Фарҳанги Юнони Қадим

Сокинони қитъаи Европа низ дар ташаккули фарҳанг ва тамаддуни аҳли башар саҳми босазо гузоштаанд.

Ҷазираи Крит дар қитъаи Европа аз қадимтарин марказҳои тамаддуни инсонӣ ба ҳисоб меравад. Фарҳангу тамаддуни Юнони Қадим, ки дар зери таъсири тамаддуни Шарқи Бостон ташаккул ёфтааст аз тарафи олимону бостоншиносони олам то андозае таҳқиқ карда шудааст ва он ба чор давраи асосӣ ҷудо карда мешавад, ки инҳоянд:

  • Юнони давраиГомерӣ (асрҳои XII-VIII-уми то милод). Ин давр-и пароканда гардидани ҷамоаи авлодӣ ва пайдо шудани давлат буд. Ин давра дар манзумаи эникии «Илиада» ва «Одиссея» ифодаи худро ёфтааст. Тақрибан дар асри VII то ми­лод халқе бо номи эллинҳо пайдо мешавад, ки номи мамлакати онҳо Элладаро мегирад.
  • Юнони давраи архаикӣ. Дар ин давра шаҳрҳо – давлатҳо ба вуҷуд меоянд (асрҳои VII-VI то милод).
  • Юнони давраи классикӣ. Ин давраи гул-гулшукуфӣ ва нашъунамои полисҳои юнонӣ мебошад (асрҳои V-IV то милодӣ). Дар ин давра фалсафа, санъати театрӣ ва адабиёт арзи вуҷуд мекунад.
  • Юнони давраи эллинистӣ (охири асри IV ва асри I пеш аз милод). Ии давраи пайдоиши империяҳои бузург мебошад. Ин давра аз истилои Искандари Мақдунӣ оғоз ефта, бо истилои Рим аз тарафи варварҳо анҷом меёбад. Рим дар ибтидои асри II-юми то милодӣ Юнонро тобеи худ гардонид. Аз асри IV то истило шудани Византия аз тарафи туркҳо дар асри XV Юнон Қисми асосӣ ва таркибии империяи Византия маҳсуб мешуд.

Фарҳанг ва тамаддуни ҳар яке аз ин давраҳо бо хусусиятҳои хоси худ аз якдигар фарқ мекунанд. Қадимтарин ёдгориҳои хаттии ин мардум бори аввал аз ҷазираи Крити шаҳри Кносс ёфт шудааст. Дар он оид ба қасри шоҳи афсонавии ҷазираи Крит-Минос маълумот дода мешавад. Мувофиқи ин маълумотҳо қасри шоҳи афсонавӣ аз биноҳои боҳашамати 2-3 ошёна иборат буда, масоҳаташ ба 16000 м.кв баробар будааст ва дар он зиёда аз 300 хона ҷой доштааст. Дар деворҳои ин қаср санъаткорон, рассомон, меъморон, наққошон, кулолгарон, заргарон санъати баланди волои худро нишон додаанд. Юнониҳо ва Римиҳо асосгузорони театр ва амфитеатр ба шумор мераванд. Масалан, театри Дионис дар Афина 70 ҳазор ҷой, театри шаҳри Эфес 60 ҳазор ҷойҳои нишаст доштанд.

Дар Юнон драматургия низ инкишоф ёфта буд. Асосгузорони он Софокл, Эсҳил, Аристофан ва дигарон буданд, ки асарҳои драммавӣ эҷод мекарданд. Эзоп- яке аз масалгуёни Юнони Қадим буд, ки масалҳои зиёди пурмазмуне эҷод карда буд. Ӯ дар бораи худ чуиин мегуяд: «Гарчанде, ки Эзоп тамоми умр ғулом зистааст, вале ӯ озод мурдааст».

Аксари олимону файласуфони Юнони Қадим зодаи шаҳри Милет буданд. Фарҳанги мардуми Милет дар зери таъсири маданияти қадимаи Эрону Миср ва Бобулистон инки­шоф ёфтааст.

