​Биосфера ва саволу чавоб

Накша:

1.Таълимоот оид ба биосфера.

2. Гардиши карбон.

3. Гардиши нитроген.

4.Гардиши фосфор ва сулфур.

5. Гардиши оксиген.

Ҳамаи экосистемаҳои замин қисмҳое мебошанд, ки ба таркиби як экосистемаи бузурги тамоми масоҳати сайёраро фарогиранда мансубанд. Ин экосистемаи глобалиро биосфера меноманд.

Олими барҷастаи рус, академик В.И.Вернадский (1863-1945) яке аз асосгузорони илми геохимия, асосгузори омӯзиши илмии биосфера буда, муайян кардааст, ки «биосфера пардаи берунии сайёраи Замин, пардаи ҳаётии Замин аст». Биосфера дар навбати худ аз ҷузъҳои зерин иборат аст:

  • моддаҳои зинда (органикӣ), ки маҷмӯи ҳамаи организмҳои зинда (растаниҳо, ҳайвонот ва микроорганизмҳо — моддаҳои биогенӣ)-ро дар бар мегирад;
  • моддаҳои органикию минералӣ ё маҳсулоти органикӣ (торф, ангиштсанг, нафт);

— моддаҳои биокоснӣ, ки маҷмӯи маҳсулоти организмҳои зиндаро дар якҷоягӣ бо табиати гайризинда (об, фазо, ҷинсҳо, кӯҳ ва хок) гирд овардааст.

Биосфера тамоми масоҳати хушкӣ, баҳрҳо, уқёнусҳо ва ҳамаи боигариҳои заминро бо ҷинсҳои дигар, ки маҳсули фаъолияти организмҳои зинда мебошанд, дар бар мегирад (расми 15).

Дар атмосфера (фазо, ҳаво) сарҳади ҳаётро қабати озонӣ, ки дар баландии 16-<st1:metricconverter>20 км</st1:metricconverter> ҷойгир аст, муайян мекунад. Қабати озонӣ нурҳои ултрабунафши офтобро, ки барои тамоми мавҷудоти рӯи Замин марговаранд, нигоҳ медорад.

Натиҷаи фаъолияти организмҳои зинда дар қабати ҷинсҳои таҳшинии чуқур дучор мешавад.

Афзоишу қатъшавии мубодилаи моддаҳо ва инкишофи организмҳои зинда дар давоми миллиардҳо сол ба сайёраи Замин бетаъсир намондааст.

Миқдори умумии ҳамаи намудҳои организмҳои зиндаи табиатро В.И.Вернадский «моддаи зиндаи замин» номидааст.

Дар таркиби химиявии моддаҳои зинда атомҳое ҷойгиранд, ки дар ҳолати дигар табиати лекин дар сатҳ ва таносуби дигар. Дар рафти мубодилаи моддаҳо организмҳои зинда мунтазам элементҳои химиявиро дар табиат ҷо ба ҷо ё бо ибораи дигар тақсим мекунанд. Маҳз бо ҳамин роҳ химизми биосфера иваз мешавад ва гардиш дорад.

В.И.Вернадский қайд кардааст, ки дар рӯи замин қувваи доимии химиявй вуҷуд надорад. Организмҳои зинда дар маҷмӯъ нисбат ба қувваи ҳаракатдиҳандаашон пурзӯртаранд. Дар тӯли миллиардҳо сол организмҳои автотрофӣ (фотосинтезкунанда) тавонистанд миқдори зиёди энергияи офтобро дар реаксияи химиявии фотосинтез истифода намоянд. Як қисми захираҳо дар таърихи геологӣ дар шакли боқимондаи ангиштсанг ҷамъ шудааст, қисми дигараш чун канданиҳои фоиданок дар шакли нафт ва торф захира гардидаанд.

Аз ҳисоби фотосинтез дар атмосфера оксиген ҷамъ мешавад. Дар аввали пайдоиши замин дар атмосфера газҳои зиёди гидроген, метан, аммиак, гази карбонат паҳн шуда будаанд. Аз ҳисоби оксиген дар атмосфера қабати (пардаи) озонӣ пайдо шудааст. Молекулаи гази озон аз се атоми оксиген иборат буда, дар натиҷаи таъсири нурҳои ултрабунафши офтоб

гайризиндаро ташкил мекунандба оксигени молекулавй табдил меёбад. Ҳамин тариқ, ҳаёт барои ҳифзи худ дар атмосфера қабати махсуси ҳифзкунандаро, ки он нурҳои ултрабунафшро нигоҳ медорад, пайдо кардааст.

Қисми зиёди гази карбонат дар атмосфера бо роҳи нафаскашии организмҳои гуногун ё сӯхтани боқимондаҳои органикй ҳосил мешавад. Нитрогени атмосфера ҳамчунин дар натиҷаи фаъолияти ҳаёт ва пеш аз ҳама бо роҳи фаъолияти бактерияҳои хок ҳосил мешавад.

Қабати хокии биосфераро қабати ҳаётии рӯизаминӣ меноманд. Дар хок моддаҳои гуногуни минералӣ, органикӣ, микро ва макроорганизмҳо ба ҳам алоқамандии зич доранд. В.И.Вернадский онҳоро қабат ё қисми биокоснӣ номидааст. Ин қабат дар таркиби уқёнуси ҷаҳонӣ, ки аз маҳсулоти мубодилаи модда ва гуногунии организмҳои зиёд бой аст, дида мешавад.

