Масоили банду басти илмии падидахои Эхё
Эхёи миллии халқхои Эрони Шарқӣ, ки ба пайдоиши халқи тоҷик вобаста аст, хамзамон оғози давраи эхёи Шарқи Миёна мебошад. Суханони олими машхури рус академик Н.И.Конрад комилан одилона мебошад. Эхё, ба қавли ӯ, xараёни на танхо хоси Аврупо, балки «зухури қонунияти умумиест, ки пешрафти таърихии халқхои «тамаддуни бузургро» таҷассум менамояд».
Аз назари муаррихи бостоншинос Андре Боннар тамаддунхои инсонӣ, мисоли мавҷудоти зиндаанд: онхо низ рӯзе пайдо мешаванд, тадриxан инкишоф меёбанд, рӯзе ба авxи камолоти моддию маънавимерасанд ва рӯзе рӯ ба таназзул оварда, оқибат нобуд мегарданд. Фарқаш хамин, ки осори маънавии онон тамоман аз байн намеравад ва дар хотири авлоди асрхои сонихамчун ёдгоре боқимемонад. Дар оғози сухан яке аз истилоххои таърихи(Эхё) истифода шуд, ки ба сифати муродифи тоҷикии мафхуми Ренессанс (= Реформация = Чинквегенто= Возрождение) омадааст. Саволе ба миён меояд, ки «Оё интиқоли мафхуми мазкур ягон бунёди илмидорад?» Масъаларо ба тариқи умумигузоштан мумкин аст: дар ташхису табақабандии таърихи машриқзамин истифода бурдани истилоххое, ки зодаи мухити маънавии мағрибзаминанду рӯйдодхои хоси таърихию фархангиро ифода мекунанд, худаш то чиандоза салох аст?
Дар матбуоти илмидар ин бобат бахсу мунозира меравад. Мафхуми «Эхёи Шарқӣ»-ро бори нахуст адабиётшиноси гурxиШ.П. Нукубидзе (1947) ба қалам оварда, онро дар тадқиқи адабиёти қарнхои Х11-Х111-и Гурxистон нуқтаи истинод қарор дод. Сипас ақидаи файласуфи кафкозиВ.Чалоян дар боби «Эхёи арманӣ» интишор шуд, ки онро академик Н.И.Конрад тарафдорикарда, дар навбати худ аз «Эхёи Хитой» гап кушод. Аз байни донишмандоне, ки таърихи тамаддуни Fарбро пеша карданду дар ин xабхаи илм ном бароварданд, А.Ф. Лосев назари худро баён кардааст. Дар «Эстетикаи Эхё» ном асараш собит мекунад, ки дар Ховарзамин низ падидахое амсоли падидахои иxтимоию фархангии аврупоизухур ёфта метавонад. Нихоят В.М.Жирмунский, И.С.Брагинский ва В.Б.Никитина ғояи «Эхёи Шарқ»-ро ба мархилахои муайяни инкишофи таърихии адабиёти Эрону Нерон тадбиқ намудаанд. Ақидаи «Эхёи Шарқ»-ро ба ин ё он андоза як қатор олимони хориxи(Э.Браун, А.Мец, Эхсони Табарӣ, Р.Фрай) низ тарафдорикардаанд.
Бо вуҷуди ин ақидаи «Эхёи Шарқ» дар илми хозира бо ду сабаб ханӯз нуфузи кофипайдо накардааст. Сабаби аввал ва асосиин аст, ки худи бунёди назарии консепсияи «Эхёи Шарқ» суст аст. Сабаби дуйум – ба хадди ифрот расонидани ақидаи мазкур аст, ки зимни сӯиистифодаи истилохоти начандон дақиқ аз як тараф ва бидуни тааммули амиқ қаламдод намудани падидахои ханӯз ба хадди кофиомӯхта нашуда, аз тарафи дигар сурат мегирад.
Худи мафхуми «Эхё» одатан ба маънихои «аз нав зинда гардонидан», «обод кардан», «равнақу ривоxдодан» меояд. Гап фақат дар сари муайян намудани мохияти таърихию фалсафии Эхё мебошад, ки се ҷихат дорад: иқтисодӣ, иxтимоию сиёсӣ, фархангӣ. Дар боби он ки кадоме аз ин ҷихатхо асосист ҷамъиятшиносони Шарқу Fарб ба як фикру рой наомадаанд. Аз ин xост, ки ду қазияи зерин пайдо шудааст:
Эхё як нуқтаи гардишест, ки дар шохрохи тараққиёти инсоният, вале онро мархилаи томи таърихидонистан нашояд, ки хамрох ба xараёни ташаккул ё таназзули ин ё он формацияи ҷамъиятисурат гирифта бошад;
Эхё як падидаи иxтимоию фархангист, иборат аз нахзати гуманистӣ, ки дар навбати худ дар зимни растохези анъанаи мадании ахди пешин ба вуқӯъ пайвастааст.
Аз ин нуқтаи назар лозим меояд, ки ба тахлили илмию мантиқии мафхуми Эхё бозгашта се маънии истифодашавандаи онро нишон дихем:
А) Эхё ба маънои тахтуллафзии истилох xунбиши фархангиест, дар рохи аз нав барқарор намудани анъанахои пешини маданияти моддива маънавӣ.
Б) Эхё маънан мусовибо гуманизм аст: харчанд, ки ғояхои гуманистидар асрхои гузашта ва дар нохияхои гуногуни таърихию фархангипайдо шудаанд, фақат дар давраи Эхёи Аврупо ба низом даромада, ба сифати як ақидаи томи ҷамъиятиташаккул ёфтаанд.
В) Эхё шомили инқилоби хам маданива хам ҷамъиятибуда, аввали(нахзати фарханг), зода ё инъикоси охири(инкишофи иқтисодию иxтимоӣ) аст.