Илми фарҳангшиносӣ дар асри XX ва ибтидои асри XXI

Аз охири асри XIX ва ибтидои асри XX cap карда, дар илми фарҳангшиносӣ равияҳо, ҷараёнҳои мухталифу зиёде ба вуҷуд омаданд. Дар ин давра омӯзиши фарҳанг дар доираи антропологи ва этнографи ривоҷу равнақ меёбад. Як катор олимон нақши коммуникативии (робитавии) фарҳангро ба назар гирифта, забонро ҳамчун асоси омӯзиши сохти таркибии фарҳанг меҳисобиданд. Ин роҳ боиси дар фарҳангшиносӣ пайдо шудани методҳои нав ба мисли семиотикӣ (семиотика – ка­лимаи юнонӣ буда, маънои нишона, аломатро дорад), забоншиносии таркибӣ, математики ва кибернетики гардид.

Дар шароити имрӯза, як қатор сотсиологҳо ва фарҳангшиносон ба хулосае омаданд, ки ақидаи ягонаи фарҳанги аз имкон берун аст. Яке аз ин гуна назарияҳо назарияи полисентризм мебошад. Полисентризм (аз калимаи юнонию лотинӣ гирифта шуда, маъноҳои бисёр ва марказро дорад) назарияест, ки дар асоси он гуё нажодҳои имрӯзаи одам аз шаклҳои гуногуни одамони қадим дар якчанд минтақаҳои рӯи замин пайдо шудааст. Ин назария ба назарияи моносентризм зид аст.

Назарияи полисентризм аз ҷумлаи назарияҳоест, ки Ғарбу Шарқро бо ҳам муқобил гузошта, қонуниятҳои умумии инкишофи ҷамъияти инсониро инкор менамояд. Ба ин назария назарияи вулгарӣ – технологи мухолиф аст Мувофиқи назариявӣ вулгарӣ – технологӣ гӯё давлатҳои мутараққии демократӣ ба зинаҳои баландтарини фарҳангу тамаддун рафта расида бошанду дигар давлатҳо не. Пайравони назарияи вулгарӣ-технологӣ зиддиятҳоичуқури инкишоф ва пешравии ҷамъият, нобаробар шнкишоф ёфтани фарҳанги умумиҷахониро дуруст дарк карда наметавонанд. Онҳо ба мутафаккирони барҷастаи олам, ки эҷодиёташон дастоварди бузурги фарҳанги умумиҷаҳонӣ маҳсуб мешаванд, баҳои хақиқӣ дода натавонистанд.

Дигар назария дар илми фарҳангшоносӣ назарияи эвдемонистӣ мебошад.

Эвдемонистон бошанд мақсади олии ҳаёти инсонро дар хушбахтӣ ва ҳузуру ҳаловат мебинанд.

Эвдемонизм яке аз принсипҳои атиқии фаҳмиши ҳаёт бу­да, баъдтар дар илми ахлоқ (этика) хамчун принсипи асоснок намудани ахлоқ васеъ ҷорӣ гардида буд.

Эвдемонизми атиқиро ба ақидаи озодии ботинии Суқрот нисбат медиҳднд. Мувофиқи ақидаи Суқрот озодии ботинӣ дар натиҷаи худшиносии бошууронаи шахс ва новобаста будани ӯ аз олами зоҳирӣ ба вуҷуд меояд. Бо вуҷуди он, ки эвдемонизм бо гедонизм (назарияи лаззат бурдан, айшу ишрат ва ғайраҳо) алоқаи зич дорад, вале онҳо комилан бо хам мухолифанд. Арасту қайд карда буд, ки хушбахтӣ на дар натиҷаи лаззатбарии мунтазам, балки дар натиҷаи дур шудан аз лаззатҳои ҳиссӣ бо роҳи худдорӣ, пархезкорӣ, даст кашидаи аз айшу ишрат ба даст меояд. Як қатор файласуфони Юнони Қадим ва замони Нави Fapб бар хилофи ин ақида қайд менамуданд, ки мақсади асосӣ ва олии ҳар як инсон ба воситаи айшу ишрат ба даст овардани бахту саодат аст. Намояндагони барҷастатарини эвдемонизм Суқрот, Эпикур, Спиноза, Лейбниц, Шефтебери, Фейербах Штраус, Дюрииг, Зидвик, Х.Бехер, Спенсер ва дигарон буданд.