Организмҳои зинда дар биосфера гардиши биогении муҳимтарин элементҳоро, ки бонавбат аз моддаи зинда ба ғайризинда мегузаранд, таъмин мекунад. Ин силсилаҳо ба ду гурӯҳ тақсим мешаванд: гардиши газҳо ва гардиши таҳшинй. Дар гурӯҳи якум мавқеи атмосфера (карбон, оксиген, нитроген) ва дар гурӯҳи дуюм ҷинсҳои таҳшинй (фосфор, сулфур) асосй аст.

2. Гардиши карбон

Барои ҷараён гирифтани фотосинтез манбаи асосии карбон гази карбонат (дуоксиди карбон)-и дар атмосфера ё дар об ҳалшуда мебошад. Дар таркиби моддаҳои органикии растаниҳо карбон ба занҷири ғизоӣ дохил шуда, ба воситаи бофтаҳои зинда ё мурдаи растаниҳо, яъне дар натиҷаи нафаскашӣ, туршшавӣ ё сӯхтани маҳсулоти гармидиҳанда дар шакли гази карбонат ба атмосфера хориҷ мешавад. Давомнокии даври гардиши карбон ба 300-400 сол баробар аст (расми 16).

3.Гардиши нитроген

Дар табиат растаниҳо нитрогенро асосан аз ҳисоби пӯсиш ва вайроншавии моддаҳои органикӣ мегиранд.Ин ба фаъолияти бактерияҳо вобастагӣ дорад. Онҳо метавонанд нитроген ва сафедаҳоро барои истифода таҷзия кунанд Манбаи дигар — нитрогени озоди атмосфера аст. Барои аксари растаниҳо азхудкунии он имконнопазир аст. Лекин бактерияҳо ва обсабзҳои кабуду сабз аз ҳисоби нитрогени атмосфера моддаҳои химиявӣ синтез карда, барои бойгардонй истифода мебаранд. Бисёр намудҳои растаниҳо дар ҷараёни симбиоз бо бактерияҳои нитрогенӣ ҳамзистӣ дошта, дар решаашон узвҳои махсусро пайдо мекунанд, ки макони ҳосилшавии нитроген мебошад. Аз ҳисоби фаъолияти гурӯҳи дигари бактерияҳо аз боқимондаи растаниҳо ва ҳайвонҳо як қисми нитроген ба шакли озод табдил ёфта, такроран

4.Гардиши фосфор ва сулфур

Фосфор ва сулфур дар таркиби ҷинсҳои кӯҳӣ мавҷуданд. Дар натиҷаи таҷзия ва эрозия онҳо ба таркиби хок ҳамроҳ мешаванд ва бад-ин васила растаниҳо онҳоро истифода мебаранд. Фаъолияти организмҳо — редусентҳо онҳоро аз нав ба хок бармегардонад. Як қисми фосфор ва нитрогени бо об шусташуда ба дарё, аз он ҷо ба баҳрҳо ва уқёнусҳо ҷорӣ мегардад, ки онҳоро обсабзҳо истифода мекунанд. Дар охир онҳо дар таркиби боқимондаҳои моддаҳои органикй дар қаъри таҳшини обҳо боз ба таркиби ҷинсҳои кӯҳӣ дохил мешаванд.

5. Гардиши оксиген

Даври гардиши оксиген дар рӯи замин 2000 сол, вале дар об бошад, қариб 2 миллион солро ташкил мекунад. Ин гувоҳи дар таркиби бактерияҳо, обсабзҳо, сархасҳо, динозаврҳо, мамонтҳо ва дигар моддаҳои зинда мавҷуд будани он аст.

Оксиген дар фазо (21%), қишри замин (47,2%) ва обҳои гуногун (85,8%) мавҷуд аст ва он аз ҳисоби фотосинтез ҳосил гардидааст. Муайян шудааст, ки тамоми растаниҳои биосфера ҳар сол зиёда аз 430-450 миллиард тонна оксиген ҷудо мекунанд. Оксиген омили асосии фаъолияти ҳаётии тамоми олами зинда буда, манбаи ҳаёт ба шумор меравад.

Биосфера давраи тӯлонии инкишофро аз сар гузаронидааст, ки дар ин вақт ҳаёт шаклашро иваз карда, миёни обу хушкӣ гардише доштааст. Таркиби оксиген дар атмосфера мунтазам зиёд шудааст (расми 18).

Дар 600 млн. соли охир суръат ва хосияти гардиши моддаҳо ба ҳолати кунунии замони мо наздик шудааст. Биосфера чун системаи бузурги танзимшаванда нафақат ҷои мутобиқшавии организмҳо ба муҳит, балки шароити мусоид барои фаъолияти организмҳо дар рӯи Замин низ ба шумор меравад.

Саволҳо:

1.Манбаи асосии оксиген дар биосфера чист?

2.Гардиши оксиген дар табиат чӣ қадар вақтро дар бар мегирад?

3.Биосфера чун истилоҳи муҳимтарини экологӣ чӣ маъно дорад?

4.Қисмҳои асосии биосфера кадомҳоянд?

5.Чиро «моддаи зиндаи замин» меноманд?

6.Элементҳои биогенӣ дар табиат чӣ тавр ҷой мегиранд?

7 Карбон дар биосфера чӣ тавр пайдо мешавад?

8.Даври гардиши карбон чӣ қадар вактроталаб мекунад

9.Сабаб чист, ки микдори нитроген дар биосфера аз дигар моддаҳо зиёд аст ва он чӣ тавр пайдо мешавад?

10. Ҳамзистӣ ё симбиоз чй аҳамият дорад?

11.Фосфор ва сулфур дар биосфера чӣ тавр гардиш доранд?

12.Редусентҳо чӣ гуна организманд?

882
Нет комментариев. Ваш будет первым!