Фарҳанги давраи ҷамоаи ибтидоӣ
Ҷамоаи ибтидоӣ, ки асоси муносибатҳои истеҳсолиашро моликияти ҷамъиятӣ будани воситаҳои истеҳсолот ташкил медод давраи дуру дарозтарини таърихи инсониятро дар бар мегирад. Аввалин олотҳои меҳнати одамони ҷамоаи ибтидоӣ аз санг сохта мешуданд, аз ин рӯ, он давраро давраи асри санг меноманд. Асри санг асосан аз се давра – асри санги қадим (палеолит), асри санги миёна (мезолит) ва асри санги нав (неолит) иборат мебошад. Дар бораи пайдоипш одам ва фарҳанг дар байни олимон фикру ақидаҳои мухталиф мавҷуд аст. Аз ҳама нуқтаи назари қадима нуқтаи назари дин аст, ки мувофиқи он одам офаридаи Худованд аст.
Дин таълим медиҳад, ки фарҳанг туҳфаи Худованд ба инсон аст. Оиди ин масъала нуқтаи назари дигар низ мавҷуд асг, ки мувофики он дар давраи палеолит махлуқи боақле аз яке аз сайёраҳои наздик ба Замин (яъне сайёраи мо Т.Н.) кучонида оварда шудааст.
Аз нуқтаи назари марксизм бошад маймунҳои одамшакл дар раванди меҳнати тулонӣ ба одам табдил ёфтаанд. Маданият ва предметҳои он дар ҷомеаи ибтидоӣ ба вуҷуд омада, зинаҳои гуногуни камолотро аз cap гузаронидааст. Оддитарин олоти офаридаи инсон, ки аз санг иборат буд, то дарки асрори оташу кашф намудани тиру камон ва борут ҳама сарватҳои маданианд. Инчунии дину забон, хату алифбо, санъат, давлату давлатдорӣ, илму адабиёти шифоҳӣ, бинову корхонаҳо, китобу мусаввараҳо, либосу асбобҳои рӯзгор, истиқоматгоҳҳо ва техникаи ҳозиразамон, ки ҳама эҷоди одамон аст ба сарватҳои маданӣ дохил мешаванд.
Маданият рафтор, тафаккур ва фаъолияту амали одамонро дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ (маданияти меҳнат, сухагӯӣ ва муносибатҳои фардӣ) ифода менамояд.
Аввалҳо мадаииятро чун таъсири мақсадноки одам ба табиат (коркарди замин) ва тарбияи худи инсон меҳисобиданд. Намояндагони илми Фарҳангшиносӣ бо далелу санадҳо исбот менамоянд, ки маданият дар тули мавҷудияти худ шаклҳои гуногунро аз cap гузаронидааст. Маданияти ҷомеаи ибтидоиро аз рӯи хусусиятҳояш маданияти синкритӣ номидаанд, ки маънои дағал, дурушт, омехта ва соддалавҳона будани олоту предметҳои одамони он давраро мефаҳмонад. Предметҳои маданияти моддию маънавиро дар маҷмуъ предметҳои маданият меноманд. Раванди маданиро бештар ба фаъолияти мехнатии инсон (касбу кор) вобаста медонанд.
Дар давраҳои мухталифи ҷомеаи ибтидоӣ дар ҳаёти одамон дигаргуниҳои куллӣ ба амал меояд. Маданияти ҷомеаи ибтидоӣ давраҳои гуногуни инкишофро (асри санг, асри биринҷ ва асри оҳанро) аз cap гузаронидааст. Аз комёбию дастовардҳои мадании он давраҳо осори зиёде боқӣ мондааст.
Одамони замони палеолит чизҳои дар табиат тайёр бударо истифода карда, барои зистан ба шикор машғул мешуданд. Онҳо ҳанӯз зарфсозӣ, зироат ва ром кардани хайвонотро намедонистанд.
