Забони форсии дарй — забони адабй ва давлатй
Дақиқӣ, Фирдавсӣ, Носири Хусрав, Ҳофизи Шерозӣ, таърихшиносону ҷуғрофидонҳои араб ва бисёр дигарон забони адабии асрҳои IX-XV тоҷикиро порсӣ, форсӣ, порсии дарӣ, форсии дарӣ ва дарӣ гуфтаанд. Сабаби чунин номҳо гирифтани он ҳанӯз маълум нест. Вале ҳамин қадараш аниқ аст, ки порсӣ ва форсӣ айнан як чиз буда, форсии дарӣ, ки дарӣ шакли кӯтоҳи он аст, дар байни забонҳо, лаҳҷаҳо ва шеваҳои зиёди забони эронӣ маҳз забони адабӣ будани онро таъкид менамояд. Пайдоишу ташаккул ва такомули забони адабӣ таърихан ба хат вобаста аст. Ба воситаи хат ба забони адабӣ, ки шакли мукаммали забони умумихалқӣ мебошад, асарҳои адабӣ, илмӣ, мазҳабӣ ва фалсафӣ таълиф меёбанд. Забон дар баробари умумияти таърихӣ ва ягонагии сарзамин омили асосии мавҷудияти халқ ва нишонаи асосии миллат аст.
Забони тоҷикӣ яке аз забонҳои хеле қадими дунё буда, таърихи ташаккул ва такомули он беш аз 1500 солро фаро мегирад. Инкишофи он дар асрҳои IX-X ба раванди ташаккулияти халқияти тоҷик вобаста аст. Таҳқиқоти олимони гуногуни дунё муайян кард, ки маҳалли пайдоиши забони форсии дарӣ Мовароуннаҳру Хуросон ва ибтидои пайдоиши он асри V будааст. Ин забон дар баробари забонҳои паҳлавӣ, портӣ, суғдӣ, бохтарӣ, хоразмӣ ва амсоли инҳо ба гурӯҳи забонҳои эронӣ дохил шуда, дар асрҳои IV-VIII бо ин забон қавмҳо, қабилаҳо ва халқиятҳои эронинажоди зиёде, ки ба ҳам муттаҳид шуда буданд, гуфтугӯ мекарданд. Албатта ин забонҳо ба ҳам хеле наздик буданд. Вагарна барои Баҳроми Гӯр (420-438) ҳеҷ зарурате набуд, ки бо аҳли диёри худ ба чандин забон ҳарф занад: «Баҳроми Гӯр ба ҳар забоне сухан гуфтӣ: ба вақти чавгон задан паҳлавӣ гуфтӣ ва андар ҳарбгоҳ туркӣ гуфтӣ ва андар маҷлис бо омма дарӣ гуфтӣ ва бо мӯъбадон ва аҳли илм порсӣ гуфтӣ».
Бо истилои забони дину давлат ва илму адабиёт қарор гирифта, дар байни халқҳои тобеъшуда ҷорӣ гардид. Дар сарзамини мо низ қариб 200 сол ин сиёсат давом ёфт. Вале ба беҳуқуқии худ нигоҳ накарда забони форсии дарӣ, ки забонаи оммаи мардуми муқимии маҳаллӣ буд, ба сайри такомули тадриҷии худ давом дода, пойдор монд. Ташаккули халқият, барқарор гардидани давлати мустақили тоҷикон, пешрафтҳои кишоварзӣ, зироаткорӣ, боғдорӣ, чорвопарварӣ, ҳунармандӣ, маишати хос ва муваффақиятҳои илму маданият ба он оварда расонд, ки забони форсии дарӣ аз ибтидои ислом (асри VII) инкишоф ёфта, дар аҳди Сомониён ба дараҷаи забони адабӣ ва расмии давлатӣ бардошта шавад. Асоси ин забони адабиро лаҳҷаю шеваҳои Бухоро, Самарқанд, Марв, Балх, Бадахшон ва Нишопур ташкил мекард. Дар натиҷаи такомули табиӣ ва ба он омезиш ёфтани забонҳои суғдӣ ва бохтарӣ забони форсии дарӣ басе инкишоф пазируфт. Он аз юнонӣ, ҳиндӣ, яҳудӣ ва арабӣ низ бисёр калимаҳо ва таъбирҳоро гирифт. Дар натиҷаи ҳамаи ин забони форсии дарӣ бо пухтагӣ, захираи ғании луғавӣ, сохти сарфу наҳви устувор, нормаҳои муайяншуда, истилоҳот ва воситаҳои гуногуни услубӣ содир шуд, ки эҳтиёҷоти маънавии халқро қонеъ гардонад. Аз ин ҷиҳат он чун забони расмии давлатӣ дар доираҳои расмӣ, дастгоҳи давлатӣ, мукотибаҳои расмӣ, коргузории девонҳо (вазоратҳо) ва маросимҳои мазҳабӣ ба кор бурда мешуд. Ба ин забон асарҳои илмӣ, адабӣ, мазҳабӣ, таърихӣ ва фалсафӣ таълиф ва тарҷума мешуданд. Табиби шоирпешаи Сомониён Майсарӣ дар илми тиб асари худ Донишномаро ба назм офарид, ки онҳо аз панҷ ҳазор байт иборат аст.
