Таҷдиди аҳолӣ ва қонуниятҳои он

Нақша:

1. Демография ҳамчун илм дар бораи таҷдид, миқдор ва сохтори аҳолӣ.
2. Таҷдиди аҳолӣ ва қонуниятҳои он
3. Омилҳои ба таҷдиди аҳолӣ таъсиркунанда.
4. Нишондиҳандаҳои таҷдиди аҳолӣ.

1. Демография ҳамчун илм. Демогеография

Калимаи «демография» аз ду калимаи юнонӣ иборат аст: demog-халк ва grapho-менависам, яьне «халқнависӣ» ва ё тасвири аҳолӣ аст. Вале демография аз ибтидои таърихи наздик 3,5 асраи худ фақат ба тасвири аҳолӣ машғул нашуда, ҳамеша предмети омўзишу тадқиқоти он масьалаҳои мухталиф ва васеъро дарбар мегирифт: шумораи аҳолӣ ва тағйирёбии он, сохтори демографии аҳолӣ (ҳайати ҷинсӣ, синну солӣ, ҳайати оилавии аҳолӣ), ҳодиса ва равандҳои демографии аҳолӣ (таваллуд ва таваллуднокӣ, фавт ва фавтнокӣ, издивоҷ ва талоқ), таҷдиди аҳолӣ ва қонуниятҳои он ва ғ.
Мавзўи асосии демография ҳамчун илм тадқиқи қонунҳои таҷдиди табиии аҳолӣ аст, ки онҳо характери ҷамъиятӣ-таърихӣ доранд. Зеро қонунҳои инкишофи демографӣ қисми ҷудонопазир ва таркибии қонунҳои рушди чамъият ба шумор мераванд. Дар ҷамъият тамоми равандҳо: иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва ғ. ба ҳам алоқаманд ва робитаи мутақобила доранд.
Дар навбати худ равандҳои демографӣ низ ба рафти тамоми дигар равандҳои ҷамъиятӣ таъсир доранд. Масалан, дараҷаи пасти таваллуднокӣ сабабгори зиёд шудани саҳми нафақагирандагон дар ҷамъият ва вазнин гардидани проблемаи «падарон ва фарзандон»мегардад. Ё худ тағийр ёфтани дараҷаи таваллуднокӣ баъди гузашти вақти муайян дар бозори меҳнат дараҷаи шуғлварзиро, дар давлатҳо дараҷаи ҷинояткориро, ҳангоми дохилшавӣ ба мактабҳои олӣ конкурси довталабонро низ тағийр медиҳад. Бинобар он демография қонунҳои таҷдиди аҳолӣ, раванд ва ҳодисоти демографиро дар вобастагӣ ба сохти иҷтимоӣ-иқтисодии ҷамъият тадқиқ карда, омилҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, биологӣ ва географии ба раванду ҳодисоти демографӣ, ба таҷдиди аҳолӣ таъсиркунандаро низ меомўзад.
Дар демография аҳолӣ мафҳуми махсус (хосе) аст. Дар география, аҳолӣ ҳамчун маҷмўи одамони (сокинони) дар территорияи муайян иқоматкунанда (ҷойгир буда) фаҳмида мешавад. Вале дар демография аҳолӣ на ҳаргуна маҷмўи одамон, балки маҷмўи одамони худбарқароркунанда (худтаҷдидкунанда) дар раванди ивази насл мебошад. Барои демограф аломати (хусусияти) муҳимтарини аҳолӣ-ин худбарқароркунӣ, яъне таҷдидӣ он ба воситаи таваллуд ва фавт мебошад. қобилияти худбарқароркунандагӣ сифати асосии муайянкунандаи аҳолӣ ҳамчун категорияи демографӣ аст.