Дар ибтидои асри XX дар илми Фарҳангшиносӣ консспсияҳои мухталиф, мисли этнологӣ, марксизм ва назарияи тамаддунҳои маҳдуд ба вуҷуд омада, ба таври васеъ паҳн гардидаанд. Пайравони равияи этнологӣ ба проблемаҳои пайдоиши фарҳанг, нақши забон, асотир ва рамзҳо диққати махсус медоданд. Намояндагони барҷастаи он Э. Тейлор, Л.Леви-Брюль, Ф.Баос, А.Кребер, А.Радклифф-Браун, Б. Малиновский, К.Леви-Строс ва дигарон буданд.

Консепсияи марксистии фарҳанг аз тарафи асосгузорони назарияи коммунизми илмӣ К.Маркс (солҳои 1818-1883) ва Ф.Энгелс (солҳои 1820-1895) кор карда баромада шуда, дар асарҳои В.И. Ленин (солҳои 1870-1924) инкишоф дода шудаанд. Марксизм фарҳангро ҳамчун раванди фаъолияти мунтазами ба анҷом расонидаи инсон тавсиф менамояд.

Марксизм таълим медиҳад, ки дар ҷамъияти синфӣ маданият характери синфӣ дорад, аз ин рӯ, дар вақти таҳлили он аз нигоҳи синфӣ бояд муносибат кард.

Дар баробари ин марксизм сарвати умумибашарӣ будани фарҳангро эътироф менамояд. Аз ин рӯ, назарияи марксистам фарҳангро беасос номидан ва пурра инкор кардан аз рӯи адолат нест. Мувофиқ таълимоти марксистӣ ба хар як форматсияи чамъиятӣ-иктисодӣ шакли ба худ хоси фарҳанг тааллуқ до­рад.

Ивазшавии форматсияҳои чамъиятӣ-иктисодӣ сабаби ивазшавии шаклҳои фарҳанг ва аз байн рафтани фарҳанги куҳна низ мегардад. Вале ин маънои онро надорад, ки мар­ксизм дар таълимоти худ аз меросу анъанаҳои фарҳангии аҳди башар пурра даст мекашида бошад. Баръакс, марксизм таълим медиҳад, ки ҳар як форматсияи нав ба талаботи зарурии худ нигоҳ карда, дастовардҳои фарҳангию мероси умумибашариро ба ҷараёни муносибатҳои нави ҷамъиятӣ ворид менамояд ва истифода мебарад.

Баъзе олимон камбудии таълимоти марксистиро дар соҳаи фарҳанг дар он мебинанд, ки гуё марксизм ба фарҳанг танҳо аз нигоҳи синфӣ муносибат кардааст. Дар таълимоти марксистӣ гуё муносибати схематикӣ, сотсиологӣ ва сиёсӣ ба фарҳанг – таъкид менамоянд онҳо- мазмуни худро гум кардааст ва он ба як шакли номуайяни синфӣ табдил дода шудааст.

Аз нигоҳи аксари фарҳангшиносон фарҳанги ҳақиқӣ аз сиёсат ва сотсиология дур буда, ба қонунҳои ба худ хос инкишоф меёбад. Тарафдорони консенсиии тамаддунҳои маҳдуд чунин ақида доранд, ки тамоми тамаддунҳо маҳдуд мебошанд. Тамаддунҳо то андозае нотакроранд, ки аз як халқ ба халқи ди­гар намегузаранд. Аз ин рӯ, аз нуқтаи назари умумитаърихӣ, фархангҳо дар инкишофи худ ҳамон зинаҳои гузаштаи худро такрор мекунанд ва хеле маҳдуданд. Намояндагони барҷастатарини ин ҷараён Н.Я.Данилевский, О.Шпенглер, А.Сорокин ва А.Тойнбӣ мебошанд.

