳуми иродаи нек он чиз дар назар дошта шудааст, ки онро маъмулан қалби пок меноманд. Мафҳуми иродаи нек ҳамоне аст, ки инсон кадом кореро, ки аз қалби пок анҷом медиҳад, аз он коре, ки ӯ ягон бо мақсади муайян анҷом додааст, xудо созад. Дар ин ҷо, моҳиятан сухан дар бораи сарчашма ва натиҷаи ниҳоии кирдорҳо меравад, ки оё ирода барои интихоби рафтору кирдор озод аст, ё не, ё ин ки ирода метавонад аз худ ба худ таъсир расонад, оё танҳо як ҷузъе дар занҷири беҳудуди муносибатҳои сабаби мебошад? Ирода яъне ҳамон иродаи нек метавонад сабаби худи худ бошад. Иродаи нек онест, ки комилан ба шахсият вобастаги дорад, соҳаи ҳукмфармоии том ва масъулияти том мебошад. Он аз ҳамаи сабабҳои беруна пeшида мебошад. Аз тариқи иродаи нек, инсон метавонад дарк намояд, ки ченаки ахлоқии e бо иродаи нек иртибот дорад. Ба ҳамин тариқ гӯё доирае ба вуҷуд меояд, ки ҳар чи қадаре инсон бо ахлоқу боодоб аст, ҳамон қадар вай бошуур мебошад. Ақлу шуур асоси ахлоқ буда, сифати шуури ахлоқиро ташкил медиҳад.

Иродаи нек, азбаски он ирода аст, наметавонад далели худогоҳии шахсият монад ва танҳо дар рафти худтаҳлилкуни яқин мегардад. Ахлоқ ҳамчун муносибатҳои иродави соҳаи рафтору кирдорҳо аст. Рафтору гуфтору кирдорҳои инсон сабабҳои ботини ва андешаҳои ӯро хусусияти айни бахшида, онҳоро амали менамоянд ва ҳамчун муносибатҳои муайян дар марази одамони дигар вогузор менамоянд. Масъалаи асоси ки тавассути он ахлоқи инсон дарк мегардад камолоти ахлоқи шахс бо хусусияти муносибатҳои ӯ нисбати дигар одамон мебошад. Умуман ахлоқ инсонро аз нуқтаи назари қобилияти зист дар ҷомеаи инсони тавсиф мекунад ва мақоми ӯро муайян месозад.

Фазои ахлоқи гуфта муносибатҳои байни одамон дар назар дошта шудааст. Ҳангоме, дар бораи инсон мегӯянд, ки вай нерӯманд ё оқил аст ин чунин хусусиятест, ки худи фардро тавсиф менамояд. Барои он ки ин хусусиятҳои шахсро дар ҷомеа ба аҳли он зоҳир намоем мегӯянд, ки ӯ он шахс меҳрубон, сахи, шуҷоъ, одил ва ғайра аст. Ин хусусиёт танҳо дар муносибат бо дигарон зоҳир мегардад ва худи сифатро, яъне сифатҳои хуби инсонро дар ин муносибатҳо тавсиф менамояд. Барои мисол Робинзон дар ҷазира танҳо монда, комилан метавонист ҳам қувва ва ҳам имконияти ақли худро намоиш диҳад, вале то он замоне, ки шахси дигар пайдо нагардид, ӯ имкони илтифоту меҳрубониро надошт.

