Мақсад ва вазифахои фан

Табиатшиноси немик Эрнет Геккел бори нахуст соли 1866 истилоҳи «экология» — ро пешниҳод кардааст. Истилоҳи экология аз калимаи юнони «ojcos — ойкос» — хона, манзил, бошишгоҳ, ҷои зист ва «logos — логос» — илм, таълимот гирифта шуда, маънояш «илм дар бораи муҳити зист» мебошад.

Солҳои охир истилоҳи экология ба маънои васеъ истифода шуда, онро барои ифодаи муҳити носолим, инчунин ҷомеа, оила, маданияту фарҳанг ва саломатии инсон, тозагӣ ва истеҳсолот низ ба кор мебаранд.

Фаннаи экология чист? Фанни экология илмест, ки муносибати организмҳои зинда (растаниҳо, ҳайвонҳо, микроорганизмҳо) – ро аввалан байни худ, баъдан ба муҳити сукунат ва дар охир мавқеи инсонро дар табиат меомӯзад.

Экология чун илми мустақил хеле ҷавон буда, дар асри XX ба вуҷуд омадааст, вале омилҳои таркиби асосии онро муайянкунанда аз давраи қадим ба инсон маълуманд. Дар солҳои охир зиёд шудани аҳолии сайёра ва таъсири он ба муҳит ҷамоаро водор месозад, ки масъалаҳои экологиро дар зиндагии рӯзмарра ва ҳаёти минбаъдааш ҳаллу фасл намояд. Барои қонеъ гардонидани талабот нисбат ба истифодаи обу ҳаво (оксиген) ва ғизо инсон бояд сохт, шакл ва таркиби муҳити табиатро донад, инчунин доир ба фаъолияти онҳо маълумоти мукаммал пайдо кунад. Ин масъалаҳоро фанни экология меомӯзад.

Фаҳмишҳои асосии экологӣ

Экология ҳамчун фанни табиатшиносӣ организмҳо ва муносибати онҳоро ба муҳит дар сатҳҳои гуногуни инкишоф меомӯзад.

Тасаввур мекунем, кия гон намуди наботот ё ҳайвонот, ё фарде аз фардҳо дар алоҳидагӣ ва ё танҳо умр ба сар мебарад. Ин фард зери таъсири муҳити зист буда, таъсири онро ҳис хоҳад кард ва дар ин ҳолат омили асосиро иқлим ташкил медиҳад. Маълум аст, ки ин ва ё он намуди растанӣ ё ҳайвонот на дар ҳама ҷой мерӯяд, ё зиндагӣ карда паҳн шуда метавонад, зеро рушди он ба иқлим, хок, об, ҳарорат ва ғайра вобастагӣ дорад.

Таъсири омилҳои гуногуни табиӣ ба ҳар як организми ҷудогона (фардҳо) қисми аввали таркибии экологиро ташкил мекунад.

қисми дуюми экология аз популятсия (популус – аз калимаи лотинӣ халқ, аҳолӣ) иборат аст, яъне дар ин қисм фардҳо дар ҳолати гурӯҳӣ ҷой дошта, масоҳати аниқу муайянро ишғол мекунанд ва ба як намуд мансубанд. Фардҳо таъсири ҳамсояҳоро ҳис намуда, ба афзоиш шурӯ мекунанд, ки ин аз ҳама муҳит аст. Акнун таъсироти нав пайдо мешавад, ки он на танҳо ба омезиши омилҳои муҳит ва ба фарди алоҳида, балки ба гурӯҳҳо, ивазшавии таркиб ва шумораашон низ таалуқ дорад.

ҳаёт ва фаъолияти популятсия хеле мураккаб аст. Дар зери таъсири омилҳои гуногун шумораи популятсия, таркиби сунусолӣ, паҳншавӣ, ҷойгиршавиашон нисбат ба вақт тағйир меёбад. Баъзан чунин тағйирёбии популятсияро ба хорабӣ меоварад. Масалан, аз ҳадди муайян зиёд шудани шумораи ҳашароти зараовар боиси кам шудани ҳосили растаниҳои кишоварзӣ мегардад ва баръакс, камшавии чунин намудҳо, аз қабили моҳиҳо ҳайвонҳои шикорӣ, ки инсон ччун ғизо истифода мекунад, оварда мерасонад.

Дар табиат популятсияҳо дар маҷмӯъ, якҷоя зист дошта, яклухт фаъолият мекунанд, ки онро ҷамоа ва ё биосеноз (юнонӣ «био» — ҳаёт ва «кайнос, сеноз» — умумӣ, якҷоя, ҷамоа) меноманд. Экологияи ҷамоа қисми сеюми экология мебошад.

Маҷмӯи ҳамаи экосистемаҳои экологии сайёраи заминро дар миқёси се қабати геосфера (литосфера, гидросфера, атмосфера), ки дар онҳо организмҳои зинда бо ҳам муносибат доранд ва бо ҳам пайвастанд ва системаи аз ҳама калони экологиро ташкил медиҳанд, биосфера (аз калимаи юнонии «био» — ҳаёт ва «сфера» — қабат, кӯра) меноманд. Дар биосфера инкишофи муносибати байни ҳамдигарии организмҳои зинда дар алоқамандӣ бо муҳит ба амал моеяд ва омӯзиши биосфера қисми аз ҳама мураккабтарини экология – экологияи глобалӣ (том, кулӣ) – ро ташкил медиҳад.

2.93K
Нет комментариев. Ваш будет первым!