Барои таҳқиқи фарҳанги мардуми тоҷик дар ин давра маълумотҳои М.Бекчурин, С.Бурнашев қайди Мирзошамси Бухороӣ ва тавзеҳотӣ В.В.Григорев ниҳоят бузург мебошанд. Барои омӯхтану аз худ намудани фарҳангу анъанаҳои мардуми Осиёи Мараказӣ дар асрҳои 18 – 19 дастовардҳои фарҳангии «Таворихи авоил ва авохир»-и Муинӣ, «Таърихи амир ҳайдар»-и Мулло Ибодуллоҳ ва Мулло Муҳаммад, «Футуҳномаи»-и Бухороӣ, «Зафарнома»-и Хусравӣ, «Шоҳнома»-и Умархонд, «Таърихи муҳоҷирон»-и шоираи Дилшода ва дигарон ёрии калон мерасонанд. Ба Руссия ҳамроҳ шудани Осиёи Миёна ба равнақи маданияту санъат ва адабиёт объективона мусоидат кард. Олимону рӯшанфикрону тараққипарвари Руссия дар бобати тадқиқи иқтисодиёти, мардушиносӣ, таърих, забон, адабиёт, истифодабарии сарватҳои табиӣ ва ғайраи Осиёи Марказӣ хизматҳои зиёде кардаанд.
Тахқиқи фарханги точик
Барои таҳқиқи фарҳангӣ нимаи дуюми асри 18 ва ибтидои асри 19-и халқи тоҷик асари машҳури Муҳаммад Яъқуб «Гулшан-ул-мулук» ба аҳамияти калон соҳиб аст. Асар аз он ҷиҳат пурқиммат аст, ки муаллифаш ба табақаи дорои манғития тааллуқ дошта, шоҳиди биср воқеъаҳо буд ва он камбудию воқеаҳоро ошкор тасвир кардасст.