Мухити зист ва таснифи экологии организмхо
Мафхуми умуми оид ба мухит.
Аз фанҳои табиатшиноси маълум аст, ки табиати зиндаи моро иҳотакунанда аз организмҳои гуногун иборат аст. Онҳо сохт ва шаклҳои макроскопиро доранд. Муайян шудааст, ки дар табиат олами ҳайвонот 1б5 миллион ва олами наботот ним миллион намудро ташкил медиҳад. ҳар як организм дар табиат дар муҳити ба худаш хос зиста, сабзиш ва инкишоф ёфта, дар ҷараёни эволютсионӣ такмил меёбад.
Муҳит маҷмуи омилҳои табии аст, ки дар организмҳои зинд. ҳаро иҳота кардааст, ба онҳо робита ва ё бавосита доард, аниқтараш таъсири манфи ё мусбат мерасонад. Моддаҳо байни муҳит ва организм дутарафа гардиш доранд: организм – муҳит – организм. Маҳз бо чунин роҳ мувозинаи экологӣ ифода ва идома меёбад.
Дар табиат чор хел мавҷув аст, ки аз якдигар бо мавҷудоту шароитҳои ҳаёти фарқ мекунанд: муҳити обӣ, муҳити хокӣ, муҳити фазоӣ ва муҳите, ки худи организмҳои зинда ташкил мекунанд, яъне муҳити байниҳамдигарӣ.
1.Муҳити обӣ.
Об муҳитеро ташкил мекунад, ки аввалин маротиба дар он ҳаёт пайдо шудааст. Беҳуда нагуфтаанд, ки бе об ҳаёт нест. ҳамаи организмҳои обӣ новобаста аз тарзи ҳаёт, ҳама вақт бояд ба таъсири муҳити обӣ устувор ва мутобиқ бошад. Хосияти организмҳо аз таркиби об, яъне зичӣ (ғализӣ), гармӣ, қобилияти ҳал кардани намакҳо ва газҳо вобастагӣ дорад.
Мавҷудоти зиёди хурдҷуссае, ки қобилияти тез шино карданро надоранд, камҳаракатанд ва дар ри об ва ё қабатҳои болоии он ба таври муаллақ фаъолият доранд, планктонҳо номида мешаванд. Таркиби он аз обсабзҳои хурди микроскопӣ, зочаи моҳиҳо, медузаҳо, баъзе намудҳои молюскҳо иборатанд. Планктонҳои обӣ вазифаи паҳнкунӣ, тозакунӣ, ғизои ва филтратсиониро полоиширо иҷро мекунанд.
Вобаста ба зичӣ дар қаъри об фишор меафзояд. Дар ин қабатҳои об организмҳое зист доранд, ки фаъолона ҳаракат мекунанд ва онҳоро нектонҳо меноманд, ки ба онҳо дохил мешаванд: нармбаданҳо, моҳиҳо, буғумпойҳо, обхокиҳо, белпойҳо ва наҳангҳо.
Гуруҳи дигари организмҳои обӣ, ки бектосҳо ном доранд, дар қаъри об беҳаракат ва ё ба ягон ҷисм часпида, ё зери лойқаҳо зиндагӣ мекунанд, инҳо кораллҳо кирмҳо, рудаковокҳо, баъзе баъзе намудҳои буғумпойҳо ва нармбаданҳо мебошанд.
ҳамаи организмҳое, ки дар об, яъне муҳитӣ обӣ ҳаёту фаъолият доранд, гидробионтҳо номида мешаванд.
2.Муҳити фазоӣ
Муҳити фазои аз муҳити обӣ бо он фарқ мекунад, ки дар таркиби он миқдори зиёди оксиген, рушноӣ, ҳарорат ва ивазшавии он нисбат ба вақт, фазо, пасту баландшавии фишори ҳаво, кам шудани намнокӣ ҷой дорад. Дар ҳаво, ки назар ба об зичии кам дорад, ҳаёти доимӣ мавҷуд нест. Бо вуҷуди он дар фазо паррандаҳо парвоз мекунанд, ҳашарот, канаҳо, микроорганизмҳо, тухм ва спораи растаниҳо ба воситаи шамол паҳн мешаванд.
