​Сахми дигар маорифпаварон дар перафти фарханги точик

Савдо аз банди тақлиду пайравии назми гузаштагон берун рафта, ба муқобили мавзӯи диниву тасаввуфии адабиёти замонаш, ба муқобили ҷаҳолат ва таассуботи динӣ дар лирикааш оҳанги некбинона ва хушнудонае дохил намуд. Ин оҳанг дар лирикаи Савдо дар образи ринди бебоке таҷассум ёфт. Савдо дар ғазал ишқи ҳақиқии инсониро, ишқеро, ки ба касс роҳату қувати рӯҳӣ мебахшад, тараннум мекард.

қорӣ Раҳматуллоҳи Возеҳ бо вуҷуди душвории зиндагӣ ва ноҳамвории шароити рӯзгораш пайваста дар фаъолияти илмиву эҷодӣ буд, ки мутаасифона, имрӯз на ҳамаи онҳо ба мо расидааст. ӯ соли 1886 ба сафари ҳаҷ мебарояд ва ба ин баҳона бо бисёр мамлакату кишварҳои пешқадам, бо бисёр олиму фозилони хориҷӣ шинос мешавад. Сафари ӯ аз шаҳри Бухоро сар шуда, тавассути Туркистон, Кавказ, Истамбул то Арабистони Саудӣ ва дар бозгашт бо тавассути Ироқу Эрон баъди як сол ба ватани хеш Бухоро баргашт. Баъди баргаштан ӯ хотираҳои роҳ ва мулоқотҳояшро бо олиму фозилон ва мардуми шаҳрҳои дидагиаш дар шакли китоб бо номи «Савонеҳ-ул-масолик ва фаросих-улмамолик» («Воқеаҳои роҳҳо ва масофаҳои бийни кишварҳо») таълиф намуда, онро ба амир Абдулаҳад мебахшад. Номи дигари ин китобро «Огаҳиҳои ғариб аз аҷоиботи сафар» мегузорад. Возеҳ дар ин китоб нафақат сафари ҳаҷ ва шаҳрҳои муқаддаси Маккаву Мадинаро тасвир мекунад, балки аз бисёр воқеа ва шароити мамлакатҳои тараққикардаи Аврупою Осиё барои ҳамдиёронаш хабарҳои тозаву навин ва иборатбахш нақл мекунад ва ба ин восита вай мисли Аҳмади Дониш дидаи биниши аҳолии дар ғафлату ҷаҳолати асримиёнагӣ мондаро ба ҷаҳони фаррох мекушояд. ғайр аз ин яке аз асарҳо ӯ «Тӯҳфаи амонӣ»- ном дошта, бевосита ба илми тиб бахшида шудааст.

Шамсиддин Махдуми Шоҳин соли 1859 дар Бухоро таваллуд шудааст. Падари ӯ Мулло Амон аслан аз Кӯлоб буда барои аз бар намудани илму дониш ба Самарқанд ва сипас ба Бухоро меояд. Шоҳин ҳарчанд умри кӯтоҳ ва пур мусибату таҳлука дида бошад ҳам, аммо мероси хеле бой ва гаронбаҳое аз худ боқӣ гузошт. Ин мерос аз девони ғазалиёт, маснавии «Лайли ва Маҷнун», маснавии нотамоми «Тӯҳфаи дӯстон», рисолаи «Бадоеъ-ус-саноеъ» иборат аст.

Шоҳин дар рисолаи «Бадоеъ-ус-саноеъ»-и худ иллату нуқсонҳои аоратро ниҳоят нозуксанҷона ва бо нафрату ғазаби пуршӯр нишон додаст. Ин ҳамон хулосаҳоест, ки Дониш дар «Рисолаи таърихӣ» пас аз таҳлили таърихию иҷтимоии аморат далерона ва ошкоро гуфта буд. ҳамон ҳақиқати таърихӣ ва конкретӣ суханони Донишро Шоҳин дар «Бадоеъ-ус-саноеъ» бо образҳои бадеӣ такрор ва тасдиқ намудааст. Бинобар ин маснавии «Туҳфаи дӯстон» ва рисолаи «Бадоеъ-ус-саноеъ» аз асарҳои беҳтарини адабиёти маорифпарварии нимаи дуюми асри 19 ба шумор мераванд. Исо Маҳмуди Бухороӣ, ҳайрати Бухороӣ ва дигарон барин рӯшанфикрони забардасти охири 19 буданд, вале аз ҷиҳати ақидаву мафкура ба дараҷаи мутафаккири бузург Аҳмади Дониш расида натафонистанд.

Бо баробари ба Руссия ҳамроҳ шудани Осиёи Марказӣ дар он корхонаҳои бузурги саноатию истеҳсолӣ таъсис дода шуда робитаи тиҷоратию фарҳангии мардуми маҳаллӣ бо мардуми русҳо пайдо шуданд. Дар байни онҳо роҳҳои оҳан сохта шуд, ки он ба зиёдшавии рафту омади мардуми тоҷику рус оварда расонид. Ин робита ба адабиёти маорифпарварони нимаи дуюми асри 19 ва ибтидои асри 19 хеле таъсир расонидааст.

Намояндагони пешқадами ин гунна адабиёт дар вилояти Фарғонаи кишвари Туркистон Муқимӣ, Амбаротун, Фурқат, ҳамза ва Дилшодӣ буданд, ки ба фарҳангу тамаддуни баланди мардуми рус ҳусни таваҷҷӯҳ дошта, дӯстию рафоқати мардуми рус ва халқҳои Осиёи Марказиро дар маҳсули эҷодиёту ҳунари худ доимо тарғибу ташфиқ мекарданд. Эҷодиёти онҳо баъди инқилоби маданӣ хеле ривоҷу равнақ ёфтааст. Шиносоӣ бо эҷодиёти рӯшанфикрони рус ба эҷодиёти баъзе аз озодандешону рӯшанфикрон чун ҳайрат, Саҳбо, Асирӣ ва Айнӣ таъсири бузург расонид.

ҳайрат шоири боистеъдод ва ғазалсарои забардасти мардуми форсзабон буда, дар назм роҳҳои нав меҷуст. ӯ шеърҳое, низ дорад, ки дар онҳо мардумро ба маърифатнокӣ даъват намуда, дар роҳи беҳбудии мадум ҷаҳд карданро сифати олии инсон мешуморад. Яке аз ҳамзамону ҳамфикри ҳайрат Тошхӯҷаи Асирӣ мебошад. ӯ шоири инсондӯст буд ва мегуфт, ки «вазифаи адабиёт тавсифи ақлу дониш аст». Асирӣ мисли маорифпарварони ғарб ақидае дошт, к ибо роҳи маърифатнокӣ мардумро аз ҷаҳолат ва таасуби динӣ раҳо додан мумкин аст. Вай боварии комил дошт, ки мактабҳои дунявӣ, илму маърифат мардумро хушбахт карда метавонад.

252
Нет комментариев. Ваш будет первым!