О.Шпенглер (солҳои 1880-1936) дар китоби худ «Заволи Аврупо» пайдоиши фарҳангҳои ҷудогона ва маҳдудро пешниҳод менамояд. Аз рӯи консепсияи Шпенглер инкишофи фарҳанг ба шуури одамом вобастагӣ надорад. Ӯ нӯҳ типи фарҳангҳоро муайян менамояд, вале асосан фарҳангҳои Юнону Римӣ (аполлонӣ), Аврупои Ғарбӣ (фаустӣ), византиягию арабӣ (муъҷизавӣ)-ро қабул дорад. Рамзи асосии фарҳанги Юнону Римиро ӯ дар инъикоси бадани инсон мебинад. Аз нигоҳи ӯ рамзи фарҳанги Европаи Ғарбӣ дар симои фазо ва вақти беохир таҷассум ёфтааст.

Моҳияти фарҳанги муҷизаноки византӣ-арабӣ бошад ба ақидаи ӯ дар муқобилгузории беандозаи руҳ ва тан ифода меёбад. Ба ақидаи Шпенглер эҷодкорони ҳамаи фарҳангҳо аъёну ашроф ва диндорон мебошанд. Дар зери мафҳуми аъёну ашроф ӯ тамоми синфҳои ҳукмронро дар назар дошт. Дигар аъзоёни ҷамъиятро ӯ ба табақаи сеюми манфӣ, ки гуё ягонагии маънавӣ надоранд нисбат медод. Ғалабаи сиёсии табақаи сеюмро (оммаи меҳнаткашонро Т.Н.) фаношавӣ ва нестшавии ҳама гуна фарҳанг медонисг. Мутафаккир фарҳангеро, ки руҳи он қувваи худро гум кардааст ва дар зинаи фаношавӣ аст тамаддун меномад. Албатта, ба тамоми фикру ақддаҳои ин мугафаккир розӣ шудан мумкин нест.

Таҳлили системаи асотирии фарҳанг, баробари тадқиқотҳои маънавии он ба муаррих ва файласуфи англис А.Ҷ.Тойнбӣ хос мебошад. Нишонаҳои тамаддунро Тойнбӣ дар ташаккули аъёну ашрофи эҷодкори ҷомеа, ки он як қисми халқро ташкил медиҳад мебинад. Ин гуруҳ ки вазифаи эҷодкориро дорад аз фаъолияти иқтисодӣ ва хоҷагидорӣ дур аст – таъкид мекунад Тойнбй. Аз нуқтаи назари ӯ ба ин гуруҳ пеш аз ҳама руҳониён, ҳарбиёни касбӣ ва кормандони давлатӣ дохил мешаванд. Ба тамаддун мавҷудияти кувваҳои муттахидкунанда ва ҷудокунанда хос аст.

Аз нигоҳи Тойнбӣ вазифаи аъёну ашрофи эҷодкор (элита) мутаҳид намунаи ҷамъият аз таҳдиди кувваҳои харобкори дохилӣ ва берунӣ, иҷтимоӣ ва маънавӣ мебошад. Харобкорӣ ба қувваҳои дохилию берунӣ, яьне пролетариат хос аст. Ҷавобан ба фишори берунӣ ва дохилӣ тамаддун ба вуҷуд меояд.

Тойнбӣ барои баҳодиҳии дараҷаи тамаддун меъёрҳои универсалӣ, яъне зиёдшавии детерминатсияи дохилӣ (мустақилият ва худинкишофёбии дохилӣ)-ро ворид намуд. Ӯ калисои унивсрсалиро қувваи пуриқтидори муттаҳидкунанда мешуморид. Таъкид мекард, ки парокандашавӣ муттаҳидшавии навбатиро фароҳам меоварад. Назарияи «тамаддунҳои маҳдуд»-и Тойибӣ имконияти мубодилаи фарҳангҳо, алокаи пайдарҳамии тамаддунҳоро имконпазир мешуморад. Аз нигохи ӯ инкишофи техника ва технологияи пешқадам, ақидаҳои иҷтимоӣ ва сиёсӣ низ омилҳои муттаҳидкунанда шуда метавонанд. Тойнбӣ прогресси инсониятро дар камолоти маънавии он медид.

