Фарҳанги Хитойи (Чини) Қадим
Хитой (Чин) низ яке аз гаҳвораҳои тамаддуни аҳли башар маҳсуб мешавад. Давраи қадимтарни дар инкишофи маданияти Хитой ҳазорсолаи IV-уми то милодӣ ва ҳазорсолаи III -юми то милодӣ ба шумор меравад.
Шаҳрҳо ва давлатҳои қадимтарин дар Хитой дар ҳазорсолаи II-юми то милод ба вуҷуд омада буданд. Машҳуртарини онҳо давлаги Шан буд, ки онро сулолаи Ин идора мекард. Баъдтар ин давлатро қабилаи Чжоу забт кард ва бо ҳамин ҳукмронии сулолаи Чжоу оғоз ёфт. Дар асри III-юми пеш аз милод дар сарзамини Хитой империяи мутамарказ – шоҳигарии Тсин ба вуҷуд омад. Маҳз дар ҳамин давра сохтмони девори Бузурги Хитой оғоз ёфт. Сулолаи дигаре, ки Хитойро то асри IV идора карда буд ин сулолаи императории Хан буд. Баъди давраи парокандагӣ, дар асри VII империяи пуриқтидори Тан ба вуҷуд меояд. Баъдтар бошад, Хитойро сулолаи Сун муттаҳид менамояд. Оғози давлатдорӣ дар Хитой ба давраи ҳукмронии хонадони Шан-Ин (асрҳои XVIII-XII то милод) рост меояд. Дин дар Хитой барои мустаҳкам намудани обрӯӣ ва мақоми шоҳ истифода бурда мешуд. Шоҳ «Писари Осмон» номида мешуд. Аксари комёбиҳои тамаддуни Хигойиҳо ба сатҳи ҷаҳонӣ расида, ҳамчун муъҷизаи олам эътироф шудаанд.
Маданияти мардуми Хитойи Қадим бо хусусиятҳои муҳимтарини худ аз маданияти халқҳои дигар фарқ мекунад. Яке аз муъҷизаҳои эҷодкардаи онҳо бунёди девори бузурги Хитойи Қадим мебошад, ки дарозиаш 2700-3000 км буда, баландиаш 14-15 метр буда аст. Ин девор мардуми Хитойро аз хавфу хатари обхезӣ, ҳуҷуми душманони берунаашон хифз менамуд.
Дар Хитойи Қадим саньати меъморӣ, муҷассамасозӣ, тасвирӣ, минётурӣ, мусиқӣ, кулолгарӣ ва бофандагӣ хеле инкишоф ёфта буд. Меъмории мардуми Хитой аз меъмории дигар халқҳо хусусиятҳои хоси худ ба кулли фарқ мекунад.
Мардуми Хитоӣ дар соҳили дарёҳои Янтсзе ва Хуанхе зиндагӣ карда, асосан ба зироатчигию чорводорӣ, боғдорӣ, шоҳибофӣ, кулолгарӣ, моҳигирӣ ва тиҷорат машғул буданд.
Тоҷирони кишварҳои хориҷӣ низ барои тиҷорат ба Хитой меомаданд. Хитойиҳои Қадим коғаз, борут, қутбнамо ва соатро ихтироъ карда буданд. Хатти мардуми Хитой дорои хусусиятҳои хоси худ мебошад. Онҳо то хол дар навиштан зиёда аз 6000 аломатро истифода мебаранд.
Дар Хитойи Қадим илмҳои риёзӣ, нуҷум, тиб, ахлоқ, фалсафа, ҳуқуқ адабиёт, таърих хеле инкишоф ёфта буд. То имрӯз хитоиҳо таълимоти ахлоқию ватанпарварӣ, ҳуқуқӣ ва инсондӯстии аҷдодонашонро сармашқи кор ва фаъолияти худ карда меоянд.
Эътиқодҳои динӣ, анъана ва расму оини хитоиҳо аз эътиқоду анъанаҳои дигар халқҳои олам ба куллӣ фарқ мекунанд. Худоҳои хитоиҳо дар давраҳои қадим бо номҳои гуногун ёдоварӣ мешаванд. Хитоиҳо аз рӯи анъанаҳои худ орзӯҳояшонро дар тахтачаҳо сабт менамуданд. Гуё худоҳо ба асп саворанду орзӯҳои онҳоро амалӣ мегардонда бошанд. Дар баробари ин хитоиҳо ба туморҳо эътиқоди комил доштанд, зеро ба ақидаи онҳо гуё ин туморҳо бехатарии ҷои кор ва барори кори онҳоро таъмин мекарда бошанд. Мардуми Хитой аз давраҳои қадим то ҳол ба «Ҳафт бахт» эътиқоди комил доранд.
