​Заҳирии Самарқанди

Аз дӯст ба ҳар захме афгор набояд шуд

В –аз ёр ба ҳар ҷавре безор шуд.

Муҳаммад ибни Алӣ ибни ҳасан Заҳирии Самарқандӣ аз дабирон ва адибони асри 12 форс-тоҷик буда, доир ба ҳаёт ва фаъолияти илмию адибии ӯ маълумоти хеле кам аст. Мувофиқи гуфтаи Муҳаммад Авфии Бухороӣ дар тазкираи «Лубоб-ул-албоб», Заҳирии Самарқандӣ муддате дар дарбори қарохониҳои Самарқанд китобӣ карда, «Соҳиби девон»-и иншон Рукнуддин Масъуд будааст. Муаллифони тазкираҳо таъкид кардаанд, ки Заҳирии Самарқандӣ дар насри мусаҷҷаъ се китоби бузург таълиф карда будааст. Китоби якуми ӯ «Саиъ-уз-Заҳир фӣ ҷамъ-из-заҳир» («Гуфтори Заҳир барои маҷлиси хос») ном дошта, зоҳиран дар боби усули давлатдорӣ будааст. Ин асар то замони мо боқӣ намондааст. Китоби дуюми ӯ-«Ағроз-ус-сиёст фӣ аъроз-ирриёсат» («Мақсадҳои сиёсат дар идора кардани давлат») китоби таърихшиносӣ дар боби сиёсат ва усули давлатдорӣ буда, аз гуфтори шоҳони асотирӣ- ҷамшед то шоҳони асри ХII – Санҷар ибни Маликшоҳ, пахлавонон, донишмандони эронию араб, юнонӣ ва ғайра фароҳам омадааст. Заҳирии Самарқандӣ, ки ӯро дар таърихи адабиёти форс тоҷик хамчун насрнавис машҳур кард, «Синбоднома» мебошад. «Синбоднома» бо услуби ҳикоят андар ҳикоят таълиф шуда, таърихи хеле қадима дорад. қадимтарин нусхаи ин асар ба замони Ашкониён (250 м то 224 м.) таалуқ дорад.Аммо сарчашмаи имрӯзаи «синбоднома» ривояти паҳлавии асар буда, дар асри VIII аз паҳлавӣ ба араби тарҷума шуда, ба таркиби китоби «ҳазору як шаб» даромадааст. Дар асри VIII инчунин, матни араби он ба суриёни ва дар асри XI матни суриёнӣ ба забони юнонӣ ва баътар ба забониҳои испанӣ, ибронӣ, арманӣ, гуркӣ, лотинӣ, варонсавӣ, италиявӣ, англисӣ, немисӣ, русӣ, руминӣ, шведӣ, ва ғайра тарҷума шудааст. Дар адабиёти форс-тоҷик чанд таҳрири мустақили манзуму мансури «синбоднома» вуҷуд дорад. Аввалин таҳрири «синбоднома» ба калами устод Рӯдакӣ таалуқ дорад, ки то замони мо аз он байтҳои пароканда боқи мондааст. Таҳрири дуюми ба адиб ва тарҷумони асри X Абулфавориси Самарқандӣ. Нӯҳ ибни Мансури Сомонӣ ба Абуфавориси Фанорӯзӣ супориш додаст, ки ӯ китоби «синбоднома» -ро аз забони паҳлавӣ ба тоҷики тарҷума кунед.

Абулфавориси Фанорӯзӣ 950-951 «синбоднома» -ро аз паҳлавӣ ба тоҷики тарҷума кардааст. Матни тарҷумаи Фанорӯзӣ то замони мо нарасидааст. Дар асри ХI Азрақии ҳиравии шоир матни тарҷумаи Фанорӯзиро ба назм даровардааст. Заҳирии Самарқандӣ нимаҳои асри XII матни тарҷумаи Фанорӯзиро аз нав таҳрир кардааст, ки матни он соли 1948 дар Истамбул (Туркия), соли 1953дар Теҳрон ва соли 1971Дущанбе бо номи «Китоби ҳаким Синбод» ба табъ расидаат. Мазмуни мухтасари «синбоднома» чуни аст:

-Дар сарзамини ҳинд қурдисном подшоҳи одилу донное буд. Ин подшоҳ аз бефарзандӣ доимо ғам мехӯрд. Аз қазо дар пиронсолӣ писаре ёфт. Таълимуи тарбияи ин фарзандро ба гардани Синбоди Хаким гузоштааст. Шоҳзода дар илму дониш рӯз то рӯз комил мегащт ва аз рӯи одат, дар назди дарбониён имтиҳон месупорид, барои ҳамин устодаш Синбод пеши офтоб устурлоб гузошта, муайян кард, ки то ҳафт. Шоҳзода ишқи канизакро рад карда, рӯз ҷони шоҳзода дар хатар аст, ки ӯ то ҳафт рӯз бо кассе гап назанад ва худаш ба сафар баромад. Яке аз канизакҳои щоҳ, ки кайҳо боз ошиқу мафтуни ӯ гашта буд, ба назди шоҳзода рафта арзи дил карда, Шоҳзода ишқи канизакро рад карда, таъкид намуд, ки баъди ҳафт рӯзи хомуши ба назди шоҳ рафта бевафони канизакро хоҳад гуфт. Канизак аз тарси ҷон роҳи хабаркаширо пеш гирифт. ӯ ба назди подшоҳ рафта, шоҳзодаро ба хиёнат муттаҳм кард. Подшоҳ аз хабар ба хашм омада ва ба қатли щоҳзода фармон дод. Дар ин миён ҳафт вазири донову хирадманди подшоҳ ба ҳимояти шоҳзода бархоста, дар бевафои занон ва зарари беандешагӣ ҳикоятҳои тамсилӣ меоварданд ва бо ҳамин иҷрои қатли шоҳзодаро бегуноҳии худро исбот кунад.

Заҳирии Самарқандӣ мувофиқи завқи бадеъии замони худ матни аз паҳлавӣ ба дарӣ гардонидаи Абулфавориси Фанорӯзи бо сабки маснӯъи пуртакаллуф таҳрир када, гоҳ-гоҳе дар мавридҳои муовиқ шеърҳои тоҷикию арабиро ҷой додаст.

Заҳирии Самарқандӣ дар замин асар ақидаҳои иҷтимоии хешро дар боби усули мамлакатдорӣ, шоҳи маърифатпеша ва давлати обод ифода кадааст.

492
Нет комментариев. Ваш будет первым!