Таваллуд, таваллуднокӣ ва омилҳои ба он таъсиркунанда

Нақша:

1. Мафҳуми таваллуд ва таваллуднокӣ.
2. Нишондиҳандаҳои демографи ва таваллуднокӣ.
3. Омилҳои ба таваллуднокӣ таъсиркунанда.
4. Таваллуднокӣ дар ҷаҳон, регионҳои он ва давлатҳо.

1. Мафҳуми таваллуд ва таваллуднокӣ
Мафҳуми таваллуд аз модар ба дунё омадани фарзандро ифода мекунад. Истилоҳи таваллуднокӣ бошад, раванди оммавии омории бачазоӣ дар маҷмeи модарон, ё худ зудии (суръати) таваллуди фарзандони зинда дар муҳити муайяни иҷтимоиро ифода мекунад. Мафҳуми таваллуднокӣ дар демография ифодакунандаи шиддатнокист, яъне шиддатнокии таваллуд дар маҷмeи занон мебошад.
Таваллуд – манбаи асоси афзоиши табиии аҳолӣ буда, таҳлили он нуқтаи ибтидоии омeзиши фарқияти географӣ (территорӣ) дар ҳаракати табиии (таҷдиди) аҳолӣ ба шумор меравад.
Илми муосир чунин мешуморад, ки характер ва дараҷаи таваллуднокӣ ба сохти иҷтимоӣ – иқтисодии ҷамъият вобаста буда, қонуниятнокии он характери таърихӣ дорад, агарчӣ худи таваллуд равандӣ биологӣ буда, зери таъсири қонунҳои табиӣ – биологӣ ба амал меояд.
Асоси биологии таваллуд наслнокист, яъне қобилияти одамон ба таҷдиди насл аст. Аз нуқтаи назари илмӣ доираи наслнокии одам басо васеъ аст. Вале дар воқеияти ҳаётӣ бошад дараҷаи наслнокӣ як андоза паст аст- ба ҳисоби миёна 10-12 таваллуди зинда (ва ё 15-16 ҳомиладоршавӣ) ба 1 зан дар тамоми давраи репродуктивӣ (аз лот- rе ва productio – ҳосил кардан, давраи бачазоӣ) рост меояд. Албатта, баъзе занҳо бештар таваллуд карда метавонанд ва ё давраи репродуктивӣ дар онҳо барвақттар (дар 12-13 солагӣ) оғоз ёфта, дертар (дар синни 55-65 солагӣ) ба итмом расида метавонад. Аммо чунин ҳолатҳо дар ҳаёт басо кам рух медиҳанд.
Дар гузашта ақидаҳое паҳн шуда буданд, ки гeё наслнокии одамон ба шароитҳои табиӣ – иқлимӣ, нажод, дараҷаи таваллуднокии одамон ва ғайраҳо вобаста аст. Чунин мешуморанд, ки дар ноҳияҳои иқлими гарм назар ба ноҳияҳои иқлими мeътадил, дар халқҳои “ваҳшӣ”( халқҳои пасттамаддуни Африка, Америка, Австралия, Уқёнусия, қисман Осиё) назар ба халқҳои “ботамаддун”(Европа) наслнокӣ баланд аст. {атто аксари олимони шeҳратманди асри XIX ( Т. Садлер, П. Ж. Пурдон, Г. Спинсер, А. Дюмон ва диг.) чунин мешумориданд, ки бо баробари афзудани ҷидду ҷаҳди зеҳни (ақлӣ), фарбеҳшавии ҷисми одамон наслнокии онҳо паст мегардад. Вале чунин ақидаҳо ба ягон тадқиқоти махсус асос наёфта, фақат аз таассуроти хушку холии онҳо иборат буду халос. Тадқиқоти махсуси имрeзаи илм ягон фарқи географӣ, этникӣ ва ё иҷтимоии наслнокиро исбот накардааст.
Мавҷуд будани фарқ дар дараҷаи таваллуднокии байни халқҳо фақат ба рафтори репродуктивии аҳолӣ вобаста аст, ки он имконияти амалӣ гардонидани наслнокӣ ба шумор меравад.