Дар Хитойи Қадим чунин таълимотҳои динию фалсафӣ ба мисли конфутсиячигӣ, даосизм ва буддоия амал мекарданд. Конфутсиячигӣ дар охири асри 5 то милодӣ пайдо шудааст. Асарҳои асосии мутафакири Чин Конфутсий баъди маргаш аз тарафи шогирдону пайравонаш таълиф шудаанд. Асарҳои асосии Коифутсий «Китоби табдил», «Китоби сурудҳо», «Суҳбат ва муҳокимаҳо» мебошанд. Конфутсий дар давраи барои халқи Хитой хеле вазнин давраи гузариш аз сохти ғуломдорӣ ба сохи феодалӣ ҳаёт ба cap бурда аст. Дар маркази диққати конфутсиячигӣ масъалаи ахлоқ тарбия ва инсондустӣ қарор дорад. Ӯ таълим медод, ки «чизеро, ки ба худ муносиб намедонӣ ба дигарон махоҳ». Дар таълимоти Конфутсий Осмон меҳвар аст. Он ҳам як ҷузъи табиат ва ҳам қувваи олии руҳонӣ мебошад, ки тақдири табиат ва инсонро муайян мекунад. Манбаи ахлоқии инсон низ аз осмон аст. Инсон бояд мувофиқи он сифати ахлоқие, ки ба ӯ ато шудааст амал кунад ва худро бо роҳи омӯхтан такомул диҳад. Аз рӯи таълимоти Конфутсий ҳокимияти император ин шабоҳати ҳокимияти падар дар оила буда, муносибаташ бо раият ба муносибати падар ва фарзандон монанд аст. Зинаи идорӣ ва ҷамъиятӣ аз тобеияти «поёниҳо», «нодорхо» ба «болоиҳо», «дороён» бояд иборат бошад. Ӯ тарафдори ҳокимияти ашрофони бохираду донишманд буда, ашрофи бехирад набояд ба вазифаи идорӣ роҳ ёбад. Конфутсий ба қонунгузории давлат эътимод надошта, онро як амали манфӣ мешуморид.
Баъди марги Конфутсий императороии Чин ӯро Худо эълон карда, барои эҳтиромаш ибодатхонаҳо месохтанд ва ба ӯ ибодат мекарданд.
Дар дини Конфутсий табакаҳои руҳониён мавҷуд набуд. Ии вазифаро сарварони оила, авлод ё хизматчиёни давлатӣ адо мекарданд. Парастиши авлодони гузашга яке аз талаботҳои асосии оини Конфутсий буд. Ҳар як авлод ё оила ибодатгоҳи худро дошт. Дар таълимоти мазкур принсипи инсондӯстию гуманизм мавқеи хоса дошт. Аз рӯи таълимоти Конфутсий инсон дар ҷомеа ва оила бояд аз рӯи хирад, масъулиятшиносӣ, эҳтироми якдигар, муҳаббат ба калонсолону хурдсолон амал кунад.Аз асри 3-юми милодӣ cap карда, императорони Хитой дини Конфутсийро дини давлатӣ эълон карда буданд.
Дар охири асри VI-уми милодӣ дар Хитой таълимоти нави мазҳабии Даосизм пайдо шуд, ки мазмун ва моҳияти он дар китоби «Дао-дс-тсзи» баён ёфтааст. Муаллифи ин китоб файласуфи Хитойи Уадим Лао -Тсзи буд. Дар охири асри VI-уми милодӣ Даосизм низ мақоми давлатӣ пайдо кард, ки таълимоти ахлоқии он чунин асг: манъи куштор, манъи дуздӣ ва манъи шаҳватпарастӣ. Аз нигоҳи Лао Тсзи қонунҳои табиату ҷамъият аз ҷониби Дао (Худои худро ҳамин тавр меномиданд. Т.Н.) муайян карда мешаванд. Дар муносибат бо Дао ҳама баробаранд. Ҳамаи бадбахтӣ ва беадолатӣ аз он cap задааст, ки мардум аз Дао дур шудааст. Дао метавонад адолатро барқарор намояд, моликиятро аз дороён ва сарватмандон гирифта, ба камбағалон диҳад.
Дастовардҳои фарҳанги ва тамаддун, қонунгузории давлат тибқи Даосизм, роҳи хато ва дур шудан аз Дао шуморида шуда, зӯроварию ҷанг маҳкум карда мешавад. Дар таълимоти Даосизм фазилатҳои беҳтарини ахлоқӣ инсонӣ ба мисли иҷрои қарзи фарзандӣ, садоқат ба калонсолону ниёгони хеш, муҳаббати самимӣ, сабру тоқат, муқобилият ба рафтори бад, зиёд кардани саршумори чорво, парвариши растаниҳои судманд, сохтмони роҳҳо, маърифатнок намудани бесаводон, қироату тиловати китобҳои муқаддас ва риояи расму оини гузаштагон мақоми хоса доранд.