Дар ҳаёти организмҳои муҳити фазои омилҳои дигари экологӣ, чун таркиби ҳаво, шамол, тарҳ, манзара аҳмияти калон доранд. Иқлим ва боду ҳаво низ истисно нестанд. Истиқоматкунандаҳои муҳити обию хокӣ дар ҳар куҷое, ки ҳаёт ба сар баранд, метавонанд ба он мутобиқ шаванд ва тағйирёбии шароити ҳаворо ба осонӣ паси сар намоянд.
3.Хок чун муҳити ҳаёт
Хок қабати начандон ғафси заминро (хушкиро) ташкил дода, дар натиҷаи ҳаёту фаъолияти организмҳои зинда пайдо шудааст. Ин муҳити сегона мебошад. Хок аз ҷисмчаҳои сахт иборат буда, дар қисмҳои болоии он сурохиҳо мавҷуданд, к ибо обу ҳаво пур мешаванд. Вобаста ба ин дар хок организмҳои хурди обӣ ва фазоӣ зиндагӣ мекунанд. Махсусияти хок дар он аст, ки он аз сурохиҳои майда иборат аст, ки ба воситаи онҳо оксиген гардиш карда, обро мегузаронад. Сурохиҳо дар хокҳои нарм то 70 фоиз ва дар хокҳои зичу ғафс 20 фоизро ташкил мекунанд. Дар чунин хокҳо миқдори зиёди организмҳои хурди микроскопӣ: бактареяҳо, замбуруғҳо, соддатаринҳо, кирмҳои ҳалқашакл, бандпойҳо мавҷуданд. ҳайвонҳои каме калонтар дар зери хок барои худашон мустақилона роҳ мкушоянд. Растаниҳо то чуқурии 1,5 – 2 реша медавонанд, ки ин аломати аниқест барои муайян кардани чуқурии хок. ҳаво дар қабатҳои хок аз миқдори ками оксиген иборат мебошанд.
Аломати асосии муҳити хокӣ он аст, ки ба таркиби он мунтазам аз ҳисоби боқимондаи решаҳои фавтидаи растаниҳо ва барги онҳо моддаҳои органикӣ дохил мегарданд ва барои бактерияҳо, замбуруғҳо ва ҳайвонҳои дигар чун манбаи энергия хизмат мерасонанд. Бинобар ин хок муҳити аз ҳама муҳими ҳаёти ба шумор меравад. Организмҳоеро, ки дар хок зиндагӣ мекунанд, эдафобионтҳо ва ё ки геобионтҳо меноманд.
4.Муҳити байниҳамдигарии организмҳо
Организмҳои зинда дар муҳити зист бо ҳамдигар муносибатҳои гуногун доранд, ки дар байни онҳо муфтхури (паразитизм) мавқеи аввалро ишғол мекунад. Муфхури гуфта организме (намуд, фарде) – ро меноманд, ки дар тамоми ҳаёту фаъолияташ аз ҳисоби дигар организмҳо ғизо мегирад. Дар табиат ягон организми мустақили бисёрҳуҷайрае мавҷуд нест, ки муфхури худашро надошта бошад. Муфтхурҳо одатан дар бадани (танаи) хуҷаин, ё дар ҳуҷайра ва ё бофтаи он ҷой мегиранд. Баъзе муфтхурҳо ба хуҷаинҳои худ фоида низ меоваранд. Масалан, ҳайвонҳои кавшакунанда барои ҳазми ғизо аз бактерияҳо ва инфузорияҳо, ки дар меъдаи онҳо ҷойгиранд, истифода мебаранд. Аъзои ҳозимаи инсон бо ёрии микрофлораи фоидаовар фаъолият мекунад.
Муфтхурҳоро вобаста ба фаъолият ва ҷойгиршавиашон дар оргнизми хуҷаин ба ду гуруҳ тақсим мекунанд:
1)муфтхурҳои дарунӣ (кирмҳои гуногун, соддатаринҳо) – дар таркиби бадани хуҷаин зиндагӣ мекунанд;
2)муфтхурҳои берунӣ (шабушк, кайк, кана, зулук) – дар руи пусти бадани организмҳо фаъолият доранд.