Фарҳанги Атиқа
Аксари олимони дунё бар он ақидаанд, ки фарҳанг ва тамаддуни мардуми Европа нисбат ба фарҳанг ва тамаддуни халқҳои Шарқ дертар ба вуҷуд омадааст.
Қисми хеле ками олимони дунё фарҳангу тамаддуни Юнону Римро сарчашмаи тамаддуни башарият қаламдод мекунанд.
Аксари кулли олимони дунё бошанд Шумеру Аккад (Месопотамия), Мисру Ҳинустон, Чину Загрос, Эрону Осиёи Миёна, доманакӯҳҳои Анатолия (Осиёи Сагир)-ро гаҳвораи қадимтарини тамаддун дар рӯи замин, таҳкурсии тамаддуни инсонӣ ва маскани асосии тамоми инсоният меҳисобанд.
Олими маъруфи рус Р.Ю.Виппер Шарқро ҳамчун сарчашмаи тамаддуни ҷаҳонӣ ҳисобидааст. Ӯ навишта буд: «Европаи куҳан aз давраҳои қадимтарин cap карда, рӯ ба тараққи ниҳода буд. Барои онҳо рушноӣ ва боигарӣ, аслиҳаҳои мубориза бо табиат ва маснуоти рӯзгор, усули кор ва асбобҳо, мафҳумҳо ва эътиқодҳо – ҳама маҳз аз Шарқ меомаданд… Хама гуна зинаҳои мадании Европа аз таъсири ихтироъкориҳои бузурги Шарқ ба вуҷуд омадаанд».