Рафтори репродуктивӣ – ин системаи амал ва муносибатҳои ҷуфти никоҳӣ ва ё ғайриникоҳӣ аст, ки сабаби тавлиди фарзанд (бачазоӣ) ва ё дасткашӣ аз тавлиди он мегардад. Дар навбати худ ба рафтори репродуктивии аҳолӣ як қатор омилҳои мухталиф (иҷтимоӣ – иқтисодӣ, иҷтимоӣ – маданӣ, демографӣ ва ғ) таъсир мекунанд, ки дар бораи онҳо поёнтар сухан меравад.

2. Нишондиҳандаҳои демографи ва таваллуднокӣ
Дар демография ҳамаи ҳодисот ва равандҳои демографиро дар ду намуди асосии нишондиҳандаҳо ифода мекунанд: мутлақ ва нисбӣ.
Нишондиҳандаҳои мутлақ ин ҳосили ҷамъи оддии ҳодисоти демографӣ дар лаҳзаи муайяни вақт ва ё дар фосилаи вақт (бештар дар 1 сол) мебошад. Масалан, шумораи аҳолӣ дар санаи муайян, миқдори таваллудшудагон, фавтидагон, никоҳшудагон ва ғ… дар сол, моҳ ва ё якчанд сол ва ғ… ( аҳолии ҷТ дар 20.01.2000 6127 ҳаз. наф).
Нишондиҳандаҳои мутлақ худ нишондиҳандаи ғайриахборотӣ буда, одатан дар корҳои таҳлилӣ ҳамчун маълумоти ибтидоӣ барои ҳисобкунии нишондиҳандаҳои нисбӣ истифода бурда мешаванд. Онҳо барои таҳлили қиёсии раванд ва ҳодисоти демографӣ ношомоянд, зеро бузургии онҳо ба шумораи аҳолӣ вобаста аст. Масалан, агар гeем, ки “Фавтнокӣ имсол 200 ҳаз. наф. кам шуд” хатои маҳз мебуд. Зеро, кам шудани миқдори мурдагон мумкин аст, ки натиҷаи кам шудани шумораи умумии аҳолӣ бошад. Мисоли дигар: дар с.2002 дар вилояти Суғд 42,6 ҳаз. наф., дар ВМКБ 4,8 ҳаз. нафар таваллуд шудааст. Аз рeи ин маълумоти мутлақ агар гeем, ки дар вилояти Суғд назар ба ВМ Кeҳистони Бадахшон таваллуднокӣ бештар аз 8,8 баробар зиёд аст (42,6:4,8 ҳ=8,87), хато мебуд, чунки аҳолии вилояти Суғд назар ба аҳолии ВМКБ 7,8 баробар зиёд аст. Фақат дар ҳолати миқдори ҳодисот ва ё равандҳоро дар шумораи баробари аҳолӣ муқоиса кардан шиддатнокии қиёсии он ҳодисот ва ё раванди мазкурро муайян кардан мумкин аст. Дар натиҷа маълум мегардад, ки таваллуднокӣ дар вилоятҳои муқоиса кардамон қариб баробар аст.
Барои таҳлилӣ қиёсӣ, барои муқоиса кардани ҳар кадом ҳодисот ва равандҳои демографӣ чӣ дар ҳолати оромӣ (беҳаракат) ва чӣ дар динамика (тағйирбандагӣ) фақат аз нишондиҳандаҳои нисбӣ истифода бурдан лозим аст. Ин нишондиҳандаҳо барои он нисбӣ номида шудаанд, ки онҳо ҳамеша ба худ таносуби ҳодисоти демографиро нисбат ба шумораи аҳолӣ дар ягон давр (сол) ифода мекунанд. Талаботи асосии муқоиса кардани ҳар кадом ду аломат (нишондиҳанда) – баробар кардани аломатҳои дигари ҳодисоти омeхта шуда истода, ба ҷуз аломатҳои (нишондиҳандаҳои) муқоисашаванда аст.
