Маданияти моддива маънавии даврон

Маърифати илмива фаъолияти эҷодию моддии Аҷамиён дар китоби таърихи маданияти ҷахонисабт шудаанд. Бино ба ахборе, ки дар «Осор-ул-боқия»-и Абурайхони Берунизикр шудааст, ниёгони мо – бохтарихо, портхо, суғдиён, хоразмиён – дар баробари бобулиён, хиндуён, юнониён ва дигар қавмхои бостонимаълумоти гаронмояи илмию маънавива ёдгорихои моддиандӯхтаанд.

хафриёти археологидар Суғд, Хоразм ва Марв аз инкишофи маданияти моддидар ахди пеш аз ахди ислом далолат мекунад. Дараҷаи инкишофи маданияти моддибошад, дар навбати худ ба савияи тараққиёти иқтисодиёти кишвар вобаста аст. Маълумоте, ки илми бостоншиносито кунун андӯхтааст, собит мекунад, ки дар Осиёи Миёнаи қадим бунёду бунёни хоҷагиро кишоварзии обёришаванда ташкил медод. Чунин тариқи зироаткорӣ, албатта, бе шабакаи муназзами каналхо намешавад. Пас аxдоди моро лозим меомад, ки масъалахои мураккаби техникиро хал намоянд.

Илми хайат низ аз эхтиёҷот ва махсусияти кишоварзии обёришаванда сар задааст. Назар ба хуxxатхои кӯхи Муғ суғдиён тақвими хосеро ихтироъ карда буданд, ки нуфузи он то хинду Чин расидааст. Бостоншиносон боқимондахои чанд мушохидагох ва олоти расадро кофта ёфтанд, ки хосса аз савияи баланди тараққиёти астрономия дар қаламрави қавмхои эронинасли Осиёи Миёна дарак медиханд.

Ба нуфуз ва ахамияти ҷахонии илми асримиёнагии Шарқи Наздик ва Миёна, аз xумла, Аҷам дахл карда, бояд се ҷихати хизмати таърихии онро алохида қайд кард: аввалан тарҷума (ба арабива дарӣ-форсӣ-тоҷикӣ) ва тавассути ин хифзи осори илмии юнониёни ахди қадим; сониян, тафсир ва тахрири он; нихоят, кашф ва истифодаи хақоиқи нав, ки дар заминаи таркиби эҷодии анъанахои илмии махаллива хориxисурат гирифтааст.

Фалсафа яке аз рукнхои маданияти маънавии замони Эхё мебошад. Намояндагони машхури он Абӯнасри Форобӣ, Абӯалиибни Сино, Fаззолива бисёр дигарон буданд. Таълимоти онхо дорои мазмуни васеи хаётибуданд ва имрӯз хам ахамияти худро гум накардаанд. Лекин, баъзе файласуфони Fарбу Шарқ мисли Г.фон Грюнебаум мақоми таърихива иxтимоию фархангии дину диёнатро аз будаш зиёд карда нишон дода, исломро шомили хамаи xабхахо ва унсурхои тамаддун мехисобиданд. Махсусан, муаррихони шарқзод аз хад гузаронида, даъво мекунанд, ки фалсафаи классикии арабу форсизабон зодаи ин ё он мазхаби мусулмонист.

Дар асли хол бошад фалсафа аз аввал паи тадқиқи мустақилона кӯшида, xояш ояд аз хамлаи ошкоро ё нихон ба дину диёнат худдоринакардааст. Инро амри тасодуфидонистан нашояд. Фалсафа, алалхусус, фалсафаи машшоъ, чи аз ҷихати мавзӯъ ва услуби тахқиқ ва чиаз лихози таърихиба дину мазхаби мусулмониробитаи мустақим надошт. Дар воқеъ решахои назарии он дар хоки маънавии ислом не, балки анъанаи фархангии хинду эронива илму хикмати юнонирӯидаанд Эътиқоди динии худи файласуфон гапи дигар аст. Вале агар аз мавқеи устувори илмигирем, мебинем, ки эътиқоди ин ё он мутафаккирро xудо, аз як сӯ, аз ниходи фаъолияти эҷодива аз сӯи дигар аз сурату сирати иxтимоию сиёсии замони ӯ нақд кардан мумкин нест. Хусусан, ки аксар файласуфони давраи Эхёи Аҷам олимони табиатшинос низ буданд.

Гуманизм (принсипи одамият) – аломати асосии фарханги Растохези Аҷам ба шумор мерафт. Дар ин давра муборизаи ғоявидар атрофи сифатхо ва қобилияти инсон мушохида мешуд. Антропосентризм ва теосентризм ду тамоиле, ки таъсири мутақобилаи онро дар маданияти маънавимушохида карда мешавад. Назарияхои исмоилия ва тасаввуф дар бораи ягонагии коинот ва инсон оид ба сифатхои умдаи «инсони комил» (фазилат, нафосат, адолат) ҷолиби қайд аст.

Ин ва дигар принсипхои одамият, инсондӯстидар адабиёти Аҷамиён хеле хуб инъикоси худро ёфтааст, ки аз эҷодиёти шоирону нависандагони машхур Абулқосим Фирдавсӣ, Носири Хисрав, Абдурахмони Xомӣ, Саъдии Шерозӣ, Абӯабдуллои Рӯдакива дигарон ба хама аён гардидааст. Бино ба хабари муаррихони араб Масъудива Ибни Надим (асри Х) «хазору як шаб» аслан моли эрониёни бостонибуда, дар ахди ислом (асри 1Х) ба арабигардонида шудааст. (Нусхаи асли форсии он «хазор афсона» ном дошт) Вале гап дар сари он аст, ки варианти арабии афсонахои мазкура тарҷимаи як бар яки матни форсӣ-тоҷикинабуд. Ташаккули «хазору як шаб» то худи қарни ХV1 тӯл кашида, дар ин байн бо унсурхои хамxинси арабӣ, хиндива мисриомехта шудааст. Инак, маданияти моддию маънавии давраи «Эхёи Аҷам» дар хамбастагиинкишоф меёбад.

989
Нет комментариев. Ваш будет первым!