Дар муколамаи Афлотун «Федон» асотире зикр ёфтааст, ки мутобиқи он рӯҳи инсон пас аз марг мутобиқи ҳамон сифатҳое, ки дар зиндагии худ дошт ҳамон тавр хоҳад буд. Онҳое, ки ба танпарасти, худфурӯши ва майпарасти майл доранд, дар шакли хар ва ё монанди ӯ мегарданд, вале онҳое, ки беадолати, мансабпарасти ва бадхашмиро пешаи худ қарор додаанд, ба гург, уқоб ё лошахeрҳо мубаддал мешаванд. Аммо насиби одамони боахлоқ, накeкору дурандеш ва одил чи хоҳад шуд? Онҳо эҳтимол дорад дар миёни занбeрон ва мӯрчагон ҷой гиранд, ва ё шояд дубора ба одам табдил гарданд, лекин дар ҳар сурат онҳо дар муҳити ором, сулҳомӯз ва фарҳанги хушхулқ ҷой хоҳанд гирифт. Афлотун дар ин муколамаи худ ба шакли истиёрави ҳақиқати хеле муҳимеро изҳор доштааст, яъне хислати инсон дар асоси хусусияти муносибати ӯ бо одамони дигар муайян мешавад. Муносибатҳои мазкур ва мутобиқан хислатҳои инсон низ ба андозае некӯ гардида, дар чаҳорчӯбаи онҳо инсон ҳалим, ботамкин, босабру таҳаммул ва ғайра мешавад. Одамон бо якдигар аҳамият дода, дар фикри ҳам мебошанд ва дар якҷояги як чизи комилро ташкил медиҳанд. Қобил ба тазаккур аст, ки мувофиқи ин асотири афлотуни танҳо накӯкори кофи набудҳа, мақоми асоси парвози рӯҳи инсон пас аз марг худоҳо мебошад. Барои ин зарур аст, ки инсон файласуф бошад. Ба ҳамин тариқ Афлотун тафовутро байни ахлоқ ҳамчун сифати рӯҳ, хиради амали, идрок ва сифати шуур муайян сохтааст.

Ҳамзисти ва ҳамгироии инсонҳо на танҳо тавассути ахлоқ, балки аз тариқи расму оинҳо, анъанаҳо, дин, ҳуқуқ, ва доду гирифт низ ҳифз карда мешавад. Аз ин рӯ малака, маҳорат, шаклҳои фаъолияти инсон ва сифатҳои ахлоқи, ӯ низ хусусияти бо ҷамъиятии вай вобаста мебошанд. Воқеияти ин гуфтаҳо дар он зоҳир мегардад, ки масалан дар баъзе ҳолатҳо ҳангоме, ки бачагон аз муҳити инсони берун шуда, дар миёни ҳайвоноти ваҳши ба воя расиданд, сухан гуфта наметавонанд, онҳо комилан аз қобилиятҳои инсони маҳрум гардидаанд ва ҳатто наметавонанд бо ду по ҳамчун инсон ҳаракат кунанд. Аз ин лиҳоз бо қатъият метавон зикр намуд, ки ахлоқ маҳсули ҳамзистии инсонҳо мебошад. Ин маҳсул дорои мазмуни комилан муайян буда, ба ҳамзистии инсони мазмуни аввалияи арзишнок медиҳад. Ба ибораи дигар ин маънои онро дорад, ки ахлоқ на маҳсули ин ё он фирқа, на барои ин, ё он мақсад истифода мегардад ва ё пуррагии моддии ҳамзистии инсониро таъмин менамояд, балки худи мавҷудияти e ба ин далели сифати инсоният будани он мебошад. Барои он, ки ҳамзисти ҳамчун усули ҳамзистии инсони ба вуқӯъ пайвандад қабул намудани он ба сифати аввалият ва бедуни қайду шарт ҳамчун арзиш зарур ва ногузир мебошад. Ин ҳаст моҳият ва ҷавҳарияти ахлоқ.

