Пайдоиши «Авесто» ва таърихи омӯзиши он

Доир ба масъалаи пайдоиши «Авесто» дар адабиёти илмиақидахои гуногун ҷой дорад. Як гурӯхи олимон (Дюперон, Дармстетер, Мейе, Юар ва ғайра) пайдоиши онро ба мамлакати Мидия нисбат медиханд. Дигар гурӯх ба Бохтар пайваст менамоянд, (масалан Бартолоне Ньюберг). Гурӯхи сеюми олимон пайдоиши «Авесто»-ро ба Моварои Кафкоз мансуб медонанд ва ғайра.

Барои дуруст хал намудани масъалаи макони пайдоиши «Авесто», бояд ду чизро ба назар гирифт. Якум-«Авесто» дар тӯли бисёр асрхо тартиб дода шудааст. Дуюм-хусусиятхои ҷудогонаи Авесто ва қисмхои алохидаи он на танхо аз ҷихати хронологӣ, балки аз ҷихати географиниз дигаргун мебошанд.

Дар ин xо сухан дар бораи пайдоиши қисмхои ҷудогонаи он, ки дар даврахои гуногуни таърихипайдо шудаанд, меравад. ханӯз ГерОдот, Страбон, Плутарх ва дигар муаррихони Юнону Рим ба дину оини Эрониёни қадим назар карда, ба он бахои баланд дода буданд. Омӯзиши илмии Авесто дар асрхои ХVIIVIIIшурӯъ мешавад. Масалан, соли 1771 олими фаронсавиА.Дюперон аввалин шуда, онро ба забони фаронсавитарҷума мекунад. Намояндаи бузурги идеализми немис Гегел низ диққати худро ба ин сарчашма равон намуда, дини зардуштиро дини рӯшноива некиномидааст. Дар Русия омӯзиши он, аз асри ХIХ то имрӯз якчанд олимони рус (Кассович, Зелеман, Тураев, Атаев, Бертельс, Стеблин- Каменский ва дигарон) матнхои ҷудогонаи Авесторо тарҷумаву тахлил намудаанд.

Аз байни олимони хориxиасархои Мэри Бойс (Англия) ва Ф.Нитсше ҷолиби қайд аст. Онхо дар тахти унвони «Зардуштиён» асархои бисёрҷилда навишта, диққати мардумони дунёро ба «Авесто» xалб намудаанд.

Бояд қайд кард, ки дар давраи шӯравиолимони тоҷик бахри омӯзиши «Авесто» хизматхои шоёне намуданд. Махсусан Б.Fафуров дар «Тоҷикон» ва дигар асархояш ба ин сарчашмаи маънавии ниёгонамон бахои баланд додааст.

ӯ дар Суғду Бохтар пайдо шудани «Авесто» ва дини зардуштиро дар асоси бозёфтхои бостоншиносон тасдиқ карда, дар омӯзиши мазмун ва сохтори он кӯшишхои зиёде намудааст. Дигар олимони тоҷик (С.Айнӣ, Бобоназари Бобохон, Ёқубов Ю. ва дигарон) дар тадқиқу тахлили қисматхои ҷудогонаи «Авесто» ва масоили зардуштия кӯшишхои зиёде намудаанд.

Хусусан, дар арафаи ҷашни 2700-солагии «Авесто» мақолахо ва асархои бисёре чоп гардидааст. Алалхусус, сарвари кишварамон Э.Ш.Рахмонов ба хотири баланд бардоштани худшиносии миллии мардуми тоҷик ба ин сарчашмаи қадим рӯ оварда, дар китоби худ «Тоҷикон дар оинаи таърих» менависанд: «хар гахе, ки порахои ҷудогонаи китоби муқаддаси «Авесто»-ро дар тарҷумаву тафсирхои минбаъдааш варақгардон намоем, мебинем, ки шукӯху шахомати «Иллиада» ва «Одиссея»-и Гомер, ки ақли башариятро хазорсолахо боз тасхир кардааст, дар назди ин шохасари оламшумули ниёгони мо мекохад». Авесто, ки садсолахо қабл аз асархои Гомер эҷод шудааст, аз рӯи тадқиқи олими англис Е.В.Вест, тақрибан аз 345х. калима, «Занд Авесто» (тафсиру тарҷумаи Авесто бо забони пахлавӣ) бошад, аз 2млн калима иборат аст. Барои қиёс метавон гуфт, ки як худи Авесто хаxман аз «Шохнома»-и Фирдавсичандин баробар бузург аст. Аз ин рӯ хамаи пахлӯхои ин шохасар ва дини зардуштито холо пурра тадқиқ нашудааст.

1.41K
Нет комментариев. Ваш будет первым!