Дар байн мардуми Юнон бисёрхудои маъмул буд. Худои аввалини юнониён Худозан маҳсуб мешуд ва онҳо баъдтар образи Худои барзаговро эҷод карда буданд. Онҳо худоҳои худро бо номи Зевс, Прометей, Афина, Димитрий, Посейдон, Гелиос, Дионис, Аполлон ва ғайраҳо парастиш карда, ба хотири худохояшон қурбониҳо мекарданд.

Юнониён муҷассамаҳои худоҳои худро сохта, дар ибодатхонаҳо нигоҳ медоштанд. Масалан, муҷассамаи Зевс 58 метр баландӣ дошта, дар назди кӯҳи Олимп дар муддати 9 сол сохта шуда буд. Муҷассама бо бузургию хашамати худ яке аз муъҷизаҳои нотакрори тамаддуни аҳли башар эътироф гардидааст.

Мардуми Эгей низ ба хазинаи тамаддуни ҷаҳонӣ аз худ мероси гаронбаҳое боқи гузоштаанд. Онҳо ҳанӯз дар ҳазорсолаи 2-юми то милод хати худро ихтироъ карда буданд.

Санъати наққошии эгейҳо ба санъати Атиқа ва минбаъд ба санъати монументалии асрҳои миёнаи Византия, Руси Қадим, Булгория, Франсия ва давраи Эхё таъсири муфиде расонидааст.

Анъанаҳои бинокорӣ ва меъмории қадима баъдтар дар Давраи классики васеъ инкишоф меёбанд. Ҳоло ҳам маданияти он давраро ҳамчун сарчашмаи маданияти мардуми Европаи имрӯза эътироф намудан мумкин аст. Яке аз қадимтарин ёдгориҳои маданияти Микен санъати меъморӣ ва мақбараҳои Пелопонес, Афинаю Спарта маҳсуб мешаванд.

Аз ин рӯ, мутафаккири Юнони Қадим Гомер дар асараш «Иллиада» Микенро «кони тилло» номида, шоҳи он Агамени-онро дар байни шоҳон аз ҳама пурзуртарин муаррифӣ намудааст. Дар давраи пас аз гомерӣ (асрҳои VIII-VI пеш аз милодӣ) маданияти мардуми Юнон хеле ташаккул ёфта, аз мамлакатҳои Шарқи Қадим хеле пеш мегузарад.

Дар ташаккул ва инкишофи маданияти давраи гомерии Юнон таъсири маданияти Шарқ тавассути робитаҳои тичоратию фарҳанги хеле барҷаста аст. Масалан, асоси алифбои юнониҳоро хати финикиягиҳо ташкил мекунад. Дар он танҳо баъзе аломатҳои ҳамсадою садонокҳо дохил карда шудаасту бас. Бисёр алифбоҳои мардуми ҷаҳон аз ҷумла, алифбои кириллӣ гарчаиде, ки аз хати юнонӣ сарчашма гирифта бошанд ҳам асосашро хати Финикияи қадим ташкил медиҳад. Мардуми Юнон сирри аз peг тайёр кардани шиша ва ғайраҳоро аз мар­думи Финикия ва Ошур омухтаанд.

Дар илми нуҷум, геометрия (ҳандаса), меъморӣ мисриён ва бобулиён устодони юнониён ба шумор мераванд. Ба илму фарҳанги бойи мардуми Шарқ такя карда, юнониёну римиёни қадим дар соҳаи илму фарҳанг, мактаб, меъмориҳо, амфитеатрҳо, театрҳо, бозиҳои миллӣ, давлатдорӣ ва демократия ба комёбиҳои бузург ноил гардидаанд.