Муносибати байни одамон ҳамеша муайян аст. Ин муносибат бо сабабҳои муайян ва ба хотири ҳадафу мақсадҳои муайян тартиб меёбанд. Чунин ҳадафҳоро метавонад ҳаёт ба вуҷуд оварад ва он гоҳ мо соҳаи муносибатҳои оилави, яъне заношӯиро дорем. Ё ин ки метавонад марбут ба сиҳатии омма бошад ва он гоҳ мо фазои ҳифзи тандурустиро дорем. Ё ин ки метавонад нигоҳдорандаи ҳаёт бошад ва он гоҳ мо иқтисод дорем. Ё ин ки метавонад таъмини амният ва ҳимоят аз ҷинояткориҳо бошад ва он гоҳ мо низоми суди-ҷазоиро дорем. Дар чаҳорчӯбаи ҳамин усулҳо муносибатҳои на танҳо иҷтимои, балки муносибатҳои шахси низ ба вуҷуд меоянд. Бо ибораи дигар байни инсонҳо ҳамеша чизи як мутаҳҳидсозандаи сеюм аст, ки бо шарофати он муносибатҳои одамон муназзам мегарданд. Инсонҳо ҳамеша бо якдигар дар иртибот муносибатҳо қарор доранд. Онҳо кадом як кореро муштарак анҷом медиҳанд, гузоришот менависанд, дар тарабхонаҳо хӯрок мехӯранд, шоҳмотбози мекунанд, якдигарро ғайбат менамоянд, ба якдигар санги маломат мезананд ва ғайра. Ба худ метавон суол кард, ки агар дар муносибати онҳо тамоми чизҳои муайян, ашёҳо, манфиатҳо ва талаботҳое, ки ба сабаби онҳо ин муносибатҳо ба вуқӯъ омадаанд берун кашем, дар муносибатҳои онҳо чи боқи хоҳад монд. Воқеан чизе боқи мемонад, ки вай имкони ин муносибатҳоро шакли ҷамъиятии онҳо, талаботи аввалияи одамонро дар ҳаёти муштарак ҳамчун шароити имконияти ягона ва табии мавxудияти одамон ба вуҷуд овардааст. Ин ахлоқ аст.

Ахлоқ чунин як ҳадафмандии мавҷудияти одамон барои якдигар аст, ки он дар асоси вуҷуд доштани муносибатҳои пароканда вале муайян, тасаввури гуногуншаклии байни онҳо таъмин менамояд ва имконияти худи ҳамин муносибатҳоро муҳайё месозад. Ҷои шак нест, ки чуноне ки таҷрубаи ҳамкории одамон ахлоқро айнан муқаррар менамояд душмани ва носозгории инсонҳо онро хароб месозад. Вале бедуни ахлоқ на таҷрибаи ҳамкори ва на таҷрибаи душманогари наметавонанд ба вуҷуд оянд. Тамоми паркандагии муносибатҳо, аз ҷумла xудошавии онҳо ба дӯстию душмани дар дохили фазои ахлоқи зуҳур менамояд ва муносибатҳои инсониро нишон медиҳанд.

Барои он ки инсон табиат ва вазифаҳо иҷтимоии ахлоқро бифаҳмад, зарур аст, ки дар хусуси мавҷудияти ҳолати аввалияи ҳамгироии одамон, бародари ва ҳамбастагии онҳоро эҳтимолан мадди назар гирад (чунин эҳтимолро метавон гипотеза дар хусуси коммунизми ибтидои, асотири мазҳаби, пайдоиши башарият аз як инсон, яъне Бобо Одам ва дар бораи ҳаёти умумии одамони аввалин ба ҳисоб гирифт, низоми давлати қудрат наметавонад ба таври комил душмании байни одамонро дар ҷомеа бартараф созад, зеро дар табиати инсон эҳтирозҳои таҷовузгорона дар хурeшанд ва дар шаклҳои гуногун зоҳир мегарданд.

Умуман ахлоқро метавон навъе аз анвои ҷамъияти инсони номид, ки он муносиботи байни одамонро дар гуногуншаклии онҳо муайян намуда, имконоти зуҳури ин муносиботро ба вуҷуд меорад.

Ахлоқ ба мисли занҷире, ки ҳалқаҳоро бо ҳам пайваст месозад одамонро дар байни якдигар пайваста, умумияти ормониеро зоҳир месозад, ки дар дохили он танҳо ҳастии инсон метавонад ташаккул ва такомул ёбад. Муносибати инсони ва муносибҳои башари мафҳумҳо мебошанд, ки ба якдигар хеле наздиканд. Ахлоқ худи ҳамон ҷавҳари инсоние мебошад, ки бе он муносиботи одамон ҳаргиз наметавонад инсони ва ҷамъиятро ба худ гирад. Ба сифати заминаи арзишманд ахлоқ асоси беасоси ҳамзистии инсонии одамонро зоҳир месозад. Қабл аз ҳама ахлоқ ҳангоми мавҷуд будани озодии ирода ва ихтиёри инсони тасаввурпазир аст, зеро ирода ва ихтиёре оқилонаи инсон ахлоқро дар худи худ таҷассум менамояд, вале онро наметавонад аз ҳеҷ куҷое, на аз табиат ва на аз ҷамъият берун созад. Сониян, ахлоқ шакли умумиро дорад ва ба фард фарди ҷомеа паҳн мегардад. Ин ду хусусияти ахлоқ бо якдигар пайванди ногусастани доранд. Амали иродаи озод ва ихтиёри инсонро зарур аст умуми ва дорои аҳамияти умуми тасаввур намуд, зеро ҳеҷ чиз наметавонад онҳоро маҳдуд созад. Дар акси ҳол онҳо озод буда наметавонанд.