Бузургии нисбӣ- ченаки суръати такроршавандагӣ, шиддатнокии ҳодисоти муқоисашаванда ба шумор меравад. Бузургии нисбии сохтори аҳолиро тавсифдиҳанда бо саҳми (вазни қиёсии) одамони дар ин ё он гурeҳи аҳолӣ буда чен карда мешавад. Масалан, аз рeи маълумоти рeихагирии соли 2000, дар аҳолии ҷумҳурии Тоҷикистон 50,3% мардон ва 49,7% занонанд; 26% аҳолӣ дар шаҳр ва 74% дар деҳот ҷойгир шудаанд. Ё худ, дар вилояти Суғд аҳолии синни меҳнатӣ (мардон 15-59 сола, занон 15-54 сола) 54,2% аст ва ғайра. Баъзан ҳангоми тавсифи сохтори аҳолӣ шумораи гурeҳи аҳолӣ на дар шумораи умумии аҳолӣ, балки дар шумораи яке аз ин гурeҳ ифода карда мешавад. Масалан, ба ҷои таносуби фоизии (%) мардон ва занони дар боло оварда мумкин аст нишон диҳем, ки дар Тоҷикистон ба ҳар 1000 нафар мард 988 нафар зан; ба ҳар 100 нафар аҳолии синни меҳнатӣ 85 нафар аҳолии синни лаёқати меҳнатӣ надошта (ғайримеҳнатӣ) рост меояд.
Бузургии нишондиҳандаҳои нисбии ҳаракати табиии (таҷдиди) аҳолиро одатан коэффисентҳо (аз лот со-бо ва efficiens-ҳосилшуда) меноманд, ки онҳо бо дараҷаи таваллуднокӣ ва фавтнокӣ чен карда мешаванд. Ба коэффисенти ҳаракати табиии аҳолӣ дар асоси анъанаи дар илм ташаккулёфта коэффисентҳои никоҳнокӣ ва талоқнокӣ низ дохил карда мешавад. Инчунин ба расмият даромадааст, ки нишондиҳандаҳои (коэффисентҳои) нисбии ҳодисот ва равандҳои демографӣ – ҳаракати табиии аҳолӣ (таваллуднокӣ, фавтнокӣ, афзоиши табиии аҳолӣ, никоҳнокӣ, талоқнокӣ) дар 1000 нафар аҳолӣ ҳисоб карда мешаванд. Бинобар онҳоро бо промилле ( аз лот. pқomille-дар ҳазор, ҳазоряки ягон воҳид) нишон медиҳанд, ки аломати (рамзии) он 0/00 аст.
Гурeҳи дигари омилҳоеро, ки ба таваллуднокӣ таъсир мекунанд, омилҳои демографӣ меноманд. Ба он сохтори ҷинсӣ ва синну солии аҳолӣ, синни ба ақди никоҳ дохилшавӣ, никоҳнокӣ, талоқнокӣ таркиби оилавии аҳолӣ дохил мешавад.
қайд шуд, ки вайрон шудани сохтори ҷинсӣ ва синну солии аҳолӣ ҳамчун натиҷаи муҳоҷирати аҳолӣ ва ё ҷангҳо ба таваллуднокӣ таъсири манфӣ дорад. Мувозинати ҷинсии аҳолӣ, бахусус дар давраи репродуктивӣ сабаби мeътадил ва ё як андоза баландтар гардидани таваллуднокӣ мешавад. Аммо вайрон шудани ин мувозинат, дар шумораи аҳолии давраи фертилӣ кам ё зиёд шудани ин ё он ҷинс сабаби камшавии таваллуднокӣ мегардад. Ё худ дар шумораи умумии аҳолӣ зиёд шудани саҳми одамони синни репродуктивӣ таваллуднокиро ҷоннок мекунад ва баръакс, кам шудани саҳми аҳолии синни репродуктивӣ таваллуднокиро паст мегардонад.
