Фарҳанги Шарқи Қадим

Олимон ва бостоншиносон аз рӯи дастовардҳои фарҳангиву бозёфтҳои археологи маълум карданд, ки гаҳвораи тамаддуни инсонӣ Шарқи Бостон аст. Олимони машҳури рус Н.И.Вавилов, Р.Ю. Виппер, Б. Б.Пиотровский Шарқро гаҳвораи қадимтарин тамаддун дар рӯи замин ва гаҳвораи та­маддуни инсонӣ, маскани асосии тамоми инсоният арзёбӣ намуданд.

И.И.Вавилов дар Осиё мавҷуд будаии панҷ маркази фарҳангу тамаддунро қайд кардааст. Ба ақиди ӯ дар асл як роҳӣ борики хушкии курраи замин дар давраи инкишофи ма­данияти заминдорӣ нақши асосиро бозидааст. Ба ақидаи бостоншиносӣ маъруфи англис Ҷеймс Миллерт тадқиқоти илмии имрӯза, тамоми хулосаҳои Н.И.Вавиловро ба пуррагӣ тасдиқ намудаасг.

Шумеру Аккад, Бобулистон (Байнаннаҳрайн), Мисру Ҳиндустон, Чину Загрос, Эрону Осиёи Миёна ва Осиёи Сагир – гаҳвораи қадимтарин тамаддуни инсонӣ дар рӯи замин маҳсуб мешаванд.

Олими маъруфи рус Виппер Шарқро ҳамчун сарчашмаи тамаддуни ҷаҳонӣ маънидод мекунад. Ӯ дар ибтидои асри XX навишта буд, ки «аксари комёбиҳо ва эътикодҳо ҳама маҳз аз Шарқ ба Европа омадаанд». Таъқид кардан бамаврид аст, ки дар баҳо додан ба тамаддуни Шарқу Fapб ягонагии фикр мавҷуд нест. Лекин аксари олимон бар он ақидаанд, ки дар давраи қадим маданияти Европа нисбат ба Шарқ хеле маҳдуд буд. Ба қавли файласуфи муосири немис К.Ясперс Осиё дар муқоиса бо Европаи хурдакак бо тамоми бузургии масоҳати худ намудор мегардид. Ин хулосаҳоро кашфиётҳои бостоншиносони асрҳои XIX -XX дар қисматҳои гуногуни ҷаҳон ба тариқи раднашаванда исбот кардаанд.

811
Нет комментариев. Ваш будет первым!