Фарҳанги Ҳиндустони Қадим

Ҳиндустон яке аз кишварҳои қадимтарини дунё ба шумор рафта, мардуми он дар атрофи дарёҳои Ҳинд ва Ганг маскан гирифта, зиндагӣ мекарданд. Тамаддуни Ҳиндустон яке аз тамаддунҳои қадимтарин ба шумор меравад. Бозёфтҳои боетоншиносӣ ва дастовардҳои фарҳанги гувоҳи медиҳанд, ки мардуми Ҳиндустон аз давраҳои хеле қадим бо давлатҳои ҳамсоя робитаҳои зичи тиҷоратию фарҳанги доштанд.

Маданияти Ҳиндустони Қадим аз хазорсолаи III-юми пеш аз милодӣ оғоз ёфтааст. Тамаддуни Хиндустони Қадимро та­маддуни Харапп (аз номи маҳалле, ки нишонаҳои ин тамаддун ёфт шудааст) меноманд, ки он дар ин сарзамин тамаддуни қадимтарин маҳсуб мешавад. Тамаддуни дигари Хиндустонро тамаддуни Моҳинҷо-Доро меноманд. Ин тамаддунҳо баъди тамаддунҳои Шумеру Аккад ва Миср дар ҷаҳон аз қадимтарин тамаддунҳо ба ҳисоб мераванд. Дар давраҳои қадим дар Ҳиндустон илм, фарҳанг, санъати меъморӣ, ҳунармандӣ хеле инкишоф ёфта буд.

Дар охири ҳазорсолаи II-юми то милод ба сарзамини Ҳиндустон қабилаҳои ориёӣ омада, водии дарёи Гангро забт менамоянд ва урфу одат, маданияти аҳолии таҳҷоиро қабул мекунанд.

Аз тарафи ориёиҳо қабул карда шудани маданияти қадимаи дравидҳо ба асотирҳои ҳиндӣ рӯху мазмуни тоза бахшид ва онҳоро бойтару сермазмунтар гардонид. Қабилаҳои ориёие, ки аз ғарб ба Ҳиндустон омада буданд пай дар пай бо аҳолии таҳҷоии он – дравидҳо омезиш ёфтанд. Дар байни маданиятҳои қадимаи дунё маданияти Ҳиндустон хеле пурасрор ва ҳайратангез мебошад. Инро дар либос, рафтор, ракс ва тафаккури мардуми ҳинд дидан ва эхсос кардан мумкин аст. Маданияти Ҳиндустони Қадимро ба се давраи асосӣ тақсим кардан мумкин аст:

  1. Ведӣ (такрибан солҳои 1500-600 то милодӣ).
  2. Динию Эпикӣ (солҳои 600-200-уми то милодӣ вақте, ки ду эпоси асосии хинд «Маҳанҳарата» ва «Рамая­на» эҷод карда шудаанд ва динҳои чайнию буддоия ба нуҷуд омаданд).
  3. Бaвуҷуд омадани мактабҳои фалсафии ҳиндуия (аз соли 200-уми то милодӣ).

Комёбии бузургтарини мардуми Ҳиндустон дар давраҳои қадимтарин ихтироъи хат буд, ки хати қадимаи онҳо низ ба монанди хати Шумеру Аккад ва мисриёни қадим хати тасвирӣ (иэроглафӣ) буда, он дар ҳазорсолаи 3-юми пеш аз милод ба нуҷуд омада буд. Хати қадимаи онҳоро хати браҳмӣ низ мено­манд. Дар Ҳиндустони Қадим танҳо дар охири асри 3-юми то милодӣ хати алифбои хиҷоӣ паҳн мегардад. Муҳимтарин асарҳои динӣ-фалсафии давраи қадими Ҳиндустон бо хати қадимӣ ведӣ-браҳмӣ ва баъдтар бо хати санскрита ва оромӣ таълиф шудаанд. Аввалин дастоварди фарҳангие, ки давраҳои тамаддуни қадимтарини Хиндустонро дар бар мегирад китоби «Маҳабҳарата» мебошад.

Фарҳанги мардуми Ҳиндустони Қадим аз ибтидо дар руҳияи динӣ инкишоф меёфт. Дар ҳаёти иҷтимоии Ҳиндустони Қадим браҳманҳо (коҳинон) нақши бузург мебозиданд. Таълимоти дини қадимтарини ҳиндуҳо- браҳманизм дар қисматҳо (навиштаҷотҳо)-и Ведаҳо (маънои хирад, дониш, дониши муқаддасро дорад) ҷамъ оварда шудааст. Ведаҳо маҷмӯи матнҳои қадимаи дини браҳмания буда, тақрибан дар ҳазорсолаи дуюму якуми то милодӣ таълиф шуда, дар чаҳор маҷмӯа – «Ригведа», «Самаведа», «Яҷурведа», «Атхарваведа» гирд оварда шудааст.

Дар таълимоти браҳмания ақидаҳои тотемистӣ ҷои муҳимро ишғол менамояд. Пайравони браҳмания Худои бузурги худ Браҳма, нигоҳбону ҳофизи коинот Вишнуи валинеъмат ва харобкунандаи мавҷудот Шиваро мепарастидаид.

Дини браҳмания ба манфиати табақаҳои болоии ҷамъият хидмат карда, шахсияти шоҳро то ба дараҷаи Худо мерасонид. Мақсади асосии ин дин мустаҳкам намудани мавқеи системаи авлодӣ ва коҳинон дар ҷомеа буд.