Фарҳангшиноси рус П.А.Сорокин (солҳои 1889-1968) бар зидди як қатор ақидаҳои Тойнби мебарояд. Ӯ таъкид менамояд, ки фарҳанг назар ба организми зинда зуҳуроти махсус, хеле мураккаб ва комил мебошад. Фарҳанг аз нигоҳи Сорокин бевосита ба иқтисодиёт вобаста нест. Он системаи арзишҳо мебошад, ки қудрат ва самти кушишҳои инсонро муайян месозад.

Сорокин якчанд тамоилҳои инкишофи тамаддуни муосирро нишон медиҳад. Тамоили якум, ҷойивазкунии маркази қувваҳои эҷодкор. Таърихи башар собит намудааст, ки марказҳои бузургтарини фарҳангӣ бо мурури замон чони худро иваз кардаанд. Охирин маркази тамаддун Европаи Fapбӣ буд.

Тамоили дуюм, таназзули тадриҷии фарҳанги сексуалистӣ (хиссӣ) мебошад. Фарҳанги сексуалистӣ ба ивази фарҳанги спиритуалнстӣ (илоҳӣ, динӣ)-и асри миёна омад. Он дар Европа аз асри XV оғоз ёфта, то имрӯз идома дорад.

Кушишҳои як қатор фарҳангшиносон, ки дар мавқеи евроиосентризм меистоданд ба фарҳанги умумибашарӣ таъсири манфӣ расонидаанд. Ии ҷихатҳои манфиро ба назар гирифта, тадқиқотчии фарҳанг И.Р.Гердер олимонро даъват намуд, ки аз европосентризм дар фаҳмиши фарҳангу ҷамъият даст кашанд, зеро ин усул хеле маҳдуд буда, имконияти дарки дурусти фарҳангҳои ҷудогонаи миллиро мамедиҳад.

Файласуфи немис Ф.Шеллииг қайд менамояд, ки фарҳанг ва дарки олам дар Шарқу Ғарб, Атиқа ва давраи Нав ба якдигар мувофиқ намеоянд. Дар баробари ҷараёну равияҳои позитивию сотсиологӣ дар Фарҳангшиносӣ равияӣ интуитивӣ – ирратсионалӣ инкишоф меёфт, ки намояндаи барҷастатарини он Ф, Нитеше буд.

Ф.Нитсше (солҳои 1844-1900) мутафаккири немис, асосгузори фалсафаи нигилизм буд. Ҷавҳари фалсафаи Нитеше-ро мафҳуми ҳаёт ташкил мекунад. Аз нигоҳи ӯ мақсади асосии фарҳанг ба инсон кумак расонидан аст то ин, ки ӯ худро амалӣ карда тавонад ва ба олами атроф мутобиқ шавад. Ба ақидан ӯ асоси чӣ хаёт ва чӣ олами атроф дар иродаи инсон ниҳон асг. Ба ояндаи начандон дури тамаддуни европоӣ назари маъюсона (пессимистӣ) дошт.

Бисёр ақидаҳои Ф. Нитсше-ро дар асри XX намояндагони мактаби Франкфуртӣ Т.Адорно (солҳои 1903-1969), Г.Маркузе (солҳои 1898-1979) ва М.Хоркхаймер (солҳои 1895-1973) қабул карда инкишоф додаанд.

Дар маркази диққати онҳо танқиди фарҳанги оммавӣ меистод. Таназзули маданият ва фардияти инсонро дар шароити ҷомеаи имрӯзаи индустриалӣ онҳо дар идоракунии умумӣ ва аз байн рафтани ташаббусҳои озод медиданд.

Дар муборизаи тезу тунди фарҳангии тамаддунҳо ҳаракатҳои фундаменталистӣ ба миён меоянд, ки онҳо бештар дар зери идеологияи динӣ амал мекунанд.

