«Авесто» хамчун сарчашмаи идеявива маънави

«Авесто» хамчун нахустфарханги мардумони ориёнасл намунаи безаволи осори фарханги маданияти ҷахониба шумор меравад. Дар сарчашмахои қадимаи пахлавии то замони мо расида, аз xумла «Шахристонхои Эрон» оид ба таърихи навишта шудани «Авесто» маълумоти пурқимате баён шудааст. Инчунин сарчашмаи дигари пахлави«Динкард» (Кори дин) чун қомуси афкори динию мазхабӣ, асотирии ориёнхо шинохта шудааст, ки дар он китоби муқаддаси «Авесто» аз 1200 боб (фаргард) ва 21 китоб (наск) нишон дода шудааст.

Дар замони Сосониён Ардашери Бобакон (хукмрониаш 224-241) дар такмилу тахрири «Авесто» хидмати бузург намуда, донандагони онро водор намуд, ки бо сарварии Тансар ин китобро, ки дар замони Искандари Мақдунисӯзонида шуда буд, тахриру барқарор намоянд. Ба ақидаи муаррихону авестошиносон. аз xумла академик Б.Fафуров барои китоби «Авесто» дар заминаи хати пахлавиалифбои махсус ихтироъ гардид, ки он матнхоро бо тамоми xузъиёташ ифода намуда, «тарзи талаффузи анъанавии гӯяндагонро» хеле дақиқ ва сахех сабт мекард. Баъзе мухаққиқон ва сарчашмахои таърихион алифборо хати диндабириниз номиданд.

харчанд «Авесто» баъди тахрири охирин аз 21 китоб гирдоваригашта бошад хам, шубхае нест, ки китобати аввалини он дар замони Зардушти Спитамон сурат гирифтааст.

Фосилаи миёни нахустин нусхахои китобии «Авесто» ё қисмати «Готхо»-ро аз замони зухури паямбарии Зардушт гирифта то тахрири охирини пахлавии он тақрибан қиёс намоем, қариб якуним, ду хазор солро дар бар мегирад. «Авесто»-е, ки то ба имрӯз расидааст, танхо 5 китобро ташкил медихад: Ясно, Виспарад, Вандидот, Яштхо, Хурд-Авесто. хамчунин ногуфта намонад, ки матни ин панx китоби расида низ пурра нестанд (350 боб расидааст). Бо вуҷуди ин номехрубонихои таърих шукӯху хашамати китоби муқаддаси ниёгони мо, ки яке аз аввалин намунахои осори хаттива китобнависидар тамаддуни башаримебошад, заррае накостааст. Аз хамин қисматхои расидаи «Авесто» низ бузургию мӯхташамӣ, парвози баланди тафаккур, дар либоси басо оддива заминиxилва додани хикмату фалсафаи осмонгир эхсос мешавад. Ситоиши худованд дар порахои «Авесто» баъзан то андозае самимиву ба дил наздик аст, ки хатто акси садои сурудан, тавбаву надомат намудан ва аз паси покдоманирафтани пайравони оини зардуштибараъло эхсос мешавад. хар кадоми ин китобхо чун дурдонаест, ки моро ба гузаштахои басо дур мебарад, аз имону эътиқод, ниёишу парастиш ва муноxоту дуохои ниёгони мо дар зикри худои бузургу муқтадир Ахурамаздо ва ёварони вай маводи басо xолиб медихад.

Чихеле, ки Э.Ш.Рахмонов менависанд «Авесто» бо нусхахои пешину пасин ва матнхои кӯхнаву нав, бо порахои манзуму мансур ва силсилаи сурудахои гаронбахояш мисли бозёфтхои хазинаи Амударё сахифахои норавшани тамаддуни ниёгони моро бароямон мекушояд».

Яке аз қадимтарин китоби «Авесто» ,«Ясно» мебошад, ки иборат аз 72 боб буда, аз рӯи хусусияти забонива замони офаринишаш ба «Ригведо»-и хиндухо қаробат дорад. Боби аввали «Ясно» иборат аз гимнхо ва сурудхои васфи Ахурамаздо, ки худи Зардушт офаридааст, иборат аст. Яштхо – бошад сурудхои муқаддаси васфи худохои ҷудогонаро ташкил медихад. Инчунин дар «Яштхо» подшохону пахлавонони асотириситоиш меёбад, ки аз 21 яшт иборат мебошад. Вандидот – қонуни зидди девхо, китобе ки хангоми иҷрои намози шабона бештар хонда мешуд. Ин китоб аз 22 фаргард иборат буда, маводхои асотириро низ дар бар мегирад. Виспарад – маxмӯи ибодатхои динӣ. Дар ин xо инчунин боқимондаи асотирхои қадима ва афсонахои таърихӣ, нишондодхои гигиенива ғайра xамъ оварда шудааст. Дар матнхои «Хурд-Авесто» таълимоти умумии Зардушт оварда шудааст. Ин қисми нисбатан дертар пайдо шуда буда, гуфтан мумкин аст, ки таълимоти чор қисми аввалро бо хам мепайвандад.

хамин тариқ, имрӯз исбот гардидааст, ки «Авесто» моли мардуми тоҷик мебошад, зеро ки дар он вилоятхои тоҷикнишини Бохтар, Хоразм, Суғд, Марв, Фарғона ва ғайра зикр шудааст, лекин номи ягон нохияи Форс оварда нашудааст.

616
Нет комментариев. Ваш будет первым!