Омилхои экологи. Биосфера. Тавсифи умумии биосфера.

Омилҳои экологи чист?

Он унсурҳои муҳитиро, ки барои организмҳо лозиманд ё ба онҳо таъсири манфӣ мерасонад, омилҳои экологӣ меноманд. Ба ибораи дигар, дар экология омил гуфта, маҷӯи ҳодисаҳои табиию сунъиро меноманд, ки баҳаёту фаъолияти организмҳо таъсир мерасонанд.

Таҳлили омилҳои гуногун нишон медиҳад, ки онҳо ба се гурӯҳ тақсим мешаванд: абиотӣ, биотӣ ва антропогенӣ.

2.Омилҳои абиотӣ (омилҳои ғайризинда)

Омилҳои абиотӣ (аз калимаи юнони гирифташуда «а» — не, «био» — ҳаёт мебошад) маҷмӯи омилҳои муҳити ғайриорганикии ба организм таъсиркунанда мебошанд ва вобаста ба таркибашон ба омилҳои химиявӣ (таркиби химиявии ҳаво, обҳои шӯр ва ширин, хок боқимондаҳои таҳшини замин) ва физикӣ (ҳарорат, фишор, омилҳои абиотӣ ва тарҳи замин (релеф), тавофути геологию иқлимӣ, ки таърихан дар ҳаёти олами зинда мақоми хосса доранд вобаста аст.

Ин омилҳо хеле гуногунанд. Масалан, организмҳои дашту биёбон ҳама вақт муҳтоҷи об, организмҳои обӣ муҳтоҷи миқдори муайяни оксигенӣ дар об ҳалшуда мебошад.

3.Омилҳои биотӣ (омилҳои зинда).

Омилҳои биотӣ (аз калимаи юнонӣ «био» — ҳаёт мебошад) маҷмӯи таъсироти фаъолияти ҳаётии як организм нисбат ба организми дигар мебошад, ки дорои хосиятҳои гуногунанд. Масалан, организми зинда метавонад чун ғизо (растани барои ҳаёвон, ҳайвон барои дигар ҳайвонҳо дар), муҳити зист (хӯҷаин барои муфтхӯр, растаниҳои азимҷуса барои эпифитҳо), мусоидат карданд барои афзоиш (гардолудкунии растаниҳо), таъсири химиявӣ, физикавӣ ва ғайра хизмат намояд. Омилҳои биотӣ нафақат бавосита, балки бевосита низ ба муҳити ғайризинда таъсир мерасонанд, ки онро дар мисоли таъсири бактерияҳо ба хок, таркиби он ва ивазшавии иқлим (ивазшавии иқлим дар масоҳатҳои хурд) дар пардаи болоии рӯи замини ҷангалзор мушоҳида кардан мумкин аст. Омилҳои биотиро ба гурӯҳҳои фитогенӣ (растаниҳо), зоогенӣ (ҳайвонҳо) ва микрогенӣ (микроорганизмҳо) тақсим мекунанд.

4.Омилҳои антропогенӣ.

Омилҳои антропогенӣ (аз калимаи юнони гирифташуда «антропос» — одам, «огенӣ» — пайдоиш) маҷмӯи таъсироти инсон мебошад, ки дар рафти фаъолияти ҳаёташ ба табиат мерасонанд ва дар натиҷаи он тағйироти маҷмӯи омилҳои экологӣ ба вуҷуд меояд. Мисоли одди чуни наст. ҳангоми нафаскашӣ одам дар як сол ҳазорҳо тана гази карбонро ҷудо мекунад ва ё талаботи солонаи инсоният нисбат ба ғизо ба ккал баробар аст.

Биосфера чист?

— Ин қабати махсуси сайёра буда, маҷмӯи ҳамаи организмҳои зиндаро дар бар мегирад, биосфера номида мешавад. Ба ибораи дигар «ҳамаи экосистемаҳои замин қисмҳое мебошанд, ки ба таркиби як экосистемаи бузурги тамоми масоҳати сайёраро фарогиранда мансубанд, ки ин экосистемаи глобалиро биосфера меноманд».

Биосфера аз калимаи юнони гирифташуда «био» — ҳаёт, «сфера» — кура мебошад.

Олими барҷастаи рус, академик В.И.Вернадский яке аз асосгузорони илми геохимия, асосгузори омӯзиши илмии биосфера буда, муайян кардааст, ки «биосфера пардаи берунии сайёраи Заамин, пардаи ҳаётии Заамин аст». Биосфера дар навбати худ аз ҷузъҳои зерин иборат аст:

— моддаҳои зинда (органикӣ), ки маҷмӯи ҳамаи организмҳои зинда (растаниҳо, ҳайвонот ва микроорганизмҳо – моддаҳои биогенӣ) – ро дар бар мегирад;

— моддаҳои органикию минералӣ ё маҳсулоти органикӣ (торф, ангиштсанг, нафт);

— моддаҳои биокоснӣ, ки маҷмӯи маҳсулоти организмҳои зиндаро да якҷоягӣ бо табиати ғайризинда (об, фазо, ҷинсҳо, кӯҳ ва хок) гирд овардааст.

Биосфера тамоми масоҳати хушкӣ, баҳрҳо, уқёнусҳо ва ҳамаи биогариҳоизаминро бо ҷинсҳои дигар, ки маҳсули фаъолияти организмҳои зинда мебошанд, дар бар мегирад.

Дар атмосфера (фазо, ҳаво) сарҳади ҳаётро қабати озонӣ, ки дар баландии 16 – 20 км ҷойгир аст, муайян мекунад. қабати озонӣ нурҳои ултрабунафши офтобро, ки барои тамоми мавҷудоти рӯи Замин марговаранд, нигоҳ медорад.

Дар қабати обии саёра, аниқтараш дар уқёнус ҳаёт то чуқурии 10 – 11 км вуҷуд дорад. Дар қисми сахтии замин ҳаёти мӯътадил то чуқурии 3 км (бактерияҳо дар мавзеъҳои нафтдор) ҷой дорад.

8.45K
Нет комментариев. Ваш будет первым!