Одоби муколама ва музокирот

Нақша

  1. Муколама ва музокирот дар шаклҳои гуногун.

Муколама ва музокирот дар шаклҳои гуногун (кори, расми, ғайрирасми, давлати ва ғайра) ва дар доираи фарогири худ (дуҷониба, сеҷониба, бисёрҷониба) навъҳои хоси мулоқоти сиёси ва тарзҳои маъруфтарини пешбурди фаъолияти дипломати ва байналмилали мебошанд. Дар онҳо талаботи умуми ва кули одоби муошират ва одоби сӯҳбат хусусияти ҳатми доранд ва ҳамзамон шароит ва хусусиятҳои хос бояд мадди назар бошанд:

Аввал, сатҳи дарки масъала ва ё масъалаҳое, ки мавзӯи гуфтушинид ва музокирот мебошанд, амиқ ва ҳамаҷониба бошанд; тамоми паҳлуҳо ва ҷонибҳои он бо ҷузъитарин омилҳо, ангезаҳо ва хусусиятҳо дақиқан барраси шаванд. Арқом ва нукоти асоси саҳеҳан дар ҳофиза ҳифз шаванд; нукоти асоситарин ва таъкиди дар шакли том, саҳеҳ ва ҷолиб (аз ҷумла, аз лиҳози сабк ва баён) тарҳрези ва такрор гарданд, асноди асил ва дасти аввал ҳамаҷониба омӯхта шаванд ва барои зарурати эҳтимоли омодаи истифода гарданд.

Дуввум. Дар оғози гуфтушунид ва музокирот талаботи ташрифоти ва дипломати (аз ҷумла, илтифоту меҳрубони) бо калимоту ибороти маъмулди забони расми ва дипломати ҳатман риоят шаванд. Бо чеҳраи боз, ибрози возеҳи ҳусни ният, лаҳни зебо, оромона ва бидуни шитоб (бо имкони воқеъии дар мизони ақл ва мантиқ санҷидани ҳар ҳарф, калима, ҳар матлаб) муколама ва музокирот кард. Авзоъ ва аксуламали ҷониби дигарро бояд пайваста дар назар гирифт, вале ҳадафҳо ва масъалаҳои асосиро лаҳзае аз худ дурр набояд намуд. Агар тарафи дигар мавзӯи асоси ва аслиро ҳадафмандона аз худ дурр созад ва ё онро печидатар намояд, бояд сабурона ва бурдборона бо ҳифзи томи одоби расми, назокатҳои хоси дипломати ва суботи ботини пайгири он буд. Ва сӯҳбатро сари он борҳо ва борҳо овард ва то ҳалли матлуби он талоши доими кард.

Саввум. Дар байёни мавзуе, ки печида, дорои паҳлуҳои норавшан аст ва ё оқибатҳои арзёбии он эҳтимол барои кишвар ва манфиатҳои давлати ногувор бошанд, бештар бо ибороти маъмули ва умумии дипломати, истилоҳоти ташрифоти ва мавҳум, нукоти ғайриҳатми ва бидуни уҳдадориҳои хос бояд рӯй овард. Бахусус, дар арзёбии масоили ниҳоят нозук ва ҳасос- амният, озоди, истиқлолияти Тоҷикистон, шараф ва ифтихори милли ва давлати, ҳайсияти роҳбари, сиёсати дохили ва хориҷи ниҳоят бомулоҳиза, эҳтиёткор ва ҳушёр буд. Бояд дар назар дошт, ки дарафи дигари музокирот ва муколама қонунмандона, огоҳона ва ҳушёрона барои татбиқи манфиатҳои милли талоши пайваста ва пайгир менамояд ва дар ин росто василаҳои гуногуни сиёси, дипломати ва равониро фаъолона истифода менамояд, ки ба он бояд комилан омода буд ва посухи муносиб ва созгор бо манфиатҳои миллии худ дод.

Чаҳорум. Дар ҳама ҳолат сабур, бурдбор ва ботаҳаммул буд. Агар гузориш ва тафсили масъала аз тарафи шарики муколама ва музокирот боиси норозигии амиқ ва ҳатто қаҳру ғазаб бошад, бояд ин эҳсосотро фурӯ нишонд ва сабурона ва пайгирона мавқеъи худро ҳифз кард ва далелҳои қотеътар ва қавитар пешниҳод намуд.

Панҷум. Талоши пайгир барои ҷалби таваҷҷӯҳи шарики музокирот низ аз шартҳои муҳими фаъолияти сиёси дар ин арса аст. Зимни он бояд сатҳи баланди касби, маърифати ва фарҳанги аз худ нишон дод, ки маъмулан василаи муассири ҷазбу ҷалби шарики музокирот аст.

Шашум. Риояти пурра ва бекамукости тартиби созмондиҳи ва оғози муколама ва музокирот зарур аст. Дар бораи замон ва макони гуфтушинид қаблан мувофиқа сурат мегирад. Дар замони муқараршуда ҳозир бояд шуд; таъхир ва ё дер мондан норавост. Аъзои ҳайати муколама ва музокирот аз ҷониби кишвари мизбон (қабулкунанда) дар марҳалаи музокирот қаблан ҷамъ ва ҷойгир мешаванд. Барои аъзои ҳайати меҳмон тарафи рӯ ба рӯи тиреза муқаррар гардидааст, ки пушт ба тарафи дар (дарвоза) бошад. Намояндаи олирутбаи ҷониби мизбон меҳмононро мепазирад, табрик мегӯяд ва гирди мизи музокирот даъват менамояд. Ҳамагон фақат баъди нишастани ин намоянда менишинанд; намояндаи масъули мизбон (роҳбари ҳайат) муколама ё музокиротро оғоз менамояд. Хатми муколама ва ё музокирот ба ҷониби меҳмон ё ҳайати даъватшуда аст.

Баъди оғози муколама ё музокирот ворид гардидани афроди дигар- ба истиснои ашхоси даъвати бо ризоияти тарафайн- ба толор қатъ мегардад. Хориҷ гардидани роҳбар ё аъзои ҳайати мизбони муколама ва умуман афроди дигар амали матлуб ва дилхоҳ нест.

Ҳафтум. Риояти нормаҳо ва талаботи одоби- ташрифоти раванди муколама ё музокирот ҳатимист.

Талаботи муҳимтарин он аст, ки раванди муколама ё музокирот аз ҷониби роҳбарони ҳайатҳо оғоз бахшида мешаванд ва ҷараён мегирад; муколамаро маъмулан роҳбарон мегузоранд: сухани онҳоро буридан ва ё луқма додан мутлақо норавост. Ҳангоми зарурат роҳбарони ҳайатҳо метавонанд ба баъзои ҳайат дар мавриди масоили алоҳидаи хос, бахусус, масъалаҳои сирф касби ва мушаххас сӯхан диҳанд.

310
Нет комментариев. Ваш будет первым!