{амин тавр, демография илми таърихан ташаккулёфтаи ҷамъиятиест, ки қонуниятҳои иқтисодӣ-ҷамъиятии таҷдиди аҳолӣ, ҳодисот, равандҳо ва вазъи демографӣ, сохтори демографии аҳолиро дар вобастагӣ бо сохти иҷтимоӣ иқтисодии муайян зери таъсири омилҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, биологӣ ва географӣ меомўзад.
Дар демография ҳодисаҳои демографӣ гуфта таваллуд, фавт, никоҳ ва талоқ-бекор карда шудани аҳди никоҳро дар фардӣ мефаҳманд. Пайиҳамии ҳодисаҳои демографӣ дар маҷмўи аҳолӣ равандҳои демографиро ташкил медиҳанд, ки он муттасил идома ёфтани таваллуд, фавт, таҷдиди аҳолӣ, никоҳ ва талоқро, бевамониро ифода мекунад.
Вазъи демографӣ-ии ҳолати ҳодисот ва равандхои демографӣ, ҳайат ва ҷойгиршавии аҳолӣ дар ин е он вақт (сол) дар территорияи муайян мебошад. Вазъи демографӣ-ин зоҳиршавии аниқи қонуниятҳои обеъктивии иҷтимоӣ-иқтисодии тараққиётӣ ҷамъият аст, ки тамоюли умумии инкишофи аҳолиро дар территорияи муайян (мамлакат, ноҳия, маҳаллӣ аҳолинишин) инъикос мекунад.
{ангоми омўзиши демографиву географии аҳолӣ байни демографон ва географон алоқаи зич ва ҳамкории бисёрсамта ба вуҷуд омадааст. Дар татқиқоти демографиву географии аҳолӣ як зумра масъалаҳое ба миён омадаанд, ки дар ҳаллу фасли онҳо вазифаҳои географон ва демографонро ҷудо кардану фарқ кардан душвор аст. Масалан, муайян кардан ва таҳлили фарқи регионии таваллуднокӣ, фавтнокӣ, сохтори демографии аҳолӣ (таркиби ҷинсӣ, синну солӣ, оилавӣ ва ғ…) бешак фазон тадқиқоти демографон (демографияи регионӣ) мебошад. Вале ин масъалаҳо, бешубҳа, барои географон низ зарур аст. Зеро ин масъалаҳо ба қисми таркибии тадқиқоти комплексонаи муқоисавии гурўҳҳои территории аҳолӣ дохил мешаванд. Чунин масъалаҳои «мобайниро » илми ҷавони дар натиҷаи ҳамкории географон ва демографон ба вуҷуд омада-демогеография меомўзад. Демогеография дар қатори фарқияти территории ҳодисот ва равандҳои демографӣ (тавалллуднокӣ, фавтноки, таҷдиди аҳолӣ ва ғ.) инчунин ҷойивазкунии территории аҳолӣ (муҳоҷирот) ва ҷойгиршавии аҳолиро (зичии аҳолӣ, маскуншавӣ) низ тадқиқ мекунад. Албатта, масъалаҳои номбурда ба фазои тадқиқотӣ географон мансубанд. Вале ба ин масъалаҳо демографон ҳам мароқ доранд. (Ниг. ба расми 1.).