Ягонагии ихтиёр, иродаи озод ва умумият хусусияти хоси ахлоқро ташкил медиҳад. Дар робита ба ин ахлоқро ҳаргиз наметавон бо зулму истибдод ва ҷабр мушобеҳ сохт. Он дорои мантиқе на камтар қатъи ва ҳатми аз мантиқи ҷараёнҳои табии мебошад. Он ба шакли қонун вуҷуд дошта, ба ҳеҷ гуна истисно роҳ намедиҳад. Вале дар навбати худ чунин қонунест, ки вайро бо ихтиёр ва иродаи озод худи шахс ва ҷомеаи инсони муқаррар менамояд. Дар ахлоқ инсон дар чаҳорчӯбаи қонунгузориҳои хеш, бахусус қонунгузории умуми тобеъ мебошад. Ахлоқ ягонагии фарди, шахсият ва умумияти, воқеиро ифода менамояд. Он худмухтории ирода ва ихтиёр, худқонунгузории онро нишон медиҳад.

Ин чи гуна имкон дорад? Чи гуна метавонад, ки инсон худ барои худ қонуни рафтор муайян созад ва ин қонун ҳамзамон барои тамоми ҷомеа, воқеъи ва дорои аҳамияти умуми бошад? Агар, фарз кардем кадом як ирода ва ё ихтиёри шахс дар шакли озод, қонуни умуми ва бедуни шакку шубҳа ҳамчун ирода таҳлил гардад, дар он сурат ин қонун барои дигар одамон ҷабри ва таҳлили мебошад. Ин ирода ба сифати озод ва иродаи бошуурона наметавонад иродаи умуми ва бе чуну чаро бошад. Аммо ахлоқ шакли бечуну чарои умумии қонуниро гирифта, худ озодии тамоми иродаҳои дигарро ба ҷуз он чизе, ки худ муқаррар кардааст инкор менамояд. Дар андешаҳои ахлоқи мутафаккирони пешин, таҷрубаи фарҳанги ва таърихи ахлоқи халқи тоҷик се ҳалли ин таззод пешниҳод шудааст. Яке аз онҳо умумияти ахлоқро инкор намуда, баён месозад, ки ин таъбиру тафсири ахлоқ маънои табдилшуда дорад. Дар айни замон пешниҳод менамояд, ки ахлоқро метавон дар чаҳорчӯбаи шароитҳои хоси ҳаёти инсон дарк намуд ва онро ба ҳайси изҳори манфиатҳои муайяни иҷтимои, навъи зуҳуру ҳаловат, марҳилаҳои рушди биологи ва ғайра шарҳу тафсир кард. Дар зиндагии маъмулии одамон ин нуқтаи назарро чунин метавон изҳор кард, гӯё ҳар як инсон ва гурӯҳи одамон ахлоқи хоси худро дорад. Ниҳояти дигар иборат аз инкори мухторият ва ихтиёри шахсият, тафсири ахлоқ ба ҳайси зуҳури иродаи илоҳи, қонуни кайҳони, зарурати таърихи ва ё нерӯи дигари абарфарди мебошад. Намунаи барҷастаи ин андеша он аст, ки тибқи он аҳкоми ахлоқи аз ҷониби Офаридгори оламу одам муайян ва тарҳрези гардида, тавассути китобҳои осмони нузул шудааст. Навъи сеюми андеша он аст, ки мутобиқ ба он аз рӯи дид хусусиёти инкоркунандаи якдигарро пайванд созад.

509
Нет комментариев. Ваш будет первым!