Минбаъд бо ташаккул ёфтани ҷомеа, болоравии сатҳи маданӣ ва маънавии мардуми Ҳиндустон ҷараёнҳои нави динию фалсафӣ пайдо шуданд, ки нисбати дини браҳманӣ дар байни халқ оҳангҳои нобовариро талқин мекарданд. Дар натиҷа дини браҳманӣ ва баробари он системаи кастагӣ рӯ ба сукут мениҳанд. Бар зидди он динҳои нав – буддоӣ ва ҷайнӣ муборизаро оғоз менамоянд.

Буддоия – таълимоти динию фалсафиест, ки дар Ҳиндустони Қадим дар асрҳои 6-5-уми то милод ба вуҷуд омада, дар раванди инкишофи худ баробари масеҳдят ва ислом ба ди­ни ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Асосгузори ин дин шоҳзода Сидхартха Гаутама (солҳои 563-493 пеш аз милод) буда, баъдтар ӯ бо номи Буддо машҳур мегардад. Писари шоҳ Сидхартхаро сарвату давлат интизор буданд, вале ӯ аз ҳамаи ин даст мекашад ва дар ҷустуҷӯи ҳақиқат мешавад. Таълимоти Буддо дар «Типитака» яъне «Се қонун» гирд оварда шудааст.

уддоия дар ибтидои мавҷудияташ аз 18 фирқа иборат буд. Баъдтар дар ибтидои аввали асри милодӣ ба ду шохаи асосӣ- ҳинаяна ва махаяна ҷудо мегардад. Буддо кушиш менамуд, ки роҳи нави зиндагӣ, роҳи аз азоб раҳо додани инсонро пайдо кунад, онро ба одамон нишон диҳад. Бо ҳамин мақсад Буддо ба одамон чаҳор ҳақиқдти наҷибро меомӯзонад. Буддо таълим медод, ки: «Ҳаст азоб, ҳастанд сабабҳои азоб. Ҳаст қатъӣ азоб ва ҳастанд ҳашт роҳи наҷиби қатъ намудани азоб». Аз нуқтаи назари Буддо ҳамаи инро бо роҳи хайр, худтарбиякунӣ, озод шудан аз дилгармиҳои зиндагӣ ба даст овардан мумкин аст.

Дини дигари хиндувон дини ҷайнӣ буд, ки дар нимаи дуюми асри VI ва аввали асри V то милод ба вуҷуд омада буд.

Дини ҷайнӣ талаботи асосии худро дар шакли зайл ифода мскард: «Ба махлуқи ҷондор зарар нарасонидан, ҳақгӯи будан, моли касонро аз худ накардан, ба бадахлоқӣ роҳ надодан» ва ғайра. Ҳамин тавр, фарҳангу санъати баланди мардуми Ҳинд ба пешрафти фарҳангу тамаддуни халқҳои гуногуни ҷаҳон таъсири мусбӣ расонида, боиси ташаккули фарҳанги умумиҷаҳонӣ гардидааст. Дастовардҳои фарҳангии мардуми хинд асарҳои машҳури «Маҳабҳарата», «Панҷтантарата», «Ра­маяна», «Ригведа», «Қонуни Ману» мебошанд.

Таъсири маданияту фалсафаи Ҳинд дар эҷодиёти бисёр мутафаккирон, шоирону нависандагони Осиё, Европа ва Аме­рика ба мисли И.Гердер, И.В.Гёте, Г.Гейне, Р.Киплинг, Ф.Шиллер, Экерсен, У.Г.Торо, У.Уитмен, Саъдии Шерозӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Д. Ҷомӣ, Л.Уайт, Карамзин, Н.М.Жуковский, Л.Н.Толстой, Рудакӣ, Фирдавсӣ, Амир Хусрави Деҳлавӣ, Бедил, Зебунисо, М.Иқбол, С.Айнӣ, С.Улуғзода, М.Турсунзода ба хубӣ эхсос карда мешавад.

Санъати мусиқӣ, муҷассамасозӣ ва меъмории Ҳиндустон таърихи хеле қадима дорад. Яке аз мавзӯҳои дӯстдоштаи санъа­ти наққошии мардуми Ҳинд тасвири худоҳо ва одамон маҳсуб мешуд. Дар Ҳиндустони Қадим санъати меъморӣ ба авҷи баланди инкишофи худ расида буд. Ёдгории қадимтарин ва барҷастатарини санъати меъмории Хинд Моҳинҷо-Доро ба шумор меравад. Маданияти волоӣ мардуми ҳинду ориёӣ гувоҳи он аст, ки ҳиндуён ва ориёиҳо аз давраҳои қадим бо ҳам алоқаи хеле наздики тиҷоратию фарҳангӣ ва шояд хешу таборӣ низ дошта буданд.

Яке аз анъанаҳои қадимтарини мардуми Ҳинд анъанаи Сатти (сахамарата) (дар танҳоӣ ва ё якҷоягӣ зинда сузондани ҷасади одам) буда, онро ба хотири содиқ ва вафодор будан ба ҳамдигар ба ҷо меоварданд. Ии анъанаи онҳо то замони мо идома дорад. Бозии шоҳмот низ эҷоди мардуми Ҳинд аст. Шоҳасарҳои меъмории онҳо ба мисли маъбадҳо, буткадаҳо, бахусус қасри «Тоҷмаҳал» бинандаро дар ҳайрат мегузорад. Хулоса, мардуми Ҳинд ба ганҷинаи тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми босазо ва арзандаи хешро гузоштааст.

1.1K
Нет комментариев. Ваш будет первым!