Яке аз хусусиятҳои фарқкунандаи маданияти мардуми Юнон ин асотирҳои онҳо мебошад, ки аз он на фақат санъат ва адабиёти онҳо, балки дин ва то андозае илми юнонӣ низ ғизои маънавӣ гирифтааст. Дар байни юнониён бисёрхудои маъмул буд ва онҳо худоҳои худро ба худоҳои заминию осмонӣ ҷудо мекарданд, Аз рӯи эътиқоди юнониён гуё асбоби мусиқии лира (уд): п камони Аполлон сохта шуда бошад. Аз ин хотир Аполлонро пешсафи нӯҳ, яьне худоҳои ҳофизон, мусиқичиён ва пешгӯикунандагон меҳисобиданд. Яке аз сабабҳои асосии бо суръати баланд инкишоф ёфтани илму фарҳанги Юнони Қадим дар он буд, ки бисёр олимон, файласуфону санъаткорони он ба мамлакатҳои Шарқи Бостон сафар карда, илму фарҳанг, тамаддуни мардуми Шарқро омӯхта, малакаю таҷриба ва ҷаҳонбинии хешро сайқал медоданд ва онро дар Юнон амалӣ мегардонанд. Мутафаккнрони Юнони Қадим дар соҳаи илми тиб, риёзиёт, геометрия (ҳандаса), ҳуқуқ ахлоқ фалсафа, мусиқӣ, нуҷум, меъморӣ, кимиё, чуғрофия, табиатшиносӣ ва забону адабиёт асарҳои беҳамто эҷод намуда, Юнонро машҳури ҷаҳон гардонидаанд.

Бисёр мутаффакнрони илму фарҳанги Юнони Қадим мактабҳои худро таъсис дода буданд, ки машҳуртарини он Академияи Афлотун буд. Афлотун шогирди Суқрот буд. Ӯ баъди қатли Суқрот бо мақсади ба амал баровардани ғояҳои сиёсии устодаш Суқрот оид ба давлат ва давлатдорӣ ба сафари мамлакатҳои Шарқ мебарояд. Дар давоми 12 соли сафараш аз мамлакатҳои Миср, Киренаика, Италияи ҷанубӣ, Ситсилия дидан карда, ба тарзи давлатдории онҳо аз наздик шинос мешанад, Баъди аз сафар баргаштан Афлотун дар мавзеи қаҳрамон – Академа мактаби худро мекушояд (аз ин ҷост номи академия), ки баъдтар он номи Академияро мегирад. Академики Афлотунро бузургтарин олимони асри IV -умн то милодии Юнон Евдокс, Евклид, Арасту хатм намудаанд.

Дар инкишоф ва ташаккули илму фарҳанги Юнони Қадим мугафаккирон Гераклит, Фалес, Пифагор, Парменид, Зенон, Асклепий, Гигия, Панатсея, Гиппократ, Демокрит, Анаксагор, Суқрот, Евклид, Афлотун, Арасту, Геродот, Гомер, Фидии, Поликлет, Аполодор, Ксепефон, Ариан, Лукиан, Ситсерон, Вергилиӣ ва дигарон саҳми арзанда гузоштаанд.

Тибби Юнони Қадим низ дорои таърихи қадима мебошад. Дар сарчашмаҳои таърихи аввалин маълумот оид ба тибби Атиқаи Юнон дар асри XII-уми то милодӣ дода шудааст. Дар он давра тибби юнониҳо касби мустақил гардида, духтурони касбиву мактабҳои оилавии пизишкӣ пайдо шуда буданд. Оид ба таърихи тибби Юнони Қадим маълумотҳо хеле каманд, вале баъзе хусусиятҳои тиббӣ онвакта дар манзумаҳои «Иллиада», ва «Одиссея»-и Гомер таҷассум ёфтаанд. Гомер роҷеъ ба вазъи тиб ва мавқеи пизишкони Юнони Қадим маълумоти мухтасар медиҳад.

Дар Юнони Қадим оилаҳои пизишкони касбӣ вуҷуд доштааст, ки мактабҳои «оилавии» пизишкиро ташкил мекарданд. Аз рӯи эътиқоди юнониҳо Асклепиӣ (бо лотини Эскулан) сарвари оилаи пизишкӣ ва устоди онҳо буда, фарзандони ӯ Маха­он ва Подалирий шогирдонаш маҳсуб мешуданд.

Гомер пизишки Юнони Атиҷа Буқротро ҳам аз авлоди онҳо меҳисобад. Оид ба Асклепий қиссае мавҷуд аст, ки бевосита ба таърихи тиб тааллуқ дорад. Аз рӯи ин ривоят Асклепайро падараш Аполлон аз батни модар гирифта будааст. Баъдтар юнониҳо Асплений-ро Худои тиб меномидагӣ шуданд. Ӯро дар симои муйсафеде, ки бо асои морпеч такя кардааст, тасаввур мекарданд. Дар асотирҳои мардуми Шарқи Қадим ҳам бисёр вақт мор нақш меёфт, ки он аҷаб нест рамзи тандурустии одамон бошад. Аз рӯи ривоятҳо оилаи пизишкии Асклепийро ду духтари ӯ пурра мекарданд, ки якеро Гигия (маънои «сиҳатӣ»-ро дорад) меномиданд. Ӯро ҳамчун олиҳаи «сиҳатӣ» мепарастиданд ва имрӯз истилоҳи «гигиена», ки маънои «беҳдошт»-ро дорад аз номи ӯ баромадааст.

