Холати хозираи мухити зист. Манбахо ва сарчашмахои ифлосшавии атмосфера.

Тасодуфӣ нест, ки ҳоло ба масъалаҳои муҳити зист олимон диққати махсус медиҳад. Бо ибрози таносуби экологӣ, экосистема, бӯҳрони экологӣ, фалокати экологӣ на танҳо олимони соҳаи фанҳои табиатшиносӣ, балки ходимони давлатию сиёсӣ, кормандони хоҷагӣ низ машғуланд.

Дар охирҳои асри XX ибтидои асри XXI инкишофи босуръати илму техника боиси рӯз аз рӯз ифлосшавии муҳити зист бо моддаҳои радиоактивӣ, кимиёвӣ ва биологӣ гардид. Бинобар ин зарур аст, ки ҳар як шахс алоқамандии байни организм ва муҳити атрофашро дар анамояд ва барои нигоҳдории баробарвазнии экологӣ дар табиат саҳмгузор бошад, зеро ки инсон як ҳиссаи табиат саҳмгузор буда, берун аз он вуҷуд дошта наметавонад, саломатӣ, маҳсули карӣ, рафтору кирдораш бо табиат вобаста аст.

Маълум аст, ки проблемаҳои экологӣ, яъне масъалаҳои марбут ва бадшавии ҳолати муҳити атроф дар бисёр минтақаҳои сайёра аҳамияти аввалиндараҷа пайдо кардаистодааст.

Зеро ин омилест, ки ба ҳамаи равандҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ таъсир мерасонад. Аз ин рӯ, барои пешгирии шиддати вазъи экологӣ бояд тамоми ҷомеа ҷаҳонӣ бори масъалият дошта бошад.

Асосан ифлоскунандаҳо бо ду намуд, ки табиаташон аз ҳам фарқ мекунанд, тасниф мешаванд:

— Ифлосшавии табиие, ки дар натиҷаи ҳодисаҳои табиӣ ба дахолати одам пайдо мешаванд;

— Ифлосшавии антропогенӣ, к ибо фаъолияти одам алоқаманд аст. қисми таркибии онро ифлосшавии техногение, ки бе фаъолияти истеҳсолоти саноатӣ алоқаманд аст, ташкил медиҳад.

Аз рӯи табиаташон чунин намудҳои ифлоскунандаҳо вуҷуд доранд:

1)Биологӣ, яъне ба муҳити атроф дохил шудан ва дар он афзоиш кардани организмҳои барои одам лозим ва ё дар экосистема пайдошавии гуруҳҳои бегонае, ки пеш вуkkk надоштанд;

2)Физикавӣ, (радиатсионӣ, гармӣ, шуоӣ, электромагнитӣ, ғулғуланок ва ҳоказо)

3)Кимиёви (ифлосшавии биосфера бо моддаҳои кимиёвӣ)

Экологҳо ифлоскунандаҳои кимиёвиро дар дараҷаи локалӣ ба чунин гуруҳҳо тақсим мекунанд:

1)ҳавои атмосфера (нуқтаҳои аҳолинишин, минтақаҳои корӣ)

2)Биноҳои истиқоматӣ ва истеҳсолӣ

3)Обҳои рӯизаминӣ ва зеризаминӣ

4)Хок

5)Маҳсулотҳои хӯрока

Сарчашмаҳои ифлосшавии кимиёвиро ба чор гуруҳ тасниф кардан мумкин аст:

1)Дастгоҳҳои техникӣ, ки пасмондаҳои сахт, газмонанд ва моеъро ба муҳити атроф бароварда мепvtgfhnzyl/

2)Объектҳои хоҷагӣ, ки моддаҳои кимиёвии ифлоскунандаро истеҳсол ё захира мекунанд. Инчунин, майдонҳои махсус барои нигоҳдории пасмондаҳо.

3)Минтақаҳое, ки ба онҳо моддаҳои ифлоскунандаи кимиёвӣ ба воситаи нақлиёт дохил мешавад.

4)Олудашавии боришоти атмосферӣ, маишӣ, саноатӣ ва обҳои шорандаи кишоварзӣ, ки хусусияти планетарӣ доранд.

Ифлосшавии ҳавои атмосфера дар дараҷаи глобалӣ танҳо бо роҳи ғайримустақим, яъне ба воситаи тағйирёбии иқлим, вайроншавии пардаи озонии биосфера ва боронҳои кислотагӣ ба вуҷуд омада, метавонад бевосита ба саломатии одам таъсир расонад. Аз ҳама паҳншудатарин ифлоскунандаҳои ҳавои атмосфера оксиди нитроген, сулфур, гази карбонат, карбогидридҳо, фенол, аэрозолҳо, пайвастагиҳои бухоршавандаи металлҳои вазнин ва дигар мураккаботи органикию ғайриорганикӣ доранд, дар муҳити газмонанд дар ҳолати муаллақ мавҷуданд. Онҳо қобилият доранд, ки дар таркибашон пайвастагиҳои мураккаби кимиёвии хусусияти баланди токсикӣ дошта ва барои ҳаётгузаронии организмҳои зинда зарарнок нигоҳ доранд.

Ба фикри аксари олимони ҷаҳон яке аз сарчашмаи асосии ифлосшавии таркиби атмосфера нақлиёти автомобили ба ҳисоб меравад, ки дар таркиби газҳои сухташудаи ххорикунандааш сурб ва оксиди карбон дорад. Ин нишондиҳандаҳо дар шаҳрҳои калон то 50% ва дар шаҳрҳои калонтарин аз 85% зиёд газҳои сухташудаи нақлиёти автомобили таркиби атмосфераро ифлос мекунад.

1.1K
Нет комментариев. Ваш будет первым!