Яке аз омили ба таваллуднокӣ таъсиркунандаи демографӣ ин синну соли никоҳӣ мебошад. Дар ҷамъияти қабилавӣ вақти ба никоҳ даромадан одатан ба давраи камолоти ҷинсӣ рост меомад. Минбаъд синни никоҳӣ баландтар гардид. Ба ин ҳолат тағйироти шароитҳои иҷтимоӣ — иқтисодии дар ҳаёти одамон ба вуҷуд омада, мусоидат кард. Дар ҷаҳони имрeза синни никоҳӣ дар давлатҳо фарқи калон дорад. Одатан дар давлатҳои рeбаинкишоф ({индустон, Туркия, аксари давлатҳои Африка, давлатҳои исломӣ) никоҳи барвақтӣ (барои духтарон 14-15 солагӣ) расм шудааст. Дар давлатҳои мутараққӣ (Европа, Америкаи Шимолӣ, Австралия...) никоҳи дерӣ (барои духтарон — 23-25 солагӣ,ҳатто дар “давлати арeсони калонсол ва муҷаррадон” — Ирландия зиёда аз 28 солагӣ) ба анъана даромадааст. Сониян, дар давлатҳои мутараққӣ бартарии оилаҳои камфарзанд ва танзими таваллуд, дар оила асосӣ буда, синни никоҳӣ кайҳост, ки аҳамияти худро гум кардааст. Зеро таваллуди як-ду фарзанд вақти зиёдро талаб намекунад ва дар чунин давлатҳо (дар давлатҳои дигар низ) ба дараҷаи таваллуднокӣ рафтори репродуктивии аҳолӣ таъсири калон дорад. Зери мафҳуми рафтори репродуктивӣ системаи амалиёт ва муносибатҳои ҷуфти никоҳӣ (волидон) ва ғайриникоҳие фаҳмида мешавад, ки он сабабгори таваллуди миқдори муайяни фарзанд дар оила мегардад. Албатта, агар волидон хоҳанд, ки соҳиби фарзандони зиёд ва оилаи серфарзанд бошанд, ба он мекeшанд, ки таваллуднокӣ баланд гардад. Ва баръакс, агар муносибат ва амали волидон ба миқдори ками фарзанд ва оилаи хурд равона карда шавад, пас дар ин ҳолат таваллуднокӣ паст мегардад.
Дар ибтидои асри дар Россия ва сарзаминҳои ба ҳайати он дохилбуда, аз ҷумла дар қаламрави ҳозираи Тоҷикистон никоҳи барвақтӣ бартарӣ дошт.Минбаъд, дар давраи шeравӣ, синни миёнаи никоҳӣ баландтар гардид.Дар солҳои 60-70-уми а.ҷҷ он меъёр барои мардон 27 сол ва барои занон 25 солро ташкил дод. Дар солҳои охир пастшавии синни никоҳӣ ба чашм расид (дар миёни солҳои 80-уми а. ҷҷ ними домодон аз синни 24 сола ва арeсон –аз синни 22 сола хурд буданд). Синни никоҳӣ алҳол дар Россия қонунан 18 солагӣ барои ҳар ду ҷинс, дар Тоҷикистон 17 солагӣ муайян карда шудааст.Вале дар Россия синни миёнаи никоҳи якум дар соли 1995 барои мардон 24,8 сол, барои занон 22,6 солро ташкил дод. Ба паст шудани таваллуднокӣ ба дараҷаи муайяни талоқнокӣ низ таъсир дорад. Зиёд шудани талоқнокӣ, яъне бекор карда шудани ақди никоҳ ва вайрон шудани оила таваллуднокиро кам мегардонад. Мисоли онро дар Россия дидан мумкин аст, ки дар солҳои 1970-2002 дараҷаи талоқнокӣ 2 баробар зиёд шудааст (аз 3%0 то ба 6%0 расида аст). Баръакси талоқнокӣ зиёд шудани никоҳнокӣ ба таваллуднокӣ таъсири мусбат дорад. Зеро он сабаби зиёд шудани оилаҳои ҷавон гардида, дар онҳо кeшиш ба фарзанди аввалин бештар аст. ҷоиз ба қайд аст, ки дар Россия яке аз сабабҳои паст фаромадани таваллуднокӣ дар қатори болоравии талоқ маҳз камгардии қайди ақди никоҳ ба шумор меравад: он аз 12,5%0 с.1960 то ба 6,2%0 дар соли 2000, яъне 2 баробар кам шудаааст.

Назорати таваллуднокӣ дар оила ва ҷамъият
Маълум аст, ки ду усули танзими таваллуднокӣ мавҷуд аст-усул ва воситаҳои контрасепсия (аз лот. “contқa”-зид, муқобил ва ceptғo-ҳомила, зидди ҳомила) ва исқоти ҳамл (аборт-аз лот. «aӣoқtғs»-бачапартоӣ). Дар марҳилаҳои аввали танзими таваллуднокӣ исқоти ҳамл (исқоти ҷанин) бартарӣ дошт, вале дар зинаҳои нисбатан дертари эволютсияи демографӣ-рафтори контрасептивӣ бештар доман паҳн кардааст.
Дар бисёр давлатҳо исқоти ҳамли сунъӣ ҳамоно усули бештар паҳншудаи танзими миқдори фарзанд дар оила ба шумор меравад. Баъзан миқдори исқоти ҳамл аз миқдори зинда таваллудшудагон зиёдтар ва ё ба он баробар мешавад.

571
Нет комментариев. Ваш будет первым!