Фархангшиноси хамчун илм, вазифа ва сохтори он

Фархангшиноси хамчун илми ҷамъбасткунандаи фанхои ҷамъиятӣ-гуманитариба раванди таълимии таълимидонишкадахои олии Тоҷикистон пурра ворид гардида, мавқеъ ва мақоми худро ёфтааст. Илми маданиятшиносиқонунхои умумитарини инкишофи маданият, сабабхо ва натиҷахои рушду инкишоф, пастравива тахаввули онро марбут ба субъекташ (халқу миллат) ва вазъи иҷтимоӣ, сиёсӣ, фархангии давру замон баррасименамояд.

Дар Тоҷикистон проблемахои бисёре вуҷуд дорад, ки онро фақат бо рохи баланд бардоштани тафаккури маданихал кардан мумкин аст. Яке аз онхо баланд бардоштани хисси худшиносии миллива ифтихори миллиаз гузашта аст, ки мақсади асосии xоригардидани фанни мазкур аст. Мақсади дигари гузориши фанни маданиятшиносидар он аст, ки ҷавонон ба фикрронии фалсафию мавхумиомода гарданд.

Маданиятшиносиаз се қисмати калони бо хам пайваста иборат аст:

1.Назарияи маданият.

2.Маданияти ҷахонӣ.

3.Маданияти миллии тоҷик.

Назарияи маданият. Дар ин фасл тахлили умумии методологии масъалахои назариявива фахмиши мохият, сохт ва маълумоти маданият инъикос мегардад. Категорияхо, мафхумхои мухимтарине, ки банду басти онро ташкил мекунанд, пеш аз хама маданият ва тамаддун, ки бо мафхумхои тамаддун, дин, идеология, хаёти маънавӣ, маданияти ҷахонӣ, миллӣ, этникива минтақавимаъмул аст, мавриди баррасиқарор мегиранд.

Маданияти ҷахонӣ. Дар ин фасл шарху тавзехотиинкишофи маданият аз давраи ибтидоито замони хозира дода шуда, маданияти халқхо ва давлатхои гуногуни дунёи қадим баррасимегардад. Масалан, маданияти Миср, Байнаннахрайн, Хиндустон, Хитой, Юнону Рим ва ғайра. Дар айни хол барои тавсифи ин ё он мархилаи маданихамон халқу миллат объекти тадқиқот қарор мегирад, ки вай пешоханг, таҷассуми пурраи дастовардхои маданият дар хамон давра бошад.

Маданияти миллии тоҷик.Дар ин бахш хусусияти маданияти миллии тоҷик аз замонхои хеле қадим, то ба имрӯз, хамчун ҷузъи ҷудонашавандаи маданияти умумибашаритахлил карда мешавад. Дар хар давраи таърихиробита ва муносибати он бо маданияти халқхо ва давлатхои гуногун маънидод карда шуда, сахми халқи тоҷик хамчун эҷодкори маданияти нотакрор дар фархангу маданияти халқхои хамсоя, аз тарафи дигар, бархурдоршавии он бо дастовардхои маданияти ҷахониравшан карда мешавад.

Ворид гардидани илми фархангшиносиба раванди таълим ва тарбия иқдоми хеле нек, бахри ба даст овардани матлабхои дар боло зикршуда мебошад ва дар назди он чунин вазифахо гузошта шудааст:

бедор кардани шавқи донишҷӯён нисбат ба диалектикаи ходисоти маданӣ, ба мафхум ва масоили маданият.

бедор кардани хисси таърихию фалсафии донишҷӯён, ҷалб кардани диққати онхо ба он ходисахои мухимтарини гузашта, ки ба хаёти инсони имрӯза таъсири худро гузоштаанд.

хаматарафа дастгиринамудани кӯшиши донишҷӯён оиди баланд бардоштани савияи дониш, равнақ додани қувваи эҷодкоронаи онхо.

фахмонидани ин ки мушкилоти имрӯзаи ҷомеа бо маданиятнокива фарханг низ алоқаманд аст.

муайян кардани робитаи ногусастании маданият бо дигар сохахои хаёти ҷомеа, аз он ҷумла иқтисодиёт илму техника ва ғайра.

13.94K
Нет комментариев. Ваш будет первым!