Таърих гувоҳ аст, ки дар олами исломӣ, насронӣ, хиндуия ва ғайраҳо ҳаракати васеи фундаменталистӣ ҷоӣ дошт. Агар аз нуқтаи назари фарҳангшиносӣ ба раванди инкишофи тамаддунҳои фарҳанги назар афканем ҳаракати фундамен­талистӣ ин кушиши азнавсозии шуури динии анъанавӣ мебо­шад, вале он гоҳо характери катъӣ ва дағалро ба худ мегирад, ки ин пеш аз ҳама аз маданияти сиёсӣ вобаста аст.

Фундаментализмро на танҳо ратсионализм, балки инчунин традитсионализм (анъанапарастӣ, расмиятпарастӣ) рад мена­мояд, зеро фундаментализм тағйирёбии таърихии анъанаҳоро эътироф накарда, ба он кушиш менамояд, ки анъанаҳоро ҳамчун талаботҳои бетағйир ва шахшудамонда нигоҳ дорад.

Фундаментализм аз консерватизм бо шарту талаботҳои худ ба радикализм (амалиёти катъӣ) майл менамояд.

Фарҳангшиноси америкоӣ Т.Элиот консенсияи элита ва фарҳангшиноси испанӣ Х.Ортега-и-Гассет консенсияи чамъияти оммавию фарҳанги оммавиро кор карда баромаданд. Мувофиқи консепсияи имрӯзаи элитизм қисми ногузири таркибии ҳама гуна ҷомеаи инсониро аққалияти ҳукмрон – элита ташкил мекунанд.

Дар давраҳои гуногуии таърихи инсоният мафҳуми элитаро дар маънии мухталиф истифода менамуданд. Аммо дар ҳар ҳолат дар маънии «ҷамоаи олӣ» истифода намудани он бартарӣ дошт. Дар илмҳои ҷомеашиносӣ бошад, мафҳуми «элита» то охири ас­ри XIX ва ибтидои аср XX васеъ истифода намегардид. Маҷмӯи инфиродҳо, ки бартариҳои зиёд доранд ва нишондиҳандаҳои беҳтаринро соҳибанд элитаро ташкил медиҳанд. Элита асосан дар се соҳан пешрафти иҷтимоӣ ташаккул меёбад: якум, соҳахди сиёсӣ, дуюм соҳаи иқтисодӣ ва сеюм соҳаи ақлонӣ.

Назарияи маъмули «ҳукмронии демократии элита» ба оммаи халқ нақши чарх ва ба элита (яъне синфҳои ҳукмрон Т.Н.) – нақши муҳаррик (мотор)-ро дода, исбот кардани мешаванд, ки дар ҷомеаи инсонӣ баробарӣ умуман вуҷуд надорад ва вуҷуд дошта ҳам наметавонад.

Ҳамин тавр, ба манфиати элита фарҳанги элитарӣ ба вуҷуд оварда мешавад, ки он бояд талаботи маънавии аққалияти ҳукмронро қонеъ гардонда тавонад. Мувофиқи таълимоти элитизм аз сабаби мураккаб гардидани шароитҳои идоракунии ҷомеаи инсонӣ гуё нақши элита комилан меафзуда бошад.

Фарҳанги оммавӣ дастраси умум буда, он дар зери таъсири омилҳои иқтисодӣ ва маънавӣ пайдо шудааст. Фарҳанги оммавӣ дар Европа дар асри XIX дар натиҷаи инқилоби саноатӣ ва зиёд шудани шумораи аҳолӣ ба вуҷуд меояд. Ташаккулёбии пурраи фарҳанги оммавӣ дар миёнаи асри XX вақте, ки воситаҳои коммуникатсионии оммавӣ (радио, кино, телевизион, рӯзномаҳо, маҷаллаҳо, китобҳои арзон, навиштаҳо, грампластинкаҳо ва магнитофонҳо) дастраси намояндагони тамоми табақаҳои аҳолӣ гардид ва дараҷаи маълумотнокии омма боло рафт ба вуҷуд омад.

Дар ин раванд демократишавии нисбии фарҳанг низ ба вуҷуд меояд. Фарҳанги оммавӣ метавонад ҳам миллӣ ва ҳам байналмилалӣ бошад. Баръакси фарҳанги элитарӣ он оммаи васеъро фаро мегирад.

555
Нет комментариев. Ваш будет первым!