Санъат ҳамчун унсури фарҳанг

Санъат таърихи қадима дошта, дар ҷамъияти ибтидоӣ дар омезиш бо асотиру эътиқодҳои динӣ иайдо шудааст ва дар раванди ташаккули ҷомеаи инсонӣ то имрӯз дар рушду камол аст. Дар бораи санъат мутафаккирони олам бисёр фикру ақидаҳои ҷолиб баён намудаапд.Ба ақидаи аксари мутафаккирони олам санъат як шакли шуури ҷамъиятӣ буда, дарки маърифатро авалин олами воқеиро аз тарафн инсон ифода мекунад. Санъат шеваи махсуси фаъолияти инсон аст, ки дар он воқеият дар шакли бадеӣ ва рамзӣ инъикос ёфта, мазмун, вазифа ва матлаби муайянро дорост. Санъат бо гуногуншаклии худ тамоми паҳлӯҳои ҳаёти инсон ва орзую ормони уро дар бар гирифта, имконият медиҳад, ки дар баробари олами вокеӣ, олами дигари зебоӣ офарида шавад. Санъат маҳсули тафаккур, ҷаҳонбинӣ ва маърифати инсон аст.

Одамон ҳангоми эҷод намудани санъат бо асрори зебоии олам ошно гашта, дониши худро оиди он васеъ менамоянд. Ин­сон офаридаҳои худро ҳамчун воситаи муҳими дарки арзишҳои волои умумиинсонӣ дар раванди зиндагии худ истифода мебарад. Намудҳои санъат инҳо мебошанд: санъати муҷассамасозӣ, санъати мусикӣ, санъати меъморию тасвирӣ, санъати бадеӣ, санъаги рақсӣ, санъати бофандагию кулолгарӣ ва санъати сарояиндагию ораторӣ.

Чуноне, ки мебинем санъат тамоми паҳлӯҳои рӯзгор ва фаъолияти инсонро фаро мегирад. Санъат гузаштаи инсониятро бо имрӯз на имрӯзаи инсониятро ба ояндааш пайваст намуда, умеду орзӯи ӯро дар худ таҷассум менамояд.

Мутафаккирони Атиқа санъатро бо ду маъно: васеъ ва танг кардаанд. Маънои васеъ – маҳорати хонасозӣ, киштиронӣ, ҳунармандӣ, зироаткорӣ, идоракунии давлат, соҳаи тиб ва ғайраҳоро дар бар мегирад. Дар маънои танг санъати мусикӣ, рақс, назм дар назар дошта шуда, онҳо воситаи қонеъ гардонидаии талаботи фароғатии инсон маҳсуб мешаваид. Кашфиётҳои муҳим дар соҳаи санъат арзишҳои умумиинсонӣ касб намуда, дар ганчинаи фарҳанги умумиҷаҳонӣ маҳфуз мемонанд.

Аз асрҳои миёна cap карда, санъат ба пуррагӣ ташаккул ёфт ва намуди махсуси фаъолияти инсон шинохта шуд ва ҳар халқу миллат вобасга ба хусусиятҳои хоси миллии худ онро ривоҷ додаанд. Ҳар кадоме аз ин дастовардҳо бемисл ва нотакроранд.

Санъат дар баробари манбаи дониш ва маърифат буданаш мақсаду вазифаҳои муайяни худро дорад. Ба воситаи мусиқию санъати тасвирӣ дар инсонҳо ғояҳои ватандустӣ, меҳру муҳаббат, хушодобӣ, хушахлоқӣ ва эхсоси зебоипарастӣ ҷой дода мешавад. Аз тарафи дигар санъат ифодагари орзую ормони инсон аст. Инро дар осори классикони тамадуни ҷаҳонӣ ва сурудҳои мардуми олам эхсос намудан мумкин аст.

Дар аввалҳои асри XX тамоили ба идеология ва сиёсат омезиш додан ва тобеъ намудани санъат рух дода буд, ки ин ба манфиати санъат, ҷомеа ва умуман инсоният набуд. Яъне, минбаъд санъат дигар озод набуд ва мебоист манфиати ин ё он синфро ифода ва ҳимоя менамуд.

Дар тули мавҷудияти худ санъат вазифаи маърифатӣ ва тарбиявиро ба ҷо оварда, яке аз омилҳои солим нигоҳ доштани ҷомеаи инсонӣ маҳсуб мешуд, вале дар раванди омезиш ёфтан бо идеология ва сиёсат санъат ин вазифаи муқаддаси худро то як андоза гум кард. Оид ба аҳамияти санъат дар ҳаёти инсон файласуфи бузурги Юнони Қадим Арасту чунин гуфта буд: «Мағзи маданияти бадеӣ санъат аст».

Гегел бошад санъатро «ҳамчун шакли образноки маърифат маънидод карда буд. Л.Н.Толстой санъатро «ҳамчун воситаи муошират» ва Г.В.Плеханов чун «шакли маҳсули ботинии инсон» маъниидод кардаанд. Ҳамин тавр, дар зери мафҳуми маданиятн бадеӣ coҳaи фаъолияти руҳию амалии инсон оид ба офаридан, ваҳй кардан ва азхуд намудани асарҳои санъат ё маводхое, ки қиммати бадеию эстетикӣ доранд фаҳмида мешанад. Маданияти бадеӣ омили ҳалқунандаи эҷоди асарҳои бадеӣ ва равандҳои азхудкунии онҳо (тарбияи эстстикию бадеӣ ва ғайра) мебошад. Масалан, рассом ва ҳайкалтароши рус Эрнест Неизвестный, санъаткорони тоҷик Малика Қаландарова, Шоиста Муллоҷонова, Одина Ҳошимов, Зафар Нозимов оҳангсозони рус Растапович ва С.В.Рахманинов бо эҷодиёти пурсамари худ шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо кардаанд.

Аслан, эҷодиёти ходимони илму санъат ба мақсади муайян кардами тамоми имкониятҳои иисон равона карда шудаанд. Ҳайкалтарошони бузург – Мирон (миёнаи асри 5 то милод) ва Поликлет хайкалҳое офарида буданд, ки шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо кардаанд. Ҳамин тавр, санъат дар ҳаёти инсон нақши беандоза бузургро доросг на одамон бе санъат ҳаёти худро тасаввур кар­да наметавонанд.

Оцените статья

Нет комментариев. Ваш будет первым!