2. Таҷдиди аҳолӣ ва қонуниятҳои он

Инсоният доимо дар инкишофёбӣ ва худтакроркунӣ аст. Мувофиқи маълумоти охири асри ҷҷ (c. 1999) дар кураи Замин дар ҳар дақиқае 192 наф, соате-11,6 ҳаз наф, шабонарўзе — 271ҳаз. ва соле 94-96-млн. нафар сокинони нав пайдо шуда истодаанд. Бо ибораи дигар соле (с.2000) дар ҷаҳон 152-156 млн. таваллуд ва 60-64 млн. фавт ба вуҷуд омада истодааст. Нав, ҷавон ҳамеша ҷои кўҳна, солхўрда, мурда истодаро иваз мекунад. Ин диалектика аст. Албатта, ин равандро раванди соф биологӣ ҳисобидан нодуруст аст: баръаксӣ олами ҳайвонот одамон ба насли худ воситаҳои меҳнат, маҳсули меҳнат, таҷрибаи меҳнатии худ-неъматҳои моддӣ, маданӣ ва маънавии худро мерос мегузоранд, насли худро тарбия мекунанд ва ба воя мерасонанд. Чунин раванди такроран ивазшавии насл, барқарор шудани миқдор ва сохтори аҳолӣро таҷдидӣ аҳолӣ меноманд.
Таҷдидӣ аҳолиро географон ва демографон дар шаклҳои ҳархела таъриф дода бошанд ҳам, вале мазмунан онҳо як раванди демографиро ифода мекунанд.
Дар адабиёти географӣ (масалан, дар китоби В.А.Копилов) таҷдиди аҳолӣ чунин таъриф оварда шудааст: " Таҷдиди (ҳаракати табиии) аҳолӣ-ин раванди таваллуднокӣ, фавтнокӣ ва афзоиши табиииест, ки аз нав барқароршавӣ ва ивазшавии насли одамонро таъмин мекунад«1.
Дар демография хусусияти худбарқароркунандагӣ ва худнигоҳдорандагии маҷмўи одамонро дар рафти тағйирёбии шумора ва сохтори аҳолӣ таҷдиди аҳолӣ ҳисобида мешавад: » Таҷдиди аҳолӣ-ин ба воситаи таваллуд ва фавт мунтазам аз нав барқароршавии миқдор ва сохтори аҳолӣ дар равандӣ ивазшавии наслӣ одамон аст«2.
Аз таърифотҳои болоӣ чунин бармеояд, ки таҷдидӣ аҳолӣ равандест, ки миқдор ва сохтори аҳолиро тағйир медиҳад ва иваз шудани наслро таъмин мекунад. Онро баъзан ҳаракати табиии аҳолӣ низ меноманд.
Таърихан се типи асосии таҷдиди аҳолӣ имконпазир аст.
1. Таҷдиди археотипӣ (аз юн. Aқchaios-қадим). Он ба давраи ҷамъияти бесинфӣ -обшинаи ибтидоӣ хос буда, хусусиятҳои он ниҳоят баланд будани нишондиҳандаҳои таваллуднокӣ ва фавтнокӣ, басо паст будани афзоиши табиии аҳолӣ, кам будани давомнокии миёнаи умр ва дар натиҷа тез иваз шудани насл ба шумор мерафт.
2. Типи анъанавии таҷдиди аҳолӣ. Он ба давраи ибтидои ҷамъиятӣ синфӣ (сохти ҷамъияти ғуломдорӣ ва феодалӣ), яъне ба давраи то капитализм характернок буда, онро давраи аграрии инкишофи демографӣ низ меноманд. Барои ин типи таҷдиди аҳолӣ нишондиҳандаҳои нисбатан баланди таваллуднокӣ ва фавтнокӣ, паст будани афзоиши табиии аҳолӣ, кам будани давомнокии миёнаи умр ва ивазшавии тези насл хос мебошад. Вале ин нишондиҳандаҳо назар ба таҷдиди археотпӣ андаке баландтар буданд.
3. Типи таҷдиди ҳозиразамон, ки он давраи ҷамъияти сохти капиталистӣ (ва ҳам сотсиалистӣ), давраи индустрии инкишофи демографиро дарбар мегирад.
Вобаста ба характери ивазшавии насл намудҳои зерини типи таҷдиди ҳозира имконпазир аст ва дар давлатҳои ҷаҳон дидан мумкин аст:
а) Таҷдиди васеъ ва ё мўътадили аҳолӣ. Он ҳангоми зиёд будани таваллуднокӣ назар ба фавтноки рух дода, миқдори насли нав (“фарзандон”) назар ба насли кўҳнаи гузаштаистода (“волидон”) зиёд мешавад. Чунин намуди таҷдиди аҳолӣ сабаби афзудани миқдори аҳолӣ (бо суръатҳои мухталиф) мегардад. Онро алҳол дар аксари давлатҳои ҷаҳон дидан мумкин аст.
б) Таҷдиди оддии (соддаи) аҳолӣ. Он ҳангоми ба ҳам баробар будани таваллуднокӣ ва фавтнокӣ ба вуҷуд омада, миқдори насли нав (“фарзандон”) ба миқдори насли “волидон”(гузаштаистода) як хел, яъне баробар мешавад. Дар натиҷа шумораи умумии аҳолӣ тағйир наёфта устувор мегардад.