Забони асарҳои улуми дақиқ ҳамоно асосан арабӣ боқӣ монд. Вале оид ба илмҳои дақиқ низ асарҳо ба забони форсии дарӣ навишта мешуданд. Яке аз онҳо, ки то замони мо омада расидааст, Шуморномаи Айюби Табарист. Ин китоб оид ба илми ҳисоб (арифметика ва алгебраи илми ибтидоӣ) баҳс мекунад. Дар замони Мансур ибни ҳӯҳ (961-977) Абӯмансури Муваффақ бинни Алии Ҳаравӣ оид ба тиб китоби Ал-абния ан ҳақоиқ-ил-адвияро тартиб дод, ки нусхаи соли 1056 китобат кардаи шоир-муаллифи Гаршоспнома Асадии Тӯсӣ то ба замони мо омада расидааст. Ин нусхаи пурарзиш дар китобхонаи Вена нигоҳ дошта мегавад.
Аз асри VIII сар карда барои ифодаи забони форсии дарӣ хат ва алифбои форсии арабӣ истифода мешавад. Ин ҳол барои тоҷикони Мовароуннаҳр то соли 1928 давом кард. Эрониҳо, афғонҳо ва тоҷику форсизабонҳои кишварҳои дигар ҳанӯз аз хату алифбои арабӣ истифода мебаранд. Дар асрҳои IX-X пояи адабиёти оламшумули тоҷику форс ба ҳамин забон гузошта шуд. Рӯдакӣ, Дақиқӣ, Абӯали ибни Сино, Балъамӣ, Фирдавсӣ, Берунӣ ва бисёр бузургони дигар доди суханро дар ин забон дода, онро боз ҳам суфтаю пухта кардаанд. Сомониён ба ин забон навишта гудани асарҳои илмӣ ва адабиро ташвиқ ва ҳимоят мекарданд.
Ба дараҷаи забони расмии давлатӣ ва адабӣ бардошта шудани забони дарӣ, аввалан, барои суст шудани забони ба мардуми маҳаллӣ бегонаи арабӣ роли муҳим бозида, ба ин восита умуман таъсири хилофатро дар ҳаёти иқтисодию сиёсии мамлакат кам мекард. Сониян, муттаҳид гардонидан ва пурқувват шудани истиқлоли халқҳои ҳамнажоди маҳаллӣ, масалан, бохтариҳою суғдиҳо, омили тавоное буд. Бинобар ҳамин тарғибу ташвиқ ва пуштибонии забони дарӣ барои мустаҳкам шудани мавқеъ ва нуфузи давлати сомонӣ аз вазифаҳои муҳимтарини сиёсӣ ба шумор мерафт.
Минбаъд, забони форсии дарӣ дар Эрон, шимоли Ҳиндустон, Ироқ, Кавказ, Туркия, Туркистон, Қошғар ва ғайра паҳн гардида, ба ин забон мероси муштараки илмию адабии ин халқҳо офарида шуд, ки ифтихори ҷаҳониён мебошад.