Дар замони неолит бошад одамон дар қатори шикор ва ҷамъ намудани маводи ғизоӣ шаклҳои ибтидоии зироатчигӣ ва ром кардани ҳайвонотро каму беш ёд гирифта буданд. Агар палеолити поёни ва миёна давраи ташаккулёбии инсон ва шаклҳои аввалини ҷамъияти ибтидоӣ ҳисобида шаванд, пас палеолити болоӣ ва неолит давраи пурра инкишоф ёфтани ҷамъияти ибтидоӣ-авлоди модарӣ ба шумор меравад. Аз рӯи тахмини бостоншиносон тақрибан 8 ҳазор сол пеш дар Осиёи Миёна, Осиёи Хурд, Фаластин ва Шимоли Байнаннаҳрайн аввалин маданияти зироатчигӣ пайдо шуда будаасг. 6 ҳазор сол пеш бошад маданияти зироатчигӣ дар Миср ва Шумер пайдо шуда буд.
Ханӯз дар давраи асри санг одамони ҷамъияти ибтидоӣ хангоми ҷустуҷӯ ва коркарди асбобҳои сангӣ бисёр хусусилтҳои ҷинсҳои куҳиро омухтанд. Одамон дар вақти гулхан афрӯхтану оташ даргирондан обшавӣ ва хунук шуда, фишурда ва мycтaҳкaм гардидани маданӣ мисро мушоҳида карданд ва аз он гудохтани фулузотро омӯхтанд. Баъдтар ба маъдани мис ҳамроҳ кардани сурб ва дигар унсурҳоро кашф намуда, фулузи биринҷиро, ки нисбатан мустаҳкаму сердоштгар мебошад ихтироъ намуданд.
Дигаргуниҳои бузурги иҷтимоӣ-иқтисодие, ки дар асри биринҷӣ ба амал омадаанд, ба коркарди фулузот ва ҷорводорӣ роҳ кушоданд, ки дар он мавқеи асосиро мардон ишғол мекарданд ва аз ҷиҳати иқтисодӣ нуфузашон боло гирифт. Дар ин муддат модаршоҳӣ ба падаршоҳӣ бадал шуд. Акнун иа ин, ки мардон, балки занҳо ба авлоди падарӣ дохил мешуданд. Онҳо мустақилияти нисбии худро тамоман аз даст дода, мутеъи мардон мегарданд. Ташаккули қувваҳои истеҳсолкунанда ба он онарда расонд, ки дар ин давра баъзе авлодҳо ва дар дохили онҳо оилаҳои патриархалии ҷудогона мавқеи махсуси иқтисодиро ишғол намуда, соҳиби чорво, олотҳои истехсолӣ, асбобҳои рӯзгор ва ғайра мегарданд. Акнун ҷой моликияти ҷамъиятиро моликияти хусусӣ мегирифтагӣ шуд. Инкишофи қувваҳои истеҳсолкунанда боиси такмил ёфтани ақлу идроки одамон гардид. Одамон оҳиста-оҳиста муносибати хешро нисбат ба ҳодисоти табиат дигар карда, дар таҷриба ба коркарди мис, калъагӣ, қурғошим, тайёр намудани сафол ва асбобу анҷоми сафолӣ малака ҳосил намуда, фулузотро кашф ва усули гудохтани онро ёд гирифтанд.
Асри биринҷӣ даврае буд, ки қувваҳои истеҳсолӣ хеле инкишоф ёфта, хусусияти чорводорӣ ва барзгарӣ тамоман тағйир ёфт. Дар зироатчигӣ обёрӣ ҷорӣ шуда, техникаи коркарди замин мураттаб гардид. Истеъмол намудани шири чорво, ҳамчун нақлиёт истифода бурдани чорпоён ҷорӣ гардид. Шикору моҳидорӣ фақат аҳамияти ёрирасони хоҷагиро доштанду бас. Ҳунарҳои мухталифи коркарди мису биринҷ, сафол, сангнбурӣ, бофандагӣ ва ғайра дар ҳаёти одамон шуғли доимӣ гаштанд. Сохтмони биноҳо аз хишти хом ривоҷ ёфт. Намудҳои гуногуни санъати тасвирӣ ба вуҷуд омаданд.
Дар оғози таърихи инсонӣ шаклҳои ибтидоии дин мисли магия, тотемизм, фетишизм, анимизм баъдтар дар давраи неолит аввалин асотирҳо (мифология) ба вуҷуд омаданд.