в) Таҷдиди танги аҳолӣ. Он дар вақти зиёд будани фавтнокӣ назар ба таваллуднокӣ ба вуҷуд меояд. Дар ин ҳолат миқдори насли “фарзандон” назар ба миқдори насли “волидон”кам шуда, он сабаби кам шудани шумораи умумии аҳолӣ мегардад. Чунин ҳолатро дар демография депопулатсия (аз лот.-de, dec-пастшавӣ, popғlation- аҳолӣ, кам шудани шумораи аҳолӣ) ва ё “бўҳрони демографӣ” меноманд, ки сабаби мунтазам кам шуда рафтани миқдори аҳолии мамлакат мегардад. Алҳол дар ҷумла давлатҳои ҷаҳон (Россия, Украина, Латвия, Булғория, Белорусия, Венгрия, Эстония, Руминия, Чехия, Дания, Италия ва диг.) вазъи депопулатсия дида мешавад.
Бояд тазаккур дод, ки як қатор олимон намудҳои мавҷудаи таҷдиди аҳолии давлатҳои ҷаҳонро ба ду типи асосӣ ҷудо мекунанд. Мисли В.А. Копилов, В.П. Максиковский.
Типи якум – таҷдиди содда (ва ё ба он наздик) номида шуда, он намудҳои таҷдиди содда ва тангро (б ва в) дарбар гирифтааст, ки дар рафти ивазшавии насл шумораи аҳолӣ тағйир намеёбад ва ё ҳатто кам мегардад.
Типи дуюм – таҷдиди васеъ ва ё мўътадили аҳолӣ, ки дар натиҷаи он миқдори насли минбаъда назар ба насли пешин зиёд буда, сабаби афзудани шумораи умумии аҳолӣ мегардад.
Барои типи якуми таҷдиди аҳолӣ нишондиҳандаҳои пасти таваллуднокӣ, фавтнокӣ ва афзоиши табиии аҳолӣ характернок аст. Типи мазкурро дар давлатҳои Европа дидан мумкин аст. (Баъзан ба ин тип давлатҳои Америкаи Шимолӣ, Австралия ва Уқёнусияро низ мансуб медонанд. Умуман ин тип ба давлатҳои тараққикарда хос аст). Барои дар давлатҳо таҷдиди соддаи аҳолӣ амалӣ гардад, зарур аст, ки ними оилаҳои он 2 тогӣ ва ними дигари он 3- тогӣ фарзанд дошта бошанд (2-фарзанд ҷои волидонро “иваз кунанд”, фарзанди сеюм ҷуброни аз садамаҳову ҳодисаҳои нохуш, касалиҳо фавтидагон, оилаҳои бефарзанд (безурёд) ба шумор меравад). Дар демография барои амалӣ гардидани таҷдиди соддаи аҳолӣ нишондиҳандаи 2,5 фарзанд дар оилаҳо эътироф шудааст.
Барои типии дуюми таҷдиди аҳолӣ таваллуднокии баланд ва ниҳоят баланд, фавтнокии нисбатан паст ва ё миёна, афзоиши табиии мўътадил, миёна ва ё баланд характернок аст. Типи мазкур дар давлатҳои рўбаинкишофниҳодаи Африка, Осиё, Америкаи Лотинӣ паҳн гардидааст.
қонунияти асосии таҷдиди аҳолӣ пеш аз ҳама характери таърихӣ доштани он аст, яъне бо мурури гузашти вақт ва рушди ҷамъият намуд ва типи таҷдиди аҳолӣ низ тағйир меёбад. Сониян, бо баробари тараққиёти иҷтимоӣ –иқтисодӣ, рушди фарҳангиву маънавиёти ҳаёти мардум характери таҷдиди аҳолӣ низ дигаргун мегардад, яъне ба дараҷаи тараққиёти иқтисодӣ – иҷтимоӣ, маданию фарҳангии ҷомеа вобастагии калон дорад.
3. Омилҳои ба таҷдиди аҳолӣ таъсиркунанда
Ба таҷдиди аҳолӣ (ҳаракати табиии аҳолӣ) миқдори зиёди омилҳо таъсир мекунанд, ки онҳоро ба гурўҳҳои зерин ҷудо кардан мумкин аст.
1. Омилҳои табиӣ-биологӣ. Аҳолии кураи Замин дар шароитҳои мухталифи табиӣ зиндагӣ мекунанд ва таваллуд, фавт, афзоиши табиии аҳолӣ равандҳои биологӣ мебошанд. Бинобар ин ба таҷдиди табиӣи аҳолӣ омилҳои табиӣ – биологӣ таъсир накарда наметавонанд.
Дараҷаи гуногуни мутобиқшавии организми мард ва зан ба шароити муҳити табиӣи ҳаёт сабабгори асосии фарқ дар миқдори тавлиди духтарча ва писарбача ва дараҷаи фавтнокии онҳо дар синни то 5- солагӣ; дар вақтҳои гуногун оғозёбии камолоти ҷинсӣ дар сокинони минтақаи иқлими гарм ва хунук сабаби давомнокии ҳархелаи давраи фертилӣ (аз лот. fўқtilis-серҳосил) дар занҳо ва миқдори гуногуни таваллуд дар онҳо мегардад; таъсири касалиҳо ба фавт, ки сирояткунандаҳои онҳо дар шароитҳои мухталиф зиндагӣ доранд (касалии вараҷа дар маҳалҳои ботлоқзору серрутубат, касалии хоб дар тропика, эпидемияҳо ва диг.).

663
Нет комментариев. Ваш будет первым!