​Сахми Ахмади Дониш дар пешрафти фарханги точик

Аксари мутафаккирон ва рӯшанфикрони мардуми Осиёи Марказӣ аз намояндагони зиёиёни пешқадами Руссия сабақ мегирифтанд. Дар ташаккули ҷаҳонбинии мутафаккири бузурги он солҳо Аҳмади Дониш (1827-1897) таъсири маданияти пешқадами Руссия ниҳоят бузург аст. Аҳмади Дониш дар он замон яке аз фозилтарин фарди Бухоро ба шумор мерафт. Аҳмади Донишро бо сабаби озодфикриаш таҳқир намуда, «кофираш» хонда буданд. Бо вуҷуди ҳамин ҳам донишу маҳорат ва маълумотҳои ӯ амирро маҷбур мекард, ки ба вай бо назари эътибор нигарад. Аҳмади Дониш ба сифтаи икотиби сафорати амир се маротиба ба Петербург сафар карда буд. Ин шиносоӣ юо Руссия ва маданияти мардуми рус дар тамоми ҳаёт ва фаъолияти ӯ нақши ҳалкунанда бозид.

Ба ақидаи вай агар амирро бо фоидаи маорифи халқ бовар кунонида шавад, гӯё худи ҳамин барои ба тарзи нав сохтани ҳаёти воқеии мардуми Осиёи Марказӣ кофист. Рӯҳи тамоми гуфтаҳои ӯро меҳру муҳаббат нисбат ба халқ ва ғамхорӣ барои саодатмандии мардум Фаро гирифтааст. Муҳимтарин асари Аҳмади Дониш рисолаи «Наводир-ул-вақоеъ» мебошад, ки аз маҷмӯи порчаҳои илмии фалсафӣ, публисистӣ ва бадеӣ фароҳам омадааст. Аҳмади Дониш бо ақидаҳои фалсафии худ дар мавқеи идеалистӣ қарор дошта, монанди Абӯалӣ ибни Сино ва Умари Хайём ба таълимоти абадияти олам ва офарида нашудани он мухлис будани худро низ изҳор доштааст. Ин дар шароити онвақтаи партаассуби Бухоро ҳамаи пояҳоро ба ҷунбиш медаровард. ӯ дар рисолаҳояш камбудию ноадолатиҳои ҷомеаи худро баён намудааст.

Вай ҳамчунин пешбинӣ карда буд, ки бартараф намудани ин камбудиҳою ноадолатии ҷомеа фақат бо ёрии мардуми рус ба мо муяссар хоҳад шуд. Бо ин ақидаҳояш Аҳмади Дониш тарафдорони худро зиёд кард. Ин гунна муносибати ӯро устод Садриддин Айнӣ дар «Ёддоштҳо»-и худ хеле таъсирбахш ба қалам медиҳад. Аз ин ҷиҳат фикру ақидаҳои Аҳмади Дониш бо вуҷуди он нисбат ба муносибатҳои синфӣ ақидаи пешқдам ва прогрессивӣ буданд.

Бузургтарин хизмати Аҳмади Дониш аз он иборат аст, ки ӯ тавонист дар атрофии худ як гурӯҳ пайравон, рӯшанфикрон, маорифпарварони асри 19 ва ибтидои асри 20-и тоҷикро муттаҳид кунад. Яке аз инҳо Абдулқодирхоҷаи Савдо буда тақрибан дар байни солҳои 1823-1824 дар Бухоро таваллуд шудааст. Дар замони зиндагии савдо ақидаҳои маорифпарварӣ ва ҷунбиши афкори сиёсиву иҷтимоӣ ҳанӯз дар аморати Бухоро интишор наёфта буд. Он бедории фикрие, ки дар байни илму адаб ба вуҷуд омада буд, пас аз охири солҳои ҳафтодум рост меомад, ки давраҳои баъди таълифи «Наводир-ул-вақоеъ»-и Аҳмади Донишро дарбар мегирад. Савдо дар ғазал ва манзумаҳои тақлидиаш баъзе фикрҳои танқидӣ ва тарғиби ахлоқи некро ифода намудааст. Ин гуна дар байтҳои дар байтҳои алоҳидаи ғазалҳои бедилона ва ҳофизонаи ӯ дида мешавад.

577
Нет комментариев. Ваш будет первым!