Олиҳаи «сиҳатӣ»-ро чун ҷавондухтаре тасвир мекарданд, ки бо дасти чапи худ ҷомеро медошт ва море аз он ҷом чизе менушид. Ин акси мор ва ҷом баъдҳо рамзи (эмблемаи) тиб гардид. Духтари дигараш Панатсея гуё «ҳама гуна беморӣ»-ро табобат карда метавоиистааст.

«Иллиада», «Одиссея», «Табиат», «Давлат», «Метафизика», «Сиёсат», «Сафедкунӣ», «Критон ва Федон», «Ибтидо», «Поэтика», «Риторика» «Теогения», «Аякс», «Шоҳ Эдип», «Фива», «Орестея» драммаҳои Эсхилу Софокл яке аз дастовардҳои бузурги фарҳангии юнониҳои аҳди Атиқа ба шу­мор мераванд.

Шаҳри Искандарияи Миср муҳимтарин маркази илмию фарҳангии давраи Эллинӣ ба ҳисоб мерафт. Дар он ҷо қасри бузурге бино карда буданд ва дар назди он китобхонаи асосии Искандария ҷой дода шуда буд, ки дар онҳо 700 000 папирусҳои лулапеч нигоҳ дошта мешуданд.

Дар китобхонаи Искандария адабиётҳои зарурӣ оид ба тамоми соҳаҳои илм ва ба ҳамаи забонҳои маъмули он давр ба мисли юнонӣ, мисрӣ, яҳудӣ, форсӣ ва ғайраҳо гирд оварда шу­да буданд. Роҳбарии китобхонаю осорхонаи Искандария ба зимаи ходимони маъруфи маданияти он замон – Зенодот, Кал­лимах, Аристрихи Самофракиягӣ, Аполлони Родоссӣ ва дига­рон гузошта шуда буд. Дар инкишофи илмҳои математика Евклид, астрономия ва физика Аристрах саҳми бузург гузоштаанд.

Аристрах аввалин шуда, давр задани заминро дар гирди офтоб кашф карда буд. Дар инкишофи илми нуҷум бошад, саҳми Гиннарх ва шогирдони Эратосфену Кирепа ниҳоят бубузург аст. Онҳо гирифтани моҳ, масофаи байни моҳ ва замин, дарозию васеъӣ, чанд маротиба аз ҳаҷми замин зиёд будани ҳаҷми офтобро кашф ва аниқ карда буданд. Ҳамаи ин кашфиётҳо осорхонаи Искандарияро машҳури ҷаҳон гардонида, онро ба маркази мадании олам табдил дода буд.

Маркази дигари илму фарҳанг ва санъати давраи эллинӣ, Пергам (Мақдуния) маҳсуб мешуд. Шоҳони он намояндагони илму санъатро дар маркази давлати худ гирд оварда буданд. Файласуфони маъруфи он давра Эпикур ва Зенон буданд, ки атомҳои беохирро дар фазо муайян ва вазни атомро пешгӯӣ карда буданд.

Давраи нав дар инкишофи маданияти Атиқа замони ҳукмронии Искандари Мақдунӣ маҳсуб мешавад. Фарҳанги Юнон аз асри Ш-юми пеш аз милод cap карда, ба тамоми мамлакатҳои ҳамсоя таъсири худро расонид, аз доираи маҳдуди юнонӣ берун баромада буд. Дар давраи эллинизм ба ивази по­лиси юнонӣ давлате ба вуҷуд омад, ки сарзамини васеъ ва аҳолии бисёрмиллионаро фаро гирифта буд. Дар чунин шароит идеологияи космополитизм (космополит, яъне шаҳрванди ҷаҳон) ташаккул месбад.

488
Нет комментариев. Ваш будет первым!