​Мавқеи илми фархангшиноси дар омӯзиши маданият

Гарчанде ки объекти тадқиқоти фархангшиносимаълум аст, лекин мавқеи он дар омӯзиши маданият на он қадар аён аст. Маданият дар як вақт мавзӯи бахси таърих, фалсафа, педагогика, психология, этнография ва дигар фанхо мебошад. Оё илми фархангшиноси нисбати омӯзиши маданият мавқеи хешро дорад?

Яке аз хусусияти мухим ва махсуси ин илм иборат аз он аст, ки дар он гузориш ва халли масъалахо хусусияти серпахлӯ дорад, аз он ҷумла таърихию фалсафӣ, ахлоқию эстетикӣ, иҷтимоию сиёсива ғайра. Кулли тасаввурот, ақидахо ба илми таърих такя мекунанд ва аз маводи таърих сарчашма мегиранд. Лекин аз илми таърих бо куллифарқ мекунанд, зеро аз мавқеи илми мазкур ба гузашта фақат аз диди таърих назар кардан басанда нест. Чун худи хамин илм аз тақозои тадқиқи маданият дар дараҷаи баркамоли интеллектуали(яъне фалсафӣ) пайдо шудааст. Агар ин илмро фалсафаи маданият номем хам хато намекунем. Дар ин ҷо ба назари мо умуман мавқеи хоси таърих ва фалсафаро дар омӯзиши гузашта аниқ кардан айни муддаост. Оид ба ин ва дигар масъалахои назариявии фалсафаи маданият олимони ин соха Библер В. С., Злебин Н. С., Маркорян Э. С., Межуев В. М. ва дигарон асархои бисёре навишта, масъалахои методологии фалсафаи маданиятро инъикос намудаанд. Аз ин рӯ, бамаврид аст, ки баъзе андешахои файласуфи рус В. М. Межуевро ба тариқи фишурда баён намоем. ӯ мегӯяд, ки «омӯзиши таърихинисбати гузашта пеш аз хама ба он равона карда шудааст, ки симои нотакрори даврахои таърихибо тамоми ҷузъиёташ барқарор карда шавад. Омӯзиши фалсафаи гузашта (маданият) аз кӯшиши эҷодкоронаи тафаккури инсони имрӯза сар мезанад. Фахмидани гузашта барои файласуф ба он хотир лозим аст, ки дар батни он ҷанинхои замони мо, маданияти муосир нихон аст, решахои маданияти муосир аз махсул ва фаъолияти наслхои гузашта ғизо гирифтаанд».

ҷихати дигари фарқкунандаи ин илм он аст, ки дар вай маводи мушаххаси таърихитавзехоти васеи назариявимегирад.

Дар он маводи гуногуни эҷодиёти бадеӣ, санъати меъморӣ, хайкалтарошӣ, ороиши амалӣ, мусиқа, театр, кино, санъати тасвирӣ, афкори этикива эстетикӣ, хамчунин асноди сиёсию иҷтимоимавриди тахлил қарор мегиранд.

Мураккабии муайян намудани вазифаи илми фархангшиносиаз он сар мешавад, ки дар омӯзиши маданият хам таърих ва хам фалсафа иштирок мекунанд ва дар он тафаккури мушаххаси таърихива муҷаррахи (абстракти) фалсафиба тариқи махсус васл мегарданд. Фархангшиносиафзалияти ин ё он намуди санъатро дар таърихи мадании халқхои ҷахон (аз он xумла халқи тоҷик) ин ё он образхои бадеиро аз нуқтаи назари вобастагии он аз шароити таърихӣ, сиёсӣ, маишива xуғрофӣ, ки дар он субъект-эҷодкор сукунат дошт, бояд муайян кунад.

Хамин тавр, омӯзиши фанни фархангшиносиро ба таври мушаххас чунин муайян кардан мумкин аст: Маданиятшиносиилм дар бораи қонунияти умдаи раванди таърихива фархангӣ, дар бораи таърихи дастовардхои беназири мадании халқхо ва кишвархои дунё аз даврахои қадим то замони муосир.Агар боз аниқтар гӯем, маданиятшиносиилмест, ки ба таври назариявимохият, сохт ва мақоми маданиятро хамчун ходисаи ҷамъиятимуайян мекунад, тавассути тафаккури таърихию фалсафива дар дараҷаи хеле баланди интеллектуалимаданияти халқу миллатхои ҷахонро аз даврахои қадим то замони муосир меомӯзад, маънива ахамияти хосаи маданияти алохидаро дар доираи маданияти ҷахонимуайян менамояд.

1.56K
Нет комментариев. Ваш будет первым!