Маданият ва чомеа

Дигаргунсозихои инқилобидар хаёти маънавидар баробари дастовардхои беназир, ки ба худмуайянкунии миллати тоҷик имконият ба вуҷуд овард, нуқсонхои зиёди ҷанбаъхои зиндагиро ошкор кард. Дар айни хол дар чунин шароити душвори ҷомеа, ходисаи хеле мухими сиёсидар таърихи халқи тоҷик ба вуқӯъ пайваст, ки он эхё шудани давлати тоҷикон мебошад. Бояд тазаккур дод, ки эхёи хақиқии давлати миллифақат бо расман эътироф шудани он ба итмом намерасад. Зеро ки хастии давлат рушду такомули он, пеш аз хама ба худшиносии хар як сокини он, ифтихори миллӣ, қобилияти дар истиқлолияти миллизиста тавонистани он халқ марбут аст. Аз ин рӯ, оё ба мо зарурате пеш наомадааст, ки фалсафаи худшиносии миллиро дар асоси маърифати амиқи дастовардхои маданияти халқи хеш, халқу миллатхои ҷахон, дарёфти решахои таърихии умумияти моддию фархангии байни онхо бунёд созем?

Мумкин аст, дар халли муамохои сиёсива иқтисодӣ, ки ба он ҷомеа хохишу иродаи худро гузошта истодааст, маданияту фарханг рохнамо бошад.

Дар хамаи давру замонхо дар ҷамъиятхои гуногун маданият мавқеи хосаи худро дошт. Халқхои ҷахон дар давоми хазорхо сол маданиятро ба вуҷуд оварда, аз он бахра мебаранд. Вобаста ба хар як давраи ҷамъиятимаданият хусусият ва шевахои такомули худро пайдо мекунад. харчанд созанда, бунёдгар ва нигахдори маданият оммаи халқ аст, лекин шахсиятхои алохида қодиранд дар пешрафту такомули он сахми бузург гузоранд. Аз ин рӯ, маданият бидуни ҷомеа ва ҷомеа бидуни инсон вуҷуд надорад ва худи инсон берун аз маданият вуҷуд дошта наметавонад. Маданият хосияти ҷинсива аслии инсон аст. Одам маданитавлид намеёбад, балки дар ҷараёни зиндагидар ҷомеаи инсонибо воситаи таълиму тарбия ба хислатхои маданиноил мегардад. Маданият чун хамсафари доимии инсон на фақат гузашта ва хозираро дар бар мегирад, балки ба ояндагон ба сифати мерос мерасад ва сарнавишти минбаъдаи қавму наслхоро муайян менамояд. Махз барои хамин маданият дар ҷомеаи имрӯза мавқеи мухимро ишғол менамояд ва бояд ба он эътибори махсус дода шавад.

Дар ҷамъияти имрӯзаи демократимақсади маданият ба он равона карда шудааст, ки дар Тоҷикистон маданияти демократии гражданипойдор гардад. Лекин имрӯз дар ҷомеаи мо мардумоне хастанд, ки демократияро ба таври «худам шоху табъам вазир» мефахманд. Онхо сарватманд шуданд, лекин бо сабаби маънавиёти хароб сарвати худро ба корхои бехуда масраф менамоянд. Сарватмандибе маънавиёту маданият ба ҷамъият ягон нафъе оварда наметавонад.

Маданияти демократидар ҷамъияти имрӯза бояд устувор шавад. Лекин худи демократия хеҷ чизро кафолат намедихад. Вай фақат имконият медихад, ки инсон ба муваффақият ноил гардад. Бехуда нест, ки Томас Джеферсон дурнамои маданияти демократиро чунин тасвир намудааст: «хаёт, озодива кӯшиш ба хушбахтӣ». Шоири рус, дорандаи ҷоизаи Нобели-Иосиф Бродский навиштааст: «Агар инсони озод афтад, вай хеҷ касро дар он гунахкор намекунад». Чунин фикр адолатнок аст, нисбати мардумони ҷомеаи демократӣ, ки онхо акнун бояд ҷавобгариро нисбати тақдири ҷамъияте, ки худ зиндагидоранд, ба ӯхда гиранд. Барои хамин бояд хама маданияти демократиро омӯзанд ва ин вазифаро қисман фанни нисбатан нави фархангшиносиба ӯхда гирифтааст.

2.19K
Нет комментариев. Ваш будет первым!