Эхёи Ачам ва ахамияти оламшумули он

Дар таърихи маданияти халқи тоҷик замони Эхёи Аҷам пурмахсултарин давраи инкишоф буда, xунбиши бузурги таърихию фархангиба вуқӯъ пайвастааст. Дар баъзе адабиётхо давраи Эхёро ба асрхои 1Х-Х1 нисбат медиханд, дар адабиёти дигар асрхои 1Х-ХVнишон дода мешавад. Лекин гап дар сари муайян намудани худуди давраи Эхёи Аҷам намеравад, зеро онро xудо карда нишон додан хеле мушкил аст. Сухан дар бобати он меравад, ки то чиандоза дар зери ин харакатхои эхёвии шарқидар дигар маданиятхо xунбишхо ба вуҷуд омад.

Дар таърихи халқи тоҷик хамин гуна ахди хумоюнфар қарнхои 1Х-Х1 буданд, ки аз ҷихати савияи тараққиёти афкори илмию фалсафива бадеисар то сари Ховару Бохтар хамтои худро надоштанд. Дар ин давраи хуxаста як xунбиши бузурги таърихию фархангиоғоз шуд, ки дар навиштахои зер хамчун эхёи тоҷик ёд мешавад. Таxаддуди таърихию фархангии мардуми эронинажод аввал дар мухити Самарқанду Бухоро, Хуҷанду Фарғона ва Балху хирот, ки ба иттифоқи ахли таърих механи аслию Аҷамии қавми тоҷик буданд, ба амал омада, сипас ба нохияхои xанубу ғарбии Эрон, Озарбойxон, Осиёи Сағир ва бархе аз қисматхои хинду Чин ва Покистони имрӯза нуфуз кардааст.

Дар бораи кушокушива яғмогарихои калонмиқёсу касофатовари лашкари қутайбаву Чингиз, Темуру Шайбонихоҷати гап хам не. Зеро хама медонанд, ки онхо бо гуфтаи яке аз файласуфони бузурги тоҷик А.Турсунов «омаданду, канаанду, сӯхтанду, куштанду, бурданд». Лекин бузургии замони Эхёи Аҷам он аст, ки бо вуҷуди ин хама бадбахтию бенасибӣ, бо вуҷуди он хама зулму ситам тавонист, ки дар халқи тоҷик он хиссиёти қадимаро нигох дорад. Яъне, нисбат ба ягон тоифаи одамикинаву адоват напарваридааст. Таърих гувох аст, ки ягон арбоби барxастаи илму фарханги тоҷик, дар боби забону маданияти дигар халқхо бадгӯинакардааст, урфу одати ягон қавмро нах назадааст ва ё аз рӯи хусумати миллию мазхабива иззати нафси мардуми ба марзу буми бегона нарасидааст. Аз ин бармеояд, ки тоҷикон дорои услуби хоси муомилоту муошират буданд, ки имрӯз мо бояд ба он рӯ оварем.

Махз анъанахои дерини фархангии қавмхои эронибуданд, ки дар ахди ислом ба инкишофи минбаъдаи илму фан дар хилофати араб замина шудаанд. Дар воқеъ, математикон ва хайатшиносони хавзаи илмие, ки дар охири асри V111 ва аввали асри 1Х дар Бағдод ташкил ёфта, бо номи «Байтулхикмат» маъруф шудааст, хамагизодагони Хуросон, Мовароуннахр, Бохтария ва Фарғона буданд.

Рушди фарханги Аҷамиён – омили мухими бақо ва фанонопазирии маданияти Шарқ буд. Арзишхои бузурги Аҷамиён дар сохаи илмхои табиатшиносӣ, физика, кимиё, механика, геология, геодезия, xуғрофия дар илми умумиҷахони васеъ истифода мешавад. Мухаммад ал-Хоразмива оғози илми алгебра (ал-xабр) дар ҷахони мутамаддин ходисаи бағоят бузурги илмибуд. Бузургтарин намояндагони илми кайхоншиносӣ: Абумахмуди Хуҷандӣ, Берунӣ, Ал-Фарғонӣ, Умари Хайём, Насриддини Тӯсӣ, қозизодаи Румӣ, Улуғбек ва даххо дигарон асархое офаридаанд, ки имрӯз олимони ҷахон истифода мебаранд. Бузургтарин рисолаи тиббии Абӯалиибни Сино «Ал-қонун фи-т-тиб» (қонуни тиб) китоби рӯимизии табибони дунё гардидааст.

Аҷамиён дар пешрафти илмхои ҷамъиятшиносива гуманитарӣ: фалсафа, мантиқ, ахлоқ, зебопарастӣ, таърих, мардумшиносисахифаи навинро оғоз намуда, мактабхои гуногуни фалсафимисли «ишроқиён», «машшоъ» асос гузоштанд. Таърихнигорони шӯхратманди асримиёнагиба мисли Ал-Бухорӣ, Наршахӣ, Ат-Табарӣ, Xурxонӣ, Мирхонд асархое офариданд, ки дар асоси онхо таърихи умумиҷахониинтишор шудааст.

Гулгулшукуфии адабиёти тавонои классикии форсу тоҷик дар асрхои 1Х-ХVдиққати адибону мардумони дунёро ба худ xалб намуд. Нотакрории тарзи баён, шевоиву равони, сабку услуби хос, баландии шеърият, хамагонро ба хайрат оварда, ба дилу xони мардумони дунё рох ёфтанд. Баландпарвозии афкор, xанбаи баланди фалсафии ашъор – сифатхои назарраси осори форсу тоҷик гардид. Xалолиддини Балхӣ, Аттор, Носири Хисрав, хофиз, Саъдӣ, Xомибарин шоирон – файласуфон буданд, ки жанрхои назму насрро ба дараҷаи олибардошта, намунахои барxастаи адабиёти ҷахониро офариданд.

Меъмори ва дигар намудхои санъати шарқибо таври васеъ ба мамлакатхои Fарб таъсири худро мерасонад. Мактаби минётурии Самарқанд, хирот, Шероз марказхои калонтарини санъати тасвиримегарданд, ки мисли Камолиддини Бехзод барин устодони ин сохаро ба арсаи таърих меоранд.

2.79K
Нет комментариев. Ваш будет первым!