Фарҳанги Мисри Қадим

Мисри Қадим яке аз давлатҳои қадимтарини Шарқи Бостон буда, дар қисмати Шимолу Шарқии Африка вокеъ гардидааст. Мисри Қадим таъриху тамаддуни хеле қадима дошта, мардуми он бо зироатчигӣ, чорводорӣ боғпарварӣ ва ҳунармандӣ машҳур буданд.

Дар ҳаёти мисриён дарёи Нил нақши муҳимро мебозид. “Зарурати пасту баланд шудани об дар дарёи Нил астрономияи Мисрро ба вуҷуд овард”-таъкид намуда буд мутафаккири бузурги асри XIX Карл Маркс.

Хати мисриён дар давраи хеле қадим ба вуҷуд омада буд, ки дар натиҷаи он нахустин ёдгориҳои хаттии ин мардум пайдо шуданд. Забони мисрӣ, ки дар асоси хатти тасвирӣ (иэроглафӣ) инкишоф меёфт, мавҷудияти худро дар асри IV-уми пеш аз милодӣ ҳифз намуда тавонист.

Марказҳои фарҳангиву тамаддунии Миср шаҳрҳои Мемфис ва Фиви ба ҳисоб мерафтанд. Мисриён ба санъати нассоҷӣ ошно буданд ва аз чуб дуконҳои бофандагию мебелу заврақҳо низ месохтанд. Онҳо аз захираҳои зеризаминӣ пурра истифода бурда, ба мардуми давлатҳои қадимтарини ҳамсоя рафтуомад ва робитаҳои тиҷоративу фарҳанги доштанд. Пас аз истилои юнониён дар ин сарзамин Минои Искандария бунёд карда шуд, ки минбаъд он ҳамчун осорхона, академияи илмҳо, хобгоҳи олимон, маркази техникӣ, китобхонаи лулапечи миллӣ, дидбонгоҳ ва маркази ситорашиносӣ истифода бурда мешуд. Меъмори Минои Искандария Сострат буд.

Минои Искандария дар муддати панҷ сол сохта ба истифода дода шуда буд. Баландии бурҷи он 120 метр буда, шарораи оташашро аз масофаи зиёда аз 600 км дидан мумкин буд. Ин манора дар асри XV милодӣ дар натиҷаи заминҷунбии сахт хароб гардид. Дар Миср сохтмони аҳромҳо (пирамидаҳо) хеле инкишоф ёфта буданд, ки аз пешрафти санъати меъмории мар­думи ин кишвар дарак медиҳад. Ин аҳромҳо ба хотири фиръавнҳо (шоҳони Миср)- Рамзес, Тутмоси якуму дуюм ва дигарон сохта шуда буданд. Яке аз он аҳромҳо аҳроми Хеонс ба шумор мерафт, ки то 150 метр баландӣ дошт. Мақбараи фиръавн Ҷосер 60 метр баландӣ дошта, бо сарварии меъмор Имхотен сохта шуда буд. Онҳо фираъавнҳои худро писарони худои офтоб (Роъ) гуфта ситоиш мекарданд.

Ба ақидаи муаррихи Юноии Қадим Геродот мисриён сермазҳабтарин мардуми ҷаҳон будаанд. Худои бузурги онҳо Осирис модар-худояшон Бадъат Ҷабал ном доштааст. Санъати меъморию муҷассамасозии мисриён инкишоф ёфта, ба эътиқодҳои диниашон зич алоқаманд мегардад. Илму фарҳанги Миср гаърихи 3500-сола дошта, аввалин намунаҳои адабиёти хаттии Миср аз навиштаҷотҳои зиндагиномаи ашрофон ва таърихи шохон иборат буданд.

Дар кори тартиб додани панду андарзҳо, рисолаҳои динӣ, тиббӣ, риёзӣ ва нуҷум мирзоҳо-руйнавискунандагон шуҳрат пайдо карда буданд. Барои азхуд кардани илмҳои гуногун дар Миср мазҳабҳои равияашон гуногун таъсис дода шуда буданд. Дар ии мактабҳо шогирдонро барои азхуд кардани илм ва пай­до кардани дониши кофӣ маҷбур мекарданд. Дар насиҳатномаи устодони ин мактабҳо оид ба ин масъала чунин омадааст: «Ман туро маҷбур мекунам, ки донишро аз модар бештар дуст дорӣ». Шогирдон аз синни 5 то 30-солагӣ таҳсил мекарданд ва хату саводу илмро муқаддас медонистанд.

Адабиёти Мисри Қадим ба пешрафти адабиёти умумиҷаҳонӣ ба мисли яҳудӣ, арабӣ, юноиӣ, эронӣ, хиндӣ таъсири хеле бузург расонидааст. Геродот дар «Таърих» ном асараш оид ба мисриён чунин навишта буд: «Онҳо (яъне мисириён Н.Т.) аввалин тақвимро ихтироъ карданд ва ё ба вуҷуд оварданд». Аз рӯи ин тақвим як сол аз 12 моҳ яъне 365-366 рӯз ибо­рат буд.

794
Нет комментариев. Ваш будет первым!