Фарҳанг ва тамаддуни Эрони Қадим

Эрон яке аз қадимтарин давлатҳои Шарқ маҳсуб мешавад, ки гаърихи зиёда аз 5-ҳазорсола дорад. Сокинони эронзаминро дар давраҳои қадимтарин ориёӣ – яъне мардуми ориф, наҷиб, асил, асилзода, покиза, донишманд, аз хонаводаи нажоди сафед ва сарзамини онҳоро Ориёно меномиданд. Оиди ориёиҳо, сарзамини аввалини аслии онҳо, давраҳо ва роҳҳои ҳиҷрати онҳо назарияҳо ва консепсияҳои мухталиф мавҷуд асг. Вале аз ҳама ақидаи ба ҳақиқат наздик он аст, ки аҷдодони тоифаҳои мухталифи ориёиҳо то замони аз ҳамҷудоҳавӣ дар сарзамини Осиёи Миёна (Ориёнои таърихӣ) ва ноҳияҳои ҳамҳудуди он зиндагӣ ба сар бурда сипас, як гурӯҳи онҳо аз ин ҷо ба Ҳиндустон кучидаанд ва гурӯҳи дигар тақрибан дар миёнаҳои ҳазорсолаи дуюми пеш аз мелод дар Осиёи Пеш маскан гирифта осори нутқ ва маданияти худро боқӣ гузоштаанд. Ҳамчунин гурӯҳи дигари ориёиҳо, яъне аҷдоди мидиҳо ва форсҳо ба самти Эрони Ғарбӣ ҳаракат карда, дар он ҷо сукунат ихтиёр намуданд. Чунин нуқтаи назарро аксари муаррихон ва донишмандони забонҳои эронӣ тарафдорӣ мекунанд. Бостоншиносони маъру­фи дунё ориёиҳоро аҳли маданияти андронӣ ва ё Осиёи Миёнаи аҳди биринҷӣ мешуморанд.

Ханӯз аз давраҳои қадим зиддиятҳои дохилӣ ориёиҳоро ба ду гурӯҳи калони бо ҳам зид ҷудо карда буд. Гурӯҳи якум эрониёни ғарбӣ буданд, ки ба он мардуми Эрони имрӯза, балуҷиҳо, курдҳо, мидиҳо ва ғайраҳо дохил мешуданд.

Ба гурӯҳи дуюм эрониёни шарқӣ – аҷдодони тоҷикон, яъне суғдиён, бохтариҳо, сакоиҳо, хоразмиҳо дохил мешуданд. Бо вуҷуди он, ки аҷнабиён сарзамини Эрони Бостон ва Ориёноро забт карда бошанд ҳам, мардуми ориёӣ тавонисганд, ки марказҳои илмию фарҳангии худро нигоҳ доранд.

Баъди аз байн рафтани давлати овозадори Ҳахоманишиҳо дар сарзамини Ориёно суғдиён, бохтариҳо, хоразмиён ва портҳо давлатдорӣ кардаанд. Мароқанд, Бохтар, Балх, Нисо, Тайсафун, Персополес, Нишопур, Истахр шаҳрҳои маданию фарҳангии онҳо буданд, ки то имрӯз шаклу шукуҳи худро нигоҳ дошта меоянд.

Намунаи равшани инро дар мақбараи Курӯши Кабир, катибаҳои тахти Ҷамшед, катибаҳои тахти Доро, меъмориҳо ва навиштаҷотҳои Кӯҳи Бесутун, меъмориҳои оташкадаҳо, меъмориҳои шаҳри Персополес, меъмории қасрҳои шоҳони аҳди Сосониён, боғҳои шоҳон, меъмории Академияи Гунди Шопур ва китобхонаю бемористонҳои он, ки дорои хусусиятҳои хос буданд дидан мумкин аст.

Тамоми комёбиҳои мардуми ориёӣ дар дастовардҳои фарҳангию таърихии онҳо «Авесто» ва киссаю номаҳои шоҳон сабт ёфтааст. Илму фарҳанг ва санъати давраи Сосониён ба пешрафти илму фарҳанги тамоми ҷаҳон таъсири ниҳоят бузург расонидааст. Қавмҳои эронинажод ба монанди дигар халқҳои олам дорои таълимотҳои зиёди мазҳабиву фалсафӣ мебошанд.

Таълимоти мазҳабиву фалсафии ориёиҳо бо ҳам омехтаанд. Ин тамоилро дар аксари таълимотҳои пешин, аз қабили оинҳои ориёӣ – маздакия, зардуштия, монавия бараъло мушоҳида кардан мумкин аст.

Ориёиҳо ҳамчун мардуми қадима ба ягонагии Худованд имони комил доштанд.

Эътиқод ба Меҳр ва ё Митра (Худои осмон) ва Анаҳит (модархудо) аз қадимтарин эътиқодоти мардуми Эрони Бостон аст.

Дар бораи парастишу эхтиром нисбат ба Худои Мехр дар катибаҳои Доро ва дар давраи Ҳахоманишиҳою рӯзгори Сосониҳо ривоятҳои зиёде мавҷуд аст. Ҷашнҳои Наврӯз ва Мехргон бо шукӯҳи бузурге таҷлил мегаштанд. Ин расму оинҳо ва анъанаҳо ба мазҳабҳои зардуштия, масеҳият ва дини монавия таъсири амиқе расонидааст. Дар китоби муқдддаси дини зардуштиён: «Авесто» суруде дар ситоиши Меҳргон ҷой дода шудаасг, ки номи Меҳряштро гирифтаасг. Ҷашни Меҳргон баъдтар дар байни румиҳо низ паҳн гардид.

Дар байни худоёни сершумори мардуми ориёӣ Аҳурамаздо (Худои доною хирадманд ва Худои некӣ) мавқеи хеле бараҷаста доштааст. Мувофиқи маълумотҳои китоби «Авесто» асосгузори дини зардуштӣ-Зардушт Иброҳими Спитамон будааст. Дини зардуштӣ дар ибтидои ҳазорсолаи якуми пеш аз милод ба вуҷуд омада, то паҳншавии ислом дар сарза­мини ориёиҳо дини асосӣ ва хукмрон буд. Таълимоти ахлоқии сегонаи дини зардуштӣ – «Пиндори нек», «Гуфтори нек», «Рафтори нек» то ҳол аҳамияти тарбиявии худро барои аҳди башар гум накардааст.

573
Нет комментариев. Ваш будет первым!